Дар урфият мегӯянд, ки Ватан аз гаҳвора оғоз меёбад. Ин гуфтаҳо пояи воқеӣ доранд. Дар ҳақиқат, барои ҳар як инсон он ҷое ки хуни нофаш рехтааст, азизу муқаддас аст.

Кишвари биҳиштосои мо Тоҷикистони меҳрпарвар, воқеан ҳам, макони миллати соҳибназарон буду ҳаст. Зеро бо гузашти ҳазорсолаҳо ин миллати куҳанбунёд забон ва асолати хешро гум накард, миллати будани худро эътироф кард.  Ватан ин пораи дили ҳар яки мост. Маҳз мо дар оғӯши Ватан ба камол мерасем. Имрӯз дар ҷаҳон миллату халқиятҳое сукунат доранд, ки бо вуҷуди дорои забон урфу одат буданашон низ соҳибдавлат нестанд. Шукрона аз он мекунем, ки кишвари моро беш аз 195 давлатҳои ҷаҳон чун як Ватани дорои тамаддуни қадимаи ҷаҳонӣ дошта эътироф намуданд.

Албатта, дар тӯли таърих кам набуданд ҳодисаву воқеаҳое, ки ин сарзамин мавриди забту тохтутозҳои душманон нагардида бошад. Вале дар хотираи таърих номи абармардони диёр чун Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Темурмалик, Муқаннаъ, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва ниҳоят сардори давлат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша боқӣ хоҳанд монд.

Барои онҳое, ки ба қадри тинҷиву оромии кишвар намерасанд, гуфтанием, ки ҳамагӣ 30 сол муқаддам бо айби иддае ба ном «равшанфикрон ва ошкоргӯён» қариб буд ин миллат ва ин Ватан аз байн равад. Ҳазорҳо нафар тарки диёр намуда, иҷборан муҳоҷиратро пеш гирифтанд. Маҳз дар ҳамин рӯзҳо барномаи «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар»-и барномаи радиои кишвар онҳоро бо мо мепайваст. Ба шарофати нерӯи ақлонии халқи банангу ори тоҷик бо роҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тинҷиву оромӣ танинандоз гардида, мардум ба зиндагии орому осоишта баргаштанд. Имрӯз таҷрибаи сулҳофарини миллати моро дар институтҳои ҷомеашиносии ҷаҳон чун намунаи беҳтарини баҳамоӣ мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Тайи чанд рӯзи охир сару садоҳо дар мавриди осебпазир будани сарҳади ҷумҳурии мо бо Ҷумҳурии Афғонистон баланд мешуданд. Роҳбари давлат зимни як ҷаласаи корӣ наздики 20 ҳазор афсарону сарбозонро ба хотири назорат ва бехатарии сарҳад ба ноҳияҳои наздимарзӣ бурда, иловатан худ дар машқҳои низомӣ ва намоиши ҳарбӣ ширкат варзиданд.

Cубҳи имрӯз бошад, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Дар чорабинии зикршуда, ки таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуд, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд

Ин чорабинӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир шуда, соати ҳафти субҳ бо натиҷаҳои сатҳи баланд ҷамъбаст гардид.

Баъди ҷамъбасти чорабинӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пойгоҳи Гвардияи миллӣ ташриф оварданд. Сарвари давлат аз омодагии  ҷангии афсарону сарбозон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза ҳифз кардани амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ, яъне сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат барои давлатдории мо аҳаммияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад. Ин суханони пурҳарорати Сарвари давлат бори дигар сокинони кишварро ба ҳамдиливу муттаҳидӣ дар атрофи сиёсати бобарори Пешвои муаззами миллат даъват месозад.           

Мояи ифтихори мо устодон ва кормандони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аст, ки барои устодону донишҷӯёни мо фардои Ватан, сулҳу ваҳдат, ободиву осоиштагии мардум бефарқ нест, балки пайваста кӯшиш мекунанд, Ватани хешро дӯст медоранд ва дар оянда ҳам мехоҳанд, ки нафъи худро ба мардум расонанд. Имрӯз дар қатори беш аз 2,5 ҳазор нафар афсарону сарбозон устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд низ дар санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021” ширкат варзиданд. Ба ҷузъ ин мо метавонем даҳҳо нафавр донишҷӯёнро мисол орем, ки аз сари мизи донишҷӯи ба хотири дифои марзум бум бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар пайвастанд. Зеро онҳо худшинос ҳастанд. Худшиносии миллӣ – ин як навъ ҳолати рўҳиест, ки тавассути он шаҳрванд бояд мутааллиқи миллат, давлати сохибистиқлол, соҳиби ватан ва ҳуқуқу озодиҳо будани худро дарк кунад ва онҳоро эҳтиром намояд. Донад, ки вазифаи ў дар назди давлат, ҷамъият ва оила аз чӣ иборат аст. Манфиатҳои худро бо манфиатҳои давлат, ҷомеа ва оила пайваста тавонад.

Тарбияи худшиносии миллӣ – ин ташаккули тафаккури миллии шаҳрванд мебошад, ки он ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрўзаи миллат, аз нав эҳё намудани урфу одат ва анъаноти арзишманди миллӣ, дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, илм ва фарханги миллӣ ва эҳтироми миллатҳои дигарро фаро мегирад.

Умед мебандам, ки минбаъд ҷавонони мо Ватани хешро бештар дӯст медоранд ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд