Соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.

Ба ин муносибат тибқи дастури иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҳунарҳои дастии мардуми Хуҷандшаҳр таҳти унвони «Ҳунар-беҳ аз симу зар! Доир гардид.  

Дар намоиш маҳсули дастони ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин намунаи эҷоди устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии ҳудуди шаҳр пешкаши меҳмонон ва аҳли иштирокдорон гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона  зимни боздид аз растаи намоиши ҳунармандон ба намунаи маҳсули эҷоди ҳунарварон аз ҷумла ба ҳунару малакаи устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  баҳои баланд доданд.

Зимни баргузории ҳамоиш Маъруф Муҳаммадзода қайд намуд, ки бо мақсади ҳар чи бештар гардидани шумораи ҳунармандон ва дар замири онҳо афзун намудани меҳри ҳунарварӣ маблағи гранти Раиси шаҳр аз 65 ҳазор сомонӣ ба 120 ҳазор сомонӣ расонида мешавад. Ин тозпайғомро аҳли иштирокдорон бо хушнудӣ пазируфтанд. 

Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона баромад намуда, аз мақому манзалати ҳунарманд ва қимати анвои эҷоди ҳунар андешаронӣ намуда, таъкид дошт, ки он мояи ифтихори ҳар як тоҷик аст. Қадршиносии маҳсули эҷоди ҳунармандон ва муаррифии шоистаи он дар арсаи ҷаҳонӣ моро боз ҳам шӯҳратёр мегардонад.

Воқаен ҳам барои рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода таваҷҷӯҳи хосса дода мешавад. Ҳамасола устодон ва шогирдони кафедраи дизайн ва меъморӣ ба ғайр аз он, ки дар донишкада даҳҳо озмуну чорабиниҳо доир менамоянд, ҳамчунин бо дӯхти либлосҳои миллӣ, суннатӣ ва идонаи худ дар фестивал-озмунҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкати фаъолона доранд.