Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони зинаи докторантура ба комиссияи қабули Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ пешниҳод менамоянд:
1  Ариза ба номи ректор (директор);
2  Дипломи намунаи давлатӣ бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи асли дипломи бакалавр ва магистр);
3  Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихобкарда (агар бошад);
4  6 дона сурати андозаи 3х4 см;
5  Маълумотномаи тиббии шакли 038-у;
6  Шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият;
7  Анкетаи дохилшаванда ба докторантура аз руи ихтисос;
8  Сертификати супурдани имтихонхои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавчуд будан (TOEFL ва гайра);
9  Мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);
10  Руйхати чопи маколаҳои илмӣ ва корхои таълимӣ – методӣ (дар холати надоштан, пешниҳод намудани реферат аз руйи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соха);
11  Асосномаи таҳқиқоти диссертатсионии ба нақша гирифташуда дар мувофиқа бо мушовири илмии ватанӣ ё хориҷӣ (тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ);