• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • сахифа
    • зерменю
      • зерзерменю
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ФУРӮҒ АЗ РӮДАКӢ ДОРАД ЧАРОҒИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
ФУРӮҒ АЗ РӮДАКӢ ДОРАД ЧАРОҒИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Бар хоки Рӯдакии суханофарин кунун,
Сарро кунам фуруду сиришкам кунам равон.
Баъд аз ҳазору яксаду се соли рӯзгор,
Аз роҳи дур омадам зору нотавон.
То ҷон ҳамефишонам бар хоки он касе,
К-аз гуфти ӯст бар тани ҳар донише равон.
То рӯзи растхез шавад баҳраманд аз ӯ,
Ҳар кас, ки баҳра ҷӯяд-чи пиру чи ҷавон.
Саид Нафисӣ
Басо хурсандибахш аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тақвими ҷашнҳои миллии мо, таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ баъд аз бузургтарин ва бошукӯҳтарин ҷашни таърихии мо - Истиқлоли давлатӣ дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳи хоса қайд карда мешавад.
Аз соли 2002 сар карда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи Рӯдакӣ ҳамчун як ҷашни илмӣ - фарҳангӣ таҷлил мегардад. Моҳияти ин тадбирҳои фарҳангпарваронаи Сарвари давлат ба он ишорат мекунад, ки мавқеъ ва аҳамияти тарбиявию ахлоқӣ ва маърифатии эҷодиёти ғанию рангини устоди бузургвор - Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ рӯз то рӯз, сол то сол заруртару зиёдтар мегардад.
Пешвои миллат дар китоби арзишманди хеш “Чеҳраҳои мондагор” шукуҳу азамат ва рисолати бузурги таърихию адабии устод Рӯдакиро муфассал тавзеҳ дода, зарурат ва аҳамияти омӯзиши мероси адабию илмӣ ва кору пайкори шахсиятҳои бузурги гузаштаю муосири миллатро аз ҳар ҷиҳат дар замони мо муҳим мешуморад. Дар китоби номбурда таъкид мешавад, ки устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷик, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Ин унвонҳои бузургу пуршараф ба устод Рӯдакӣ ба он хотир нисбат дода шудааст, ки вай бо хизматҳои беҳамтои худ барои ба камол расонидани навъҳои гуногуни адабӣ, боло бурдани шукуҳу рисолати забони ноби тоҷикӣ ва шукуфоии шеъру адаби тоҷику форс хизмати бузург кардааст. Ашъори мондагори Рӯдакӣ аз нигоҳи тарғиби афкори инсонпарваронаю башардӯстона беназир мебошад. Тасвири инсон дар ашъори дилангези ӯ бо тасвири зебоиҳои табиат тавъам омада, пеш аз ҳама, аз мушоҳидаву тадқиқи бадеии ҳаёти мардуми замонаш сарчашма мегирад. Вале ҷамъбастҳои бадеӣ тавассути андешаҳои ахлоқии шоир ҷанбаи умумиинсонӣ пайдо карда, аз доираи замону макони худ берун баромадаанд ва то имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам чун раҳнамои зиндагӣ хизмат мекунанд. Афкору эҳсос ва ғояву афкори гуманистии устод Рӯдакӣ, ки дорои моҳияти умумибашарианд, на танҳо имрӯз, балки фардо низ барои тарбияву ташаккули инсони комили сайёраи мо хизмати шоистае анҷом хоҳад дод.
Менигарем ба эҷодиёти Рӯдакӣ дар чанд меҳвари асосӣ сурат мегирад, ки имрӯз ҳам барои ҷомеаи мо аҳамияти бузург доранд. Рӯдакӣ инсонро ба покӣ, дурӣ аз ҳирс ва тамаъ даъват мекунад. Ӯ боварӣ дорад, ки сарвати ҳақиқӣ на молу мулки дунё, балки оромии рӯҳ ва қаноат аст. Шеъри машҳури ӯ ин матлабро равшан нишон медиҳад:
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди ризои хешву озод бизӣ.
Дар беҳ зи худӣ назар макун, ғусса махӯр,
Дар кам зи худӣ назар куну шод бизӣ!
Ин байтҳо дарс ва сабақи бузурги тарбияи нафс мебошанд. Шоир таъкид мекунад, ки ҳасад нахӯрдан ва ба доштаҳо шукр кардан, инсонро аз ҷиҳати руҳӣ солим ва озод нигоҳ медорад. Яке аз масъалаҳои муҳими тарбия дар мактаби Рӯдакӣ — ин омӯзиш аз «ҷаҳон» ё ҳамон таҷрибаи зиндагӣ аст. Рӯдакӣ ҷаҳонро муаллими аввалину бузургтарини инсон медонад:
Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро бакор ояд.
Ҷаҳон такондиҳандасту пандгӯй, вале
Туро ба гӯши дилу дида ҳушёр ояд.
Имрӯз дар Тоҷикистон номи Рӯдакӣ бо эҳтироми хос гирифта мешавад. Болотарин ҷоизаи давлатӣ дар соҳаи адабиёт ва санъат ба номи ӯ гузошта шудааст, хиёбони марказии пойтахт ва муассисаҳои таълимиву фарҳангии зиёде номи вайро доранд. Рӯдакӣ рамзи зиндашавӣ ва пойдории заррини забони тоҷикӣ аст, ки шеъри ӯ пас аз ҳазор сол ҳамчунон сода, равон ва барои ҳар як тоҷикфаҳмо боқӣ мондааст.
М. Раҳматова,омӯзгори калони кафедраи
забони давлатӣ ва ҷомеашиносии ДПДТТХ


: 302

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 22.09.2026
ИФТИХОРИ МО: МЕДАЛИ ТИЛЛОИИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА ОХУНҶОН ОХУНОВ
ИФТИХОРИ МО: МЕДАЛИ ТИЛЛОИИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА ОХУНҶОН ОХУНОВ
  • 22.09.2026
ФУРӮҒ АЗ РӮДАКӢ ДОРАД ЧАРОҒИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
ФУРӮҒ АЗ РӮДАКӢ ДОРАД ЧАРОҒИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Хабарҳои машҳур


  • 27.06.2026
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «МАН БА ХОТИРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ХОТИМАИ ҶАНГ ҶОНИ ХУДРО ФИДО МЕКУНАМ»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «МАН БА ХОТИРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ХОТИМАИ ҶАНГ ҶОНИ ХУДРО ФИДО МЕКУНАМ»
  • 27.06.2026
ФАЛСАФАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: АРЗИШҲОИ ГУНОГУН, ПИНДОРҲО ВА АНЪАНАҲО
ФАЛСАФАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: АРЗИШҲОИ ГУНОГУН, ПИНДОРҲО ВА АНЪАНАҲО

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены