Ба ифтихори 85 – солагии олими намоён, яке аз поягузорони соҳаи нақлиёти муосири кишвар Бойпочо Раҳимович Фатҳиддинов дар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ – амалӣ доир гардид.

Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов ҳусни оғоз бахшид.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зимни қироати номаи табрикотӣ баён дошт, ки агар ба зиндагиномаи ин шахсияти воқеан ҳам фидоии меҳнат, дилсӯзи миллат Бойпочо Раҳимович мароқ зоҳир намоем аён мегардад, ки мавсуф пас аз хатми дабистон дар пеши худ мақсад гузошта буд, ки таҳсилашро дар яке аз муассисаҳои бонуфузи пойтахти давлати шӯравӣ-шаҳри Москва идома медиҳад. Азми қатъӣ дониши мукаммал ба ӯ имконият дод, то ки донишҷӯи  Донишкадаи автомобил ва роҳи шаҳри Маскав гардад. Фаъолияти меҳнатӣ дар муассисаи нақлиёти автомобили рақами 3-и шаҳри Душанбе ба ҳайси сармуҳандис, баъдан дар  вазорати нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,   ба он кас даст дод, ки аз мактаби бузурги соҳаи ҳамлу нақлиёт огоҳии комил ёбанд. Маҳз замони фаъолияти мутахассиси ҷавон   системаи таъмиру нигоҳубини техникии автомобилҳо ва таъмири узвҳои пайвасти агрегатҳо, аз навсозии  техникии   муасиса ва такмили он, механизатсиякунии  нигоҳубини техникӣ,  лоиҳакунӣ ва сохтани шустушӯи автоматии воситаҳои нақлиети боркашон, мукамалгардонии  ташкили ҳамлу нақли контейнерӣ, мукамалгардонии идоракунии муассиса ва зиёд  намудани миқдори нақлиёт дар муассиса бо тариқи якҷоякуни бо  муассисаи дигари майда ба амал оварда шуд.  Устод  дар ҳоли камолоти корӣ қарор доранд ва маслиҳату раҳнамоиашонро ба кулли кормандон дареғ намедоранд. Ба он кас дар ҷодаи корӣ ва зиндагӣ бурдборӣ таманно дорем.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят, доктори илмҳои филологӣ Тоҷибой Султонӣ паёми табрикии Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Дар номаи табрикотӣ аз ҷумла омадааст, ки таърихи башар исбот менамояд, ки ҷомеа ба нақши созандаи олимон, зиёиён ҳамеша ниёз дошту дорад. Шумо аз зумраи он нафаронед, ки бо навоварӣ,  нуқтасанҷӣ ва борикназарӣ дар рушди соҳаи нақлиёти кишвар саҳми бориз гузоштаед. Маҳз талошу заҳматҳоятон буд, ки як зумра олимони навовару пешоҳанги соҳа таҳти роҳбарии Шумо рисолаҳои номзадиро ҳимоя намуда, имрӯз дар тарбияи шогирдон саҳм мегиранд.  Зиндагиномаю корномаҳоятон саршор аз ибрату омӯзиш аст. Зеро пас аз хатми яке аз бонуфузтарин даргоҳи илмии даврони Шӯравӣ - факултети автомеханикии Институти роҳи автомобилии шаҳри Москав дар вазифаҳои  муҳандис-механик, муаллими кафедраи нақлиёти автомобилии Институти политехникии шаҳри Душанбе сармуҳандиси пойгоҳи нақлиётии №3, роҳбари озмоишгоҳи илмӣ, директори генералии шуъбаи илмию истеҳсолии трести Автотранстехникаи Вазорати нақлиёт собитқадамона фаъолият бурдед. Маҳз самараи меҳнати софдилона, хизмат ба халқу Ватан буд, ки солҳои 1990 – 1995 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будед ва чун ширкаткунандаи фаъол дар Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сулҳу ҳамбастагии кишвар нақши модагор гузоштед. 

Собиқ вазири саноат, иштирокчии бевоситаи Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддинов  Ғаффорхон аз раванди баргузории Иҷлосия ва нақши Бойпочо Фатҳиддинов дар таҳкими дӯстиву рафоқат байни вакилон нақлҳои ҷолиб намуд.

Иҷрокунандаи муовини директори донишкада оид ба таълим, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Абдуқодир Акрамов дар маърӯзаи худ бо номи “Самтҳои асосии фаъолияти илмию педагогии Бойпочо Фатҳиддинов” зикр намуд, ки истеҳсолот ҷавҳари пешбарандаи иқтисодиёти мамлакат ба ҳисоб меравад  ва бе истеҳсолоти пешқадам  рушду нумӯи мамлакатро тасаввур кардан амри маҳол аст.  Дар ҳамон давра зарур будани муттахассиси варзида  Бойпочо Раҳимовичро  дар истеҳсолот, истеҳсолоте, ки самти илмӣ дорад, дарк намуда соли 1974 ба вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳамчун директории ташкилоти илмию истеҳсолии маркази ҳисоббарорӣ ба кор ҷалб намуданд.  Соли 1975 бошад,  директории генералии илмию истеҳсолии муассисаи «Автотранстехника» таъин карда шуд.    

Аз номи пайвандон ходими намоёни давлатӣ Биҳоҷал Раҳимова  зимни суханронӣ аз хислатҳои ҳамидаи соҳибҷашн ёдовар шуда, рӯ ба маънавиёт овардани авлоди бузурги Раҳимовҳоро аз маслиҳату раҳнамоии бародари бузургашон Бойпочо Раҳимович донистанд.

Шогирдону ҳамкорон низ бо суханҳои меҳрборашон соҳибҷашнро табрик намуданд.

Дастагули мусиқӣ ва шеъру таронаҳои дилошӯб хотири аҳли нишастро шод намуд. 

 

30 июли соли равон бори нахуст вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо вазири маорифи Федератсияи Россия Сергей Кравтсов, вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Болотбек Купешев аз тариқи онлайн баргузор гардид.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамтоёни худ аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон масоили татбиқи лоиҳаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо мутахассисони педагогии Федератсияи Россия, ҳамкорӣ дар самти бунёди муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон, омодасозии мутахассисони варзида ва табодули таҷрибаи омӯзгорон дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баррасӣ карданд.

Зимни суханронӣ М. Имомзода аз ҳамкории муштараки ҷойдошта бо кишварҳои фавқуззикр изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки роҳандозии чунин мулоқотҳо барои табодули таҷриба ва ҳалли мушкилоти соҳа мусоидат хоҳад кард.

- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди синфҳои таълимашон бо забони русӣ беш аз 3150 адад буда, дар 5 мактаби олӣ аз рӯйи ихтисосҳои забон ва адабиёти рус мутахассис омода карда мешавад. Дар баробари ин, 160 маркази омӯзиши забони русӣ фаъол буда, талабот ба китобҳои дарсии забони русӣ зиёд мебошад. Соли равон Тоҷикистон барои ба таълим фаро гирифтани 54 нафар омӯзгори рус ба Ҳукумати ин кишвар дархост пешниҳод кардааст ва ба хотири вусъат бахшидани  омӯзиши забони русӣ мунтазам миёни муассисаҳои таълимӣ озмунҳо гузаронида мешаванд, – таъкид кард М. Имомзода.

Вазири маорифи Федератсияи Россия Сергей Кравтсов, вазири маорифи халқи Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон Шерзод Шерматов  ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Болотбек Купешев ба сатҳи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.

Зимни суҳбати вазирон қарор шуд, ки ҳар се моҳ чунин вохӯрӣ сурат гирифта, ҷиҳати ҳалли проблемаву мушкилоти ҷойдошта мубодилаи афкор сурат мегирад.

Ҳамчунин, пешниҳоди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси эълони озмуни беҳтарин мактабҳои русӣ дар давлатҳои иштирокчӣ ҳозирин хуш пазируфтанд ва тасмим гирифта шуд, ки василаи татбиқи он дар оянда коркард ва барои корбарӣ пешниҳод мегардад.

Дар охир М. Имомзода ҳамтоёни худро ба Анҷумани 6-уми омӯзгорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябр баргузор мегардад, даъват намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни суҳбати онлайнӣ сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муъмин Шарифзода, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ва сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода иштирок карданд.

Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан сообщает, что 4-го июля 2021 года в 18:00 часов вооружённая группа движения «Талибан» захватила без боя уезд Хохон провинции Бадахшан Исламской Республики Афганистан.

Санаи 27-уми июли соли 2021, дар толори раёсати донишкада  нишасти матбуотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  бо иштироки васеъи намояндагони васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ баргузор гардид.

Нишастро бо сухани ифтитоҳӣ директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  Дилафрўз Саидӣ оғоз намуда,  дар баромади хеш маълумотномаи мухтасарро оид ба фаъолияти донишкада дар нимсолаи аввали соли 2021 манзури ҳамагон гардонид. (Варакаи иттилоотӣ оид ба фаъолияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд  замима мегардад).

Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар сухани ифтитоҳии худ аз ҷумла таъкид дошт, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, дар амал роҳандозӣ намудани барномаҳои давлатии амалкунанда ва инчунин стратегияҳои давлатӣ вобаста ба таҳсилоти олии касбӣ, баланд бардоштани таълиму тадрис, омода намудани мутахасисони баландихтис ва ғайра тадбирҳо таъхирнопазир андешида, дар ин самт ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии донишкада қадамҳои устувор гузошта шуд.

Дилафрўз Саидӣ гуфт, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд соли ҷорӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 8 ихтисоси нав довталабонро қабул намуд. Аз рӯи ихтисосҳои: дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ, истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ пурра аз рӯи нақша довталабон комёб гардиданд. Дар донишкада дарсҳо дар шакли таҳсили рӯзонаи зинаи бакалавриат ба таври сиклӣ ва шакли таҳсили фосилавии зинаи бакалавриат ба таври муқаррарӣ гузаронида мешаванд. Соли таҳсили 2020-2021 донишкадаро Ҳамагӣ-835 нафар, аз он ҷумла, 795 нафар зинаи бакалавриатро бо шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ, 92 нафар зинаи бакалавриатро бо шакли таҳсили фосилавӣ, 34 нафар зинаи магистратурӣ, 5 нафар зинаи доктарантура (PhD) ва инчунин 1 нафар мутахассисро хатм намуданд. 16 нафар хатмкунандагони зинаи бакалавриат ва як нафар зинаи магистратураро бо баҳои аъло хатм намуданд.Дар донишкада аз соли 2021 6 лоиҳаҳои илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда оғоз гаштааст, ки онҳо низ ба ҳалли муамммоҳои актуалии иқтисоди мамлакат нигаронида шудааст.

Дилафрӯз Саидӣ вобаста ба иштироки донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳо маълумот дода, аз ҷумла зикр аст, ки Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти унвони "Дониш талабу бузургӣ омӯз..." 10 нафар донишҷўёни донишкада фаъолона иштирок намуда, Меҳрангез Зоҳирова-донишҷўйи соли якуми ихтисоси молия ва қарз аз фанни химия ҷои якум ва Қадриддин Ҷураев донишҷўйи курси чоруми ихтисоси технологияи иттилоотӣ ва барномарезӣ аз технологии иттилоотӣ ва Шарифҷон Абдуллоев муҳассили курси 3 ихтисоси идоракунии иқтисодии корхона мақомҳои дуюмро аз фанни аз назарияи иқтисодӣ ба даст оварданд. Дар  олимпиадаи донишҷӯёни МТОК ҷумҳурӣ барои дарёфти “Ҷоми Академия миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”  Икромов Манучеҳр  (2,400101) аз фанни физика ва Ҷураев Қадриддин (4,400101) аз фанни технологияҳои информатсионӣ соҳиби ҷойҳои ифтихории сеюмро ишғол намуданд. Ғайр аз ин, дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” аз рӯи равияҳои математика ва технологияҳои иттилоотӣ дониишҷӯён Эргашбоев Мирҷалол ва Ҷураев Қадриддин ҷойҳои ифтихории 2-юм ва 3-юмро ишғол намуда, бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шудаанд. Дар ҳошияи эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаҳои илму маориф”  даври донишкадавии (якуми) озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” аз рӯи 6 номинатсияҳо - математика, физика, химия, биология, технологияҳои информатсионӣ, ихтирокорӣ ва навоварӣ баргузор гашт.  Озмун дар 3 давра - байни донишҷӯёни гуруҳ, факултет ва донишкада баргузор гашта, ҳамаи донишҷӯёни зина бакалавриат ва магистратура  фаро гирифта шуд. Дар озмуни даври факултетӣ зиёда аз 2000 нафар донишҷӯён иштирок намуда, ба даври донишкадавӣ 120 нафар аз рӯи номинатсияҳои пешниҳодшуда роҳхат гирифтанд. Хурсандиовар аст, ки дар номинатсияи ихтирокорӣ омӯзгорон низ ширкат варзиданд. Дар натиҷаи ҷамбасти даври донишкадавии озмун ба даври дуюм 28 нафар, аз ҷумла 25 нафар донишҷӯён ва 3 нафар омӯзгорон роҳхат гирифтанд. Ҳамаи ғолибони даври якуми озмун аз тарафи раёсати донишкада дар маҷлиси ҷамъбастии озмун бо таври тантанавӣ бо сипосномаҳои директори донишкада ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шудаанд. Дар даври дуюми озмуни “Илм фурӯғи маърифат” (шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) низ донишҷӯёни донишкада дониш ва маҳорати хуб нишон дода, ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд. Масалан, дар озмуни шаҳри Хуҷанд аз 8 нафар - 6 нафар, ноҳияи Б.Ғафуров аз 10 нафар – ҳамаи онҳо, шаҳри Бӯстон аз 2 нафар – ҳамаи онҳо, шаҳри Исфара  аз 2 нафар- ҳардуи онҳо, Истиқлол аз 1 нафар - 1 нафар, Конибодом аз 2 нафар- ҳардуи онҳо, ноҳияи Девваштич аз 1нафар -1 нафар, Шаҳристон аз 2 нафар – ҳарду онҳо сазовори ҷойҳои 1,2 ва 3 гаштанд. Дар умум, аз 28 нафар иштирокчии даври дуюм 26 нафар донишҷӯёни донишкада ҳамчун ғолибони даври дуюм дониста шуда, ба даври сеюми озмун (вилоятӣ) роҳхат гирифтанд, ки ин муваффақияти калони донишкада ба ҳисоб меравад. Ба даври донишкадавии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” пас аз ҷамъбасти давраҳои якум ва дуюм 21 нафар донишҷӯёни лаёқатманд ва бисъёр қироатнамуда ва ҳифзкарда интихоб карда шудаанд. Дар  натиҷа 12 нафар, аз ҷумла 2 омӯзгор ба даври шаҳрӣ (ноҳиявӣ) роҳхат гирифтанд. Ҳамаи ғолибони даври донишкадавии озмун бо сипосномаи директори донишкада ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо қадрдонӣ карда шудаанд. Дар  даври шаҳрӣ омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи донишкада Бобоҷонова Нилуфар сазовори ҷойи дуюм аз ноҳияи Б.Ғафуров (дар номинатсияи адабиёти муосир), Норов Исматулло – омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, ҷойи сеюм аз ш.Хуҷанд ҷойи сеюм, Каримова Хушнуда – донишҷӯи 2,450102ра аз шаҳри Конибодом (дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон) созовори ҷойи дуюм гаштанд.

Дилафрӯз Саидӣ роҷеъ ба самти робитаи донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ маълумот дода, афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ байни ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Созишномаи ҳамкорӣ дар ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзод ва сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк аз ҷониби директори ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина Вадим Осипенко ва директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрўз Саидӣ ба тасвиб расид.

Дар доираи он ҳамкории гуногун дар назар гирифта шудааст. Алалхусус бо ин корхона шартнома оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ба назар гирифта шудааст.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ Дилафрӯз Саидӣ, директори донишкада рӯзноманигоронро барои ҳамкории мутақобилан судманд даъват намуд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки дар нишасти матбуотӣ беш аз 15 нафар намояндагони расонаҳои  хабарии дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла: Афзал Босолиев (ТВ «Азия»), Уғулой Раҷабова (ТВ «7 ситора»), Нуъмони Раҷабзод (рӯзномаи «Омӯзгор»), Тахмина Аюбова  (рўзномаи «Тирози ҷаҳон»), Замир Давлатов (рузномаи «Саломат бошед»), Ҷовиди Аштӣ (рузномаи «Ҷумҳурият»), Алишер Охунов (ОИ «Суғднюс), Гулҷаҳон Турсунзода Сиддиқ (рузномаи «Ҳақиқати Суғд»), «Мавзуна Дадобоева ( ШТР СМ1), Марҳабо Обидова (ШТР «Диёр» ва дигарон иштирок намуданд.

 

 

 

Today at 18:00, an armed group of the Taliban movement occupied the Khwahan County of Afghan Badakhshan Province without a fight, reports the Press Center of the Border Troops of the State Committee for National Security of Tajikistan.

 

 

Дар урфият мегӯянд, ки Ватан аз гаҳвора оғоз меёбад. Ин гуфтаҳо пояи воқеӣ доранд. Дар ҳақиқат, барои ҳар як инсон он ҷое ки хуни нофаш рехтааст, азизу муқаддас аст.

Кишвари биҳиштосои мо Тоҷикистони меҳрпарвар, воқеан ҳам, макони миллати соҳибназарон буду ҳаст. Зеро бо гузашти ҳазорсолаҳо ин миллати куҳанбунёд забон ва асолати хешро гум накард, миллати будани худро эътироф кард.  Ватан ин пораи дили ҳар яки мост. Маҳз мо дар оғӯши Ватан ба камол мерасем. Имрӯз дар ҷаҳон миллату халқиятҳое сукунат доранд, ки бо вуҷуди дорои забон урфу одат буданашон низ соҳибдавлат нестанд. Шукрона аз он мекунем, ки кишвари моро беш аз 195 давлатҳои ҷаҳон чун як Ватани дорои тамаддуни қадимаи ҷаҳонӣ дошта эътироф намуданд.

Албатта, дар тӯли таърих кам набуданд ҳодисаву воқеаҳое, ки ин сарзамин мавриди забту тохтутозҳои душманон нагардида бошад. Вале дар хотираи таърих номи абармардони диёр чун Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Темурмалик, Муқаннаъ, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва ниҳоят сардори давлат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша боқӣ хоҳанд монд.

Барои онҳое, ки ба қадри тинҷиву оромии кишвар намерасанд, гуфтанием, ки ҳамагӣ 30 сол муқаддам бо айби иддае ба ном «равшанфикрон ва ошкоргӯён» қариб буд ин миллат ва ин Ватан аз байн равад. Ҳазорҳо нафар тарки диёр намуда, иҷборан муҳоҷиратро пеш гирифтанд. Маҳз дар ҳамин рӯзҳо барномаи «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар»-и барномаи радиои кишвар онҳоро бо мо мепайваст. Ба шарофати нерӯи ақлонии халқи банангу ори тоҷик бо роҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тинҷиву оромӣ танинандоз гардида, мардум ба зиндагии орому осоишта баргаштанд. Имрӯз таҷрибаи сулҳофарини миллати моро дар институтҳои ҷомеашиносии ҷаҳон чун намунаи беҳтарини баҳамоӣ мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Тайи чанд рӯзи охир сару садоҳо дар мавриди осебпазир будани сарҳади ҷумҳурии мо бо Ҷумҳурии Афғонистон баланд мешуданд. Роҳбари давлат зимни як ҷаласаи корӣ наздики 20 ҳазор афсарону сарбозонро ба хотири назорат ва бехатарии сарҳад ба ноҳияҳои наздимарзӣ бурда, иловатан худ дар машқҳои низомӣ ва намоиши ҳарбӣ ширкат варзиданд.

Cубҳи имрӯз бошад, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи санҷидани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон 100 ҳазор нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ дар тамоми қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда, омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.

Дар чорабинии зикршуда, ки таҳти унвони «Марз-2021» гузаронида шуд, 1023 техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ, 3167 техникаи автомобилӣ ва махсус, 447 воситаи артиллерӣ ва миномёт, 234 воситаи мудофиаи зиддиҳавоӣ, 45 тайёраву чархболҳои ҷангиву нақлиётӣ дар самтҳои амалиётӣ ба минтақаҳои иҷрои вазифаи ҷангӣ бароварда шуданд

Ин чорабинӣ дар тамоми қаламрави кишвар доир шуда, соати ҳафти субҳ бо натиҷаҳои сатҳи баланд ҷамъбаст гардид.

Баъди ҷамъбасти чорабинӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пойгоҳи Гвардияи миллӣ ташриф оварданд. Сарвари давлат аз омодагии  ҷангии афсарону сарбозон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза ҳифз кардани амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ, яъне сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат барои давлатдории мо аҳаммияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад. Ин суханони пурҳарорати Сарвари давлат бори дигар сокинони кишварро ба ҳамдиливу муттаҳидӣ дар атрофи сиёсати бобарори Пешвои муаззами миллат даъват месозад.           

Мояи ифтихори мо устодон ва кормандони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аст, ки барои устодону донишҷӯёни мо фардои Ватан, сулҳу ваҳдат, ободиву осоиштагии мардум бефарқ нест, балки пайваста кӯшиш мекунанд, Ватани хешро дӯст медоранд ва дар оянда ҳам мехоҳанд, ки нафъи худро ба мардум расонанд. Имрӯз дар қатори беш аз 2,5 ҳазор нафар афсарону сарбозон устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд низ дар санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021” ширкат варзиданд. Ба ҷузъ ин мо метавонем даҳҳо нафавр донишҷӯёнро мисол орем, ки аз сари мизи донишҷӯи ба хотири дифои марзум бум бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар пайвастанд. Зеро онҳо худшинос ҳастанд. Худшиносии миллӣ – ин як навъ ҳолати рўҳиест, ки тавассути он шаҳрванд бояд мутааллиқи миллат, давлати сохибистиқлол, соҳиби ватан ва ҳуқуқу озодиҳо будани худро дарк кунад ва онҳоро эҳтиром намояд. Донад, ки вазифаи ў дар назди давлат, ҷамъият ва оила аз чӣ иборат аст. Манфиатҳои худро бо манфиатҳои давлат, ҷомеа ва оила пайваста тавонад.

Тарбияи худшиносии миллӣ – ин ташаккули тафаккури миллии шаҳрванд мебошад, ки он ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрўзаи миллат, аз нав эҳё намудани урфу одат ва анъаноти арзишманди миллӣ, дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, илм ва фарханги миллӣ ва эҳтироми миллатҳои дигарро фаро мегирад.

Умед мебандам, ки минбаъд ҷавонони мо Ватани хешро бештар дӯст медоранд ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Вақте ки сухан дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек меравад, беихтиёр мақоли машҳури «Тилимиз бошқаю дилимиз бир», яъне забонамон дигару диламон як ба хотир меояд. Бояд гуфт, ки ин дӯстӣ реша дар қаъри асрҳо дорад. Дар минтақаи Осиёи миёна халқи тоҷик аз ҳама зиёдтар бо халқи ӯзбек риштаи дӯстӣ ва хешу таборӣ бастааст. Дӯстию рафоқати мо, новобаста ба муҳиту шароит,  садсолаҳо боз идома дорад ва дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистону Ӯзбекистон боз ҳам тақвият меёбад.

Тавре болотар зикр шуд, дӯстии халқҳои мо аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад. Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ чун ду шоҳсутуни адабиёт аз нахустин поягузорони дӯстии миёни тоҷикону ӯзбекон буданд. Ба ҳайси забони давлатдорию коргузорӣ хизмат кардани забони тоҷикӣ дар давлатҳои Темуриёну Шайбониён ва сулолаи Манғитҳо гувоҳи он аст, ки бародарони ӯзбек низ ба халқи тоҷик эҳтироми бузург доштаанд.

Бо гузашти асрҳо анъанаҳои неки Ҷомию Навоиро адибони дигар – Садриддин Айниву Ҳамза Ҳакимзода, Мирзо Турсунзодаю Ғафур Ғулом, Мӯъмин Қаноату Абдулло Орифов, Лоиқ Шераливу Эркин Воҳидов, Ӯрун Кӯҳзоду Ӯткир Ҳошимов ва дигарон идома доданд. Дар миқёси ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ аз ҳама бештар рӯзҳои адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шудааст, ки нишонаи меҳри беандозаи халқи ӯзбек ба адабиёту санъати тоҷик аст.

Дар пешрафт ва нашъунамои кишвари ҳамсоя фарзандони миллати тоҷик саҳми босазо гузоштаанд. Садриддин Айнӣ баробари адабиёту илми тоҷик барои адабиёту илми ӯзбек хизмат намудааст. Қорӣ Мирфаёзи Ниёзӣ, академикҳо Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо, Султон Умаров, кинореҷисёрон Комил Ёрматов ва Давлати Худоназар,

ҳунармандони театру синамо Ҳабибулло Абдураззоқов, Сайрам Исоева,  Ато Муҳаммадҷонов, овозхон Маъруфхоҷа Баҳодуров ва даҳҳо нафар арбобони илму адабиёт, ходимони давлатию ҷамъиятӣ барои пешрафти Ӯзбекистон саҳмгузорӣ намудаанд.

 Хизматҳои фарзандони халқи тоҷик дар азхудкунии заминҳои ташналаби Ӯзбекистон низ кам нест. Ин гуна ҳамкории судманд аз бунёди канали калони Фарғона оғоз шуда, бо гузашти солҳо тақвият ёфтааст. Айни замон дар миқёси кишвари ҳамсоя бисёр шаҳраку маҳаллаҳои бутунро метавон номбар кард, ки дар онҳо собиқ тоҷикони муҳоҷир умр ба сар мебаранд.

Дар навбати худ бисёр комёбиҳои халқи мо бо номи фарзандони  барӯманди миллати ӯзбек алоқамандӣ дорад. Худи ба ёд овардани номи ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ шодравон Абдуғафур Самадов кофист, то бидонем, ки бародарону хоҳарони ӯзбек барои пешрафти Тоҷикистон чи хизматҳои арзанда кардаанд. Вақте ки сокинони минтақаҳои баландкӯҳ дар ноҳияҳои навташкили Масчоҳу Зафаробод сокин шуданд, пахтакорию кишоварзиро ба онҳо маҳз бародарони ӯзбек омӯзониданд.

Ҳар халқу миллатро пеш аз ҳама ба шарофати фарзандони барӯмандаш мешиносанд. Намояндагони илму адабиёт, санъату ҳунар, варзишу сиёсат аз қабили чунин фарзандони ҳар қавму миллат мебошанд. Имрӯз илму фарҳанги тоҷикро бе номҳои Шукур Бурҳонов, Абдулло Қаҳҳоров, Ҷӯрабек Набиев, Ҳоҷибой Тоҷибоев, Абдурауф Олимов, Насиба Абдуллоева, Ӯлмас Ҷамол, Ҷамшед Пиримов, ва дигарон тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Аз касе пӯшида нест, ки дар вақташ зодаи ноҳияи Спитамен Турсунбой Ӯлҷабоев барои пешрафти Тоҷикистон ва обрӯю эътибор пайдо намудани он дар миқёси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бисёр ҷонбозиҳо кардааст. Чунин хизматҳои шоистаи ин нафарон аз нигоҳи заршиноси Президенти кишвари мо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пинҳон намонданд.

Маҳз бо назардошти саҳми бузургашон дар пешрафти хоҷагии халқи Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шодравон Абдуғафур Самадовро Академики  замин  номида буданд. Ба нерӯгоҳи барқи обии Норак номи Турсунбой Ӯлҷабоев гузошта шуд. 

Солҳои мудҳиши 90-уми асри гузашта то ҳол аз хотирҳо нарафтааст. Метавон гуфт, ки дар он давраи ниҳоят вазнин дӯстии миёни халқҳои тоҷику ӯзбек бори дигар аз санҷиши ҷиддӣ гузашт. Сокинони кишвари ҳамсоя он рӯзҳо ғамшарики миллати азиятдидаи тоҷик буданд. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки дар ба даст омадани ва таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистон саҳми халқи ӯзбек низ басо калон аст.

Баҳори соли 2018 дар саҳифаи дӯстии ин ду халқҳо саҳифаи рангине боз шуд. Бо талоши роҳбарони ду давлатҳо дар шаҳри Душанбе 27 созишномаҳои нав баста шуда, додугирифти молу коло ва рафтуомади бемамониати шаҳрвандон аз сар гирифта шуд.

Итминон дорем, ки сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёеев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам густариш ёфтани муносибатҳо заминаи хуб мегузорад. 

 

Муҳаббат Бахтиёрзода, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Субҳи рӯзи гузашта бори нахуст дар таърихи давлатдории навини тоҷик  бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» баргузор гардидИн рӯйдоди муҳим бори дигар аз нерӯмандӣ, пурқувватӣ ва сарҷамъии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, мардуми бонангу ори кишвар, хосса ҷавонон омодаанд, ки ҳар лаҳзаву соат, аз як гиребон сар бароварда, пайи  омодагии марзу буми ин миллати бузург ҳастанд. Бояд иқрор шуд, ки дар саргаҳи ин ҳама тифоқӣ ва тавоноии Артиши миллии кишвар Садри аввалмақоми кишвар, Президенти мамлакат, роҳнамову пешгоми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар кадом шароит ва дар кадом лаҳзаи сиёсӣ таъсис ёфт. Касе гумон намекард, ки Тоҷикистони аз собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷузъ аз чанд танку тӯпи вайрона чизеро мерос нагирифта, имрӯз ба як ниҳоди хеле ҳам пурқудрат табдил ёфтааст. Чанд рӯзи охир бо ширкати бевоситаи Сарвари давлат баргузор шудани машқҳои низоми дар сарҳади кишвар, омодагии ҷангии афсарону сарбозон,  намоиши нерӯву асбобҳои ҷангӣ бори дигар халқи моро ба он ҳушдор дод, ки давлат ва Ҳукумат ягон лаҳза намегузорад, ки душманони ғаддор вориди марзи мо шуда, оромиву осудагии мардумро халалдор намояд. Ба ҳифзи марзу бум мо қудрат дорем ва аҳлию тифоқии сокинон моро дар ин ҷода роҳнамову пуштибон аст. Гуфтанием, ки Миллати тоҷик аз гузаштаҳои худ дарси ибрат гирифтаву як қавму миллат будани хешро амиқ дарк кардааст. Зеро ҳар қавму миллате агар сарҷамъу якдилу якзабон бошад, пас беватану бехона нахоҳад монд. Таърихи ҳастии тоҷикон, ки асрҳои зиёдеро дарбар мегирад бо ваҳдату якдилӣ, зиндагӣ карда, миллати тоҷикро номдору шӯҳратдор ва кишвари мутамаддину устувор ба мо мерос додаанд.

Мо, сокинони саодатманди диёр, дар рӯҳияи баланди хештаншиносӣ изҳор менамоем, ки дар ин марҳилаи созандагию бунёдкории Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи муосир бо ҳисси ифтихори миллӣ худро масъул ва вазифадор медонем, ки баҳри истиқлолияти комили мамлакат, рушду тараққиёти кишвар ва ниҳоят амнитяту осоиши он  дар радифи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм гузорем.

Мо шукри он дорем, ки чунин Пешвои муаззаму қавиирода ва саховатманд дорем. Якдилонаю якзабона ба душманони миллат гуфтанием, ки мо миллати воҳидем ва Ватандориро як гӯшаи имони худ медонем.

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар вазъияти тантанавӣ маросими супурдани Диплом ва нишони академики Академияи муҳандисии байналмилалӣ ба академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои раёсати академия Азизулло Авезов баргузор гардид.

Чорабиниро ноиби раиси Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи муҳандисии байналмилалӣ Мунимҷон  Абдусамадов ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолияти корӣ ва дастовардҳои намоёни мавсуф маълумот дода, қайд намуд, ки Азизулло Авезов фаъолияти меҳнатиашро соли 1973  оғоз намуда, солҳои зиёдеро ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбияи олимони ҷавон бахшидааст. Дар айни замон ба ҳайси профессори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, сармуҳаррири нахустмаҷаллаи илмӣ ˗ техникии “Паёми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон” дар вилояти Суғд, роҳбари бахши вилоятии Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академики Академияи байналмиллалии муҳандисӣ барои рушду нумуи илми муосири Тоҷикистон хизматҳои арзанда намудааст.

Мавсуф муаллифи 14 монография, 12 маводи таълимӣ - методӣ ва 210 мақолаи илмӣ мебошад. Моҳи сентябри соли 1986 Азизулло Авезов дар шаҳри Маскав дар мавзўи “Эффективность энергоснабжения децентрализованных потребителей (на примере Республики Таджикистан)” (Таъминоти самараноки энергетикии истеъмолкунандагони маҳаллаҳои кӯҳӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) рисолаи номзадиашро ва соли 1999 рисолаи докториро дар мавзӯи “Формирование и развитие национальной энергетической системы (на примере Республики Таджикистан)” (Ташаккулёбӣ ва рушди низоми миллии энергетикӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон))  бомуваффақият ҳимоя намуд ва бо Қарори комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Руссия аз декабри 1999 доктори илмҳои иқтисодӣ гардид.

Ҳамчунин директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Рабизода Дилафрeз Саидӣ аз номи устодону донишҷeёни донишкада академик Азизулло Авезовро барои гирифтани ин унвон ва диплом муборакбод намуда, қайд намуд, ки мавсуф аз зумраи олимони мўътабар ва мураббиёни варзидаи муҳаққиқони ҷавон ва донишҷeён маҳсуб ёфта, 48 сол инҷониб пайгирона ва босамар ба фаъолияти илмӣ-таълимӣ машғул аст ва ҳамчун иқтисодшинос дар байни олимони сатҳи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурӣ эътироф гардидааст.  Боиси зикр аст, ки Академияи Муҳандисии Тоҷикистон соли 1991 ҳамчун Филиали Академияи Муҳандисии ИҶШС ташкил ёфта, аз 3 июли соли 1992 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун Академияи мухандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМҶТ) ба қайд гирифта шудааст.

Дар аъзоёии он маслиҳатчиёни академикӣ, докторон ва номзадҳои илм, кормандони шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, муаллифони китобҳои фанҳои дақиқ ва патентҳои зиёд оид ба ихтироот дохиланд.

Алҳол ба ҳайати АМҶТ 32 нафар аёзои пайваста (академикон) ва зиёда 80 нафар аъзоёни вобаста шомиланд, ки аз онҳо 11 нафарашон занон мебошанд. 

Рӯзҳои охир Ҳаракати Толибон, ки қисми бештари Афғонистонро таҳти тасарруфи худ даровардааст, мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори умум ва коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст. Баъзе ҳангомаҷӯёну фурсатталабон, махсусан наҳзатиҳои ифротӣ вазъиятро ба таври ғайривоқеӣ тафсир карда, мехоҳанд дар ҷомеа таҳлука барангезанд ва мардумро аз Толибон тарс диҳанд.

DUSHANBE, 04.06.2021 (NIAT Khovar) – The Press Center of the Border Troops of the State Committee for National Security of Tajikistan reports that contrary to the official statement of the Kyrgyz side, which does not correspond to reality, published in the media, as a result of the work of the Tajik and Kyrgyz Intergovernmental Commission on Delimitation and Demarcation, out of a total length of 986.7 km, 519,9 km of the Tajik-Kyrgyz state border described. One of the remaining undivided sections in this area is the Shatty Pass.