Бо мақсади дарёфти соҳибистеъдодҳо аз миёни донишҷӯён ва омодагии ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ мутобиқ ба дастури директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода субҳи имрӯз бо иштироки беш аз 289 нафар донишҷӯёни донишкада олимпиадаи дохилидонишкадавӣ доир гардид. Донишҷӯён аз рӯи фанҳои забони англисӣ, забони русӣ, забони тоҷикӣ, математика, физика, химия, таърих, биология, назарияи иқтисодиёт, информатика дониш ва маҳорати худро санҷиданд. Донишҷӯён ба ғайр аз он, ки бо усули тестӣ донишҳояшонро санҷиданд, ҳамзамон қисме аз онҳо дар навиштани эссе дастёб шуданд. Рафти баргузории олимпиадаро шахсан директори донишкада назорат бурда, дар фароҳамсозии шароит дар аудиторияҳо мусоидат намуд.

Ғолибон рӯзҳои наздик муаяйн шуда, бо роҳбаронашон дар даври таътили зимистона ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ омодагӣ мебинанд. Аз натиҷаи олимпиада бароятон маълумот хоҳем дод.