Бо мақсади баландбардории сатҳи дониши донишҷӯён ва ивази таҷрибаи устодон, ҳамзамон, дар доираи барномаи “HECAFS” намояндагони Донишгоҳи Литва меҳмони донишкадаи мо гардидаанд.

Гражина Янушлявичене, доктори илмҳои байторӣ, профессори Донишгоҳи илм дар бораи ҳаёт, Алвидас Шарлакаус, доктори илмҳои технологӣ, Александр Новославский доктори илмҳои кишоварзӣ аз фанҳои гуногун дар факултети муҳандисӣ – технологӣ, кафедраи “Маҳсулоти хӯрока ва агротехнология”  ба донишҷӯён дарсҳо гузаронида истодаанд.

Дарсҳо ва тренингҳо дар донишкада  аз санаи 19 то 29 октябри соли равон  идома меёбад. Устодони Донишгоҳи илм дар бораи ҳаёти Литва аз фанҳои “Методҳои ташхис ва таҳлили маводи хӯрока”(Food quality and safety control systems), “Истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ”  (Quality control systems), “Микробиологияи хӯрока” ба донишҷӯёни зинаи бакалаври 2.49.01.02 ва 2.74.02.06,   “Асосҳои илмии идораи сифати маҳсулоти хӯрока”( Quality management), “Микробиологияи хӯрока” ба магистрантони ихтисоси мазкур дасрҳои амаливу назариявӣ гузаронида истодаанд.  

Ғайр аз ин, намояндагони Донишгоҳи Литва бо устодони кафедраи “Маҳсулоти хӯрока ва агротехнология”  тренинг оид ба масъалаҳои стандарти байналхалқии бехатарии маҳсулоти хӯрока баргузор намуда, бо ҳамдигар ивази таҷриба менамоянд.

Зимни сӯҳбат бо устодони ин Донишгоҳ аён гардид, ки донишкадаву донишҷӯёни мо аз нигоҳи онҳо яке аз беҳтаринҳо буда, дарсҳо дар сатҳи баланд доир мегарданд.

Ҳангоми иштирок дар дарси донишҷӯёни ихтисоси 2.74.02.06 ва сӯҳбат бо донишҷӯён, ки омӯзгори он  доктори илмҳои технологӣ Алвидос Шарлакаус мебошад, аён гардид, ки аз рӯзҳои аввал донишҷӯён бо устодони Донишгоҳи Литва муносибати хуб ва ҳамдигарфаҳмӣ пайдо намуда, дар дарсҳо бо фаъолнокии баланд иштирок намуда истодаанд. Алвидос Шарлакаус оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрока, индикатори сифати маҳсулот ба донишҷӯён маълумот дод, ки онҳо бо шавқи баланд ва диққати том аз худ намуданд. Александр Новославский, доктори илмҳои кишоварзӣ бошад ба донишҷӯёни курси 2.49.01.02 аз фанни “Микробиологияи хӯрока” таълим дода истодааст. Азбаски донишкада дорои сатҳи баланди пояи моддиву техникӣ буда, лабораторияҳои замонавӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин мебошад, А.Новославский фанни таълими худро дар лабораторияи мазкур гузаронида истодааст. Ҳангоми сӯҳбат донишҷӯён ва худи устод қайд намуданд, ки дарсҳо хеле шавқовар мегузаранд. Донишҷӯён ҳамаи донишҳои назариявии худро  дар лаборатория амалан иҷро намуда, мавзӯи фанни таълимиро хубтар омӯхта истодаанд.

Чунин ҳамкориҳо дар ҳақиқат саривақт ва зарурӣ буда, нақши мусбии хешро дар сатҳу сифати таълим, баландбардории дониши донишҷӯён ва муносибатҳои дӯстонаи байналмиллаӣ хоҳад гузошт.

 

 

Санаҳои 10-13 октябри соли равон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Анҷумани V –уми омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи давлатҳо-иштирокдорони ИДМ баргузор гардид.

Мавзӯи Анҷумани мазкур “Инкишофи низомҳои таълимии давлатҳо-иштирокдорони ИДМ бо мақсади рушди устувор” (“Развитие образовательных систем государств – участников СНГ в контексте целей устойчивого развития”) буда, дар он намояндагони соҳаҳои маорифи Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Туркманистон, ҳамчунин, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Фонди байналхалқии ҳамкории гуманитарии ИДМ, Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ, ЮНЕСКО ширкат варзиданд.

Сараввал иштирокчиёни Анҷуманро бо нишонаи ихлос ва эҳтиром Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон  С.Ш. Жээнбеков ба Ҷумҳурии Қирғизистон, ба Анҷумани V –уми омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи давлатҳо-иштирокдорони ИДМ хайрамақдам намуд. Иштирокчиёни Анҷуманро Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ – Котиб-иҷрочии  ИДМ Лебедев С.Н. низ пазироӣ намуд. 

Кори Анҷуман давоми ду рӯзи корӣ ба 9  қисмат ҷудо карда шуд, ки дар ҳар яки он муаммоҳои таълим мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ман дар бахши якуми кори Анҷуман оиди механизми баланд бардоштани масъулияти устодон тариқи ҳавасмандкунӣ, роҳҳои беҳтарнамоии такмили ихтисос ва худомӯзии устодон баромад намуда, қайд намудам, ки бояд омӯзгор аз муосиртарин таълимот огоҳии комиле дошта бошад. Зеро дониши донишҷӯён дар сурате такмил меёбад, ки худи устод ба он мусаллаҳ бошад. Дар ин ҷода беҳтар мебуд аз рӯи системаи мотиватсия- такмили ихтисос ва назорат корбарӣ шавад.  

Рӯзи аввали анҷуман дар  мавзӯи “Низомҳои таълими миллии давлатҳо-иштирокдорони ИДМ бо мақсади рушди устувор” вазирони маориф ва илми кишварҳои гуногун суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ Қаҳҳор низ баромад намуда, дастоварду муаммоҳои соҳаро ба риштаи таҳлил кашид. Ӯ аз ҷумла зикр дошт, ки роҳандозии як қатор барномаҳо имкон фароҳам овард, ки сифати таҳсил боло равад. Сохтмону азнавсозии садҳо мактабҳо, ҷиҳозонидани синфхонаҳо бо лабораторияҳои махсус барои баланд бардоштани завқи техникии хонандагон мусоидат намуд.

Дар доираи баргузории анҷуман 20 нафар кормандони соҳаи маориф, ки баҳри ташкили таълими умумӣ дар ИДМ саҳми босазо гузоштанд, бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” қадрдонӣ шуданд.

Иштирокдорон аз намоишгоҳе, ки дар доираи Анчуман ташкил карда шуда буд, дидан намуданд.

Бо мақсади коркарди стратегияи умумӣ ва муайянкунии роҳҳои асосии рушди таълими ИДМ дар оянда иштирокдорони Анҷуман низоми миллии таҳсилотро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нақш ва вазифаи стандарт дар доираи методологии салоҳияти таълим, пешниҳоди таълими босифат дар давоми ҳаёт ва мувофиқати он бо талаботи бозори меҳнат, омоданамоӣ ва баландбардории дараҷаи маълумоти кормандон ва талаботи касбӣ, ки лозим аст, ташаккули  муҳити бехатари таълим, истифодаи роҳҳои муосир барои нигоҳдорӣ ва ташкили корҳои тарбиявӣ, механизми нави идораи таҳсили иловагии ҷавонон ва кӯдакон аз мавзуъҳои асосӣ ва баҳсталаби анҷуман маҳсуб ёфт.

Бо баҳодиҳии баланд ба дараҷаи  баргузории Анҷуман, иштирокдорони он моделҳои рушди устувори низоми таълимро дар давлатҳо-иштирокдорони ИДМ пешниҳод намуданд. 

Иштирокдорон аз кори  Анҷуман натиҷабардорӣ намуда, ҳамкории ИДМ-ро дар соҳаи маориф  ҳамчун роҳи амалии баландбардории рақобатпазирии низоми миллӣ, ҳамгироии онҳо дар низоми таълими ҷаҳонӣ хеле хуб пазируфтанд,  инчунин, ғояи амалии ҳамкориро дар доираи чорабиниҳои байналхалқӣ дастгирӣ намуданд.

Ин сафар барои густариши робитаи соҳаи маорифи кишварҳо мусоидати хубе хоҳад намуд. Мо аз ин сафар бардоштҳои хубе гирифтем. Табодули таҷриба, омӯхтани ҷанбаҳои пешрафти таълимӣ барои боз ҳам хубтар гардидани таълиму тарбия заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

 

 Директори ДПДТТ             Саидӣ Дилафрӯз Раббизода

Дар идомаи анъанаҳои нек қайди Иди донишҷӯён дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ идома дорад.

Имрӯз дар толори донишкада донишҷӯёни курси 1-уми факултети сохтмон ва нақлиёт низ Иди донишҷӯёнро таҷлил намуданд.  

Иштирокчиёни чорабинии идона, ки ҳама донишҷӯёни курси якум буда, ба роҳи илму ояндаи дурахшон қадам ниҳодаанд, бо истеъдоди нотакрор ва  маҳорати баланд ҳунарварӣ намуданд.   

Сухани табрикотӣ ба муовини директор оид ба таълим Мақсудов Х.Т дода шуд. Устод сараввал донишҷӯёнро бо идашон табрик намуда, барои хониш комёбиҳо орзу намуданд.

Баъдан сухани табрикотӣ ба декани факултет Акрамов А.А. дода шуд. Донишҷӯёни курси 1-ум  қасами донишҷӯӣ ёд намуда, ваъда доданд, ки донишкадаро бо баҳои хубу аъло хатм намуда,  обрӯю эътибори донишкадаро боз ҳам баландтар мебардоранд ва баҳри Ватани маҳбубамон хизмат менамоянд.

Шеъру суруд дар васфи устод ва Тоҷикистони азиз, рақсу тарона таҳти мусиқиҳои форами тоҷикона, ҳунари доиранавозӣ Иди донишҷӯёнро боз ҳам хотирмон намуд.

Намоиши саҳнаҳои ҷолиб бо маҳорати баланди актёрӣ аз ҷониби  маҳфили ҳозирҷавобон, ки ҳама донишҷӯёни курси якум ҳастанд, табъи ҳамагонро боз ҳам болидаву шод намуд. Тамоми иштирокдорон ва устодон ба ҳунарнамоии донишҷӯён баҳои баланд доданд.

 Чорабинӣ бо рақсу суруд ҳусни анҷом ёфта, ба хотири донишҷӯён абадан нақш гузошт.

 

Бо қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода даври дуюми фестивал-озмуни атласу адраси Суғд дар сар то сари вилоят ҷараён дорад.

Дар партави қарори мазкур дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ Фестивали шаҳрии “Адрасу атласи Хуҷанд - 2018” баргузор гардид. Боиси ифтихор аст, ки ғолибони даври аввали озмуни мазкур аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ низ бо маҳорати баланд ҳунарнамоӣ карда, истеъдоди нотакрори хешро пешкаши ҳамагон гардониданд. Соҳибҳунарони факултети муҳандисӣ – технологӣ бо намудҳои гуногуни атласу адрас маҳсули дасти хешро ба намоиш гузоштанд, ки писанди ҳамагон гардид.

Аъзои ҳакамон ба ҳар як либос аз рӯи намуди атлас, тарзи дӯхт, тарзи ороиш ва мӯд баҳо дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд.

Боиси хурсандист, ки донишҷӯи курси 3, ихтисоси 50.01.02 Бобоҷонова Нигора соҳиби шоҳҷоизаи фестивал-озмуни “Адрасу атласи Хуҷанд - 2018”  гардид.

Дар номинатсияи “Беҳтарин либоси кӯдакона” корманди Парки технологии донишкада Қосимова Рухшона соҳиби ҷойи сеюм гардид.  

Ба ғолибон дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супорида шуд. Бо ҳамин даври дуюми фестивал – озмуни “Адрасу атласи Хуҷанд - 2018” ҳусни анҷом ёфт.

Аз номи кулли донишкада ғолибони озмуни "Атласу адраси Хуҷанд-2018"-ро табрику таҳният намуда, ба корҳои ояндаашон барору комёбӣ хоҳонем.

 

 

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ анъанаи нек – қайди Иди донишҷӯён то ҳанӯз идома дорад.

Чун анъана дар соли таҳсили мазкур низ донишҷӯён ин санаи хотирмонро бо нишоту фараҳ ҷашн мегиранд.

Дар толори донишкада донишҷӯёни курси 1-уми факултети муҳандисӣ – иқтисодӣ ин ҷашни бошукӯҳро бо шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд.

Иштирокчиёни чорабинии идона донишҷӯёни ба донишкада навқадаммонда бошанд ҳам, бо маҳорати баланд ҳунарнамоӣ намуданд. 

Донишҷӯёни курси 1-ум  қасами донишҷӯӣ ёд намуда, ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, обрӯю эътибори донишкадаро боз ҳам баландтар мебардоранд ва баҳри Ватани маҳбубамон хизмат хоҳанд кард.

Шеъру суруд дар васфи Тоҷикистони азиз, рақсу тарона таҳти мусиқиҳои форами тоҷикона, ҳунари доиранавозӣ Иди донишҷӯёнро боз ҳам хотирмон намуд.

Муовини директор оид ба корҳои таълим Мақсудов Х.Т. суханронӣ намуда, донишҷӯёни курси якумро бо идашон табрик намуданд. Устод ба ҳунарнамоии донишҷӯёни курси якум баҳои баланд дода,  зикр намуданд, ки донишҷӯён хеле соҳибистеъдод ҳастанд.

Намоиши саҳнаҳои ҷолиб бо маҳорати баланди актёрӣ аз ҷониби  маҳфили ҳозирҷавобон, ки ҳама донишҷӯёни курси якум ҳастанд, табъи ҳамагонро боз ҳам болидаву шод намуд.

Дар охир ба донишҷӯён ҳуҷҷати донишҷӯӣ супорида шуд. Чорабинӣ бо рақсу суруд ҳусни анҷом ёфта, ба хотири донишҷӯён абадан нақш гузошт.

 

Дар вохӯрӣ бо Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода санаи 3 майи соли равон донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз Раиси вилоят хоҳиш намуда буданд, ки барои аз наздик ошноӣ пайдо кардан аз рафти сохтмони нерӯгоҳи бузурги обии «Роғун» мусоидат намоянд. Санаи 11 октябр бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 16 нафар донишҷӯёни фаъоли дар риштаи таъмини барқ ва автоматика таҳсил дошта бо ҳамроҳии мудири кафедра номзади илмҳои техникӣ Ҳусейнҷон Қаландаров ба шаҳри Роғун сафар намуда, бо роҳнамоии ёрдамичии  директори генералии ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” Сафарбек Валиев, муовини директор оид ба истеҳсолот Қурбонназар Давронов ва сардори Раёсати бехатарии нерӯгоҳ Тешабой Исломов аз ҷараёни сохтмон аз наздик шинос гардиданд. Дар рафти вохӯрӣ бо сохтмончиён итттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар ин нерӯгоҳи бузурги аср беш аз 21 ҳазор кормандон дар се баст фаъолият доранд. Ва ду агрегати нерӯгоҳ бо иқтидори 200 мегаватт рӯзҳои наздик бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Кор дар дигар бахшҳо бо маром идома дошта, айни ҳол қувваи бештари сохтмончиён ба симбандиву бетонхобонӣ равона гардидааст.

Ба донишҷӯён аз ҷониби мутахассисони нерӯгоҳ тарҳи асосии нерӯгоҳ нишон дода шуд, ки дар сурати ба истифодадиҳии он бо технологияи муосири ҷиҳозонида шуда, беҳтарин ихтисосмандҳо ба кор даъват карда мешаванд.

Донишҷӯён бо таассуроти хеле олӣ аз ин нерӯгоҳ баргашта, ҳар яке дар дил хоҳиши дар  ин нерӯгоҳ кор карданро пайдо намуданд.

Ҷомеаи устодону шогирдони донишкада барои фароҳам овардани чунин сафари хотирмону омӯзишӣ ба Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода изҳори сипос менамоянд.     

 

Бо дастгирии Мақамоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят чорабинии идона бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғоз муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ табрикоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Дар рафти суханрони муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ саҳми омӯзгоронро дар рушду нумуи вилоят наззаррас унвон намуда барои фаъолияти минбаъдаашон барору комёбӣ таманно намуд. Баъдан ба ҳамаи иширокчиёни конференсия, ки зиёда аз 200 нафарро ташкил менамуданд, тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода супорида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки солҳои охир бо дастгириву пуштибонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағгузории соҳаи маориф зиёд гардида, вазъи иҷтимоиву иқтисодии кормандони маориф рӯ ба беҳбуди ниҳодааст. Аз якуми сентябри соли ҷорӣ 15% зиёд гардидани музди маоши кормандони буҷҷетӣ аз ҷумла омӯзгорону кормандони соҳаи маориф боз далели ин гуна ғамхориҳост.

Дар рафти чорабинӣ 68 нафар фаъолон, собиқадорон ва кормандони фаъоли муассисаҳои таълимӣ бо Ифтихорномаву Сипосномаҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд сарфароз гардиданд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ санъаткорон ва хонандагони муасассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ барои болидагии рӯҳии иштирокчиён сурудҳо дар васфи ватан ва омӯзгор сароиданд.

 

 

 

Санаи 11 октябр донишҷӯёни курси 1-уми факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ Иди донишҷӯёнро дар толори   Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ҷашн гирифтанд.

Иштирокчиёни Иди донишҷӯён,  ки ҳамагон  донишҷӯёни курси якум мебошанд, бо истеъдоди беҳамто ва  маҳорати баланд ҳунарнамоӣ намуданд.

Сароғоз муовини директор оид ба таълим Мақсудов Х.Т донишҷӯёнро бо мушарраф гардидан ба номи баланди донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ табрик намуданд. Зимни суханронии хеш қайд намуданд, ки  донишҷӯён бояд бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, номбардори аллома Муҳаммад Осимӣ гарданд.  

Баъдан сухани табрикотӣ ба декани факултети муҳандисӣ – иқтисодӣ Ваҳҳобов А.  дода шуд. Декани факултет низ барои донишҷӯён барои таҳсил барору комёбӣ таманно намуда,  зикр намуданд, ки вақти худро самаранок истифода бурда, ҳар лаҳзаи донишҷӯиро бобарор истифода намоянд.

Донишҷӯёни курси 1-ум  қасами донишҷӯӣ ёд намуда, ваъда доданд, ки дар донишкада бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, ояндасози миллат мегарданд. 

Аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо дар васфи модар ва Тоҷикистон ифоданок қироат карда шуд. Ҳунарнамоии дастаи маҳфили ҳозирҷавобони факултет, ки ҳама  донишҷӯёни курси якум ҳастанд, табъи ҳамагонро боз ҳам болидаву шод намуд. Рақсҳои мавзун ва бозиҳои шавқовар чорабиниро рангинтар намуд.

  Чорабинии идона  бо рақсу суруди донишҷӯён ҳусни анҷом ёфт. Ин рӯзи бошукӯҳ   дар хотири донишҷӯён абадан нақши хешро  гузошт.

 

Шуруъ аз соли 2009, санаи 5 октябр чун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамасола ҳамчун ҷашни умумиллӣ дар  саросари мамлакат таҷлил карда мешавад.

Ба ин муносибат дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иштироки нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддини Хоҷазод ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири нашрияҳои “Нилуфар” ва “Саломат бошед!”, нависандаи ҳаҷвнигор Додохони Эгамзод ва устодону шогирдони ин боргоҳи маърифат чорабинии тантанавӣ доир карда шуд.

Омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ ва ҷомеашиносӣ Шафоат Файзиев чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, салому паёми директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба аҳли нишаст расонда, аз ҷумла зикр дошт, ки забони тоҷикӣ – забони миллати бостонии тоҷикон буда, таърихи бисёрҳазорсола дорад ва дар радифи забонҳои қадимаи ҷаҳон қарор дорад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст: “Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад”. Ин нукта ҳар як шаҳрванди кишварро водор месозад, ки забони тоҷикиро ба хубӣ донад ва озодона ба он такя намудаву фаъолият барад.

Нависанда Муҳиддини Хоҷазод дар баромадаш зикр намуд, ки масъалаи бо забони тоҷикӣ сурат гирифтани коргузорӣ дар ҳудуди кишвар  тақозо менамояд, ки забони тоҷикиро хуб донем. Ба таври зарурӣ донистани забон маданияти умумии омӯзандагонро баланд бардошта, сабаби рушди фаъолияти маънавии онҳо мегардад. Донистан ва омӯхтани забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти касбӣ аз рукнҳои асосию муҳими айём ҳисоб меёбад.

Соҳае нест, ки дар он забони давлатӣ истифода нашавад. Пас, равшан мегардад, ки забони тоҷикӣ танҳо фанни таълимӣ набуда, ҳамзамон воситаи муҳими таълим низ мебошад. Яке аз хусусиятҳои махсуси забон он аст, ки ба воситаи он фанҳои дигар низ омӯхта мешаванд.

Номбурда ҳамзамон зикр намуд, ки вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар рӯзи таҷлили Рӯзи забон сабаб дорад. Зеро се китоби эҷодкардаи муаллиф – “Норак”, “Об рӯшноист” ва “Кӯҳ беварта нест” марбут аст ба корномаҳои арсаи меҳнати се нерӯгоҳи бузурги кишвар – Норак, Сангтӯда ва Роғун. Муҳиддин Хоҷазод аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки хуб таҳсил намуда, чун мутахассиси варзида ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хизмат намоянд.

Нависандаи ҳаҷвнигор Додохони Эгамзод аз қадру манзалати забон дар хаёти ҳаррӯза сухан ронда, доир ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки маҳз хиради воло, дониши баланд ва хислати тӯдакашии Сарвари давлат буд, ки мо ба чунин рӯзи саодат расидем.    

Ба ғолибони озмуни иншои “Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй” аз ҷониби Раёсати донишкада тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар қисмати адабиву фарҳангӣ донишҷӯён дар васфи Ватан ва забон саҳнача, шеъру суруд хонда, хотири аҳли нишастро шод намуданд.

 

 

 

 

 

 

Иди донишҷӯён дар  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ҳоло ҳам идома  дорад.

10 октябри соли равон  дар толори донишкада донишҷӯёни курси 1-уми факултети информатика ва энергетика низ Иди донишҷӯёнро бо руҳияи болида таҷлил намуданд.  Иштирокчиёни чорабинии идона, ки ҳама донишҷӯёни курси якум буда, ба роҳи илму ояндаи дурахшон қадам ниҳодаанд, бо истеъдоди нотакрор ва  маҳорати баланд ҳунарварӣ намуданд.   

Сараввал сухани табрикотӣ ба муовини директор оид ба таълим Мақсудов Х.Т дода шуд. Устод сараввал донишҷӯёнро бо идашон табрик намуда, таъкид намуданд, ки донишҷӯён бояд бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда обрӯю нуфузи донишкадаро боз ҳам баландтар намоянд. Мақсудов Х.Т ба донишҷӯёни курси якуми факултети информатика ва энергетика барои хониш комёбиҳо орзу намуданд.

Баъдан сухани табрикотӣ ба декани факултети информатика ва энергетика Солиев О.М.  дода шуд. Устод Солиев низ барои донишҷӯён барои таҳсил барору комёбӣ таманно намуданд.

Донишҷӯёни курси 1-ум  қасами донишҷӯӣ ёд намуда, ваъда доданд, ки донишкадаро бо баҳои хубу аъло хатм намуда,  мутаххасиси арзандаи соҳаи интихобкардаашон мегарданд ва фардои Ватанро обод хоҳанд кард.

Шеъру суруд дар васфи устод ва Тоҷикистони азиз бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ, рақсу тарона таҳти мусиқиҳои форами тоҷикона, навохтани асбобҳои мусиқӣ Иди донишҷӯёнро боз ҳам хотирмон намуд. Навохтани асбобҳои мусиқии дутор ва гитара бо суруд ба чорабинӣ ҳусни дигар зам кард.

Намоиши саҳнаҳои ҷолиб бо маҳорати баланди актёрӣ аз ҷониби  маҳфили ҳозирҷавобон, ки ҳама донишҷӯёни курси якум ҳастанд, табъи ҳамагонро боз ҳам болидаву шод намуд.

Рақси сафед низ аз ҷониби донишҷӯён бо маҳорати баланд намоиш дода шуд.

Гарчанде донишҷӯён курси якум бошанд ҳам, бо маҳорати баланд ва намоишҳои ҷолиб ҳунарнамоӣ намуданд.   Чорабинии идона  бо рақсу суруди донишҷӯён ҳусни анҷом ёфт. Ин рӯзи бошукӯҳ   дар хотири донишҷӯёни факултети информатика ва энергетика   абадан нақши хешро  гузошт.

 

Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори ӯ мегардад. Дуруст аст, ки муаллим роҳнамову нишондиҳанда, созкору ибратомӯз ва мададрасони фарзанди инсон дар роҳи ростиву росткорй ва омӯзишу бурдбориҳост.

Дар идомаи тантанаҳои Иди омӯзгорон дар толори донишкада чорабинии идона баҳри табрикот ва сипосгузории устодон баргузор гардид.

Сарравал, омӯзгори фанни забони тоҷикӣ Файзиева Ш. дар васфи устод суханони пурмеҳр гуфта, ҳозиринро бо шеърҳои пурмазмун табрик намуданд.

Баъдан сухани табрикотӣ ба директори ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ Саидӣ Дилафрӯз дода шуд. Саидӣ Дилафрӯз рост омадани Иди омӯзгоронро бо Иди забони давлатӣ фоли нек дониста, дастовардҳои донишкадаро самараи Истиқлолият арзёбӣ намуданд. Дар идомаи сухан қайд намуданд, ки илму маориф дар ҳама давру замон нишони тамаддун ва таъриху фарҳанги ҳар як давлату миллат мебошад. Алҳол дар пеши донишкада танҳо як мақсад - баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи ахлоқӣ, азхудкунии технологияҳои муосири иттилоотӣ ва муҳандисӣ, сатҳи забондонӣ, яъне тарбия кардан ва ба воя расонидани наслҳои замони нав меистад.  Мо бояд пойдевори фардоро имрӯз гузорем, кадрҳои баландихтисосу ватанпарвар тарбия намоем, таҷрибаи бузурги мактаби ватандории халқамонро дар ниҳоди насли ҷавон ташаккул диҳем ва ба онҳо фаҳмонем, ки Ватани моро ғайр аз худи мо ва фарзандони мо каси дигар обод намекунад.

Баъдан қисми фарҳангии чорабинӣ оғоз ёфт. Ҳофизи маҳбубу шинохта Сардорбек Солиев бо сурудҳои шӯхи худ ҳамагонро шод намуд. Шеъру тарона, рақсу суруд ва наворҳои ҷолиб аз фаъолияти омӯзгорон ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшид.

Дар арафаи Иди омӯзгорон якчанд нафар устодони соҳибҷашн – ганҷи донишкадаро таҳният намудани маъмурияти донишкада ва меҳмонони олиқадр нишонаи  қадршиносиву қадрдонии онон аст.   Омӯзгорони пуртаҷриба – Мақсудов Х.Т., Раҳимов С.Ш., Раҷабов Ғ., Акбаров А.А., Башиков И.Т., Шокирова С.Н., Солиев З.Т., Ҳаитова  Ӯ., кормандон Ойматов Ш. ва Ҷӯраев Исмонро ҳамагон бо ҷашни заррини умр, солгарди зодрӯзашон самимона табрик намуданд.

Оид ба ҳаёт ва фаъолияти соҳибҷашнҳо  наворҳои ҷолибу мусоҳибавӣ намоиш дода шуд.

Барои табрики соҳибҷашн меҳмонони олиқадр – намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, роҳбари Маркази академии илмҳо дар вилояти Суғд  Мақсудов А.Т., ҷонишини раиси собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд – А.Ғозиев, намоянда аз ДДХ ба номи Б.Ғафуров – Муҳаммадиев Ш., устоди арҷманд, алломаи донишкада – Осимов А.З суханронӣ намуда, ба ҷашнгирандагон барору комёбиҳо ва таманниёти нек  орзу намуданд.

Деканони факултети донишкада низ ба табрикот шарик гардида, тӯҳфаҳои хотиравиро эҳдо намуданд.

Дар анҷом лаҳзаҳои мусиқӣ аз ҷониби Фараҳманд Каримов табъи утодонро болида намуд.

Бо ҳамин Иди омӯзгорон бо хотироти неку фаромӯшношуданӣ ҳусни анҷом ёфт.