Яке аз қисмҳои муҳимтарин ва ҷудонашавандаи тарзи ҳаёти солим, махсусан барои насли наврас ва ҷавонон машғулиятҳои пайвастаи тарбияи ҷисмонӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, барои беҳбудии саломатии аҳолӣ ва дар навбати аввал насли наврас Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи варзиш диққати махсус зоҳир менамояд. Ҷалби донишҷӯён ба варзиш ва бурдани тарзи ҳаёти солим яке аз сиёсатҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки дар донишкада ба варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, сафи донишҷӯёни варзишгар зиёд гардида истодаанд.

Дастовардҳои варзишии донишҷӯён

Донишҷӯёни донишкада мунтазам дар намудҳои гуногуни варзиш, дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ғолибият ба даст меоранд..

МУСОБИҚАҲОИ ГУНОГУНИ ВАРЗИШИИ ВИЛОЯТӢ БАХШИДА БА МОҲВОРАИ РӮЗИ ҶАВОНОН

Дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии вилоятӣ бахшида ба моҳвораи Рӯзи ҷавонон донишҷӯёни донишкада фаъолона ширкат варзида, ғолибият ба даст оварданд:

  • давидан ба масофаи 100 метр - ҷойи 1; 
  • давидан ба масофаи 400 метр - ҷойи 1;
  • роҳгардии варзишӣ ба масофаи 5 км - ҷойи 1.
  • дар риштаи давидан ба масофаи 5км - ҷойи 2;
  • гӯштини тарзи озод - ҷойи 2.

Умаров Саидвоҳид, донишҷӯи курси 1, гурӯҳи 400101та аз факултети информатика ва энергетика дар «Бозиҳои варзишии вилояти Суғд оид ба варзиши сабук» дар партофтани диск (35,12м ) ва гурз (47,03) қувваозмоӣ намуда, дар ҳар ду намуд сазовори ҷойи аввал гардид.

 

 

ҒОЛИБОНИ «БОЗИҲОИ ВАРЗИШИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ОИД БА ВАРЗИШИ САБУК»

Ғолибони «Бозиҳои варзишии вилояти Суғд оид ба варзиши сабук» бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла:

Умаров Саидвоҳид, донишҷӯи курси 1, гурӯҳи 400101та - соҳиби ду медал ва дипломҳои дараҷаи якум;.

Алимов Иброҳим, донишҷӯи курси 4, гурӯҳи 700201тб - дар риштаи гӯштини тарзи озод сазовори ҷойи 2; 

Хокелова Зулола, донишҷӯи курси 1, гурӯҳи 500101та - дар риштаи варзиши сабук дар ду намуд - давидан ба масофаи 100 метр ва 400 метр ва дар роҳгардии варзишӣ ба масофаи 5 км сазовори ҷойи 1;

Худойназаров Ҳусейнҷон, донишҷӯйи курси 3, гурӯҳи 370107та - дар риштаи давидан ба масофаи 5 км сазовори ҷойи 2./p>

 

 

ДАСТОВАРДҲО ДАР МУСОБИҚАИ ВИЛОЯТӢ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Суғд қувваозмоӣ намуда сазовори ҷойҳои намунавӣ шуданд: Давлатов Муҳаммадисо дар - бо вазни 73 кг қувваозмоӣ намуда, сазовори ҷойи 1; Давлатов Муҳаммадисо - гӯштини миллӣ сазовори ҷойи 2.

МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА САМБОИ МУҲОРИБАВӢ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ

Дар шаҳри Конибодом мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба самбои муҳорибавӣ, ки соли равон 80-солагии ин намуди варзишро ҷашн мегиранд, баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи донишкада Давлатов Муҳамадисо дар вазни 74 кг қувваозмоӣ намуда, соҳиби медали тилло гардид.

Алимов Ҳасанҷон, донишҷӯи курси 1, гурӯҳи 430103тб дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини самбо байни наврасон ва дастпарварони солҳои таваллудашон 2001-2004 – и муассисаҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзида, сазовори ҷойи 3 гардид.

СПАРТАКИАДА БАЙНИ ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲҲОИ ОЛӢ

Дар Спартакиада байни донишҷӯдухтарони донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳои ш. Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани малакаи варзишии донишҷӯдухтарон, ҷалби онҳо ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина пешгирии ҳаргуна ҳодисаҳои номатлуб донишҷӯдухтарони донишкада аз рӯйи панҷ намуди варзиш волейбол, шашка, шоҳмот, тенниси рӯи мизӣ, варзиши сабук ширкат варзида, ҷойи дуюм ишғол намуда, бо Ҷом ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШИИ ВИЛОЯТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Донишҷӯён дар мусобиқаҳои варзишии в. Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархи аввалини НБО Роғун байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои фахрӣ гардиданд:

гӯштини дзюдо – ҷойи 1;

гӯштини миллӣ – ҷойи 2;

бокс – якто ҷойи 1; якто ҷойи 2; шашто ҷойи 3;

варзиши сабук - дуто ҷойи 1; панҷто ҷойи 2; сето ҷойи 3.

 

Дастовардҳои варзишии устодон

МАҚОМИ ИФТИХОРӢ ДАР МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛИ ВИЛОЯТӢ

Бахшида ба Рӯзи Модар санаҳои 01.03.2019 - 04.03.2019 барои ба даст овардани Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мусобиқаи волейбол баргузор гардид. Мусобиқаи волейбол дар ду давр, байни 8 дастаи бонувон - омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти касбии олӣ ва коллеҷҳои вилоят гузаронида шуд.

Иштирокчиёни фаъол, ки бо маҳорати хоси касбӣ дастаро ба пеш бурданд, омӯзгорон Ашӯрова Ш., Усмонова М., Фозилова М., Дӯстматова Н., Комилова Д., Ғуломнабиева С. мебошанд. Омӯзгорони дигар – Шониязова Д., Рустамова Ш., Асимова М., Темурова М. барои ба даст овардани ғалаба саҳми худро гузоштанд.

Даври аввал бо ғалабаи ДПДТТ бар Коллеҷи тиббии Б.Ғафуров ва ғалабаи ДИС ДТТТ бар ДПДТТ анҷом ёфт. Аз рӯи натиҷаи бозӣ ба даври нимниҳоӣ 4 даста роҳхат гирифт. Дар даври ниҳоӣ ДПДТТ бо ДДХ ба номи Б.Ғафуров ва Коллеҷи тиббии Хуҷанд бо Коллеҷи тибии Б.Ғафуров қувваозмоӣ намуданд. Ҳамин тавр, ҷойи аввал насиби Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуввум насиби Коллеҷи тиббии ноҳияи Б.Ғафуров гардид. Дастаи бонувони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ мақоми сеюмро касб кард. Мусобиқа дар толори “Ҷашнӣ” –и шаҳри Хуҷанд ҷамъбаст гардид. Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ диплом ва медалҳои дараҷавӣ аз ҷониби Раиси КИҲХДТ Сатториён М.А. супорида шуд.

 

БОНУВОНИ ВАРЗИШГАРИ ДОНИШКАДА ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАСКЕТБОЛ

Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон байни омӯзгорони (бонувони) муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ оид ба баскетбол аз 13 май то 16 май дар толори варзишии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ баргузор гардид.

Мусобиқаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи худшиносии миллӣ, тараннуми тарзи ҳаёти солим, дӯст доштани варзиш гузаронида шуда, дар натиҷа дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиб гардид ва Ҷоми кумиҷроияро соҳиб шуд. Зинаи дуюмро вазишгарбонувони дастаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва зинаи сеюмро дастаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ишғол карданд.

Дар расми тантанавӣ аз ҷониби раиси кумиҷроияи шаҳрӣ ба ғолибон ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроия супорида шуд.