Нақшаи қабули донишҷӯён ба

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи

академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

барои соли таҳсили 2021-2022

 

PDF- файли нақшаи қабули донишҷӯён

 

Дар кадом вазифа кор карда метавонад?

Дар куҷо фаъолият бурда метавонад?

Кластер

Нақшаи қабул

Маблағи таҳсил

(сомонӣ)

шартномавӣ

буҷавӣ

фосилавӣ

(маблағ)

1

1080101-Таълими касбӣ (аз рӯи самтҳо). Ҳамчун омӯзгори фанҳои умумикасбӣ ва тахассусӣ, муаллими таълими касбӣ, устои таълими касбӣ, педагог-муҳандис (аз рӯи самтҳо) ва корманди илмӣ дар муассисаҳои таълими  касбӣ, донишкадаҳо ва донишгоҳҳо, инчунин дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият карда метавонанд.

1

20

5

-

4200

2

1260301-Идораи захираҳои иттилоотӣ.  Хатмкунанда ба ҳайси менеҷери шуъбаи технологияҳои иттилоотии ташкилот,  таъмингари ҳимояи иттилоот, барномасоз, менеҷер-таҳлилгари захираҳои иттилоотӣ (бизнес-аналитик), муҳандис-технологи соҳаи телекоммуникатсия, муҳандиси низомҳои иттилоотӣ,  сардори шуъбаи рушди технологияҳои иттилоотӣ, танзимгари низомҳои иттилоотӣ фаъолият карда метавонад.

1

40

10

-

5250

3

1370107-Хизматрасонии автомобилӣ. Ихтисоси мазкур мутахассисонро дар самти таъмири пурраи автомобилҳо, ташкили истифодабарии техникии автомобилҳо, ташкилкунанда ва идоракунандаи автосервис, ҳамчун корманди литсензиякунонӣ ва сертификатсияи нақлиёти автомобилӣ корманди хадамоти назорат дар соҳаи нақлиёт, заводи автомобилсозӣ, муҳандис (инженер), сармуҳандис (главный инженер) ва менеҷер (роҳбар) дар корхонаҳои автосервисӣ, корманди муоинаи техникии давлатии автомобилӣ (тех.осмотр), корманди БДА, диагностикаи автомобилҳои муосир ва ба мактабҳои ронандагӣ (автодром) омода менамояд.

1

70

5

-

4515

4

1380202-Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ. Хатмкунандаи ин ихтисос дар ташкилоту идораҳои соҳаи тиб, марказҳои табобатӣ дар вазифаҳои муҳандиси асбобсозӣ; муҳандис-протезист, ташкили корҳои истифодабарӣ ва таъмири дастгоҳҳои биотехникӣ ва тиббӣ, ҳисоб ва танзими реҷаҳои кори таҷҳизоти барқии биотехникӣ ва тиббӣ, инчунин менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба васлу насби таҷҳизоти биотехникӣ ва тиббӣ, таъмир ва ташхиси асбобҳои барқии таҷҳизоти биотехникӣ ва тиббӣ фаъолият карда метавонад.

1

25

-

 

-

4200

5

1400101-Таъмини барномавии технологияҳои иттилоотӣ. Ҳамчун барномасоз (программист), администратори шабака, веб-дизайнер, муҳандиси шабака, веб-барномасоз, администратори системавӣ, администратори ҳимояи маълумот, устои таъмири компютер дар низоми иттилоотии бонкӣ, ташкили таъмини бехатарии маълумот, ташкили веб-замимаҳо (сомонаҳо) ва танзимгари барномаҳои компютерӣ фаъолият карда метавонад.

1

90

10

-

5775

6

1400301-Зеҳни сунъӣ. Хатмкунандаи ихтисоси зерин ҳамчун таҳлилгари додаҳо, барномасози равандҳои иқтисодӣ, барномасоз дар муҳити коркарди зеҳни сунъӣ, менеҷер-таҳлилгари захираҳои иттилоотӣ (бизнес-аналитик), идоракунандаи маълумоти зиёд, администратори базаи маълумот, мутахассис–таҳлилгари соҳаи бонк, телекоммуникатсия, ширкатҳои мобилӣ ва дигар соҳаҳое, ки манбаи маълумоти зиёд барои коркард доранд, фаъолият бурда метавонад.

1

25

-

-

4200

7

1430103-Таъмини барқ. Хатмкунандаи ин ихтисос дар шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва ҳароратӣ, зеристгоҳҳои барқӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар вазифаҳои муҳандиси барқчӣ ё энергетик; муҳандис оид ба тармим ва санҷиш, ташкили корҳои истифодабарӣ ва таъмири дастгоҳҳои барқӣ, ҳисоб ва танзими реҷаҳои шабакаҳои барқӣ, нозири хадамоти барқ, инчунин менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба васлу насби таҷҳизоти барқӣ, таъмир ва ташхиси асбобҳои барқии таъйиноти гуногун ва лоиҳакашии таъминоти барқи манзилгоҳҳои истиқоматӣ фаъолият карда метавонад.

1

89

10

 

25

(4190)

5985

8

1440101-Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ. Хатмкунанда ҳамчун корманди БДА, шуъбаҳои литсензия ва сертификатсия, хадамоти назорат дар соҳаи нақлиёт, корманди гумрук, корманди фурудгоҳ, ташкилкунанда ва роҳбарикунандаи муассисаҳои нақлиёти автомобилии боркашон ва мусофиркашонии дохилӣ ва байналхалқӣ, экспедитор, марказҳои логистикӣ, корманди соҳаи танзим ва баҳисобгирии нақлиёт фаъолият карда метавонад.

1

45

5

 

25

(3675)

5250

9

1450101-Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо. Ҳамчун муҳандиси шабака ва алоқаи мобилӣ, теле ва мултимедионӣ, алоқачӣ, муҳандис-таъминкунандаи алоқа (инженер связи), техник, мутахассиси соҳаи телекоммуникатсия, корманди почта, мутахассиси кори таҷҳизоти алоқа, корманди техникии телевизион ва радио, ширкатҳои мобилӣ фаъолият карда метавонад.

1

20

5

-

5250

10

1490101-Технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ. Ҳамчун технолог, муҳандиси стандарти давлатӣ дар самти таъмини назорати сифати ашёи хом ва маҳсулоти тайёр,  идоракунии равандҳои технологии истеҳсоли маводи хӯрока аз ашёи растанигӣ, истеҳсоли хӯроки истеъмоли омма, маҳсулоти консервонида, равған, орд, нон ва ғайра фаъолият бурда метавонад. Хатмкунандаи ихтисоси мазкур бештар дар корхонаҳои давлатӣ ва хусусии шаҳру ноҳияҳои кишвар, ба мисоли «Тоҷикстандарт»,  “Буона”, корхонаи нонбарорӣ, “Оби зулол”, “Зода”, “Ширкати 33”, коргоҳҳои истеҳсоли равған ва ғайра кор карда метавонад.

1

45

5

 

-

4200

11

1490102-Технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хоми ҳайвонӣ. Ҳамчун технолог, муҳандиси стандарти давлатӣ дар самти таъмини назорати аввалаи сифат, маҳсулоти тайёри ширӣ ва гӯштӣ, идоракунии равандҳои технологии истеҳсоли маводи хӯрока аз шир ва гӯшт, хӯрокҳои истеъмолии омма, консерваҳои гӯштӣ ва ширӣ фаъолият бурда метавонад. Хатмкунандаи ихтисоси мазкур бештар дар корхонаҳои давлатӣ ва хусусии шаҳру ноҳияҳои кишвар, ба мисоли «ГОССТАНДАРТ», “Ширкати 33”, “Дӯсти Алишер”, “Коррект”, “Файзи Расул”, “Молочная радость”,  “Саодат”, “Ҷавонӣ” ва ғайра кор карда метавонад.

1

45

5

 

-

4200

12

1500101-Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бе тору пуд. Хатмкунанда ҳамчун технологи истеҳсолоти бофандагии оммавӣ ва инфиродӣ, дизайнери матоъ, роҳбари истеҳсолоти ресандагӣ ва бофандагии оммавӣ ва инфиродӣ; роҳбари гурӯҳҳо ва  студияҳои дизайнерӣ, омӯзгори литсею коллеҷҳо фаъолият карда метавонад.

1

20

5

-

4200

13

1500102-Таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ. Ба ҳайси дизайнер-технолог  ва тарроҳ – амсиласози истеҳсолоти дӯзандагии оммавӣ ва инфиродӣ, дизайнери либос, роҳбари истеҳсолоти дӯзандагии оммавӣ ва инфиродӣ, роҳбари гурӯҳҳо ва  студияҳои дизайнерӣ,  буранда  ва хайёт (портной) дар коргоҳҳои мӯд фаъолият бурда метавонад.

1

45

5

-

4200

14

1530105-Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ. Хатмкунанда дар корхонаҳои саноатии соҳаҳои гуногун дар вазифаҳои муҳандис оид ба автоматикунонии системаҳои идораи истеҳсолот, асбобҳои ченкунӣ-санҷишӣ ва автоматика (КИП и А), муҳандис-таҳқиқотчӣ, муҳандис оид ба механизатсия ва автоматизатсияи равандҳои истеҳсолӣ, тармим ва санҷиш, таъмири таҷҳизоти барқӣ, назорати ҳолати техникии дастгоҳҳои барқии иншооти энергетикӣ, инчунин менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба васлу насби таҷҳизоти барқӣ фаъолият карда метавонад.

1

45

5

-

5040

15

1530107-Технологияи иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ. Хатмкунанда дар корхонаҳои саноатии соҳаҳои гуногун дар вазифаҳои муҳандис оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунӣ, автоматикунонии системаҳои техникии идораи истеҳсолот, муҳандиси электроника, муҳандис-таҳқиқотчӣ, муҳандис оид ба механизатсия ва автоматизатсияи равандҳои истеҳсолӣ, тармим ва санҷиш, таъмири таҷҳизоти барқӣ, назорати ҳолати техникии дастгоҳҳои барқии иншооти энергетикӣ, инчунин менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба идоракунии системаҳои техникӣ фаъолият бурда метавонад.

1

20

5

-

4200

16

1690101-Меъморӣ.  Ба ҳайси меъмор (архитектор), дизайнер, сохтмончӣ, мутахассиси донишкадаҳои лоиҳавӣ-таҷрибавӣ, мутахассиси  ташкилоти лоиҳакашӣ ва сохтмон, меъмор дар корхонаҳои сохтмонӣ, меъмори лоиҳаҳои маҳаллаҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, дизайнери мавзеъҳо, бино ва иншоот, таҷдидгари бино ва иншооти таърихӣ фаъолият  карда метавонад.

1

75

-

-

5460

17

1700101-Саноати маҳсулоти сохтмонӣ ва таркибӣ. Ба ҳайси вазифаҳои идоравӣ – муовини директор оид ба истеҳсолот, устои калон-назоратчӣ, устои калони қитъа, сардори лабораторияи истеҳсолӣ оид ба назорати истеҳсолот, сардори шӯъбаи назорати сифат, сардори баст, сардори шӯъбаи кафшергарӣ, сардори шӯъбаи техникӣ, сардори сех, сардори сехи истеҳсолии таҷрибавӣ. Ба ҳайси вазифаҳои мутахассисӣ – муҳандис, муҳандис-конструктор, муҳандис-лаборант, муҳандис оиди сифат, муҳандис-технолог. Ба ҳайси вазифаҳои техникӣ – техник-конструктор, техник - лаборант, техник-технолог.

1

20

5

-

3885

18

1700102-Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ. Ҳамчун муҳандис – сохтмончӣ; истеҳсолкунандаи корҳои сохтмонӣ (прораб); муҳандиси калони ташкилоту идораҳои сохтмонӣ; сардори ташкилоту идораҳои сохтмонӣ; муҳандис – лоиҳакаши илмию таҳқиқотӣ ва конструктор дар ташкилотҳои лоиҳакашии шаҳру ноҳияҳо; ширкатҳои сохтмонӣ; шуъбаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳо; шуъбаи экпертизаи сохтмонӣ; муассисаҳои лоиҳакашӣ.

1

 

89

 

 

10

 

-

4725

19

1740206-Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ. Ҳамчун агротехнолог, мутахассиси соҳаи кишоварзӣ дар ҳукумати вилоят, ноҳия, дар кумитаи замин, маслиҳатчии бонк барои қарзҳои кишоварзӣ, технолог дар корхонаҳои ордбарорӣ, консервабарорӣ, равғанбарорӣ, пахтатозакунӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ, бонк, гумрук барои назорати маҳсулоти кишоварзӣ кор карда метавонад.

1

70

5

-

4410

20

1740303-Саноати моҳипарварӣ. Ҳамчун муҳандис-технологи соҳаи моҳипарварӣ, ихтиолог,  ихтиолог-муҳандис фаъолият бурда, метавонад дар ташкилоти парвариши моҳӣ ва коркарди маҳсулоти моҳигӣ, захираҳои биологии обӣ, назорат ва коркарди равандҳои омодасозии маҳсулоти моҳигӣ, тақсимоти моҳӣ ҳамчу маҳсулоти хӯрока, нуқтаҳои таъмин бо моҳӣ, назорати экосистемаи назди соҳили дарё ва анборҳои обӣ, парвариши моҳӣ дар анборҳои обии сунъӣ дар хоҷагии халқ  кор карда тавонад.

1

20

5

-

4200

21

1910101-Истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ. Ҳамчун муҳандис-технолог, таббоҳ, мудири истеҳсолот, нозири назорати сифат ва сертификатсия, роҳбари коргоҳ, мутахассиси соҳаи хӯроки омма, технологи хӯроки омма, молшинос, мудири тарабхона, корманди илмии истеҳсолот ва озмоишгоҳҳои назоратӣ-истеҳсолии хӯроки омма фаъолият бурда метавонад.

1

20

5

-

4200

 22

1250110-Тиҷорат. Хатмкунанда ҳамчун аналитик, мерчендайзер, молшинос,  иқтисодчии соҳаи савдо, агенти савдо, маркетолог, тиҷорат дар корхонаҳои соҳаи саноат ва хизматрасонӣ фаъолият бурда метавонад.

2

25

-

-

4200

23 

1250103-Иқтисодиёти ҷаҳонӣ. Хатмкунанда дар ширкатҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, асъорӣ-молиявӣ, иҷтимоӣ, илмӣ-техникӣ, экологӣ фаъолият бурда метавонад. Ҷиҳатҳои дигари ҷараёнҳои хоҷагии ҷаҳонӣ ва қисмҳои ин ҷараёнҳо – ширкатҳои фаромилалӣ, сафоратхонаҳою намояндагиҳои онҳо, биржаҳо ва бонкҳо,  ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияти иқтисодиёти ҷаҳониро дар системаи умумӣ таъмин менамояд, дар бар мегирад.

2

50

-

-

5775

 24

1250104-Молия ва қарз. Хатмкардаи ихтисоси мазкур дар шуъбаҳои молия, баҳисобгирӣ, таҳлил ва иқтисодии корхонаҳои саноатӣ ва хизматрасонӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилоти молиявии қарзӣ, мақомоти молия ва андоз метавонад кору фаъолият намояд.

2

85

-

30

(4851)

6930

25 

1250107-Иқтисодиёт ва идора дар корхона. Хатмкунандаи ихтисоси  мазкур асосан дар вазифаҳои иқтисодчӣ, менеҷер, маркетолог, иқтисодчии соҳаи савдо, мутахассиси сармоягузорӣ, агенти савдо ва ғайраҳо фаъолият менамояд.

2

65

10

25

(4043)

5775

26 

126020323-Логистика. Хатмкунанда ҳамчун  мутахассиси назорат ва идоракунии ҳаракати захираҳои мол, ташкили раванди оқилонаи таблиғи молҳо ва хидматҳо аз молрасон то истеъмолкунанда кор мекунад. Соҳаи фаъолияти логистик метавонад таъмини фаъолияти соҳаи муомилоти мол, хизматрасонӣ

2

25

-

-

4200

27 

1270101-Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (аз рӯи самтҳо) Хатмкунандаи ихтисоси мазкур дар корхонаҳои хусусиву давлатии саноатӣ, ташкилоти молиявӣ, қарзӣ, маркетингӣ ва мақомоти давлатӣ дар вазифаҳои иқтисодчӣ-таҳлилгар, муҳандис-иқтисодчӣ, муҳандис-иқтисодчии шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ, муҳандис оид ба ташкил ва идоракунии истеҳсолот, нозири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, муҳандис-иқтисодчӣ дар соҳаи нақлиёт ва энергетика, мутахассис оид ба таъминоти моддӣ-техникӣ, мутахассис оид ба идоракунии лоиҳаҳо ва ғайраҳо фаъолият карда метавонад.

2

20

5

-

5775

 28

140010202-Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт). Баъди хатм ҳамчун барномасоз-иқтисодчӣ, менеҷери низомҳои иттилоотӣ, таҳлилгари рақамии иттилоот, веб-дизайнер, администратори базаи маълумот, эксперти қарзӣ, маркетолог, PR-менеҷер, веб-барномасоз, администратори системавӣ, муҳосиб, администратори ҳимояи маълумот, омӯзгори фанни технологияҳои информатсионӣ ва иқтисодиёт, бонк, ташкилоти таъмини бехатарии маълумот, ташкилоти созандаи веб-замимаҳо (сомонаҳо) ва танзимгари барномаҳои компютерӣ фаъолият мебарад.

2

90

10

30

(4043)

5775

 29

157010101-Экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ.  Ҳамчун муҳандис-эколог дар тамоми  корхонаҳои саноатӣ, шуъба ва ташкилотҳои ҳифзи муҳити атроф фаъолият мебарад. Ба доираи фаъолияти касбии онҳо мунтазам ҷамъ намудани маълумот, таҳлил ва маниторинги ҳолати муҳити атроф дохил мешавад.

5

25

-

-

4200