ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/30 декабри соли 2021 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбиев Чоршанбе Авазхонович, соли таваллудаш 1995, зодаи шаҳри Хоруғ, муваққатан дар Федератсияи Россия ғайриқонунӣ иқомат дошт, бо қарори Суди ноҳияи Останкинои шаҳри Москва

Давоми се рӯзи охир барои мардуми ваҳдатшиор ва бо нангу ори Вилояти Бадахшони Кӯҳӣ марҳилаи интиҳом ва садоқату вафодорӣ ба оини давлатдории тоҷикон маҳсуб мешуд. Зеро  дар соли 30 – солагии ҷашни соҳибистиқлолӣ ҳамчун “армуғон ҷашнӣ”  “нақшаҳои қаблан тарҳрезишудаи” гурӯҳҳои созмони “Паймони милӣ”,  24 ва аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИ аз қабили маддоҳони онҳо Алим Шерзамонов, Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашӯров, Шавкати Муҳаммад ин бор низ хок хӯрд. Ба андешаи мо онҳо итминони комил доштанд, бо ангезаи гирдиҳамоӣ дар Хоруғ тамоми сокинони кишварро алайҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мехезонанд, аммо тирашон хок хӯрд. Чаро шояд суол чунин бошад. Барои он, ки касе нақшаву ниятҳои разилона дошта бошад, ҳеҷ гоҳ нақшаҳояш амалӣ намешаванд. Онҳо хуб медонистанд, ки мардуми Бадахшон дар қиёс ба дигар минтақаҳо эҳсосӣ ҳастанд ва чандин ҷавононеро ҳам доранд, ки ба хотири андаке манфиат бар зидии давлат хезанд. Аммо касе ҳаргиз гумон намедошт, ки бар ҷурми ин ҳама номардиҳое, ки иддае аз зӯргӯёни ин минтақа ҷониби Ҳукумат карданд, сабуриро пеша намуданд.

Аслан ин гурӯҳҳои манфиатхоҳ хеле устокорона, соату вақти муаяйн бо баҳонаи поймол намудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон даст ба тазоҳурот заданд.  Лекин сабаби ин ҳама чунин буд, ки санаи 25 ноябри соли 2021, соати 11:30, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса силоҳи ҷинояткор — таппончаи тамғаи ПМ бо як тирдон ва панҷ адад тир дарёфт ва гирифта шуд

Маврид ба зикр аст, ки Зиёбеков Г.З. бо ҳамдастонаш аз гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, 1 феврали соли 2020 ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа Абирзода А.-ро гаравгон гирифта, дар деҳаҳои Анҷим ва Барҷангали ҳамин ноҳия муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Зиёбеков Г.З. ва ҳаммаслаконаш аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Вале ӯ ва шарикони ҷиноятпешааш даъватҳои чандинкаратаи мақомоти тафтишотиро нодида гирифта, барои додани нишондод ҳозир нашуданд. Аз ин рӯ, дар кофтукови расмӣ қарор доштанд.

Худ маълум ки асли воқеа чун аст. Аммо инро мухолифини давлат ба таври дигар инъикос намуда, аксаран ҷавононро тавассути шабакаи иҷтимоӣ барои гирдиҳамоӣ даъват намуданд. Ҷавонони ноогоҳи Вилояти Бадахшон зери таасубу эҳсоси нафарони худхоҳ монда, кӯшиши ташкили гирдиҳамоӣ намуданд

Ин амал аз рӯи оини ҷавонмардӣ нест, зеро ҳамаи мо хуб медонем, ки кишвари ҳамсояи мо зери таъсири чунин гуруӯҳҳои манфиатхоҳ монда, имрӯз чӣ ҳол доранд?

Аз ин рӯ, аз ҷавонон даъват ба амал меорем, ки ба чунин гурӯҳои манфиатпеша ҳамроҳ нашаванд, зиндагии худу дигаронро зери хатар нагузоранд. Мулки озоди мо беҳтарин василаи ҳаёт ба сар бурдан аст. Ҷои он моро мебояд, барои пешрафти хоҷагии халқи кишвар заҳмат кашем. 

 

Абдусабури Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Безосновательное заявление Председателя ГКНБ Республики Кыргызстан Камчыбека Ташиева по поводу Воруха не только взбудоражило таджикское общество, но и привело к вооруженному конфликту, в результате которых с обеих сторон имеются жертвы.

Ватан. Дар таҳти ин калимаи кӯтоҳ чи маънии бузурге ниҳон аст. Аввалан, бе ягон шакку шубҳа  ин вожа барои ҳар инсон азизу муқаддас аст. Сониян, бо вуҷуди он ки ин вожа ба ҳар кас шинос ҳаст ва аксарият бар онанд, ки ин вожа маълуму маъмул ҳаст ва ба тавзеҳу ташреҳи иловагӣ эҳтиёҷ надорад, лек ба фикри банда он барои ҳар як инсон дар худ як чизи комилан шахсӣ ва маҳз ба ин шахс хосро ниҳон дорад.  Дар баёни ин чизи соф шахсӣ ба таври мушаххас, одатан, ҳар кас танқисӣ мекашад, лек ҳангоми посух додан ба саволи «Ватан чист?»  маҳз тавассути он мехоҳад, ки тамоми  маъниҳое, ки ин вожа дар худ таҷассум мекунад,  фаро бигирад. Ватан-модар, ватан-зодгоҳ, ватан ҷойе, ки он ҷо иқоматро ихтиёр кардед, ватан сар мешавад аз гаҳвора аз зумраи кушишҳое ҳастанд, ки барои ба умқи маънии ин вожа расидан, баён шудаанд.

Муҳаббат ба ватан. Дар таҳти ин ибора маънии боз бузургтаре ниҳон аст. Аввалан бояд гуфт, ки меҳру муҳаббат ба ватанро бо сухан наметавон тасвир кард, бо чашми сар наметавон дид, бо нидоҳои осмонхарош наметавон шунид.  Қатрае аз онро бо корҳои амалии бузург, ки баҳри ободии ватан пиёда мегарданд, метавон арза кард. Қатраи нисбатан бузургтарро аз он бо ҷонсупорӣ, бале бо ҷонсупорӣ баҳри беҳбудии ватан метавон нишон дод. Лек, дар умум, муҳаббат ба ватан аз ин гуфтаҳо болотару волотар аст. Вайро ҳар кас ба таври ба худаш хос фақат ҳис метавон кард, тавре ки кудаки нав ба дуне омада, ҳаетро ҳис мекунад. Муҳаббат ба ватан дар овони кӯдакӣ дар ҳар шахс зуҳур мекунад ва бо мурури замон, бо гузашти солҳо шахсро тадриҷан тасхир мекунад, тадриҷан тобеъи худ мегардонад, ва ниҳоятан дар қалб маскан мегирад ва тавассути рагҳои хунгард тамоми ҳастии инсонро фаро мегирад. Зиеда аз ин муҳаббат ба ватан бо ҳаво дар фазои ватан дармеомезад ва чун онро ҳар сония нафас мекашем, муҳаббат ба ватан ҳар замон зиеда мегардад. Муҳаббат ба ватан бо обҳои софу зулоли чашмасорони ватан низ дармеомезад ва чун аз ин обҳо ҳар замон қатрае нӯш мекунем, муҳаббат ба ватан ҳамоно мефизояду мефизояд.

Ибтидои солҳои навадум. Ин солҳо барои насли мо бо анҷоми таҳсил дар макотиби олӣ, бо солҳои ширинтарини ҳаёт, ки онҳоро дар умум ном ҷавонӣ аст, тавъам омаданд. Ҳаводису воқеоти пурошўбу харобиовар,  пурҳангома ва дар ниҳоят комилан бемаънию бемақсуд ва иғвоангезу нафратовар аз чор тарафи дунё ба болои «ватан» мерехтанд.  Душанбе -зеботарин шаҳр аз шаҳрҳои зеботарини дунё, ҷавонтарин шаҳри ҳама давру замон, сабзтарин шаҳри олам, шаҳри маҷнунбедҳо, шаҳри ошиқон, шаҳре, ки дар он Лоиқи бузург иқомат дошт ва бо эҷоди ашъори дилошуби худ машғул буд, ба вайрона мубаддал гашт. Едоварӣ аз Душанбеи онвақта, имрӯз барои ҷавонҳои он давра ба фикрам то андозае ҳузнангез аст, ки ашкҳои дида беихтиер ҳамчун дарёчаи Душанбеи имрӯза сарозер ҷорӣ хоҳанд шуд. 

Ин гуфтаҳои пурсӯзу гудоз нисбати ватан, муҳаббат ба ватан ва ҳамзамон ёдоварӣ аз он солҳои даҳшатангез фақат ба хотири он аст, ки ҷавонҳои имрӯза бояд ҳимояи ватан ва муҳаббат ба ватанро  аз волотарин хислатҳои инсонӣ бидонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи  ҳар гуна ҳангомаҳо ва ташкилотҳои гуногуни сиёсӣ нашаванд, то ватани биҳиштосои худро дар вартаи ҳалокат нагузоранд. Баръакс, ватанро муқаддас шуморанд ва пайваста дар такопуйи равнақи он бошанд. Бояд зикр кард, ки махсусан дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир ба он ворид гаштааст, зиракии ба маротиб аз пеш зиёдтарро аз аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон тақозо дорад.  Таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагӣ мазмуни нави ҳаётан муҳимро пайдо кардааст. Аз расонаҳои хабарӣ пайваста иттилоъ мегирем, ки  имрўз инсоният бо хатарҳои нав ба нав, мушкилотҳои вазнинтар рў ба рў шуда истодааст, ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ зиёд шуда истодаанд. Инчунин, бархўрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии давлатҳои абарқудратро низ дар ин ҷода набояд нодида гирифт, зеро маҳз ин бархурдҳо   барои давлатҳои нисбатан хурдтар хатарҳои гуногунро ба миён оварда истодаанд. 

Бинобар ин, масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он, ки то кунун ва ҳоло ҳам қисми ҷудонопазири  сиёсати давлатӣ маҳсуб мешуд, минбаъд бояд дар андешаи ҳар яки мо, махсусан ҷавонон ҷуқуртар ва дақиқтар реша давонад.

Акнун – пас аз гузаштани солҳо аз он лаҳзаҳои даҳшат ва ба даст овардани муҳимтарин ва аввалин  комёбиҳои бузург метавонем, чунин хулоса кунем: Давраи давлатсозӣ аллакай паси сар шуд, давраи  давлатдории мустақилона фаро расид, минбаъд бояд ташаккули иқтисодиёти миллиро пеш гирифта, бо густариши муносибатҳои бозоргонӣ  ватани азизи худ Тоҷикистони биҳиштосоро дар қатори давлатҳои муттараққӣ ҷой диҳем.

Ояндаи Ватан. Ман мутмаинам, ки дар ояндаи на чандон дур:

Кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Ватан, ки қисми зиеди масоҳати ватанро ишғол кардаанд, на фақат ҳамчун рамзи сарбаландии миллат боқӣ хоҳанд монд, балки сайёҳҳони тамоми дунеро ба худ ҷалб хоҳанд кард, дар заминаи онҳо бизнес туризм  ривоҷу равнақ ефта, ба авҷи аълои худ хоҳад расид. 

Рӯдҳои шуху пурталотуми кӯҳии Ватан, ки аз ин қӯҳҳо човидона сарозер ҷорианд, на фақат мавриди ташбеҳҳои шоирона дар шеърҳои ошиқона, дар ашъори шоирони  Ватан қарор хоҳанд гирифт, балки бо назардошти тавоноии бепоёни гидропотенсиалии худ ба манбаи бузурги рушноӣ ва гармӣ  табдил хоҳанд ёфт ва аз марҳамати бузурги онҳо кишварҳои дуру наздик равшан гашта, дар фаслҳои сард гарм хоҳанд шуд.

Кулҳо ва чашмаҳои софу беғубор, гарму хунук, табииву сунъӣ, ки дар доманаи ин қӯҳҳо  дар пастиву баландиҳои гуногун мавқеъ гирифтаанд,  на фақат дар асарҳои нависандагони ватан мавриди таҳлилҳои маҷозӣ қарор гирифта, ҳамчун макони иброз кардани  орзуҳои ширини ошиқонаи ошиқу маъшуқ ба қалам дода хоҳанд шуд, балки ба манбаи бузурги обҳои ошомиданӣ табдил хоҳанд  ёфт ва аз ин манбаъҳо на фақат кишварҳои ҳамсоя, балки кищварҳои дур низ истифода хоҳанд кард.

Сангҳои қиматбаҳо, тиллову нуқра ва дигар канданиҳои фоиданок, ки дар каъри дили ин қӯҳҳо ниҳонанд ва бо сабаби аз нигоҳи таърихии қарнҳо, хеле ҷавон будани ин кӯҳҳо пурра омӯхта нашудаанд, на фақат мавриди баҳсҳои ғайрирасмӣ ва ғайрикасбӣ дар тахайулоти миллат боқӣ хоҳанд монд, балки дар заминаи онҳо саноати тавонои кӯҳӣ- металлургии  ватан таъсис ёфта, ривоҷу равнақ хохад ёфт.

Ҳар яке аз гуфтаҳои боло  худ як манбаи бузурги даромад буда, ҳар яке аз онҳо метавонад Тоҷикистони азизро, ки на зиёда аз 8 млн аҳолӣ дорад, дар қатори бойтарин давлатҳои дунё ҷой диҳад.  

Таҳияи Муҳаррама Темурова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

ДУШАНБЕ, 04.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иттилоъ медиҳад, ки бар хилофи изҳороти ҷониби Қирғизистон, ки бо воқеияти дар ВАО интишорёфта мувофиқат намекунад, дар натиҷаи кори Комиссияҳои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия, аз тӯли умумии 986,7 км, 519, 9 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ташреҳ шудааст. Яке аз мавзеъҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа ағбаи Шатти мебошад.

Артиши миллӣ барои устувории давлат ва эмин будани он аз хавфу хатарҳои дохиливу беруна нақши мондагор дорад. Сафҳои он имрӯз аз ҷавонони ғаюру шуҷоъ пур гардида, ҳар яке бо ифтихори баланди миллӣ, масъулияти ҷавонмардӣ барои ҳифзу нигаҳдошти марзу буми кишварамон саъю ҷадал меварзанд.

Маҳз хизмати софдилонаи ана ҳамингуна ҷавонони ба ору ба номуси ватан мебошад, ки имруз мову шумо дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурдаистодаему касе ҳуқуқҳои моро поймол намесозаду моро дар зери азобу шиканҷа қарор намедиҳад ва модарону хоҳарони мо бе ягон тарсу ҳарос ва бе таҳлука озодона дар кучаву хиёбонҳо гашту гузор намуда, шукри ваҳдату истиқлолият ва шукронаи Пешвои муаззами миллат ва шукронаи родмардони ба ору ба номуси ватан мекунанд, ки ҷони худро барои муҳофизати ватани азизамон дареғ намедоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки  адои хизмат дар сафҳои артиши милли натанҳо қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дустиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад. Мо ҷавонон ба гуфтаҳои ин Роҳбари давлатамон такя намуда, пайваста барои гулгулшукуфоии милати худ саҳми босазои худро расонем.

    Ба хизмат меравӣ озода фарзанд,

   Дуоят мекунам шоду фараҳманд.

Ба ҳарҷое равӣ, ҷонат ба ҷонам,

    Ману ту як дарахти решапайванд.

                                Бирав амри диёратро адо кун,

 Маро бо хизмати аъло ризо кун.

 

 Бояд қайд намуд, ки дар даврони истиқлолият бо дастгирии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллии кишвар рӯ ба рушд ниҳода, имрӯз шароити хуби таълимиву машқу тамрин дар сафҳои қувваҳои муссалаҳи кишвар барои аскарону афсарон ба таври замонави муҳайё гардидааст. Агар солҳои пешин ҷавононро иҷборан тариқи “облава” мебурданд, ҳоло ин гуна “амалиётҳо”-и кормандони комиссариати шаҳру навоҳӣ аз байн рафта истодааст. Махсусан, иқдоми роҳандозӣ шудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар мавриди хушу хотирмон, дар фазои тантанавӣ гусел намудани ихтиёриён, сафи хизматмекардагонро зиёд намуда, истодааст. Мо, ҷавонони саодатманди ватан бояд ин тадбири созандаро тақвият бахшида, баъди хатми мактаби миёна ва ё донишкада ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дохил шуда, хизмати модар Ватанро бо сари баланд адо намоем, то дар ҳама ҳолат барои муҳофизати Модару ватани хеш омода бошем.

                       Бародарон ба модару ватан вафо кунем,

     Агар, ки сра талаб кунанд ба вай фидо кунем.

*******

 

                      Мо ватан доорему онро посбонӣ мекунем,

 Мо ба хурсандию шодӣ зиндагони мекунем.

Ҷамшед Масаидов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

 
 
Аҳли хонандагон ва омўзгорони ҷомеаи Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва тарғиби дастовардҳои Истиқлолият бахшида ба 30 солагии ҷашни умумимиллӣ чорабинӣ адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Ҳумоюн бод, Истиқлоли тоҷик” баргузор намуданд.
Дар композитсияи адабӣ таҳти унвони “Тоҷикистон” шеърҳои ватандўстона дар васфи Истиқлолият, Тоҷикистон, Ватан, Президент қироат карда шуд.
Рақси попурии духтаракони синфҳои ибтидоӣ табъи ҳозиринро болида намуда, суруди “Тоҷикистон” бо ҳисси баланди ватандўстӣ саройида шуд.
Ҳамчунин сањнаи ҷолиб ва филми мустанад дар бораи фаъолияти литсейи политехникӣ намоиш дода шуд.
 
Иттилоъ дода шуд, ки соҳибистиқлолӣ барои ҷомеаи мо имкон фароҳам овард, ки Ҳукумати мамлакат дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба имрӯзу фардои кишвар иқдомҳои шоистаро амалӣ намуда, ба созандагию бунёдкорӣ авҷи тоза бахшад. Натиҷаи ин аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ Ватани мо симои наву замонавӣ гирифта, ҳазорҳо иншоотҳои ҳаётан муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ бино ёфтанд. Гардиши куллӣ дар раванди таърихи давлатдории навини мо бо таҳаввулоти наҷиби соҳаи маориф ва илми кишвар низ иртиботи қавӣ пайдо намуд. Дар ин раванди барои рушду такомули давлат ва ташаккули ҷомеа саҳми зиёиёни кишвар, аз ҷумла омӯзгорон басо муҳим арзёбӣ мешавад. Соҳаи маориф, ки аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ба шумор меравад, бешубҳа дар раванди тарғибу ташвиқ, ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти миллӣ нақши муҳим мебозад.
Композитсияи “Тоҷикистон ба пеш” ба барномаи фарҳангӣ ҳусни анҷом бахшид.
Бояд қайд намуд, ки дар чорабинӣ директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрўз Саидӣ, раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфуллоҳ Раҳматзода, намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, роҳбарияти литсей иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
Таъкид гардид, ки таъсиси Литсейи донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ талаби айём буда, яке аз дастовардҳои назарраси соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолият маҳсуб меёбад. Он даҳ сол қабл дар пояи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади татбиқи амалии Сарвари давлат ҷиҳати эълон доштани соли 2010 – Соли фарҳанги техникӣ арзи ҳастӣ намуда, барои азхуд кардани технологияи иттилоотӣ, фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ, забондонӣ ва дар маҷмӯъ, барои омода намудани намудани насли наврас ба талаботи замони муосир таъсис дода шудааст.
Тӯли ин солҳо ҷомеаи меҳнатии аҳлу тифоқи Литсей тавонистанд ба ҳадафҳои дар наздашон гузошта пурра расанд. Исботи ин гуфтаҳо он аст, ки имрӯз таваҷҷуҳи сокинон дар қиёс ба солҳои пешин ба Литсей хеле зиёд аст. Агар дар солҳои нахустини фаъолият теъдоди хонандагон ҳамагӣ 131 нафар бошанд, пас имрӯз он ба 550 нафар расидааст.
 

Тоҷикистон  макони инсонҳои сулҳ ва меҳнатпарвар мебошад. Худ қазоват намоед, ки тӯли 28 соли Истиқлолият мо ба чӣ гуна муваффақиятҳо ноил гардидем? Новобаста аз бӯҳрони иқтисодие, ки аксари давлатҳои дунёро фаро гирифтааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ ба соҳаи маориф, тандурустӣ диққати махсус дода ирсоли маблағро ба ин соҳа зиёд карданд.Он ободкориҳое, ки мо дар шаҳру ноҳияҳо мебинем, касро ба ҳайрат мегузорад. Бесабаб нест, ки миқдори саёҳон аз хориҷа ба дараҷае зиёд шуда истодааст.

Сиёсати сулҳхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳури бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ифротгароёнро мегиранд. Азбаски халқи Тоҷикистон нисбат ба сарвари оқили худ меҳру муҳаббати беандоза дорад ин ғояҳои вайронкорона ҳоло дар ибтидои сабзиш решакан мешаванд.

Афсӯс, ки ҲНИ аз ин масъалаҳо дур рафтааст ва ӯ танҳо дар хаёли ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро нотинҷ кардан мебошад, лекин халқи тоҷик дигар фиреб хӯрдан намехоҳад, зеро ки дарси солҳои 90-ум дар хотираи мо мебошад.

Ба ҳамаи ин пешравиҳо нигоҳ нокарда, ТЭТ ҲНИ дар солҳои охири фаъолияти худ, дар сафи худ шахсонеро ҷамъ намуд, ки ин пешравиҳоро дидан намехоҳанд. Албатта, дар кишваре, ки фазои орому истиқлолияташро ҳазорон орзу менамоянд барояшон нафоридаву дигар роҳи таъсиррасониро наёфта зӯрашон танҳо ба силоҳу аслиҳа расидааст. Гарчанде, ки гурӯҳҳои терористиву экстремистӣ то имрӯз ҳар гуна амалҳои ношоистаро ба анҷом расонида бошанд ҳам, то ҳол инсонҳое ҳастанд, ки мафкураи нопоки онҳоро маҳкум намуда, барои сулҳи ватан мекӯшанд ва бо якзабони эътироф менамоянд, ки «Ифротгарои оини тоҷикон набуд ва минбаъд низ нахоҳад шуд». Онҳо мехоҳанд, ки динро ба давлат омехта намуда, қоидаву қонуниятҳои асримиёнагиро ҷорӣ намоянд. Хусусан занҳо бояд аз ҳама намуди фаъолноки маҳрум карда шаванд. Мо хуб медонем, ки дар давлатҳои ба ном “исломӣ”ҷамъият дар чи ҳол аст. Зеро исломи он нохалафон исломи худсохта, дар ниқоби разолат аст. Конститутсияи кишвари  мо равшан муайян намудааст, ки дин аз давлат ҷудо мебошад. Ҳар касе, ки мехоҳад тоату ибодатро адо намояд ва онҳоро давлат дастгирӣ менамояд.

Мо мардумони тоҷик дар чунин як шароите, умр ба сар мебарем, ки давлат соҳиби истиқлолият асту ба ягон эътиқодоти мардум монеа дучор намекунад, ин ҳам дар ҳоле, ки ҳатто замони шӯрави ҳолат чунин набуд.

Хоса мо шаҳрвандони Тоҷикистон сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатамонро ҳаматарафа дастгири намуда, дар гулгулшукуфоии ватани маҳбубамон ҳиссаи босазои хешро хоҳем гузошт.

Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд 

ДУШАНБЕ, 04.06.2021. /НИАТ «Ховар»/. Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ РТ сообщает, что вопреки официальному заявлению кыргызской стороны,  не соответствующему действительности, опубликованному в  СМИ, в результате работы межправительственной комиссии Республики Таджикистан и Кыргызской Республики по делимитации и демаркации из общей протяжённости, составляющей  986,7 км, описано  519,9 км таджикско-кыргызской госграницы. Одним из оставшихся  неразделённых участков на данной территории является перевал Шатты.

Высокие распри как отражение национальной катастрофы

Сложные отношения нынешнего президента Кыргызстана Садыра Жапарова и назначенного им главой ГКНБ КР Камчыбека Ташиева, несмотря на усердно демонстрируемое единство, похоже переходят в особую фазу "хрупкости". Из инсайдерских каналов стало известно об очередной "ссоре", а иначе ругани между верховными боссами страны.

 

 

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ даври дуюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар сатҳи баланд бо ширкати ҳайати бонуфузи ҳакамон иборат аз муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов, муовинони декан оид ба тарбия, устодони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, кормандони китобхонаи донишкада доир гардид.

Мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Дилбар Ҷӯраева зимни баромад аз ташаббусҳои маънавиасос ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда,  зикр дошт, ки китоб ҳамеша мӯнис ва раҳнамои мо дар ҷомеа аст. Мавсуф зикр намуд, ки дар донишкада озмуни “Фӯрӯғи субҳи доноӣ китоб аст” минбаъд ба ҳукми анъана даромада,  беҳтаринҳо аз ҷониби Раёсати донишкада бо тӯҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд.   Ӯ  барои иштирокчиён бурдборӣ ва тавфиқ хост.

Сипас донишҷӯён бо навбат аз рӯйи номинатсияи интихобкардаашон китобҳои хондаашонро шарҳ доданд. Ба ҳар донишҷӯ барои қобилияти нақл, тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар ва санъати суханварӣ ва таассурот баҳогузорӣ карда шуд. Зиёда аз 82 нафар донишҷӯ  иштирок намуда, 30 нафари беҳтарин махсус номнавис гардиданд, ки аз байни онҳо ба даври савум 18 нафар донишҷӯ роҳ  ёфтанд.  Инҳо
Назарзода Ибодулло – 2–43.01.03та, Қулматов Беҳзод – 1– 40.0101та, ҚодироваҶамила – 1– 40.01.01та, Маҳкамова Умеда – 2– 70.02.01 тб, Шокиров Пайрав – 2–40.01.01тб, Қурбонқулов Ҷаҳонгир – 1–25.01.04та, Мамадҷонов Мӯъминхӯҷа – 4–40.01.02та, Бобоев Муҳсинҷон – 3–44.01.01тб, Каримова Хушнуда –2–45.01.01ра, Ибрагимов Сомон – 4–69.01.01тб, Сайидов Олимҷон – 3–25.0104 тб, Шарипов Дониш – 3–43.01.03 тб,  Олимзода Хусравхон – 1–44.01.01 та, Ғаниева Шаҳноза 2_25.01.04ра, Одилҷонзода Нилуфар  2_40.01.02тб, Аминзода Абдусаттор – 1. 70.02.01 тб,  Иномова Зулфия – 2–57.01.01 та, Маҳмудова Рисолатбону – 1. 40.01.02 тб мебошанд.

 Ба донишҷӯён барои такмил додани донишу асарҳои минбаъд қироат мекардаашон маслиҳатҳои муфид дода шуд. Инчунин дар рафти  озмун аз ҷониби китобдорон намоиши китобҳои ба тозагӣ нашр шуда муаррифӣ карда шуд.