Таъмини донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳо бо донишҳои муосири математикӣ ва компютерӣ, ки бевосита бо ихтисосҳои онҳо вобастаанд, вазифаи асосии кафедра мебошад. Ҳамчунин кафедра таълими модулии қисмҳои математика ва информатикаро ба роҳ мондааст.

 

Ҳайати устодони кафедра

Ғуломнабиев Сардор Ғуломайдарович – мудири кафедра, н.и.ф-м.

Бӯриев Қаҳор - н.и.ф-м., дотсент

Ҳаитова Ӯғулой – н.и.ф-м., омӯзгори калон

Исомаддинова Раънохон Мирзоҳамдамовна – н.и.ф-м., омӯзгори калон

Азимов Набӣ Саидович – омӯзгори калон

Ҳакимов Азамҷон Акрамҷонович – омӯзгори калон

Раҳимов Амон Акпарович  – омӯзгори калон

Раҳматуллоева Марҳабо Маҳмудовна – омӯзгори калон

Набиева Дилрабо Ғайбуллоевна – омӯзгори калон

Одилов Зуҳриддин Раҳимҷонович – омӯзгори калон

Исмоилова Савринисо Комилҷоновна - ассистент

Раҳимов Амирҷон Акрамович – ассистент

 

Дастовардҳои кафедра

Маврид ба зикр аст, ки дар Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии  ҶТ 26 декабри соли 2018, қайд карда шудааст, ки яке аз муаммоҳои ҳалталаби соҳаи маориф ин баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар мебошад. Дар кафедра ҷиҳати ҳалли ин муаммо кори илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзуи «Тамойилҳои муосири баланд бардоштани сифати таҳсилоти математикӣ ва технологияҳои информатсионӣ дар муассисаҳои таълимии олии техникӣ» бурда мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар ин соҳа 1 рисолаи  номзадӣ дар мавзӯи “Методика организации индивидуальных работ студентов по математике в условиях кредитного обучения в техническом вузе” аз тарафи устоди кафедра Раҳимов А.А., ҳимоя шудааст.

Дар ин ҷода устодони донишкада ба мисоли н.и.ф-м., дотсент Ғуломнабиев С. Ғ.,  н.и.ф-м., дотсент Раҷабов Ғ. А., н.и.ф-м., дотсент Бӯриев Қ.,  н.и.ф-м., дотсент Хаитова Ӯ., н.и.ф-м. Исомаддинова Р. н.и.ф-м., дотсент Мақсудов А.Т., н.и.ф-м., дотсент Раҳимов С.Ш., н.и.ф-м.,дотсент Осимов А.З,  н.и.ф-м., дотсент Ҷалилов Ф.Ҷ., н.и.ф-м., дотсент Алиев С.А., тадқиқоти илмӣ мебаранд.

 

Лаборатория (Пояи методӣ-техникӣ)

Дар назди кафедра синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ мавҷуд аст, ки кадоме бо васоити муосири техникӣ ҷиҳозонида шудааст.

 

(ФОТО)