Бояд қайд намуд, ки дар баробари раводиди мусбату муътадил ва табиӣ ҳаёти динӣ-маънавӣ, инчунин зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ғояҳои ифротгароӣ, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, дар фаъолияти баъзе созмону ниҳодҳо, ҳизбу гурӯҳҳо таъсири муайян расонданд.

Иллати сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони дин, имомхатибон аз минбарҳои масоҷид, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда, таҷлили маросимҳои ба мазҳаби мо бегона, итоат накардан ба имому ҳоким, қонун ва дар ин замина ба вуҷуд овардани дуҳокимиятӣ дар фазои кишвар аст.

Мутаассифона, дар амри дифоъ ва пуштибонӣ аз нангу номус, ҳуввият ва арзишҳои миллӣ, манфиатҳои умумихалқиву умумидавлатӣ миёни баъзе уламои дин ва зиёиёни эҷодкори дин баҳс ба миён омада, аҳли ҷомеаро бетараф намегузорад.

Зиёиёни эҷодкор бошанд, баъзе уламои динро ба бегонапарастӣ, арабгароӣ, бесаводӣ, чаласаводӣ, хурофоту таассуб, маъвизаҳои бемантиқ, бе рабту низом, лаҳни тунду таҳқиромез ва зиддидавлатию зиддимиллӣ айбдор менамоянд. Дар айни замон баъзе уламои дин зиёиён, рӯзноманигоронро ба динситезӣ гунаҳкор медонанд.

Дар ҳарду ҳолат ҳам уламои дин ва зиёиёни тоҷик бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ насозанд.

Баъд аз амалиёти террористии 11-уми сентябри соли 2001 ва амалиёти дигар, ки ба номи Усома бини Лодан пайванд дода мешавад, дар ҷаҳон бештар дар бораи терроризми исломӣ ҳарф мезананд.

Имрӯзҳо масъалаи «муносибати ислом ба терроризм» масъалаи актуалӣ буда, ба худ муносибати ҷиддиро талаб мекунад. Оид ба ин масъала ақидаю гуфтугузорҳои зиёде баён гашт. Ташхиси ин ақидаҳо исботи он аст, ки «терроризм» эҷоди шуур буда, берун аз ислом аст.

Шуури ҳақиқии исломӣ мусулмононро аз терроризм ва ифротгароӣ ҳифз менамояд. Мафҳуми «ислом» аз калимаи арабии «салом» реша гирифта маънояш «сулҳ» мебошад. Аввалан, дар ислом ҳаёт ва озодии инсон муқаддасанд. Ҳаёт, ҷону рӯҳ, ҷисми инсон ва дунёро Офаридгор амонат офаридааст.

Асос ва моҳияти исломро нияти неки муслимин ташкил медиҳад. Уотт Монтгомери яке аз муҳаққиқи дини ислом ақоиди аврупоиён, гӯё «ислом дини шамшер ва зӯрӣ аст» рад намуда, ин ақидаро аз ҳақиқат дур меҳисобад. Фаъолияти созмонҳои динӣ нишон медиҳад, ки ҳеҷ як дин аз ҷараёнҳои ифротӣ холӣ нест ва ин ҷараёнҳо моҳияти таълимоти диниро ба манфиати худашон таҳриф мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони Конфронси исломӣ, ки дар шаҳри Макка 7-уми декабр соли 2005 баргузор гашт, гуфта буданд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст... Ин гуна неруҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги болои исломиро пиёда месозанд».

Пайғамбари ислом Муҳаммад (с.) аз аввалинҳоест, ки дар асри VII ҳуқуқи гуманитариро асос гузоштааст. Қонуни ислом, куштор дар ҳолати ҷанг зӯроварӣ нисбат ба кӯдакону занон, рӯҳониён, асиронро маҳкум сохта, таҳқир намудани ҷасади ҳалокшудагон, нобудкунии зироату дарахтон, ҳайвоноту манзилро манъ мекунад. Ҳол он ки чунин стандартҳо танҳо дар қарни XX дар ҳуқуқи байналхалқӣ қабул гардидааст.

Олими машҳури ислом Али Булаҷ симои ҳақиқии террористонро шарҳ дода, исбот кард, ки террористон ва ифротгароён бо дин ягон алоқамандӣ надоранд. Аксар хатмкунандагони донишгоҳҳои муҳандисию тиббӣ, ҳуқуқшиносон, омӯзгорон, рӯзноманигорон, аъзои фаъоли гурӯҳҳои террористӣ мебошанд. Масалан, Усома бини Лодан дар оилаи миллиардер таваллуд шудааст. Баъди вафоти падараш ба Усома 250-500 миллион доллар мерос расида буд. Террористи машҳур Карлос (шағол) писари миллионери Венесуэлагӣ аст.

Ифротгароӣ ва терроризм бо номҳои гуногун ва шаклҳои гуногуни зуҳур инсониятро аз давраҳои қадим таъқиб мекарданд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ мамолики мусулмон арзишҳои миллӣ ва динии худро зери хатар мебинад.

Мо муътақидем, ки ифротгароӣ ва терроризм динӣ буда наметавонад, балки терроризм ва ифротгароии мавҷудбуда метавонад, ки шиорҳои диниро ҳамчун ниқоб истифода кунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо ӯҳдадориҳои байналмилалии он, Конститутсия, Кодекси ҷиноӣ, Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ташкил медиҳанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2016, таҳти №776 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2018-2026 тасдиқ карда шуд. Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас менамояд. Назорати иҷрои Стратегияи миллӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба иҷрои он ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Имрӯз ки Тоҷикистон соҳибистиқлол шудааст ва дар ҷаҳон мавқеи худро ёфта, ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, пеш рафта истодааст ва ин барои баъзе қувваҳои дохилию берунӣ писанд нест ва онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи мо ноором бошад, аз ин лиҳоз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонаро дастгирӣ менамоянд.

Аз ин ҷо, мо бояд ҳушёр бошем, дар атрофи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, Ватанамонро, ки Тоҷикистон ном дорад, ҳифз намоем ва обод созем. Парчами ваҳдати миллиро ҳамеша боло бардорем.

Зокиров Р.Ш.,

омӯзгори кафедраи меъмории ДПДТТ ба номи ак. М.с.Осимӣ дар ш. Хуҷанд.