Оид ба харитаҳо, санадҳо, музокирот ва ҳодисаҳо, ки дар натиҷаи онҳо Ворух "анклав" шуд.

 

Собиқ мири шаҳри Исфара ва иштирокчии чандинкаратаи  музокироти байниҳукуматӣ Мирзошариф Исломидинов ба «Азия-Плюс» дар бораи таърихи низоъҳо дар сарҳад –оид ба харитаҳо, санадҳо, музокирот ва ҳодисаҳое, ки дар натиҷа Ворух "анклав" шуд, чунин нақл кард:

Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлавтии вилояти Суғд мулоқоти роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои олии вилояти Суғд бо хатмкунандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд баргузор гашт.
Дар мулоқот намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ширкат ва доир ба рушди бемайлони соҳаи маориф ва илми кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, ва дар ин замина, оиди иқтидору дастовардҳои муассисаҳои олии касбии вилоят изҳори андеша намуданд.
Фирӯза Нуруллозода аз ҷумла таъкид намуд, ки давлату ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда истодаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар шаҳри Хуҷанд 47 мактаб, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, аз он ҷумла 27 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 4 гимназия, 10 мактаби хусусӣ, 1 мактаб – интернати ёрирасон, 1 комплекс кўдакистон - мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобино фаъолият менамояд. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 42460 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуда, 2491 нафар омўзгорон ба таълиму тарбияи онҳо машғул ҳастанд. Соли 2019 дар олимпиадаи фаннии вилоятӣ 102 нафар хонандагони синфҳои 5-11 иштирок намуда, 18 нафар ҷойи якум, 29 нафар ҷойи дуюм ва 55 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ бошад 47 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, 6 нафар ҷойи якум, 19 нафар ҷойи дуюм, 22 нафар ҷойи сеюм ва 2 нафар ба гирифтани Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Бо ин дастоварди арзанда дастаи хонандагони болаёқати шаҳр дар миқёси ҷумҳурӣ мақоми сеюм ва дар миқёси вилоят ҷойи аввалро ишғол намуданд. Инчунин дар ин давра 60 нафар хонандагон ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳр ва 7 нафар ба гирифтани стипендияи Президентӣ сарфароз гаштанд. Дар соли таҳсили 2018-2019 синфи 9-ро 3157 нафар ва синфи 11-ро 2661 нафар хонандагон хатм намуданд. Аз шумораи умумии 2661 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрро хатм намуда, тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1851 нафар ба муассисаҳои олии кишвар, 315 нафар ба муасиссаҳои миёнаи касбӣ ва 459 нафар ба мактабҳои олии хориҷи кишвар дохил гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2019-2020 аз муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр синфи 9-ро 3228 нафар ва синфи 11-ро 2828 нафар хонандагон хатм хоҳанд кард.


Ҳамасола дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вохўриву мулоқотҳо гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории чунин вохўриҳо, ин аз тарафи хонандагони хатмкунанда бидуни душворӣ муайян ва интихоб намудани ихтисоси ба худ муносиб ва минбаъд давом додани дониши худ мебошад.
Сипас аз ҷониби роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои олии вилоят доир ба ихтисос ва факултетҳои тадрисгоҳҳо маълумот дода шуд. Намояндаи ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Фарҳод Бобокалонов баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд аз таълимгоҳҳои пешқадаму навовар мебошад.
Раёсати донишкада ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди донишкада, тақвияти мавқеъ ва нуфузи он дар байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, истифодаи таҷрибаи пешқадам, ба роҳ мондани усулҳои ҷолибу муосири таълим, истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, тақвияти иқтидори пойгоҳҳои таълимӣ, бунёд ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимӣ, муҳайё намудани шароити корӣ ба устодон, дарёфти роҳҳои нави ҳавасмандгардонӣ ба онҳо, таъмин кардани шароити мусоид барои фаъолияти босамари донишҷӯён тадбирҳои пайваста меандешад.


Донишкада аз рӯи 21 ихтисос дар 3 кластер мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат омода менамояд. Дар донишкада беҳтарин шароити таҳсил ва шаффофияти таълиму таҳсил роҳандозӣ шудааст. Аксарияти донишҷӯёни донишкада дар давраи таҳсил аллакай бо ҷои корӣ таъмин мегарданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ҳамагонро вазифадор намуданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд. Дар ин самт дар донишкада қадамҳои устувор гузошта шуда истодааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.
Заминаи омӯзиши чунин фанҳо бо шароити муосир дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд муҳайё гардидааст.

Шумо ИДЕЯИ ХУБ доред?

Аммо Шумо чи тавр ҷорӣ намудани онро намедонед?

ИМКОНИЯТИ ОҒОЗ НАМУДАНИ КОРИ ХУДРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕД!

 

БА ДИҚҚАТИ

донишҷӯён, магистрантон ва омӯзгорони ҷавон!

Маркази Мартаба озмуни идеяҳои нави бизнесро, ки ғолибони он метавонанд лоиҳаи худро  амалӣ созанд, эълон менамояд.

 

Мақсадҳои асосии озмун  – ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ ва инноватсионии донишҷӯён, магистрантон ва омӯзгорони ҷавон, инчунин, ташаккули пояи бизнес-идеяҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ барои ҷори намудани минбаъдаи онҳо.

Вазифаи асосии озмун – вусъат додани фаъолияти корӣ ва дастгирии ташаббусҳо оид ба коркард  ва ҷорӣ намудани бизнес-идеяҳои ояндадор ва лоиҳаҳои инноватсионӣ.

Дар озмун метавонанд ширкат варзанд,  бизнес-идеяҳои инноватсионӣ, ки равона шуданд ба:                                                              

  • беҳдошти фазои сармоягузорӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ;
    • системаҳои автоматизатсияшудаи
    • технологияҳои энергиясарфкунанда;
    • истеҳсоли маҳсулот ва молҳои нав;
    • ҳамлу нақл ва хизматрасонии нақлиёти муосир;
    • технологияҳои инноватсионии маҳсулоти кишоварзӣ;
    • системаҳои иттилоотии автоматикунонидашуда;
    • технологияҳои энергиясарфакунанда дар сохтмон;
    • дизайн ва меъмории муосир;
    • ҳунарҳои мардумӣ;

Меъёрҳои баҳодиҳии бизнес-идеяҳо:

  • инноватсионӣ ва актуалӣ будан;
  • имконияти ба амаловарӣ (имконияти офариниши ҷойҳои кории нав, даромади тахминӣ, харҷҳо ва ғайра),
  • талабот ба маҳсулот ва рақобатпазирӣ;
  • набудани маҳсулоти ба пешниҳодшуда монанд ё бартарӣ аз маҳсулотҳои монанд.

 

Ба ғолибони озмун барои ба амал овардани лоиҳаҳои худ дар пояи парки технологии донишкада ва гирифтани маблағгузории ибтидоӣ имконият дода мешавад.

Бизнес-идеяҳои беҳтарин ба озмуни вилоятӣ пешниҳод карда мешавад.

Ҳавасмандгардонӣ аз тарафи ҳукумати вилоятӣ:

  1. Ҷойи 1-ум – 3000 сомонӣ
  2. Ҷойи 2-юм – 2000 сомонӣ
  3. Ҷойи 3-юм – 1000 сомонӣ

 

Озмун дар 3 марҳила мегузарад:

Марҳилаи 1 – додани аризаҳо ва интихоби пешакӣ;

Марҳилаи 2 –барои коркарди идеяҳои худ бо экспертон – мутахассисони пуртаҷриба имконият дода мешавад;

Марҳилаи 3 – пешниҳоди лоиҳаҳо ва интихоби ғолибон.

 

ДОДАНИ АРИЗАҲО БАРОИ ИШТИРОК ТО   25 октябри  с.2019

*Иконияти аризадиҳии коллективӣ (гурӯҳӣ) ҳаст.

Шакли аризаро аз инҷо гиред Шакли ариза ва ба почтаи This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. ирсол намоед, ё ин ки ба утоқи 305, бинои асосӣ (ошёнаи 3)   - Маркази Мартаба дастрас намоед.

 

У тебя есть ОРИГИНАЛЬНАЯ ИДЕЯ???

Но ты не знаешь как её внедрить?

НЕ УПУСТИ ШАНС НАЧАТЬ СВОЕ ДЕЛО!

 

ВНИМАНИЮ

студентов, магистрантов и молодых преподавателей

Центр Карьеры объявляет конкурс новых бизнес-идей, победители которого смогут реализовать свой проект.

 

Основные цели конкурса – стимулирование предпринимательской и инновационной деятельности студентов, магистрантов и молодых преподавателей, а также формирование базы бизнес-идей и инновационных разработок для их дальнейшего продвижения.

Основной задачей конкурса является         развитие деловой активности и поддержка инициатив по разработке и реализации инновационных, перспективных бизнес-идей и проектов;

В конкурсе могут участвовать инновационные бизнес-идеи, направленные на:

  • улучшение инвестиционного климата и развитие инфраструктуры туризма;
  • производство новых продуктов и изделий;
    • автоматизированных систем энергосберегающих технологий;
      • организация перевозок и современные автомобильные транспортные услуги;
    • инновационные технологии сельхозпродуктов;
    • автоматизированные информационные системы;
    • энергосберегающих технологий в строительстве;
    • современный дизайн и архитектура;
    • народные промыслы

Критерии оценки конкурсных бизнес-идей:

  • инновационность и актуальность;
  • возможность практической реализации (возможность создания новых рабочих мест; ориентировочная прибыль и расходы и другие),
  • спрос на продукцию и конкурентоспособность;
  • отсутствие аналогов продукции или его превосходство над аналогами.

 

Победителям конкурса предоставляется возможность реализации своих проектов на базе технопарка института и возможность получения первоначального финансирования.

Лучшие бизнес-идеи будут представлены к участию в областном конкурсе.

Призовой фонд со стороны хукумата области:

  1. 1 место – 3000 сомони
  2. 2 место – 2000 сомони
  3. 3 место – 1000 сомони

 

Конкурс проводится в 3 этапа:

1 – й  этап – подача заявок и предварительный отбор;

2 – й этап – будет предоставлена возможность проработать свои идеи совместно с экспертами – опытными специалистами;

3 – й этап – презентация проектов и выбор победителей.

 

ПОДАЧА ЗАЯВОК НА УЧАСТИЕ ДО   25 октября 2019 года

*Есть возможность подачи коллективной (групповой) заявки

Форму заявки можно получить здесь Форма заявки и отправить по почте: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. или в кабинет 305 главного корпуса (3 этаж) – Центр Карьеры.

 

«Арзишмандтарин хусусияти Паёми Пешвои миллат – донистан, ҳаллу фасл кардани мушкилоти ҷомеа – пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ тавассути илму дониш ва маърифат мебошад», — навиштааст доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни мақолаи худ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои рушди маърифат», ки 29 январ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст.

Фарҳанги миллӣ як рукни ҷудонашавандаи давлати миллӣ ба ҳисоб рафта, василаи асосии муаррифии давлату миллат дар сатҳи  байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.


Фарҳанг домони густурдаву васеъ дорад ва ҷомеъаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд дар тамоми ҷодаҳо муваффақ ба назар мерасанд. Ин гуфтаро дар таҷрибаи ҳаётии  давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дидан мумкин аст.

Агар ба гузаштаи миллати тоҷик диққат намоем аз рўи сарчашмаҳо маълум мегардад, ки дорои фарҳанги волову пурѓановат буда, баъзе аз ананаҳояшон то ба замони мо омада расидаанд. Аммо қисми зиёдашон бо таъсири омилҳои бегона ва лашкаркашии қавмҳои гуногун аз байн рафтанд. Мисол агар танҳо як хатро гирем дар гузаштаи миллати тоҷик чандин намуди хатҳо вуҷуд доштаанд, аммо бо мурури замон аҳамияти худро гум карда, аз байн рафтанд. Бо вуҷуди он ҳама тохтутозҳое, ки бар сари миллати тоҷик омад, лек аҷдодони мо ҷонашонро фидо сохтанду рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ: хат, забон ва санъати худро нигоҳ доштанд ва ба мо меърос гузоштанд.

Мо ҷавонон пеш аз ҳама ифтихор аз он дорем, ки имрўз миллати тоҷик баъд аз ҳазорон сол боз аз нав соҳиби давлат ва фарҳанги  волои худ гаштааст ва ин боиси ифтихору сарфарозии кулли мардуми тоҷик бояд бошад, зеро дар ин давраи пур аз ҷангу ҷадалҳое ки миллати тоҷик аз сар гузаронид ба даст овардани фарҳанги миллӣ ва истиқлолӣ миллӣ кори саҳл нест. Аз ин рў вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар, хусусан ҷавонон аст, ки ба қадри ин неъмат бирасанд ва барои пос нигоҳ доштан ва инкишоф додани он саҳми арзишманди худро гузоранд. Ба андешаи коршиносон барои пос доштан ва рушди фарҳанги ҷавонон нақши аввалиндараҷа доранд. Зеро бунёдгузор ва нигоҳдорандаи фардои фарҳанги миллӣ маҳз ҷавонон маҳсуб меёбанд. Аз ин рў ҳар як ҷавони имрӯзи ватанро мебояд, ки таърих ва фарҳанги гузаштаи худро омўзаду аз он ба хубӣ бархўрдор гарданд, то ки ба қадри он ҳама арзишҳои фарҳангие, ки то ба мо омада расидааст бирасанд.

Албатта доираи фаҳмиши фарҳанг хело васеъ буда, он фарогири зиндагии ҳаррўзаи мо мебошад. Аз ин рў дар замони муосир тамоми мардуми сайёра ба масъалаи омўзиши он диққати махсус зоҳир менамоянд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки фарҳанг ҳастии миллат аст ва бе инкишофи фарҳанг давлат аз нигоҳи иқтисодӣ пеш рафта ва сатҳи зиндагии мардум низ наметавонад рушд кунад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар махсусан Сарвари давлат нисбати фарҳанг ва арзишҳои миллии он диққати махсус дода, дар ин самт иқдомҳои зиёдеро роҳандозӣ намуданд. Қабули қонуни ҶТ «Дар бораи фарҳанг», қонун дар бораи «Забони давлатӣ» Эълон намудани иди Наврўз» ҳамчун иди байналмилалӣ, қайд намудани «Рўзи фалак», «Иди меҳргон», «Рўзи китоб» ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланд далели ин гуфтаҳост.

Инчунин дар ин самт бунёди иншоотҳои гуногуни фарҳангӣ  Осорхонаи миллӣ, ки дар он ёдгориҳои беназир ва қадимаи ин миллати куҳанбунёд ба маърази тамошо гузошта шудааст. Воқеан ин як иқдоми неки ҳукумати мамалакат ба хотири пос доштани фарҳанги миллӣ мебошад, ки мо бо ин васила метавонем маданияти гузаштаи халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Иқдоми дигари ҳукумати кишвар таъсиси Китобхонаи миллӣ аст, ки он бори дигар собитгари адабиёти бою рангин, нависандагон, шоирони бузургу тавонои тоҷикон мебошад. Дар ин самт бунёди марказҳои фарҳангӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, ва раванди сохтмони Театри миллӣ дар кишвар ки бо ибтикори худи Пешвои миллат ба он оѓоз бахшида шуд гувоҳи он аст, ки ҳукумати кишвар ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати инкишофу пойдории фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хоса доранд ва дар яке аз суханрониҳояшон зикр карда буданд: - «Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем».

Ҷавонон, ки посдоранда ва инкишофдиҳандаи фарҳанги миллӣ мебошанд, дар баробари он ҳама иқдомҳои некхоҳонае, ки Сарвари давлат нисбати ҷавонон доранд мутаасифона, имрӯзҳо чун ба мушоҳида мерасад ҷавононе  ҳастанд, ки на танҳо арзишҳои фарҳангиро поймол мекунанд. Балки ба рукнҳои асосии фарҳанг диққат надода, нисбати забон ва хат беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд. Дар вақти суханронӣ  калимаҳои қабеҳ ва бегонаро ба ин забони ноб омехта месозанд. Ичунин ба омузиши Забони давлати кам таваҷҷуҳ доранд ва аз таърихи гузаштаи худ хуб огоҳ нестанд, ки ин ба фарҳанги волои худ давлате чун Тоҷикистон рў ба инкишоф бе таъсир буда наметавонад. Албатта дар ин баробар кам нестанд ҷавонони худшиносу ватандўст, ки нисбати арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи хоса доранд ва аз онҳо ба хуби бархурдоранд, аммо дар ин даврае ки ҷаҳонигарои дар ҳоли рушд қарор дорад ва таъсири омилҳои бегона хеле зиёд аст.  Фарҳанги миллии давлатхои хўрд дар ҳоли хатар қарор доранд моро мебояд нисбати арзишҳои миллии худ махсусан ҷавонон диққати аввалиндараҷа дошта бошем, зеро аз андак ноустувории мо метавонанд ба хуби истифода намоянд. Ба андешаи ҷомеашиносон дар ин раванд давлатҳои абарқудрат мехоҳанд фарҳанги худро болои давлатҳои хурд ва аз нигоҳи иқтисоди кафомонда бештар талқин кунанд ва онҳоро аз фарҳанги аслиашон дур созанд. Аз ин рӯ махсусан ҷавонон бояд дар ин самт зиррак бошанд ва нисбати фарҳанги миллии худ эҳтиром дошта бошанд то тавонанд онро пос доранд.

Ҳасанҷон АЛАМШОЕВ

рўзноманигор

 

Бахшида ба Рӯзи мутахассисони соҳаи саноати хӯрока дар факултети муҳандисӣ – технологии ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ аз ҷониби донишҷӯёни кафедраи агротехнология ва махсулоти хӯрока озмун аз рӯи номинатсияҳои «Нӯшобаи бехтарин», « Хуриши беҳтарин» , «Таоми беҳтарин», «Дисерти беҳтарин» баргузор гардид. 
Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳайати доварони озмун таҳти роҳбарии муовини директории оид ба таълим Хуршед Мақсудов, муовини директор оид ба илм ва иноватсия Усмонҷон Ахмедов, сардори шӯъбаи илм ва иноватсия Замира Ҷӯраева, сардори маркази бақайдгирии донишҷӯён Муҳаббат Юсупова, мудири кафедраи дизайн ва меъмории Ҳамро Раҳимова, директори генералии ҶДММ «Темуриён» Баҳромҷон Усмонов ба иштирокчиёни озмуни мазкур бо баҳодиҳӣ карданд, ки 12 нафар ғолибон муайян гардиданд.
Аз ҷумла аз рӯйи номинатсия «Нӯшобаи бехтарин», ҷойи аввалро Мадина Содиқова, ҷойи дуюмро Ҳусниддин Орифҷонов, ҷойи сеюмро Абдурофеъ Ҷалилов ба даст оварданд. Дар номинатсияи «Хуриши беҳтарин» мақоми аввал насиби Фирдавс Ҳакимов, Наимҷон Иброҳимов ва Абдураҳим Юсупов, мақоми дуюм Раҳмоналӣ Илашов, зинаи сеюм Хайрулло Бобоҷонов гардид. Аз рӯйи номинатсияи «Таоми беҳтарин» Равнақ Ҷалилов, Ш. Обидов ва Шероз Пӯлотов мутаносибан ҷойхои ифтихориро ба даст оварданд.
Дар номинатсияи «Дисерти беҳтарин» ҷойи аввалро Азиза Раҳматова, мақоми дуюмро Азиза Ҳасанова, ҷойи сеюмро Сарвиноз Юнусова соҳиб гардиданд. 
Ба ғолибони озмун ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Маврид ба зикри хос аст, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд барои дар амал татбиқ намудани дастуру супорпишҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати истеҳсоли босифати маҳсулоти озуқаворӣ ва соҳаи саноати хӯрока нақши босазо дорад. Ба он хотир, ки факултети муҳандисӣ – технологии мутахассиони соҳаи маҳсулоти хуроквориро омода месозанд, ки дар оянда барои амалӣ намудани ин ҳадафи стратегии кишварамон талоши бештар мекунанд, ки тадбирҳои созанда андешанд.

 

Устодони арҷманд, муаллимони воломақом!

         Муаллим, устод, омӯзгор ҳанӯз аз арзи номаш барои ояндаи насли наврас хизматҳои шоён намудааст.

         Агар барои эҳёи тафаккури нав, ҳаёту зиндагонии нав муаллим хизмат намекард, пас ҳаёти мо ҳатто як лаҳза ҳам пеш намерафт.

Инак ҳар кадоми мо боз ба як санаи фархундаву ҳумоюнӣ, рӯзи мубораки омӯзгорон шарафёб гардидем. Имрӯз ҳар кадоми мо устодон ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишварро таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишри зиёиён беш аз пеш эҳсос менамоем. Зеро дар ҳақиқат дар замони муосир таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф ва саҳми устодону омӯзгорон дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ басо назаррас унвон  шудааст. Ба он хотир, ки аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хосса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ана ҳамин диди муборак то имрӯз боқӣ мондааст.

Устодони гиромӣ, ҳамкасбони азиз!    

Шуморо ба ин муносибати рӯзи фархунда, рӯзи касбиатон самимона шодбош намуда, таманнои онро дорам, ки ҳамеша дар роҳи тайкардаи худ, барои эҳёи тафаккурҳои созанда миёни насли ҷавон саҳми сазовори хешро хоҳед гузошт.

Рӯзи омӯзгор муборак бод!