Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ дар самти гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт саҳмгузор аст.

 

Кафедра мувофиқи зинаҳои таҳсилот мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

 

Бакалавриат

1-26 03 01 Идораи захираҳои иттилоотӣ

1-40 01 01 Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ

1-40 01 02-02 Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)

1-40 03 01 Зеҳни сунъӣ (соли қабули довталабон аз соли 2021)

1-45 01 01 Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо

1-53 01 07 Технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ (соли қабули довталабон аз соли 2021)

 

Магистратура

1-40 01 01 Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ

1-40 01 02 Низоми технологияи иттилоотӣ (аз рӯи самтҳо)

1-40 03 01 Зеҳни сунъӣ

 

Докторантура

6D070300 Системаҳои иттилоотӣ

6D070400 Техникаи ҳисоббарор ва таъминоти барномавӣ

 

Ҳайати устодони кафедра

Низамитдинов Аҳлитдин Илёситдинович - мудири кафедра, д.и.ф.,(Phd аз рӯи ихтисос)

Мақсудов Хуршед Темурович – н.и.ф-м, дотсент

Худойбердиев Хуршед Атохонович – н.и.ф-м, дотсент

Солиев Одилходжа Махмудходжаевич – н.и.ф-м, омӯзгори калон

Довудов Гулшан Мирбахоевич – н.и.т., омӯзгори калон

Усмонова Моҳина Рустамовна - н.и.п., омӯзгори калон

Қосимов Абдунаби Абдурауфович – н.и.т., омӯзгори калон

Ашӯрова Шабнам Нуруллоевна - омӯзгори калон

Назаров Абдусамад Абдураҳмонович - омӯзгори калон

Фозилова Моҳирахон Музаффаровна - омӯзгори калон

Ҳакимова Ольга Ренатовна - омӯзгори калон

Зульфиқорова Парвина Эгамовна - омӯзгори калон

Фарзонаи Эраҷ - омӯзгори калон

Қаюмова Дилафрӯз Дониёровна - ассистент

Левандовский Богдан Игоревич – ассистент

 

Дастовардҳои кафедра

Кафедра дар самти гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт як қатор корҳои илмию тадқиқотӣ гузаронида шуда, дастовардҳои хеле назаррас ба даст овардааст, аз ҷумла дар равияҳои автоматикунонии раванди таълим дар МТОК ва соҳаҳои иқтисодиёт, лингвистикаи компютерӣ ва ғ. Хусусан, муваффақиятҳои илмие, ки таҳти роҳбарии академики Академияи миллии илмии ҶТ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Усмонов З.Ҷ. ба даст оварда шудаанд. Аз тарафи шогирдони ӯ аввалин маротиба ҷойгиршавии оптималии ҳарфҳои забони тоҷикӣ дар клавиатура таҳлил карда шуда, онҳо дар ҷорӣ намудани забони тоҷикӣ дар системаи оператсионии Windows иштирок карданд, дар ҳамкорӣ бо ширкати умумиҷаҳонии MicroSoft пакети барномаҳоро барои тафтиши автоматии имлои забони тоҷикӣ, тезаурус ва аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо барои барномаи MS Office коркард намудаанд. Илова бар ин, барномаҳоро барои синтез ва шинохтани овоз, тарҷумаи автоматии матн,  шинохти муаллиф аз рӯи матн коркард шудааст. Барои натиҷаҳои назаррас дар рушди лингвистикаи компютерӣ  дар соли 2017 н.и.ф.м. Солиев О.М. ва н.и.т.Худойбердиев Х.А. ба ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик С.Умаров дар соҳаи илм ва техника сазовор гаштанд. Натиҷаи тадқиқоти илмии устодони кафедра дар истеҳсолот ва ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандон васеъ истифода мешаванд, масалан, системаи қабули пардохтҳо тавассути терминалҳои худхизматрасон (Express Pay), системҳои автоматигардонидашудаи хизматрасониҳои коммуналӣ ва пардохти ғайринақдӣ дар нақлиёти мусофиркашони шаҳри Душанбе ва ғ. Дар ин самт  дар давоми 10 соли охир 4 рисолаҳои номзадӣ ҳимоя шуда, 10 монографияҳо ва зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ нашр шудаанд. Зиёда аз 40 шаҳодатномаҳои зеҳнӣ ба даст оварда шудааст. Ҳоло  1 лоиҳаи илмие, ки аз тарафи буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад, ба охир расонида шуда, дигари он дар мавзуи “Коркарди тарҷумони забони тоҷикӣ дар асоси технологияи Google”  иҷро шуда истодааст. Натиҷаҳои илмӣ дар конференсияҳои байналхалқӣ, ки дар мавзуи   “Системаҳои иттилоотии амалӣ: масъалаҳои моделиронӣ, коркард ва истифодаи он дар мамлакатҳои тараққикардаистода” (солҳои 2012, 2017 ), мавриди муҳокима қарор гирифтааст. Дар ин ҷода саҳми олимон н.и.ф.м., дотсент Мақсудов Х.Т., н.и.ф.м. Солиев О.М., н.и.ф.м., дотсент Худойбердиев Х.А.,  доктори phD Низомаддинов А.И., н.и.т. Қосимов А.А., н.и.т. Довудов Г.М. , н.и.п. Усмонова М.Р. хеле калон мебошад.

 

Шарикони рушд

- MicroSoft

- Google

- Oracle

- SUN

- OpenOfficeOrg

 

Таҷрибаомӯзӣ

- донишҷӯён дар муассисаҳое, ки дар он низомҳои иттилоотӣ истифода бурда мешавад, таҷрибаомӯзии худро мегузаронанд.

 

Лаборатория (Пояи методӣ-техникӣ)

Дар назди кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ 6 синфхонаи компютерӣ барои таъмини раванди таълим амал мекунад.

 

(ФОТО)

Хатмкунандаи зинаи бакалавриат дар кадом вазифа кор ва фаъолият бурда метавонад

 

1-26 03 01 Идораи захираҳои иттилоотӣ

- менеҷери шуъбаи технологияҳои иттилоотии ташкилот;

- таъмингари ҳимояи иттилоот;

- барномасоз;

- менеҷер-таҳлилгари захираҳои иттилоотӣ (бизнес-аналитик);

- муҳандис-технологи соҳаи телекоммуникатсия;

- муҳандиси низомҳои иттилоотӣ;

- сардори шуъбаи рушди технологияҳои иттилоотӣ;

- танзимгари низомҳои иттилоотӣ.

 

1-40 01 01 Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ

- барномасоз (программист);

- администратори шабака;

- веб-дизайнер;

- муҳандиси шабака;

- веб-барномасоз;

- администратори системавӣ;

- администратори ҳимояи маълумот;

- устои таъмири компютер дар низоми иттилоотии бонкӣ;

- ташкили таъмини бехатарии маълумот;

- ташкили веб-замимаҳо (сомонаҳо);

- танзимгари барномаҳои компютерӣ.

 

1-40 01 02-02 Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)

- барномасоз-иқтисодчӣ;

- менеҷери низомҳои иттилоотӣ;

- таҳлилгари рақамии иттилоот;

- веб-дизайнер;

- администратори базаи маълумот;

- эксперти қарзӣ;

- маркетолог;

- PR-менеҷер;

- веб-барномасоз;

- администратори системавӣ;

- муҳосиб;

- администратори ҳимояи маълумот;

- омӯзгори фанни технологияҳои информатсионӣ ва иқтисодиёт;

- бонк;

- ташкилоти таъмини бехатарии маълумот;

- ташкилоти созандаи веб-замимаҳо (сомонаҳо);

- танзимгари барномаҳои компютерӣ.

 

1-45 01 01 Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо

- муҳандиси шабака ва алоқаи мобилӣ;

- теле ва мултимедионӣ;

- алоқачӣ;

- муҳандис-таъминкунандаи алоқа (инженер связи);

- техник;

- мутахассиси соҳаи телекоммуникатсия;

- корманди почта;

- мутахассиси кори таҷҳизоти алоқа;

- корманди техникии телевизион ва радио;

- ширкатҳои мобилӣ.