Самти асосии фаъолияти кафедраи  автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт ин баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ, ташкили ҳамлу нақли бор ва мусофирон, самаранок истифодабарии нақлиёти автомобилӣ мебошад.

 

Кафедра мувофиқи зинаҳои таҳсилот мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

 

Бакалавриат

1-37 01 01 Хизматрасонии автомобилӣ

1-44 01 01 Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ

 

Магистратура

1-37 01 07 Хизматрасонии автомобилӣ

1-44 01 01 Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ

 

Докторантура

6D090100 Ташкили ҳамлу нақл, ҳаракат ва истифодабарии нақлиёт

 

Ҳайати устодони кафедра

Алиев Шамшод Сангинович – мудири кафедра, н.и.т.

Маҳмудова Фароғат Мирзонасриевна – н.и.т., омӯзгори калон

Башиков Ином Турсунович - омӯзгори калон

Холиқов Мазбуд Маҳмудович - омӯзгори калон

Тоҳиров Тоҳирчон Исломҷонович - омӯзгори калон

Неъматуллоев Азамат Абдуахатович - ассистент

Бобоев Музаффар Муҳиддинович - ассистент

Абдуллоев Бобурҷон Баҳодирович - ассистент

Ашӯров Сайёд Абдуқаюмович - ассистент

Башиков Зуфарҷон Иномович - ассистент

 

Дастовардҳои кафедра

Дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии нақлиётӣ, ташкили ҳамлу нақли бор ва мусофирон, самаранок истифодабарии нақлиёти автомобилӣ корҳои тадқиқотии нарзаррас гузаронида шудааст. Усули баҳодиҳии мутобиқати автомобилҳои тамғаи гуногун ба шароити истифодабарии вазнини кӯҳӣ аз рӯйи харҷи сӯзишворӣ ва методикаи тасҳеҳи меъёри харҷи сӯзишворӣ вобаста ба  нишондиҳандаҳои шароити истифодабарӣ коркард шуда, онҳо  дар муассисаи нақлиётии мусофиркашони ҶСК “Сорбон” татбиқ шудаанд. Усулҳои техникию иқтисодии идоракунии коршоямии автомобилҳо дар шароити истифодабарии кӯҳсор коркард шуда, тавсияҳо доир ба баланд бардоштани самаранокии корхонаҳои нақлиётӣ пешниҳод шудаанд. Ғайр аз ин, хусусиятҳои термофизикӣ ва адсорбсионии катализаторҳо дар асоси оксиди ковокдори ғурӯшакардашудаи алюминий  омӯхта шуда,  истифодабарии он барои безараргардонии газҳои ихроҷшудаи муҳаррикҳои дарунсӯз аз ҷиҳати илмӣ асоснок карда шудааст.  Дар ин самти тадқиқотӣ 2 рисолаи илмӣ ҳимоя карда шуда, боз 2 рисола барои ҳимоя омода карда шудааст. 2 адад нахустпатент, 4 адад санадҳои татбиқи натиҷаи корҳои илмӣ гирифта шуда, зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ ба нашр расонида шудааст. Дар ин самт олимони варзида н.и.т., дотсент Фатхиддинов Б.Ф., н.и.т., дотсент Акрамов А.А., н.и.т. Алиев Ш.С., н.и.т. Маҳмудова Ф.М., унвонҷӯён Холиқов М.М., Башиков И.Т., Тоҳиров Т.И. фаъолияти пурсамари илмӣ мебаранд.

 

Шарикони рушд

- Бонки ҷаҳонӣ ва Вазорати маориф ва илми ҶТ (дар доираи лоиҳаи касби ман)

- GIZ (Deutsche Gesellschaft fur Internationale Zumsammenarbeit GmbH)

- корхонаи давлатии комуналии нақлиёти мусофиркашонӣ дар ш. Хуҷанд

- Раёсати муассисаи давлатии нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар вилояти Суғд.

 

Таҷрибаомӯзӣ

- ҶСК “САЙЁР”

- ҶСП “Терминал АВВАТ”

- ҶСК “Сервис-Баҳром”

- ҶСК “АРЗ-4”

- ҶСШК “Усто-сервис”

- Раёсати муассисаи давлатии нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар вилояти Суғд

- Корхонаи давлатии комуналии нақлиёти мусофиркашонӣ дар ш. Хуҷанд

 

Лаборатория (Пояи методӣ-техникӣ)

Дар назди кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт 3 лаборатория барои таъмини раванди таълим мавҷуд аст.

- сохти автомобилхо;

- таҷҳизоти барқии автомобилҳо;

- диагностикаи автомобилҳо.

 

 

Хатмкунандаи зинаи бакалавриат дар кадом вазифа кор ва фаъолият бурда метавонад

1-37 01 01 Хизматрасонии автомобилӣ

Ихтисоси мазкур мутахассисонро дар самти таъмири автомобилҳо, ташкили истифодабарии техникии автомобилҳои газобалонӣ, идоракунии захираҳои шинаҳои корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ, литсензиякунонӣ ва сертификатсия ба корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ, ташкили таъминоти моддӣ – техникӣ, бехатарии экологии нақлиёт, корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва сервис омода менамояд.

 

1-44 01 01 Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ

Хатмкунанда ҳамчун корманди шуъбаҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА), шуъбаҳои литсензия ва сертификатсия, муоинаи техникии автомобилҳо, диагностикаи автомобилҳои муосир,  челонгари корҳои диагностикӣ, ташкили стансияи хизматрасонии автомобилӣ, фаъолияти ташкилотчӣ-идоракунӣ, коркарди ҳуҷҷатҳои технологӣ барои нигоҳубини техникӣ, таъмир ва азнавкунии тамғаҳои воситаи нақлиёт, кормандони соҳаи танзим ва баҳисобгирии нақлиёт фаъолият карда метавонанд.

Ҳайати кормандон

Мудири кафедра

Алиев Шамшод Сангинович 

номзади илмҳои техникӣ

Дотсент

Фатҳиддинов Бойпочо Раҳимович

Номзади илмҳои техникӣ

Декани факултет

Акрамов Абдуқодир Акрамович

Сармуаллим

Башиков Ином Турсунович

 

Маҳмудова Фароғат М

Омӯзгори калон номзади илмҳои техникӣ

Сармуаллим

Холиқов Мазбуд Маҳмудович

Сармуаллим

Тоҳиров Тоҳирҷон Исломҷонович

Ассистент

Неъматуллоев Азамат Абдуаҳатович

Ассистент

Абдуллоев Бобур Баҳодурович

Ассистент

Бобоев Музаффар Муҳитдинович

Асисстент

Башиков Зуфар Иномович

Котиб-коргузор

Раҳматова Назирахон Муродҷоновна