МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ОИД БА КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ ДОНИШКАДА

Аз соли 2015 бо назардошти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2014 № 765 дар бораи номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 Нақшаи дурнамои нав барои солҳои 2015-2020 аз рӯи 6 самт ва 14 номгӯи мавзӯъҳои илмӣ таҳия карда шудаанд. Аз ҷумла, 175  нафар кормандони донишкада иҷрокунандагони мавзуъҳои  илмӣ мебошанд (90% ҳайати кормандон). Ҳамаи мавзуъҳои қабулшуда барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои ДПДТТ муҳиму муфид мебошанд.

 

 НОМГӮИ МАВЗӮҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ

Кафедра

Самт

Мавзӯи илмӣ - тадқиқотӣ

1

Автомобил ва идоракунии нақлиёт

илмҳои техникӣ

ва технологӣ

Тадқиқи хусусиятҳои баланд бардоштани самаранокии протсесси боркашонӣ, истифодабарии воситаҳои нақлиёт  ва тараққиёти корхонаҳои сервиси автомобилҳо дар ҶТ

2-3

Барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ

илмҳои табии-риёзӣ

1.Коркарди моделҳо, алгоритмҳо ва низомҳои иттилоотии таъмини сифати таҳсилот

2.Коркарди алгоритмҳо ва таъминоти барномавии автоматикунонии истифодаи забони точикӣ

4

Дизайн ва меъморӣ

илмҳои техникӣ ва технологӣ

Рушди инноватсионии тарҳрезӣ ва технологияи коркади маснуоти  саноати сабук

5

Иқтисодиёти соҳавӣ

илмҳои иқтисодӣ

Шароитҳо ва омилҳои ташкилёбии соҳаҳои иқтисодиёти минтақавӣ

6

Маҳсулоти хӯрока ва агротехнология

илмҳои кишоварзӣ

Тадқиқоти технологияи истеҳсоли зироатҳо дар зироаткории органикӣ

7

Маҳсулоти хӯрока ва агротехнология

илмҳои техникӣ ва технологӣ

Коркард ва такомулкунии усулҳо дар технологияи истеҳсол ва нигаҳдории маҳсулоти растанӣ ва чорво

8

Молия ва қарз

илмҳои техникӣ ва технологӣ 

Масъалаҳои молия, қарз  ва баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити ислоҳоти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

9

Назарияи иқтисодӣ ва идора

илмҳои иқтисодӣ

Таҳияи сохти таъминоти рушди устувори иқтисодиёти миллӣ

10

Сохтмон

илмҳои иқтисодӣ

Масъалаҳои  муосири техникӣ ва ташкилӣ дар сохтмон ва истифодабарии биноҳо дар шароити истифодаи технологияҳои энергосарфа

11

Таъмини барқ ва автоматика

илмҳои техникӣ

ва технологӣ

Тадқиқот ва коркарди технологияҳои инноватсионии энергосарфа ва автоматикунонӣ дар таъминоти барқ ва харакатовардҳои электрикӣ

12

Бахши физика ва информатика

илмҳои  табии-риёзӣ

Мутақобилии физико-химиявӣ дар системаҳои муҳити конденсӣ-полимерҳои табии ва автоматикунонии ҷараёни таълими озмоишӣ

13

Бахши ҷомеашиносӣ

илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ

Масъалаҳои  забон ва таъриху фарҳанг дар замони муосир

14

Бахши забонҳои ҳориҷӣ

илмҳои педагогӣ

Баланд бардоштани самаранокии омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар МТОК барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ

14

Бахши забонҳои ҳориҷӣ

илмҳои  педагогӣ

Такмили таълими математика дар мактабҳои олии техникӣ дар таҳсилоти кредитӣ

15

Бахши математика

илмҳои  педагогӣ

Такмили таълими математика дар мактабҳои олии техникӣ дар таҳсилоти кредитӣ

 Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии устодони донишкада асосан дар шакли корҳои илмӣ-тадқиқотии ташаббусӣ, ташкил ва гузаронидани семинарҳои илмӣ-назариявӣ, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, маҳфилҳои илмӣ ва техникҳои ҷавон, иҷрои лоиҳаҳои инноватсионӣ, тайёр намудани мутахассисони дараҷаву унвонҳои илмидошта, ташкил ва роҳбарӣ намудани корҳои илмии донишҷӯён, ихтироъкорӣ ва чоп намудани асарҳои илмӣ (монография, мақолаҳои илмӣ) амалӣ карда мешавад.. Ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада дар баробари адои вазифаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ дар солҳои 2015-2018 фаъолияти пурсамари илмиву тадқиқотӣ ба анҷом расонидаанд. Дар соли 2018 сатҳи иштироки устодон дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ 83,33%, соли 2017 сатҳи иштироки устодон дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ 92,2%-ро ташкил кард, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2015 ба 16,7% зиёд мебошад. Сабаби баланд шудани сатҳи иштироки устодон дар соли 2018 нисбат ба соли  2015 мувофиқан ба аз 75,5% то 83,33% бо он вобаста мебошад, ки дар системаи сарбори ҷорӣ намудани системаи ҳавасмандгардонии корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон тайи се соли охир ҷорӣ карда шудааст.

 

 САТҲИ ИШТИРОКИ УСТОДОН ДАР КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ

СОЛ

МАВЗӮИ КОРИ ИЛМӢ

САМТИ ИЛМӢ

ИҶРОКУНАНДА

%ИШТИРОКИ КОРМАНДОН

2015

14

6

136

75,5%

2016

14

6

136

75,5%

2017

15

6

166

92,2%

2018

15

6 170

83,33%

Дар донишкада аз моҳи январи соли 2017 аз рӯи 5-мавзӯи  зерин корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо маблағгузорӣ аз тарафи буҷаи давлатӣ  ба роҳ монда шуд:

 

МАВЗӮҲОИ ФАРМОИШИИ ИЛМИИ АЗ ТАРАФИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ МАБЛАҒГУЗОРИШАВАНДА

Номгӯи мавзӯъҳои илмӣ

Муҳлати иҷроиш

Рақами бақайдгирӣ

1

Разработка таджикского переводчика на основе технологии Google

2017-2021

0117TJ00800

2

Возрастные  особенности и морфо-физико-химические изменения кожного покрова памирского экотипа яков, разводимых в горной зоне северного Таджикистана

2016-2020

 0115TJ00488

3

Разработка программного обеспечения организации и контроля системы менеджмента качества образовательного учреждения на основе Web – технологий

2016-2017

0115TJ00459

4

Стратегические факторы устойчивого развития региональной экономике

2016-2018

0115TJ00457

5

Модернизация и внедрение информационной систе-мы управления (ИСУ) учебным процессом в вузы РТ 

2016-2018

0115TJ00456

Моҳи октябри соли 2018 боз 5 лоиҳаи нав барои солҳои 2020-2023 ба Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ пешниҳод карда шуд, ки ҳоло дар зинаи санҷиши экспертӣ қарор дорад.

МАВЗӮҲОИ ФАРМОИШИИ ИЛМӢ, КИ БАРОИ МАБЛАҒГУЗОРӢ АЗ ТАРАФИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ПЕШНИҲОД КАРДА ШУДААНД 

Номгӯи мавзӯъҳои илмӣ

Муҳлати иҷроиш

Маблағи лоиҳа, сомонӣ

1

Инновационная модель управления профессорско-преподавательским составом вуза

2020-2023

459522

2

Разработка и внедрение системы дуального обучения в образовательный процесс Республики Таджикистан

2020-2023

647440,538

3

Дистанционное образование как фактор развития системы образования Республики Таджикистан

2020-2023

57313

4

«Разработка методов и средств обеспечения энергосбережения в промышленности и быту»(на примере Согдийской области)

2020-2022

26451

5

«Разработка стандарта Республики Таджикистан «Здания жилые и общественные. Параметры микроклимата в помещениях»»

2020-2022

376624

Аз рӯйи натиҷаҳои корҳои илмӣ тадқиқотии иҷронамуда, дар панҷ соли охир аз тарафи устодон 28 патент ва шаҳодатномаҳои зеҳнӣ ба даст оварда шудааст, ки аз онҳо 24 патент ба даст оварда шудааст.  

ШУМОРАИ ПАНТЕНТ ПАТЕНТ ВА ШАҲОДАТНОМАҲОИ ЗЕҲНӢ 

Намуди кор 

соли 2013

соли 2014

соли 2015

соли 2016

соли 2017

соли 2018

Шумораи патент ва шаҳодатномаҳои зеҳнӣ

3

1

3 3

5

11