Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла шуъбаи сомонаи донишкада, нашрияи “Меҳвари дониш” ва робита бо ВАО   бо васоити ахбор алоқаи зич ва мунтазам дорад.  Дар ҳамаи чорабиниву вохӯриҳо, ҷаласаву конфронсҳои сатҳи донишкадавӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки дар донишкада баргузор мегардад,  васоити ахбори омма ширкат меварзад.

Донишкада, ҳамзамон шуъбаи сомонаи донишкада ва робита бо ВАО бо рӯзномаҳои  “Омӯзгор”, “Сухани халқ”,  “Ҳақиқати Суғд”, “Минбари халқ”,  бо “Телевизиони вилояти Суғд, “Симои мустақили якум”, “7 ситора”, “Сафина” ҳамкории зич дорад. Мақолаҳои илмиву таълимии  устодони донишкада дар нашрияҳои номбаргардида ба табъ мерасанд.

Донишкада бо телевизионҳои “Симои мустақили якум” ва “Телевизиони вилояти Суғд” шартномаи ҳамкорӣ дошта, чорабиниву рӯйдодҳои муҳими донишкада тавасути ин шабакаҳо пахш мегарданд.

Бо мақсади тақвияти дониши сиёсии устодону донишҷӯён ҳамарӯза дар сомонаи донишкада маводҳои сиёсиву тарбиявӣ нашр мегарданд. Аз ҷумла, мубориза бо террористу эксремизм, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, баланд бардоштани донишҳои  сиёсии донишҷӯён, дар канор будан аз  ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, огоҳ будан аз фаъолиятҳои ҳизбии қонуниву ғайриқонунӣ дар ин мақолаҳо ҷой дода шудааст.

Дар маҷмуъ, давоми 9 моҳ беш аз 2000 ҳазор мақолаву изҳорот ва муроҷиатнома  дар сомона ҷой дода шуданд.