Ташкил ва гузаронидани конференсияҳои илмӣ-назариявӣ ва амалии омӯзгорон дар донишкада яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи илмӣ буда, тамоми омӯзгорон ва донишҷӯён ба он бо омодагии ҷиддӣ иштирок менамоянд. Дар донишкада мувофиқи нақшаи баргузории конференсияҳо ва симпозиумҳо дар солҳои солҳои 2012-2018 34 конференсияву семинарҳои илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ташкил ва гузаронида шуд. Аз он ҷумла 5 конференсия дар соли 2012, 2 конференсия дар соли 2013, 3 конференсия дар соли 2014, 3 конференсия дар соли 2014, 2 конференсияи соли 2015, 2 конференсия ва 2 семинари илмӣ- амалӣ дар соли 2016, 6 семинар ва 1 конференсия дар соли 2017, 5 конференсия ва се семинари илмӣ дар соли 2018 баргузор гардид.

 

КОНФЕРЕНСИЯҲОИ ИЛМӢ-АМАЛИИ СОЛҲОИ 2012-2018

Cана

Номгӯи конференсияҳои илмӣ-амалӣ

1

15-17.03.2012

Конфронси байналхалқии илмӣ – амалии “Муаммоҳои пешрафти устувории истеҳсоли маҳсулоти хӯрока дар Осиёи Марказӣ”

2

20-21.04.2012

Конференсияи байналхалқии илмӣ – амалии “Дурнамо ва омилҳои таъминоти рушди устувори иқтисодиёт”

3

29-30.06.2012

Конференсияи байналхалқии илмӣ – амалии “Системаҳои иттилоотии амалӣ: масъалаҳои моделиронӣ, коркард ва истифодаи он дар мамлакатҳои тараққикардаистода”

4

23-24.11.2012

Конференсияи ҷумҳуриявӣ “Проблемаҳои муосир дар соҳаи меъморӣ сохтмон ва нақлиёт”

5

21-22.12.2012

Конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ “Технологияҳои муосир дар элекроэнергетика ва саноат”

6

19-20.04.2013

Конференсияи байналхалқии илмӣ – амалии “Масоили муҳими менеҷменти молия, баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар шароити рушди инноватсионии иқтисодиёт”

7

31.05-1.06.2013

Конференсияи дуюми байналхалқии илмӣ – амалии “Муаммоҳои пешрафти устувории истеҳсоли маҳсулоти хӯрока дар Осиёи Марказӣ”

8

01.2014

Конференсияи илмӣ – амалии “Равишҳои муосири ташкили имтиҳони марказонидашуда дар мактабҳои олӣ: роҳҳои нави ҳал”

9

11-12.04.2014

Конференсияи байналмиллалӣ “Масъалаҳои интегратсияи макотиби олии мамлакатҳои рӯбаинкишоф ба фазои ягонаи таҳсилотӣ ва илмии ҷаҳонӣ”

10

05.2014

Конференсияи илмӣ – амалии “Рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистон ва мавқеи олимон дар амалишавии он” бахшида ба 70-солагии Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Назаров Абдушукур Абдураҳимович

11

13-14.03.2015

Конференсияи дуюми  байналхалқии илмӣ “Дурнамо ва омилҳои таъминоти рушди устувори иқтисодиёт”

12

25.04.2015

Конференсияи  илмӣ – амалии ҷумҳуриявии   “Рушди меъморӣ, сохтмон ва истеҳсоли масолеҳҳои сохтмонӣ”

13

29.05.2015

Конференсияи  илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Рушди либоси миллӣ дар давраи истиқлоли Тоҷикистон”

14

22-23.2016

Конференсияи  илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Сифати таълим дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

15

28.05.2016

Конференсяи  2-юми байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рушди низоми молия дар шароити ҷаҳонишавӣ»

16

4.01.2017

Конференсияи  илмӣ- назариявӣ оид ба қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»

17

7.02.2017

Конференсияи илмӣ-амалииҷумҳуриявӣ  дар    мавзӯи “Паём –

барномаи рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар”

18

15.04.2017

Конференсияи  дуюми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Системаҳои иттилоотии амалӣ: масъалаҳои моделиронӣ, коркард ва истифодаи он дар мамлакатҳои тараққикардаистода»

19

25.04.2017

Конференсияи  илмӣ – амалӣ  дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта»

20

31.10.2017

Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи заррини таърихи тоҷикон»

21

18.11.2017

Конференсияи  илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Низоми босамари омодакунии кадрҳои муҳандисӣ-техникӣ − асоси рушди устувори Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

22

19-21 январи

соли 2018

Конференсияи  илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

23

05 марти

соли 2018

Конференсияи  илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳсилоти фосилавӣ»

24

23-24 апрели

соли 2018

Конференсияи илмӣ-амалии омӯзгорон, муҳаққиқони ҷавон, докторантони PhD, магистрантон ва донишҷӯён бахшида ба эълон гардидани Соли 2018 – “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи илми тоҷик

26

15-16 ноябри

соли 2018

Конференсияи  илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Дурнамо ва омилҳои таъминоти рушди устуворӣ иқтисодиёт”

27

22 декабри

соли 2018

Конференсияи  илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Технологияҳои муосир дар электроэнергетика ва саноат”

ЛАЗҲАҲО АЗ КОНФЕРЕНСИЯҲОИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ДОНИШКАДА