МАРОСИМИ ҚАДРШИНОСИИ ҒОЛИБОНИ СПАРТАКИАДАИ ВАРЗИШӢ
Тавре иттилоъ дода будем, дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар байни ҷомеа, спартакиадаи варзишӣ байни омӯзгорону кормандони соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуда буд.
Имрӯз санаи 02.10.2025 дар толори Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон, ҳамчунин маросими қадршиносии ғолибони спартакидаи варзишӣ байни муассисаҳои таълимии вилоят баргузор шуд.
Дар чорабинӣ, муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Суғд Мӯсобек Самизода ва роҳбарони макотиби олии вилоят ширкат намуданд.
Аз тарафи роҳбарияти вилоят ва Кумитаи иттифоқҳои касабаи вилоят ба ёвари директори донишкада Мавзуна Шарипова ба муносибати Рӯзи омӯзгор Сипоснома тақдим гардид.
Ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони спартакиада Ҷом, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ тақдим гардид.
Боиси ифтихор аст, ки дар спартакиадаи мазкур занҳои донишкада дар бозии баскетбол мақоми аввалро соҳиб шуданд. Дар мусобиқаи волейбол мардҳо ҷойи сеюмро гирифтанд. Дар бозии шоҳмот мардҳо мақоми сеюмро ба даст оварданд.Дар бозии шаҳка бонувони донишкада маҳорати баланд нишон дода, ҷойи дуюмро гирифтанд. Занҳо дар тениси рӯйи миз мақоми сеюмро гирифтанд.
Дастовард ба тамоми ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд муборак бошад.
Шуъбаи кор бо ВАО