Ба ифтихори 76 – умин солгарди ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ субҳи имрӯз дар майдони муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 маросими гулчанбаргузорӣ ва чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Дар қатори дигар муассисаву ташкилотҳо ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти сарварии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар ин чорабинӣ ширкати фаъолона дошта, бо гулгузорӣ дар пойи муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 қаҳрамонони ҷангро бо некӣ ёд карданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намуданд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардум дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Бо нишони қадрдонии диловарию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 19 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гаштанд.