Байни ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.
Созишномаи ҳамкорӣ дар ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзод ва сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк аз ҷониби директори ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина Вадим Осипенко ва директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрўз Саидӣ ба тасвиб расид.
Аснои суҳбат ҷонибҳо вобаста ба рушду таҳкими муносибатҳо мубодилаи афкор намуда, созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расониданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин, сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк ва роҳбарияти ҶДММ «Днепроэнергостал» ба меҳмонон доир ба вазъи иқтисодии вилоят ва имкониятҳои мавҷуда маълумот дода, омодагии хешро барои густариши робитаҳо, бунёди корхонаҳои муштарак, коркарди пахта, истифода аз захираву имконоти мавҷуда барои зиёд намудани воридоту содироти маҳсулот, таъминоти хоҷагии қишлоқ бо техникаҳои гуногун ва қисмҳои эҳтиётии онҳо изҳор намуд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин бо изҳори сипос аз истиқболи гарму самимӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва таҳкими муносибатҳо миёни доираи тиҷоратӣ андешаҳои хешро баён дошт.
 
Зимни бастани созимшномаи ҳамкорӣ роҳбарияти ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина ба директори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Дилафрўз Саидӣ изҳор дошт, ки ширкат омода аст, ки донишҷўёнро барои таҷрибаомўзии амалӣ дар фаъолияти рўзмарраи корхона ҷалб намоянд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки амалишавии бандҳои шартнома аз соли хониши 2021-2022 сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл директори ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина Вадим Осипенко ва муовини ширкати мазкур профессор Сергей Семирягин дар доираи сафари кориашон ба вилояти Суғд ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо дастовард ва аз раванди таълиму тарбияи ин маҳзани илм ошноӣ пайдо намуда буданд.
Ҳамин тавр, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соҳаи шарикии дарозмуддати истеҳсолӣ ва илмӣ ба таҳия ва татбиқи технологияи муосир ҳамкорӣ намоянд. Ҳамкориҳо бо шаклҳои гуногун пиёда карда шуда, дар якҷоягӣ системаи истеҳсолӣ ва илмӣ таъсис дода, ба ин васила сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи техникии байни ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба сатҳи баланд зарурӣ бардошта хоҳад шуд. Минбаъд ҳарду ҷониб нерӯҳои худро барои ташкили гурӯҳи тадқиқотӣ фаъол ва ҳамоҳанг мекунанд ва барои татбиқи муштараки истеҳсолот ва таҳқиқоти технологӣ равона карда мешавад.