Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ бо мақсади омодагӣ бо ҳолатҳои фавқуллода баргузор гардид.
Сардори мудофиаи граждании донишкада, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ чорабиниро оғоз намуда, аз ҷумла афзуд, ки чорабинии мазкур бо мақсади сайқал додани омодагии ҳайати роҳбарии мудофиаи гражданӣ, фаъолияти комиссияҳо ва неруҳои ғайринизомии Донишкада ба эътино ва амал ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодаи таббию техногенӣ мебошад. Дар ин радиф баланд бардоштани дониш ва малакаи амалии пеш аз ҳама омӯзгорон дар соҳаи ҳифзи кормандон, иқтисодиёт ва ҳудуди Донишкада, ташаккул ва инкишоф додани хислатҳои баландӣ руҳию маънавӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, ҳифзи моликияти давлатию ҷамъиятӣ, тарбия намудани омӯзгорон ва донишчуён дар руҳияи ҳушёрӣ ва фидокорӣ дар ҳифзи марзу бумӣ Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
 
Сипас баъди садо додани “Бонги хатар”-и шартӣ тамринҳо оғоз гардида, корҳои эвакуатсионӣ ва фаъолияти нерӯҳои ғайринизомии Донишкада амалӣ карда шуд. Ҳолати рухдода ва вазъияти бамаломадаро бо истифода аз нерӯҳои ғайринизоми ва қувваҳои дохили донишкадавӣ бартараф карда шуд ва то омадани қувваҳои мудофиаи граждании шаҳр ҳолати баамаломадаро зери назорати пурраи Ситод қарор гирифт.
Сипас гузориши сардори неруҳо ба роҳбари ситод манзур карда шуд.
Баъд аз ба итмом расидани машқи махсуси тактикии мудофиаи граждани Роҳбари машқҳо – сардори мудофиаи гражданӣ, директори ДПДТТХ Дилафрӯз Саидӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани машқи мазкур фикру мулоҳиза ва хулосаҳои худро ба саҳми иштироккунандагони машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ расонид.
 
Боя қайд намуд, ки дар чорабинии омӯзишии мудофиавӣ полковник Ширин Собирзода, муовини сардори Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд, подполковник Суҳроб Маҳмудов, сардори маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд, подполковник Муҳиддин Абдусамадов, сардори маркази таълимӣ методии Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд, наҷотҳандагони Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд, таҳти роҳбарии командири гурӯҳи 3-юми наҷотдиҳии дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд капитан Сорбон Саидов ва дигарон иштироки фаъолона доштанд.
 
Таъкид шуд, ки паст намудани хавфу хатар ва пурзӯр гардонидани омодагии аҳолӣ, тайёрии рукнҳои давлатдори ва механизми эътиновии мамлакат ба ҳолатҳои фавқуллода дар ҷомеъаи соҳибихтиёр ва демократии имрузаи мо вазифаест басо пурмасъулу саривақти, ки дар партави ичроиши Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии хатари офатхо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ то ба солҳои 2030 ба амал бароварда шуда истодааст.
Ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ туҳфа ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.