ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 январ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси мувофиқаи бадастомадаи 8-14 декабри соли 2023 дар шаҳри Бодканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.

Ба истиқболи рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори хурди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иштироки устодон ва шогирдони ин боргоҳи илм ва маърифат мизи мудаввар таҳти унвони “Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол” доир карда шуд.

Нахуст мутахассиси шуъбаи методӣ ва таъмини сифати донишкада, омӯзгори калони кафедраи сохтмон Умар Бобоев чорабинро ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки  дар таърихи ҳар як миллату давлат санаҳои фаромӯшношуданӣ ҳастанд, ки бо маънои томаш ҳамчун даврони хушбахтӣ ва оғози созандагиҳои бузург маҳсуб мешаванд. Барои аҳли кишвари азиз 27 – июн - Рӯзи баимзорасии Созишномаи  истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аз шумори ҳамин санаҳои муҳиму тақдирсоз мебошанд. Бисту шаш сол инҷониб ин рӯзи таърихиву сарнавиштсозро аҳли кишвар чун оғози роҳи бобарори марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон таҷлил менамояд. Сулҳу ҳамбастагие, ки бо талош ва корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон пойдор гашт ба истиқлоли давлатӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Дар баромади доктори илмҳои таърих профессор Ваҳҳоб Набиев зарурати Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, марҳилаҳои баргузории он муфассал зикр шуданд.

Устоди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд”, номзади илмҳои педагогӣ Абдуҳаким Шарипов ва устоди кафедраи ҷомеашиносӣ ва забонҳои давлатии ДПДТТ, номзади илмҳои педагогӣ  Хайринисо Темурова аз дастовардҳои навини даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳама соҳаҳо, ки ба шарофати пойдории сулҳу субот ба даст омад, маърӯзаи илмӣ намуданд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар котиби Шӯрои Ҳакати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ ба якчанд нафар устодони донишкада дар вазъияти тантанавӣ сипосномаи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро супорид.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима ёфт.

 

 

Устодони гиромӣ,

Шогирдони азиз!

 Барои мардуми шарифи Тоҷикистон моҳи ноябр чун моҳи муборак ва саодату шодмонӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ёд карда мешавад. Зеро 31 сол муқаддам маҳз дар ҳамин моҳ миллати тоҷик пас аз нобасомониҳо ба рӯзи саодат расид. Дар қасри таърихии Арбоб пас аз интихоби роҳбари ояндаи кишвар, шахсияти мондагори таърихӣ - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарафҳои муқобил ба ҳам омаданд, роҳи ояндаи кишвар дурахшону зиндагӣ ба маҷрои орому осудагӣ баргашт.

 Дар ин иҷлосияи таърихӣ дар баробари дигар масъалаҳои муҳими давлатдории навини тоҷикон ҳамчунин парчами давлатӣ қабул гардид, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Иҷозат фармоед, қабл аз ҳама  Шуморо аз номи раёсат бо ҷашни зебои умумимиллӣ -  Рӯзи Парчами  Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик ва муборакбод намоям.

Ин ҷашни муборак ҳамчун рӯзи ид мақоми қонунӣ гирифта, соли равон бори 14 - ум дар сатҳи баланд бошукӯҳ ва шаҳомати калон  таҷлил мегардад.  Мақсад аз таҷлили шукӯҳманди Рӯзи Парчами  Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром ва қадршиносӣ ба яке аз рамзҳои асосии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасот  мебошад.

Дар баробари Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ва забони модарӣ Парчами давлатӣ низ барои мардуми мо муқаддас аст. Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар табрикоташон ба муносибати Рӯзи Парчами  Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши барҷастаи ин рамзи муҳими давлатиро дар таҳкими сулҳу субот, дӯстию якдилӣ ва Ваҳдати халқи азизамон зикр намуда, барҳақ қайд карда буданд:

«Итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд.»

Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Парчамдорӣ барои мардуми мо суннати нав нест. Зеро миллати тоҷик дорои фарҳанги қадимаи давлатдорӣ буда, дар гузаштаи таърих борҳо давлатҳои бузурги худро бо тамоми рукнҳояш арзи ҳастӣ бахшидаст, ки Дирафши Ковиёнӣ ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ дар ин миён нақш ва мавқеи хосса дошт ва он дар ливои Президенти кишвар имрӯз ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо тасвир ёфтааст.

Бигзор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад!

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати оғози соли таҳсили 2023-2024 чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Маъруф Муҳаммадзода, мудири шуъбаи сохтмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рўзи Дониш ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Соли таҳсили 2022-2023 дар вилоят 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, 21 литсейи касбии техникӣ, 946 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 279 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ҷиҳати ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли созандаву бунёдкор фаъолияти босамар доштанд.
Дар заминаи ибтикороти самарабахши ҳукумати мамлакат дар вилоят ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва рушди маорифи миллӣ таваҷҷўҳи хоса равона карда шудааст. Маҳз дастгирии донишҷўёну хонандагон ва омўзгорони онҳо аст, ки сол аз сол теъдоди ғолибони озмуну олимпиадаҳо рӯ ба афзоиш ниҳода, хонандагон, донишҷўён, омӯзгорони пешқадаму навовари мо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ мақомҳои арзандаро ишғол менамоянд. Бо ибтикороти Пешвои муаззами миллат эълон шудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, роҳандозӣ гардидани озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва озмуни “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” марҳилаи наверо барои вусъати фаъолияти наврасону ҷавонон, устодону омўзгорони онҳо боз намуда, доираи омӯзиш ва мутолиаи тамоми қишрҳои ҷомеаро густариши тоза бахшид. Озмунҳои мазкур имкон фароҳам меоранд, ки сатҳи саводу маърифати мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон баланд бардошта шуда, дар вуҷуди онҳо эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостониии тоҷикон бештар тақвият ёбад».
Сипас Раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ироа намуд.
Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Дилафрўз Саидӣ устодон ва донишҷўёнро бо фарорасии соли нави таҳсил табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки самараи таваҷҷуҳ ва имкониятҳои Давлату Ҳукумат аст, ки донишҷӯёни донишкада дар озмуну олимпиадаҳо муваффақона ширкат меварзанд. Масалан тайи ду сол аст, ки ду нафар устоди донишкада ва литсейи донишкада Бобоҷонов Ҷӯрабой ва Иброҳимҷон Муъминов соҳиби Ҷоизаи Президент дар риштаи илмҳои дақиқро соҳиб мешаванд. Бобоҷонов Ҷӯрабой бошад ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Муаллими соли 2022” гардиданд, ки ифтихори мост.
Соли хониши рафтам 6 нафар донишҷӯён донишкада дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм фурӯғи маърифат”, ки дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе доир гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихории дуюм ва чорум гардиданд.
Меҳрангез Зоҳирова, донишҷўйи Донишкада байни 37 муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз» сазовори ҷойи якум гардид.
Таъкид гардид, ки ба воя расонидани фарди ватандӯст бевосита ба таълиму тарбияи он вобастагӣ дорад. Заминаи аввалини тарбияи ватандӯстӣ, ки омили муҳимтарини таъмини пешрафти ҷумҳурӣ мебошад, омода кардани кадрҳои соҳибилму соҳибкасб аз донишҳои замона бархӯрдор ва эҷодкор ба ҳисоб меравад. Барои расидан ба орзуи худ ҳар як ҷавон пеш аз ҳама меҳнатдӯст бояд бошад, ватанашро сидқан дӯст дорад. Аз паи таълим бошад, бештар китоб хонад. Аз илмҳои замонавӣ огоҳии комил дошта бошад. Шукрона ки дар донишкадаи мо сафи чунин ҷавонони бо ору нанг хеле зиёд аст. Дар даъвати баҳорона зиёда аз 200 нафар ҷавонони донишкада ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ шомил шуданд, ки ин намуна бар дигарон аст.
Ҳисси ватандӯстӣ, ба шуғли фоидаовар даст задан моро аз хатарҳои шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаркатҳои ғайриқонунӣ боз медорад.
Сипас ҳамагон суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш, ки соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара сурат гирифт, тариқи оинаи нилгун тамошо намуданд.

Бо иштироки  ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар, муовини сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Исвализода дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ маросими муаррифии директори нави донишкада баргузор гардид

Нахуст директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода меҳмонон ва ҷомеаи меҳнатии Донишкадаро бо ҷашни Рӯзи Президент ва 31 – солагии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Профессор Давлатзода Қудрат Қамбар зимни баромади хеш аз фаъолияти бобарори директори Донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар фосилаи 8 сол сухан намуда, зикр дошт, ки  Донишкада баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия  ва барномаҳои давлатӣ  дар самти илму маориф нақши муассир дошта, дар миқёси кишвар яке аз пешрафтатарин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Ин боргоҳи илму маърифат дар фосилаи 13 соли фаъолият махсусан дар омоданамоии кадрҳои соҳибтахасссуси соҳаҳои барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ, энергетика, нақлиёт, сохтмон, меъморӣ, технологияи маҳсулоти хӯрокворӣ, иқтисодиёт ва молия саҳми муносиб гузоштааст. Танҳо дар давоми 6 соли охир теъдоди озмоишгоҳҳо аз 25 адад ба 48 адад расонида шуд.

Сипас Давлатзода Қудрат Қамбар фармоиши роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба аз вазифаи директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд озод намудани Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро бинобар ба кори дигар гузаштан ва ба ҷои ӯ таъин намудани Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдуллоро қироат кард.

Шарҳи ҳоли директори навтаъиншуда ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло  зимни суханронӣ барои эътимоду боварии Пешвои муаззами миллат, роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки минбаъд низ дар такя бо ҷомеаи аҳлу тифоқи донишкада барои пешрафти сатҳи таълиму тарбия аз тамоми нерӯву имкониятҳо истифода хоҳад кард.

Саидӣ Дилафрӯз Раббизода низ барои дастгириҳои ҳамешагии Роҳбари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва  аҳли коллективи донишкада миннатдорӣ баён намуда, ба ҳайати нави роҳбарияти донишкада барору комёбиҳо таманно намуд.

Шарҳи ҳоли Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло 

Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло 14 марти соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо ихтисоси муҳандис-электрик мебошад. Фаъолияти меҳнатии хешро чун  ассистенти кафедраи электротаъминкунии факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ оғоз намуда, солҳои 2011-2013 – муовини декани факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бар дӯш дошт. Солҳои  2013-2016аспиранти Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубии Федератсияи Россия буд. Шурӯъ аз соли 2016 то соли 2019 вазифаи мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бар зима дошт. Солҳои 2019-2021 – муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ буд. Аз соли 2021 то ҳол вазифаи муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ оид ба робитаҳои байналмилалиро бар зима дошт.

Номзади илмҳои техникӣ, дотсент, барандаи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

 

 
 
Дар толори хурди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баноми академик Муҳаммад Осимӣ бо иштироки васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотии ин муассисаи олии таълимӣ баргузор гардид.
Директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ доир ба ҷанбаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2023 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки аҳли ҷомеаи кормандону омӯзгорони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввали соли 2023 фаъолияти худро баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар самти илму маориф равона намуда, бо дастовардҳои назаррас ҷашни 35 –солагии пешвоз мегиранд.
Донишкада дар ин давра фаъолияти худро ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва донишу малакаи касбии мутахассисони омодашаванда, беҳтар намудани самаранокии корҳои илмӣ - таҳқиқотӣ ва истифодаи усулҳои инноватсионии таълим, тарбияи шоистаи ҷавонон, мустаҳкам намудани пояи моддию техникӣ, васеъ гардонидани робитаҳои хориҷӣ равона кардааст.
Иттилоъ дода шуд, ки неруи илмии Донишкада ба ҳолати моҳи июли соли ҷорӣ бе назардошти ҳамкорон 45,45%-ро ташкил намудааст, ки ин нисбат ба соли 2022 ба 3,05% баландтар мебошад (дар соли 2022 - 42,4%).
 
Дар нимсолаи якуми соли 2023 4 нафар устодон Оқилҷонова Ш., Мансурова М., Турсунова М., Алиназарова М. рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд. ки ин миқдор нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта зиёд мебошад. Ҳоло дар Донишкада боз 5 рисолаҳои номзадӣ (Насимова М., Рахмонова Ҷ., Рахимова М., Дадобоев Ф., Шуҳратзода Г.) ва 1 рисолаи докторӣ (Мақсудов У.) барои ҳимоя омода мебошанд.
Соли таҳсили 2022-2023 донишкадаро ҳамагӣ 809 нафар хатм намуданд, аз ҷумла дар зинаи бакалавриат 788 нафар ва магистратура 21 нафар. Бояд қайд намуд, ки аз ин миқдор 48 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 14 нафар зиёд мебошад. 236 нафар хатмкунандагон бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд ва имрӯзҳо содиқона ба Ватану миллат хизмат намуда истодаанд.
Дар Донишкадаи политехникӣ аз 3451 нафар донишҷӯён 526 нафар тариқи буҷавӣ, 2907 нафар тариқи шартномавӣ ва 18 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд.
Қобили зикр аст, ки дар Донишкада миқдори донишҷӯёни ятими кулл 4 нафар буда, 2 нафари онҳо тариқи буҷавӣ таҳсил мекунанд ва 2 нафари дигар аз маблағи таҳсил пурра озод гардидаанд. Дар соли 2023 шумораи донишҷӯёне, ки аз ҳисоби маблағи таҳсил 100% озод гардида ба 4 нафар мерасад. Бояд қайд намуд, ки шахсони мазкур аз ҳисоби маъюби гурӯҳи 2, ятимони кулл, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат буда, бо қарори Шӯрои олимони Донишкада тибқи санадҳои меърию-ҳуқуқӣ имтиёз дода шудааст.
Дар соли 2022 теъдоди донишҷӯёни бо баҳои аъло таҳсилкунанда 491 нафар буда, дар соли 2023 ба 511 нафар расидааст. Дар қиёс бо соли гузашта фоизи донишҷӯёни бо баҳои аъло таҳсилкунанда 1,1% афзудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар соли таҳсили 2022-2023 теъдоди донишҷӯёне, ки стипендияи Президентиро мегиранд 2 нафар мебошад.
 
Дилафрӯз Саидӣ гуфт, ки барои самаранок ва пурра таъмин намудани донишҷӯён бо объектҳои таҷрибаомӯзӣ ба миқдори 46 адад шартномаҳои ҳамкорӣ бо корхонаҳои соҳаҳои гуногун баста шуд ва ҳоло наздик ба 10 адад шартномаҳо мавриди баррасӣ қарор доранд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик розигии дутарафаро дарёфт хоҳад кард. Барои таҳкими фаъолият 11 филиали кафедраҳо дар корхонаҳои саноатӣ таъсис дода шуданд.
Умуман, шуъбаи маркази мартабаи ДПДТТХ ба номи ак. М.С. Осимӣ ба миқдори 252 шартномаҳои дутарафаи дарозмуддат дар самти таҷрибаомӯзӣ корбарӣ мекунад, ки онҳо ҳамаи ихтисосҳои донишкадаро фаро мегирад.
Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишкада барои солҳои 2019-2024 тасдиқ карда шудааст, ки он 15 мавзӯъҳои илмиро аз рӯйи 6 самт амал дар бар мегирад. Аз рӯи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишкада ҳар як кафедра дар нимсолаи якуми соли 2023 марҳилаи чоруми корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ иҷро намуданд ва 85% омӯзгорони донишкада дар иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ иштирок намудаанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 аз тарафи омӯзгорони донишкада 14 адад монографияҳо нашр ва омода ба нашр карда шудааст.
Дар соли хониши 2022-2023 аз тарафи омӯзгорони Донишкада зиёда аз 260 мақолаҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз нашр бароварда шудааст, ки он нисбат ба соли хониши гузашта 20% зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷумла 12 мақолаи сатҳи СКОПУС, 67 мақола дар нашрияҳои тақризшаванда (КОА) ба нашр расонида шудааст.
Дар соли таҳсили 2022-2023 аз тарафи устодони донишкада 8 монография, 10 мақолаи Scopus, 81 мақолаи КОА, 62 мақолаҳои байналмиллалӣ, 82 мақола дар нашрияи РИНЦ ва 59 мақолаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ нашр гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли ҳисоботӣ аз тарафи омӯзгорони Донишкада 5 адад шаҳодатномаҳои зеҳнӣ гирифта шуда, 3 адад дархост барои дарёфти нахустпатент пешниҳод карда шудааст ва хулосаи мусбии Маркази миллии патентию иттилоотӣ гирифта шудааст. Шаҳодатномаҳои зеҳнӣ аз тарафи омӯзгорони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ ба даст овардашуда, дар самти коркарди барномаҳои компютерикунонии забони тоҷикӣ, аз ҷумла омӯзиши забони тоҷикӣ ва фанҳои мактаби миёна, тарҷумони забони тоҷикӣ, коркарди маълумот бо забони тоҷикӣ нигаронида шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи омӯзгорони кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока дар мавзӯи “Тарзи ҳосил намудани консентрати лубиё ба намуди хока”, “Тарзи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии ордӣ бо иловаи орди топинамбур ва дӯлона” нахустпатент гирифта шуда, аз тарафи омӯзгорони кафедраи агротехнология ва экологияи саноатӣ дар мавзуи “Зарфи терракотӣ”, “Тарзи ҳосил намудани нони функсоналӣ бо иловаи хокаи мош” дархост барои гирифтани нахустпатент дода шудааст. Миқдори дархостҳои додашуда барои гирифтани нахустпатент нисбати давраи ҳисоботии гузашта ба 2 адад зиёд мебошад.
Соли ҷорӣ аз тарафи омӯзгорони донишкада 9 адад санадҳо доир ба ҷорӣ намудани натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар истиҳсолот гирифта шудааст. Натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ асосан дар самти самаранок истифодабарӣ ва баланд бардоштани сифати электроэнергия (Мирзоев Д.), коркарди партовҳои сахт (Атабоев А.), коркарди технология маҳсулоти нассоҷӣ бо истифодаи партовҳо (Абдуллоева Ҳ.) ва дигар самтҳо равона карда шудааст.
Сипас аз ҷониби рӯзноманигорон Абдуҳамид Ҷӯраев, Ҷовиди Аштӣ, Мирзоаъзам Мақсудов, Моҳира Раҳимзода, Фирӯза Мирҷумъаева, Нурбибӣ Бобоева ва дигарон доир ба фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва муносибатҳои байналхалқии донишкада саволҳо манзур гардида, аз ҷониби директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуд.
 
 
28 октябри соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати баррасии вазъи иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ, ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ, кадрӣ ва таълимию тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи васеи корӣ баргузор намуд, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Хуҷанд, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорону кормандони донишкадаву донишгоҳҳо иштирок намуданд.
Нахуст вазири маориф ва илм аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки омода намудани мутахассисони баландихтисос яке аз вазифаҳои асосие мебошад, ки Пешвои муаззами миллат дар назди мо гузоштаанд. Аз ин рӯ, ин масъала пайваста мавриди таваҷҷуҳи Вазорати маориф ва илм қарор дорад. Маҳз ба ҳамин хотир мо тасмим гирифтем, ки дар ин ҷаласа вазъи иҷрои стратегия ва барномаҳои давлатӣ, қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм, ҳуҷҷатгузорӣ, вазъи кадрӣ ва таълимию тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии воқеъ дар шаҳри Хуҷандро мавриди таҳлилу натиҷагирӣ карор диҳем.
Сипас оид ба масъалаҳои мавриди назар сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Наврӯз Мирзозода баромад намуд. Зикр гардид ки таҳлили фаъолияти сесолаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят нишон дод, ки дар ҳама самтҳои фаъолият баробари дастовардҳо баъзе камбудию норасогиҳо дида мешавад, ки ба сифати таҳсилот, сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён ва омодасозии кадрҳои баландихтисос таъсири манфии худро мерасонад.
Раҳим Саидзода ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва дар муҳлати муайян ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумотнома оид ба ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир аз ҷониби ҳозирин таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз баргузории ҷаласа вазири маориф ва илм бо дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд шинос гардид.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

 

 

Яке аз амалҳои нангини ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар солҳои навадуми асри гузашта кушта шудани шумораи зиёди олимону донишмандон ва умуман зиёиён буд. Дар хусуси чунин ҷиноятҳои мудҳиши наҳзатиҳо филмҳои мустанад ва гузоришҳои телевизионӣ ҳам намоиш дода шудаанд, ки дар онҳо шоҳидони он воқеаҳои хунин суханронӣ карда, террорҳою кушторҳои наҳзатиҳоро  тасдиқ намудаанд.

Мақсади асосии роҳбарияти ташкилоти террористию экстремистии наҳзатӣ аз куштори равшанфикрони тоҷик, дар ҷомеа ба вуҷуд овардани фазои тарсу ноумедӣ ва даҳшат буд. Бо ин гуна амалҳои палидона онҳо мехостанд вазъияти кишварро ноором сохта, ҳадафҳои шуми худ, яъне бо роҳи зуроварӣ ғасб кардани қудрати сиёсӣ ва тағйир додани сохти давлатдориро амалӣ кунанд.

 

Ба ифтихори 32- юмин солгарди рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар толори калони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо иштироки устодон ва шогирдони ин боргоҳи маърифат чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Саидӣ Дилафрӯз Раббизода аҳли нишастро бо ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрик гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки  ҳар сол санаи 9 сентябр халқи азизи кишвар бо ифтихору сарбаландӣ ҷашни Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунанд. Ин ҷашн дар баробари ваҳдати миллӣ барои халқи мо азизу муқаддас аст. Чунки ба шарофати истиқлолият Тоҷикистонро аҳолии сайёра бо расмият шинохт. Забон, фарҳанг, урфу одати моро ҳамчун мероси бойи таърихӣ эътироф намуданд.  Имрӯз бо гузашти 32 сол аз соҳибистиқлолии мамлакат аҳолии мамлакат бо муҳаббату самимияти беандоза Роҳбари давлатро дӯст медоранд ва эҳтиром мекунанд.   Зеро бо заҳмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кишварамон рӯ ба ободонӣ мениҳад. Марҳила ба марҳила татбиқ шудани чор ҳадафи стратегии мамлакат, бунёди садҳо иншооти иҷтимоӣ,  рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, баланд гардидани обрӯ ва мақоми кишварамон дар арсаи байналмилалӣ ва дар ин замина мизбони чандин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардидани мамлакати мо самараи меҳнати ҳалоли аҳолӣ бо роҳбарии Сарвари давлат аст.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ бо устодони фаъол, ғолибони олимпиадаву дигар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, ҷоизадорони  даври шаҳриву вилоятии озмунҳои “”Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Раёсати донишкада тақдим карда шуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ шогирдони донишкада бо шеъру тарона ва рақсҳои дилошӯб хотири аҳли нишастро шод намуданд.

 

 

 Вазири маориф ва илми мамлакат Раҳим Саидзода дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард.
Нахуст аз раванди супоридани имтиҳоноти маҳорат, ки дар синфхонаҳои алоҳидаи донишкада бо фарогирии беш аз 400 нафар довталабон сурат мегирифт, аз наздик шиносоӣ пайдо карда шуд. Маълум гардид, ки ин намуди имтиҳоноти Маркази милллии тестии назди Президенти Ҷумиҳурии Тоҷикистон бо ташкили тамоми шароити лозима ва низоми хос аз тарафи Донишкада сурат гирифта истодааст. Довталабон ва волидайни онҳо ба Вазири маорифи маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода дар ин бора қаноатмандии хешро изҳор доштанд.
Раҳим Саидзода ҳазамон аз пойгоҳи таълимию илмии донишкада, аз ҷумла аз озмоишгоҳҳои ин муассисаи таълимӣ шинос гардид. Таъкид шуд, ки таълиму тарбия, шароиту имконияти таҳсилу фаъолият ба пойгоҳи моддии муассисаи таълимӣ вобаста буда, тайёр шудани муатахасисони баландихтисос ба он тавъам аст. Ташкили теъдоди зиёди озмоишгоҳҳои фаннӣ мувофиқ ба ихтисосҳои донишкада намунаи пайравӣ ба дигар муасссисаҳои олии мамлакат арзёбӣ гардид.
Вазири маориф ва илми мамлакат ба иҷроиши Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба сатҳи омомдагиҳо ба соли нави хониш, фаъолияти дохилии комиссияи қабули донишкада ва дигар масоили рўзмарра таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ба роҳбарияти донишкада ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши донишҷўён, иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ дастуру супоришҳои махсус дод.