ПАЙКИ НАВ: ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ МУБОРАК, РАҲИМҶОН ЗОКИРЗОДА!
Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ифтихору самимият омӯзгори донишкада- Раҳимҷон Зокирзодаро барои ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ самимона муборакбод мегӯяд.
Омӯзгори калони кафедраи меъмории донишкада Раҳимҷон Зокирзода санаи 23 сентябри соли ҷорӣ рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои меъморӣ аз рӯйи ихтисоси 05.23.00 –Сохтмон ва меъморӣ (05.23.20- Назария ва таърихи меъморӣ, тармим ва бозсозии мероси таърихию меъморӣ) дар мавзуи “ТАШАККУЛИ МЕЪМОРИИ БИНОҲОИ ИСТИҚОМАТӢ ДАР ШАҲРҲОИ ХУРДИ ТАЪРИХИИ ШИМОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР АСРИ XX –ИБТИДОИ АСРИ XXI” дар назди шӯрои диссертатсионии 6D КОА – 027 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ бо муваффақият ҳимоя намуд.
Раҳимҷон Зокирзода зимни баромади худ оид ба мубрамияти мавзуъ ва натиҷаҳои таҳқиқот дар назди аъзои Шӯрои диссертатсионӣ баромад намуда, муҳтавои асосии кори илмиро муаррифӣ кард.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада Раҳимҷон Зокирзодаро бо ин дастоварди баланди илмӣ табрику таҳният гуфта, дар корҳои минбаъдаи илмиву эҷодиаш пешравиҳо таманно менамояд.
Шуъбаи кор бо ВАО