Нусха аз Қарори

Мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар бораи “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ”

аз 3.07.2007 сол № 14/2

Барои духтарони донишҷӯй пӯшидани чунин либосҳо тавсия карда мешавад:

Доманаи сиёҳ, кабуд ва қаҳваранги то зону поёнии мувофиқ ба стандарти офис, куртаи сафед, кабуди осмонӣ, гулобӣ, шиму костюми сиёҳ, кабуд, қаҳваранг бо куртаи сафеди остиндор (галстук ихтиёрист); куртаҳои миллӣ ба истиснои куртаҳое, ки аз матоъҳои ҷилодор, симдор дӯхта шудаанд, бо поҷома (рӯймоли миллӣ ихтиёрист), куртаҳои якранг бо поҷома ва бе поҷома, рӯймоли миллӣ мувофиқи дӯхти курта, пойафзол ҳамранги либос.

Барои духтарони донишҷӯй ҳангоми ба дарс омадан пӯшидани чунин либосҳо манъ аст:

-либосҳои варзишӣ (ба ғайр аз дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои ҳашар);

-либосҳое, ки таблиғоти ғайр дошта, дорои ҳар гуна навиштаҷот мебошанд ва парчаму рамзҳои дигар кишварҳоро таблиғ мекунанд (аз қабили либосҳои танги суратдор, нимурён, доманаҳои аз ҳад зиёд танг ва кӯтоҳ, футболкаҳо ва нимостинҳои тасвирдор, куртаҳои пур аз навиштаҷот, шимҳои суратдору гулдор, сатр, ҳиҷоб, шарфҳои сафеди дароз);  истифодаи ду-се гӯшвор дар гӯш, дастпонаҳои зиёд, занҷиру гарданбандҳои зиёд ва се-чор ангуштарӣ дар даст (ба истиснои ангуштарини арусӣ);

Барои писарон ҳангоми ба дарс омадан пӯшидани чунин либосҳо ва амалҳо манъ аст:

  • либоси варзишӣ (ба истиснои дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои ҳашар);
  • мӯйҳои аз ҳад зиёд дароз (би истиснои ихтисосҳои эҷодии соҳаи фарҳанг);
  • бо риши расида ва баланд;
  • либосҳое, ки таблиғоти ғайр дошта, дорои ҳар гуна навиштаҷот мебошанд ва парчаму рамзҳо ва дигар тасвирҳои ғайрро таҷассум менамоянд;
  • занҷири гардан, истифодаи ангуштарин (ғайр аз ангуштарини домодӣ).

Намунаи либосҳои писарон:

  • шиму костюми сиёҳ, қаҳваранг, хокистарранг ва кабуд, камзӯлча (жикет), сегона (тройка), куртаи сафед, кабуди осмонӣ, галстук мутобиқ ба курта - сиёҳ, қаҳваранг, сурх, кабуд, шими сиёҳу қаҳваранг бо куртаи сафед ё кабуди осмонӣ, пойафзол мутобиқ ба сарулибос.

Намунаи либосҳо барои донишҷӯён

 

Эзоҳ: ба духтарон бо рӯймоли миллӣ ва ба писарон бо тоқӣ дар дарс нишастан иҷозат дода мешавад. Ҳамаи донишҷӯёни  муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ҳангоми ба дарс омадан бо худ ҷузвдон (сумка) мегиранд. Ҳангоми сард будани синфхонаҳо ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо либоси гарми зимистона (болопӯш, палто, ҷемпер ва куртка) дар дарс нишастан иҷозат дода мешавад.

 

Талаботи ҳатмӣ

Рӯзҳои ҷашнҳои давлатӣ (умумиҷумҳуриявӣ), ҷашнҳои муассисаҳои таълимӣ, конфронсу симпозиумҳо пӯшидани либосҳои протоколӣ ҳам барои духтарон ва ҳам барои писарон ҳатмӣ мебошад.

Ба либоси протоколии писарон шиму костюми сиёҳ, қаҳваранг, кабуд ва хокистарранг, куртаи сафед, галстук мутобиқи курта ва пойафзоли мутобиқ ба сарулибос дохил мешавад.

Ба либоси протоколии духтарон доманаи сиёҳ, қаҳваранги то зону ва ё аз зону поёнии мувофиқ ба талаботи офис, куртаи остиндор ё нимостини сафед, галстук, костюм, шиму костюм, пойафзоли мувофиқ ба сарулибос дохил мешавад.

Духтарон метавонанд либоси миллии якранг, поҷома бо курта, рӯймоли миллии бо либосҳо мувофиқ ба бар намоянд. Пойафзоли мувофиқ ба сарулибос.

Дар арафаи рӯзҳои идҳои миллӣ (бахусус Наврӯз, Сада, Меҳргон) духтарон метавонанд куртаи атлас ё адрас бо поҷома ё бе поҷома пӯшанд. Бастани рӯймол ихтиёрист. Дигар намуди либосҳои миллӣ ба духтарон иҷозат дода мешавад.

Дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ пӯшидани либоси варзишӣ ҳам ба писарон ва ҳам барои духтарон тавсия мешавад . Дар дарсҳои лабораторӣ, машғулиятҳои амалӣ барои духтарон ва писарон пӯшидани хилъат ба талаботи дарс мувофиқ ҳатмист.