Дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти унвони "Дониш талабу бузургӣ омӯз..." доир гардид, ки дар он 378 нафар донишҷӯёни 35 муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо ҳам рақобат доштанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Олимпиада донишҷӯён аз рӯйи 14 фанни таълимӣ сабқат намуда, донишсанҷӣ намуданд.
Пас аз кори комиссияи аппелятсионӣ натиҷаҳои озмун эълон шуда, маросими ҷамъбасти Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми дар "Кохи Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.
 
Мувофиқи натиҷаи кори комиссия дар байни 35 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи якумро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ҷойи сеюмро Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соҳиб шуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд 10 нафар донишҷўён фаъолона иштирок намуда, Меҳрангез Зоҳирова, донишҷўйи соли якуми ихтисоси молия ва қарз аз фанни химия ҷои якум ва Қадриддин Ҷураев донишҷўйи соли чоруми ихтисоси технологияи иттилоотӣ ва барномарезӣ аз технологии иттилоотӣ ва Шарифҷон Абдуллоев муҳассили курси 3 ихтисоси идоракунии иқтисодии корхона мақомҳои дуюмро аз фанни аз назарияи иқтисодӣ ба даст оварданд.

 

 маҷлисгоҳи Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, роҳбарияти донишкада, олимону донишҷўён конференсияи илмӣ – амалӣи ҷумҳуриявӣ ДПДТТ: “Муаммо ва самтҳои асосии рушди саноати сабуки Ҷумҳури Тоҷикистон ” баргузор гардид.

Конфронсро директори Донишкада Дилафрўз Саидӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки конференсияи имрӯза, ки ба масъалаи рушд ва дурнамои соҳаи саноати сабук дар кишварамон бахшида шудааст, аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Андешаи коршиносон, мутахассисон, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳамчунин намояндагони корхонаҳои итстеҳсолӣ барои рафъи мушкилиҳои соҳа ва афзун намудани дастовардҳои истеҳсолӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зимни супоришу вазифагузориҳо Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад. Ҳамзамон Сарвари давлат таъкид доштанд, ки: «Шиддат гирифтани рақобати тиҷоратӣ миёни кишварҳо моро водор месозад, ки дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, инчунин, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулдоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешем».

Сипас, Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилоят дар мавзуъи “Самтҳои асосии рушди саноати сабук дар вилоят баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки рушди соҳаи саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави кори мавсимиву доимӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он, ҳамзамон бо ин васила баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ асос мегузорад. Бо назардошти ин, саноатикунонии босуръат ва аз кишвари аграрӣ – индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҳадафи чоруми миллӣ қабул гардид. Айни замон дар радифи соҳаи кишоварзӣ соҳаҳои саноати сабук яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи мазкур ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид шуд ва таҳаввулоти бузургро аз сар гузаронд. Аз ҷумла дар самтҳои нассоҷию кешбофӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли матоъ, мебел, пашму пӯст ташаббусу иқдомҳои наҷиби ватандӯстона рӯи кор омада, дар баробари бунёди корхонаҳои нав корхонаҳои мавҷудаи муваққатан аз фаъолият бозмондаву иқтидори истеҳсолиашон камгардида дубора ба кор дароварда ё таҷдиду навсозӣ шуданд.

Таъкид шуд, ки афзалият ва бартарии соҳаҳоии саноати сабуки кишвар, пеш аз ҳама, ба фаровон ва дастрас будани захираи ашёи хом дар дохили кишвар, вобастагӣ надоштан ба воридоти ашёи хом аз хориҷа, таъсис ёфтани шумораи зиёди ҷойҳои нави кор, фароҳам омадани шароиту имконияти васеи бо маҳсулоти хушсифати воридотивазкунанда таъмин намудани аҳолӣ асоснок мешавад.Бартарии дигари соҳаи саноати сабук дар ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтани қувваи қобили меҳнат аз ҳисоби бонувон мебошад. Имрӯз дар соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ нақши дасти муъҷизаофари занону духтарон равшан ба назар мерасад. Рушди соҳаи саноати сабук ҳам имкон фароҳам меорад, ки чи дар шаҳру чи дар деҳот бонувони маҳаллӣ бо ҷои кори хубу аз ҷиҳати ҷисмонӣ начандон вазнин таъмин шаванд. Дар навбати худ ин омил барои паст шудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии оилаҳо мусоидати бевосита хоҳад кард.

Дар ҷараёни конфронс ҳамзамон сармутахасиси раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Толиб Мамадҷонов, профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Аскаралӣ Ишматов, профессори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Азизулло Авезов ва даигарон маърўзаҳои илмӣ намуданд.

Зикр гардид, ки ҳоло соҳаҳои саноати сабук бештар дар заминаи коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва нахи он, пила, пашм, тараққӣ намуда, корхонаҳои бофандагию дӯзандагӣ асосан ашёи хоми ватаниро истифода мебаранд. Вале ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҷуғрофияи саноати сабуки кишвар танҳо бо коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ маҳдуд мешавад.

Айни замон марҳила марҳила сарулибос, пойафзол, матоъ, қолину маҳсулоти қолинӣ дар бозор ҷои чунин маҳсулоти воридотиро ишғол намуда, қисман баъзе намуди онҳо ба хориҷа низ содирот шуда истодаанд. Ин омил, агар аз як тараф нишонаи рушди соҳаи саноати сабук ва саноати хӯрока бошад, аз ҷониби дигар гувоҳи ба стандартҳои ҷаҳонии сифат ҷавобгӯ ва ба рақобат тобовар будани маҳсулоти болозикр мебошад. Тибқи маълумотҳои оморӣ ҳоло маҳсулоти истеҳсоли саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари хориҷии наздику дур содирот карда мешавад.

 

 

 

Ба ифтихори эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи илмӣ – амалии омӯзгорон, муҳаққиқони ҷавон, докторантони PhD, магистрантон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов оғоз бахшида, баён дошт, ки дар доираи ҳафтаи Рӯзи илми тоҷик дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ силсилаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардиданд, ки имрӯз он дар конференсия натиҷагирӣ карда мешавад.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода аз дастовардҳои илмиву истеҳсолии донишкада ҳарф зада, зикр намуд, ки дар донишкада дар самтҳои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла таъмин намудани амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босурати мамлакат, самаранок истифодабарии барқ ва технологияҳои коммуникатсионӣ, гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ корҳои илмию тадқиқотӣ иҷро карда мешавад. Тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ яке аз вазифаҳои асосии донишкада ба ҳисоб меравад. Танҳо дар зарфи 5 соли охир  дар донишкада 23  рисолаҳои номзадӣ, 3 рисолаҳои докторӣ ҳимоя шудааст, ки 70%-и онҳо ба самти илмҳои дақиқ ва техникӣ равона шудааст.  Дар давоми 4 моҳи соли ҷорӣ 1 рисолаи докторӣ аз тарафи Наим Рашидов ва 2 рисолаҳои номзадӣ аз тарафи омузгорон Мазбут Холиқов ва Богдан Левандовский ҳимоя карда шудааст. Дар соли 2020 ва 4 моҳи соли 2021 аз ҷониби омӯзгорон, докторантон ва муҳақиқони ҷавони донишкада зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 10 мақолаҳои сатҳи байналхалқии СКОПУС, 120 мақолаҳои, дар нашрияҳои тақризшавандари КОА ФР ва ҶТ, 8 монографияҳо нашр гардидаанд. 6 шаҳодатномаҳои зёҳнӣ  ва нахустпатентҳо ба даст оварда шуда, 10 санадҳои татбиқи натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ дар истеҳсолот гирифта шудааст.

Сипас ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои ба даст овардани “Ҷоми Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат”, даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, фестивали ҷумҳуриявии муд-2021 “Аз Наврӯз то Наврӯз”, олимпиадаи байналхалқии “Электротехника -2021”, “Ихтироъкорон” ва устодоне, ки шогирдонашон дар афзуннамои дастовардҳои донишкада саҳм гузоштанд, бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти донишкада қадршиносӣ гардиданд.

 

Дар идомаи кори конференсия маърӯзаҳои илмии коромӯзи кафедраи математикаи олӣ ва информатика Нилуфар Бобоҷонова, дар мавзӯи “Баланд бардоштани самаранокии корҳои мустақилонаи назоратшавандаи донишҷӯён дар машғулиятҳои математикаи олӣ дар шароити низоми кредитии таҳсил”, сармутахассиси Раёсати амнияти бехатарии озуқавории вилояти Суғд, номзади илмҳои биологӣ Камолов Н.Ш. дар мавзӯи “Таҳлили истеҳсоли маҳсулоти чорводорию паррандапарварӣ ва ҳалли муамоҳои ҷойдошта дар самти рушди соҳа”, магистранти курси 2 – юми Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон   Ёқубов Ф дар мавзӯи “Роҳҳои сарфа намудани нерӯи барқ дар манзили истиқоматӣ”, магистранти курси 1 - уми Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Баҳронова С.Б. дар мавзӯи “ Воздейств глобализационных процессов на деятельность кредитных организаций”, докторанти курси 1 –уми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Нугманов Н дар мавзӯи “Алгоритмы искуссвенного интеллеккта в цифровой экономике”, магистранти курси 1 –уми  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Насруллоев У дар мавзӯи “Типовые схемы конфигураций СЭС на основе возобновляемых источников энегии на примере Согдийской области” шунида шуд.

Дар қисмати дуюми кори конференсия дар бахшҳои “Саноатикунонии босуръати мамлакат, фаъолияти иқтисодӣ, молиявӣ ва сайёҳӣ ҳамчун омилҳои рушди устувори иқтисодиёт”, “Нақши сохтмон, нақлиёт ва энергетика дар рушди иқтисодиёти миллӣ”, “ Нақши соҳаи хӯрока ва кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ”, “ Нақши илмҳои риёзию табиатшиносӣ дар омода намудани кадрҳои муҳандисӣ” ва “Масъалаҳои мубрами забон ва улуми ҷомешиносӣ”беш аз 70 мақолаҳои устодон, муҳаққиқони ҷавон, докторантони PhD, магистрантон ва донишҷӯён шунида шуд.

Конфернсия дар сатҳи баланди ташкилӣ ба кори худ анҷом бахшид.

 
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ бо мақсади омодагӣ бо ҳолатҳои фавқуллода баргузор гардид.
Сардори мудофиаи граждании донишкада, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ чорабиниро оғоз намуда, аз ҷумла афзуд, ки чорабинии мазкур бо мақсади сайқал додани омодагии ҳайати роҳбарии мудофиаи гражданӣ, фаъолияти комиссияҳо ва неруҳои ғайринизомии Донишкада ба эътино ва амал ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодаи таббию техногенӣ мебошад. Дар ин радиф баланд бардоштани дониш ва малакаи амалии пеш аз ҳама омӯзгорон дар соҳаи ҳифзи кормандон, иқтисодиёт ва ҳудуди Донишкада, ташаккул ва инкишоф додани хислатҳои баландӣ руҳию маънавӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, ҳифзи моликияти давлатию ҷамъиятӣ, тарбия намудани омӯзгорон ва донишчуён дар руҳияи ҳушёрӣ ва фидокорӣ дар ҳифзи марзу бумӣ Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
 
Сипас баъди садо додани “Бонги хатар”-и шартӣ тамринҳо оғоз гардида, корҳои эвакуатсионӣ ва фаъолияти нерӯҳои ғайринизомии Донишкада амалӣ карда шуд. Ҳолати рухдода ва вазъияти бамаломадаро бо истифода аз нерӯҳои ғайринизоми ва қувваҳои дохили донишкадавӣ бартараф карда шуд ва то омадани қувваҳои мудофиаи граждании шаҳр ҳолати баамаломадаро зери назорати пурраи Ситод қарор гирифт.
Сипас гузориши сардори неруҳо ба роҳбари ситод манзур карда шуд.
Баъд аз ба итмом расидани машқи махсуси тактикии мудофиаи граждани Роҳбари машқҳо – сардори мудофиаи гражданӣ, директори ДПДТТХ Дилафрӯз Саидӣ ҷиҳати ташкил ва гузаронидани машқи мазкур фикру мулоҳиза ва хулосаҳои худро ба саҳми иштироккунандагони машқи махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ расонид.
 
Боя қайд намуд, ки дар чорабинии омӯзишии мудофиавӣ полковник Ширин Собирзода, муовини сардори Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд, подполковник Суҳроб Маҳмудов, сардори маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд, подполковник Муҳиддин Абдусамадов, сардори маркази таълимӣ методии Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд, наҷотҳандагони Раёсати КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд, таҳти роҳбарии командири гурӯҳи 3-юми наҷотдиҳии дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии КҲФ ва МГ дар вилояти Суғд капитан Сорбон Саидов ва дигарон иштироки фаъолона доштанд.
 
Таъкид шуд, ки паст намудани хавфу хатар ва пурзӯр гардонидани омодагии аҳолӣ, тайёрии рукнҳои давлатдори ва механизми эътиновии мамлакат ба ҳолатҳои фавқуллода дар ҷомеъаи соҳибихтиёр ва демократии имрузаи мо вазифаест басо пурмасъулу саривақти, ки дар партави ичроиши Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии хатари офатхо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ то ба солҳои 2030 ба амал бароварда шуда истодааст.
Ба иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ туҳфа ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.
 
 

Ба ифтихори 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири тавоно, мубашири сулҳу ваҳдат Мирзо Турсунзода ва шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ дар маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Бузургонро бузургон зинда медоранд” баргузор гардид. Конференсияро шоири халқии Тоҷикистон Фарзона бо ҳузури мунаввараш ранги тозае бахшид.

Устоди кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Шафоат Файзиева чорабиниро ҳусни оғоз бахшид.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов паёми шодбошии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизодаро ба аҳли нишаст расонд. Зимни маъруза мавсуф таъкид дошт, ки  яке аз рукнҳои муҳими соҳибистиқлолӣ ин ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳангу тамаддуни кишвар ва арҷ гузоштан ба хизматҳои шоёни падарону бобоёнамон мебошад. Бузургдошт ва таҷлили 110 – солагии шоири тавонои миллат Мирзо Турунзода ва 80 – солагии Лоиқи бузургвор бозгӯи гуфтаҳои болоист. Бояд ёдовар шуд, ки дар таърихи давлатдори навини тоҷикон дар қатори чандин абармардоне чун Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров номи Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ чун муаррифгарони асили фарҳанг ва маънавиёти тоҷикон бо хати тиллоӣ сабт гардидааст.

Шоираи ширинкалом Фарзона Мирзо Турсунзодаро мубашири сулҳу дӯстӣ дар ақсои олам унвон карда, чанд хотираҳои давраи бачагиашро, ки аз сӯҳбати устод баҳравар шуда буд, нақл намуд. Мавсуф ҳамзамон қайд кард, ки устод Мирзо Турсунзода ва академик Муҳаммад Осимӣ бо ин қадар бузургиву ҳашамат дар шаҳри Маскав зимни дифои рисолаи номзадии модари шоира Бароат Ҳоҷибоева ширкат варзида, ба донишу малакаи яке аз аввалин бонуи рӯй сӯи илм ниҳода баҳои баланд додаанд. Гуфта шуд, ки Мирзо Турсунзода бо шеърҳои таълифнамудаи худ миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифии шоиста намуд. Шоира Лоиқ Шералиро падари маънавӣ ва аз нахустин устодаш шуморида, баён дошт, ки Лоиқ Шералӣ ба ҷомеа назари дигар дошт ва ҳамеша чун шоири хуршеду дарё ба идеяҳои миллӣ содиқ монд. Ӯ шеъре иншо мекард, ки аз дил буду ба дил рафта менишаст. Ватандӯсту миллатгаро буд ва ҷойгоҳи зан ва моддаро муқаддас мешуморид. Чандин таълифоти худро дар ҳавлии банда манзум карда, ҳавзаи хуби адабии шоирони ҷавонро созмон дода буданд.

Донишҷӯёни донишкада аз рӯзгор ва осори муаллима пурсон шуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд. Шоира дар фарҷоми суханронии худ баён дошт, ки саоқат ба илмомӯзӣ, садоқат ба касб шахсро дар ҷомеа соҳибмартаба мегардонад. Бояд ҳар як ҷавон дар ҷомеа мавқеи худро дошта бошад. Аз хиради соҳибхирадон амсоли Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ қарз гиранд. Мавсуф аз ҳавдоси наздимарзӣ изҳори ташвиш намуда, қайд кард, ки ҳама кор ба салоҳ ҳал бояд шавад на ба силоҳ.

Мудири кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Дилбар Ҷӯраева дар баромадаш зикр дошт, ки Воқеан ҳам кас аз осору рӯзгори ин шахсони бузурги миллат огаҳӣ пайдо мекунад, дарк месозад, ки онҳо чӣ гуна ба обу хоки кишвари азизаш муҳаббату самимият доштанд. Як давраи рушду нумӯъи илму фарҳанг ва шинохти аслии миллӣ ба замони фаъолияти доманадори  ҳар ду шоир рост меояд. Устод Мирзо Турсунзода аввалин шоире буданд, ки пас аз мутоилаи “Модарнома”-и Лоиқ Шералӣ бе нашри китоб он касро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда буданд. Мирзо Турсунзода ба насли дуюми адибони садаи бисти тоҷик шомил буда, дар радифи Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Мирсаид Миршакар, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода дар як давраи пур аз тазод ва муборизаҳои дохилӣ ба арсаи адабиёт қадам ниҳода буданд. Устод Лоиқ бошад бо шеъри баланди худ дар қатори дигар шоирони забардасти кишвар амсоли Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар Келдӣ, Камол Насрулло ва Фарзонаи Хуҷандӣ шеъри тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуданд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмуни даври донишкадавии  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Мавлавихонӣ” Ифтихорномаи донишкада супорида шуд.

Чорабинии фарҳангӣ, ки аз ҷониби донишҷӯён омода карда шуда буд, маҳфилро боз ҳам шукӯҳманд намуд.

 
 
Байни ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.
Созишномаи ҳамкорӣ дар ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзод ва сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк аз ҷониби директори ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина Вадим Осипенко ва директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрўз Саидӣ ба тасвиб расид.
Аснои суҳбат ҷонибҳо вобаста ба рушду таҳкими муносибатҳо мубодилаи афкор намуда, созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расониданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин, сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк ва роҳбарияти ҶДММ «Днепроэнергостал» ба меҳмонон доир ба вазъи иқтисодии вилоят ва имкониятҳои мавҷуда маълумот дода, омодагии хешро барои густариши робитаҳо, бунёди корхонаҳои муштарак, коркарди пахта, истифода аз захираву имконоти мавҷуда барои зиёд намудани воридоту содироти маҳсулот, таъминоти хоҷагии қишлоқ бо техникаҳои гуногун ва қисмҳои эҳтиётии онҳо изҳор намуд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин бо изҳори сипос аз истиқболи гарму самимӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва таҳкими муносибатҳо миёни доираи тиҷоратӣ андешаҳои хешро баён дошт.
 
Зимни бастани созимшномаи ҳамкорӣ роҳбарияти ҶДММ «Днепроэнергостал»-и Украина ба директори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Дилафрўз Саидӣ изҳор дошт, ки ширкат омода аст, ки донишҷўёнро барои таҷрибаомўзии амалӣ дар фаъолияти рўзмарраи корхона ҷалб намоянд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки амалишавии бандҳои шартнома аз соли хониши 2021-2022 сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл директори ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина Вадим Осипенко ва муовини ширкати мазкур профессор Сергей Семирягин дар доираи сафари кориашон ба вилояти Суғд ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо дастовард ва аз раванди таълиму тарбияи ин маҳзани илм ошноӣ пайдо намуда буданд.
Ҳамин тавр, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соҳаи шарикии дарозмуддати истеҳсолӣ ва илмӣ ба таҳия ва татбиқи технологияи муосир ҳамкорӣ намоянд. Ҳамкориҳо бо шаклҳои гуногун пиёда карда шуда, дар якҷоягӣ системаи истеҳсолӣ ва илмӣ таъсис дода, ба ин васила сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи техникии байни ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба сатҳи баланд зарурӣ бардошта хоҳад шуд. Минбаъд ҳарду ҷониб нерӯҳои худро барои ташкили гурӯҳи тадқиқотӣ фаъол ва ҳамоҳанг мекунанд ва барои татбиқи муштараки истеҳсолот ва таҳқиқоти технологӣ равона карда мешавад.
 

 

Директори ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина Вадим Осипенко ва муовини ширкати мазкур профессор Сергей Семирягин дар доираи сафари кориашон ба вилояти Суғд ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо дастовард ва аз раванди таълиму тарбияи ин махзани илм ошноӣ пайдо намуданд.

Дилафрўз Саидӣ, директори ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ меҳмононро ба ҳузур пазируфта, нахуст доир ба донишкада ва дастовардҳои он маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ки дар сохтори донишкада 4 факултет, 13 кафедра, 4 марказ ва 9 шуъба амал менамоянд. Дар донишкада ба миқдори умумӣ: 167 синфхонаи таълимӣ, 36 озмоишгоҳи таълиму таҳқиқотӣ, 26 синфхонаи компютерӣ, 5 синфхонаи лингафонӣ, 2 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 1 технопарк, 3 толори маҷлисӣ, 3 китобхона, 3 қироатхона мавҷуд аст ва дар умум, ба як донишҷӯ 7,03 метри мураббаъ рост меояд. Пешрафти таҳсилу тадрис ва баланд бардоштани сатҳи сифати таълим яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаи муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, он дар радифи сохторҳои дигари марбут ба маорифи кишвар ҳамчунин тавассути муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, танзим ва амалӣ сохта мешавад. Бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳову барномаҳо шуъбаи таълим бо ҳамбастагии дигар шуъбаҳову сохторҳои донишкада якчанд чорабиниҳоро ташкил ва гузаронид, ки мақсади он баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва рушди таҳсилоти олии касбӣ равона карда шуда буд.

Дилафрўз Саидӣ гуфт, ки танҳо соли 2020 аз рӯйи натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии иҷронамудаи устодон 5 патент ва шаҳодатномаи зеҳнӣ аз он ҷумла 11 тадбиқи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба даст оварда шудааст. Дар соли 2020 аз тарафи олимони донишкада зиёда аз 11 санадҳои татбиқ гирифта шуд. Соли 2020 аз тарафи омӯзгорони донишкада 259 мақола дар сатҳи гуногун чоп гардидаанд, ки аз онҳо 62 мақола дар маҷаллаҳои аз тарафи КОА эътирофгардида, 107 мақола дар маҷмӯаҳои конференсияҳои байналмилалӣ, 84 мақола дар сатҳи маҷмӯаҳои ҷумҳуриявӣ ва 7 мақола дар Scopus чоп гардидаанд.

Сипас меҳмонон аз озмоишгоҳ, китобхона ва парки технологии донишкада аз наздик шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки яке аз самтҳои муваффақи донишкада ин Парки технологӣ мебошад, ки барои ҳар чӣ бештари ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқи донишгоҳ ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва ихтироъкориву инноватсионӣ нигаронида шудааст. Айни замон заминаи моддию техникии паркро, асосан озмоишгоҳҳои кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология, ошхона, сехи дӯзандагӣ дар бинои факултети информатика ва энергетика, ки бо дастгирии донишкада сохта шудааст, устохонаи хизматрасонии компютерӣ ва устохонаи таълимии кафедраи автомобилҳо ва идоракунии нақлиёт ташкил медиҳанд. Тавассути грант барои истеҳсоли маҳсулоти нонӣ таҷҳизоти лозима ба кор дароварда шуда, истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ба роҳ монда шуд. Ҳоло маҳсулоти истеҳсолшуда дар ошхона ва ба донишҷӯён ба фурӯш бароварда шуда истодааст. Соли 2020 дар парки технологӣ курсҳои бозомӯзӣ, ба монанди “Дӯхти либос”, “Забони англисӣ” ташкил карда шуданд, ки донишҷӯён ба ин курсҳо иштироки фаъолона доранд. Барои дастгирии бизнес-идеяҳои донишҷӯён парки технологӣ озмун ташкил намуд. Дар озмун унвонҷӯён ва донишҷӯён иштирок намуданд. Аз байни ин озмунҳо 3 лоиҳа аз тарафи парки технологӣ маблағгузорӣ карда шуд

Таъкид гарид, ки барои дастгирии идеяҳои инноватсионӣ озмуни дигар ташкил карда шуда, барои дастгирии 3 лоиҳа қарор қабул карда шуд: туҳфаҳои худсохт, таъмири трансформаторҳо ва маҳсулоти дастии бофташуда.

Директори ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина Вадим Осипенко ва муовини ширкати мазкур профессор Сергей Семирягин бо раёсати донишкада низ мулоқот анҷом дода, таасуроти амиқи хешро аз ин боргоҳи илму маърифат баён доштанд. Зикр гардид, ки донишкада дар муддати кўтоҳ ба як қатор дастовардҳои арзанда мушарраф гардидааст ва он шоёни таҳсин аст. Бахусус дар самти ихтирооти гуногун ва татбиқи илм дар амалия қадамҳои устувор гузошта шудааст.

Профессор Сергей Семирягин, муовини директори ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина зикр намуд, ки дастовардҳои донишкада ва маҳсули фаъолияти он намунаи олии таҷриба барои бархе донишгоҳҳои Украина аст. Мо ҳамзамон имкон дорем, ки устодони донишкадаро ба такмили ихтисос фаро гирифта, мубодилаи таҷрибаҳои илмӣ намоем ва дар самти таъсиси корҳои хурди муштарак замина гузорем.

Дилафрўз Саидӣ, директори ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ гуфт, ки сирри муваффаққияти донишкада аз иҷрои босамари дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф мебошад. Ҳар як суханронӣ, баромадҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо дастури раҳнамоӣ ва нақшаи фаъолияти рӯимизӣ аст. Мо ҷонибдори рушди бештари ҳамкориҳо ҳастем ва барои густариши равобит дар ҳарду ҷониб имкониятҳои зиёд аст ва бояд аз он фаровон истифода бурд.

Сипас, аз ҷониби Дилафрўз Саидӣ, директори ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ Сергей Семирягин, муовини директори ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина Шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳамин тавр, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соҳаи шарикии дарозмуддати истеҳсолӣ ва илмӣ ба таҳия ва татбиқи технологияи муосир ҳамкорӣ намоянд. Ҳамкориҳо бо шаклҳои гуногун пиёда карда шуда, дар якҷоягӣ системаи истеҳсолӣ ва илмӣ таъсис дода, ба ин васила сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи техникии байни ширкати «Днепроэнергостал»-и Ҷумҳурии Украина ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба сатҳи баланд зарурӣ бардошта хоҳад шуд. Минбаъд ҳарду ҷониб нерӯҳои худро барои ташкили гурӯҳи тадқиқотӣ фаъол ва ҳамоҳанг мекунанд ва барои татбиқи муштараки истеҳсолот ва таҳқиқоти технологӣ равона карда мешавад.

Дар анҷоми мулоқот Дилафрўз Саидӣ, директори ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ ба меҳмонон тўҳфаҳои хотиравӣ, ки маҳсули дастранҷи ин махзани илм аст, тақдим намуд.

 
 
 
 
Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд Андрей Варламов, роҳбарият ва устодони донишкада, олимони соҳаи иқтисодиёт конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Дурнамо ва омилҳои рушди устувори иқтисоди Россия ва Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дилафрўз Саидӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конфронсро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо зикр менамоянд, ки “Россия барои Тоҷикистон шарики табиии стратегӣ мебошад, ки ин муносибатҳо ҳамеша дар стратегияи сиёсати хориҷии мо ҷойгоҳи афзалиятнокро ишғол хоҳанд кард. Мо ба вазъи робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия, ки ба рушди устувори он робитаҳои наздик ва доимии сиёсӣ дар сатҳи олӣ мусоидат мекунанд, баҳои баланд медиҳем. Ҳамкории муассири кишварҳои мо дар доираи ИДМ, СААД, СҲШ, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ боз як намунаи шарикии эҷодии Тоҷикистон ва Русия мебошад. Боварӣ дорам, ки кишварҳои мо метавонанд муносибатҳои ҳамкории худро, ки ба манфиатҳои асосии ду давлат ва халқҳо ҷавобгӯ мебошанд, бо такони нави мусбат, хусусан дар соҳаи рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ пур кунанд ва онҳоро ба сифатан нав бароранд, ба сатҳе, ки ба потенсиали ғании мо мувофиқ аст. Мо азм дорем, ки барои ноил шудан ба ин саъй намоем”.
 
Дилафрўз Саидӣ ҳамчунин ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар низ ишора карда, таъкид дошт, ки барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия имрӯзҳо механизмҳои зиёди ҳамкорӣ вуҷуд доранд. Таъкид шуд, ки масоили вобаста ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарики калидии стратегӣ — Федератсияи Россия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса доштанд ва хоҳанд дошт. Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия ва зарурати идомаи талошҳои ҷонибҳоро ҷиҳати тавсеа бахшидан ба ҷанбаи тиҷоративу иқтисодии онҳо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ Сарони давлатҳо қарор доранд.Соҳаҳои энергетика, коркарди маъданҳо, комплекси агросаноатӣ ва дигар соҳаҳои бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси самтҳои ояндадори муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ шудаанд. Ҳамасола ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳарду кишвар низ таваҷҷуҳи лозима ҷалб мешаванд.
Дар баробари ин Русия ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо омӯзгорони забони русӣ, китобу воситаҳои таълимӣ, инчунин дар кишвар тавсеа бахшидан ба шабакаҳои макотиби таҳсилоти миёна ба забони русӣ ҳавасманд аст.
 
Дилафрўз Саидӣ гуфт, ки ба истиқболи 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори иқтисодӣ, профессор Абдушукур Назаров монографияи коллективӣ бо ҷалби устодони улуми иқтисодии Россияи ва Тоҷикистон марбут ба омилҳо ва дурнамои ҳамкории ин ду давлати стратегӣ таҳти унвони “Дурнамо ва омилҳои рушди устувори иқтисоди Россия ва Тоҷикистон” ба нашр раисд, ки он дар ҷараёни конфронс рўнамо мегардад.
Сипас дар ҷараёни конфронс Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд дар мавзӯи “Нақши ҳамкориҳои стратегии Россия ва Тоҷикистон дар рушди иқтисоди вилояти Суғд”, консули генералии ФР дар вилояти Суғд Андрей Варламов дар мавзӯи “Нақши монографияи коллективӣ “Дурнамо ва омилҳои рушди устувори иқтисоди Россия ва Тоҷикистон” дар рушди ҳамкориҳои стратегӣ байни Россия ва Тоҷикистон”, Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷменти ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ Абдушукур Назаров дар мавзӯи “Ташаккулёбии монографияи коллективии ““Дурнамо ва омилҳои рушди устувори иқтисоди Россия ва Тоҷикистон” , доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи ДДҲБСТ Абдулатиф Раҳимов дар мавзӯи “Баҳодиҳӣ ба монографияи коллективии олимони ФР ва ҶТ “Дурнамо ва омилҳои рушди устувори иқтисоди Россия ва Тоҷикистон”, директори Донишкадаи таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Елена Ялунина “Монографияи коллективӣ дар мавзӯи “Дурнамо ва омилҳои рушди устувори иқтисоди Россия ва Тоҷикистон”ҳамчун натиҷаи ҳамкориҳои олимони ФР ва ҶТ” маърўзаҳои илмӣ намуданд.
Кори конфронс дар бахшҳои алоҳида идома ёфт.
 
 

Дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар ҳошияи баргузории озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ҳамчунин озмуни ҳамасолаи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” миёни омӯзгорон ва донишҷӯён дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Дар озмун 12 лоиҳаи инноватсионӣ аз ҷониби донишҷӯён пешкаши аҳли ҳакамон гардида, ҳамзамон барои такмили лоиҳа аз ҷониби устодони дар толорнишаста низ дастурҳои судманд дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки аксарияти лоиҳаҳои пешкашгардида барои хоҷагии халқи кишвар зарурӣ буда, дар сурати татбиқи амалии он метавон чанд мушкиливу муаммоҳои соҳаро ҳал намуд. Махсусан лоиҳаи пешкашнамудаи донишҷӯёни ихтисоси 4.40.01.01та Ҳакимхоҷаев Низомиддин , Султонов Беҳрӯз, Илҳомҷон Сулаймонӣ ва Холиқов Абубакр таҳти унвони “Мактаби электронии Тоҷикистон” шоистаи дастгирӣ аст. Онҳо дар қиёс ба ҳамсафони худ холҳои бештарро соҳиб гардиданд.  Ҳамин тавр лоиҳаҳои Охунова Мунзифа, омӯзгор таҳти унвони “Бинои функсионалӣ”, 10       Охунов Зафар, омӯзгор таҳти унвони “исследование и разработка пенополистирольних плит и торкрет – бетона для трехслойных изделий и констррукций”, Пайрав Очилзода, донишҷӯи ихтисоси1.40.01.01 таҳти унвони “Robotics” ва Толибӣ Зулолабону Мухсинзода, донишҷӯи ихтисоси         3_74.02.06.тб таҳти унвони “Технологияи инноватсионии парвариши ҷулфинай дар гармхона” холҳои бештарро соҳиб гардиданд.

Дар назар аст, ки ғолибон дар даври вилоятиву ҷумҳуриявии озмуни навоварон ва ихтироъкорон Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро сазовор муаррифӣ мекунанд.  

 

Ба ифтихори 76 – умин солгарди ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ субҳи имрӯз дар майдони муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 маросими гулчанбаргузорӣ ва чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Дар қатори дигар муассисаву ташкилотҳо ҷомеаи меҳнатии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳти сарварии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар ин чорабинӣ ширкати фаъолона дошта, бо гулгузорӣ дар пойи муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 1945 қаҳрамонони ҷангро бо некӣ ёд карданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намуданд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардум дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Бо нишони қадрдонии диловарию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 19 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гаштанд.

 

Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” санаи 20 апрели соли 2021 дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ Фестивали шаҳрии “Сад ранги чакан” баргузор гардид.

Дар Фестивали мазкур 12 нафар донишҷӯдухтарони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат варзида, мақомҳои шоистаро касб намуданд.

Дар ин озмун донишҷӯи курси 1 ихтисоси экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ Меҳрангез Исмоилзода дар бахши “Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона” сазовори ҷойи аввал ва донишҷӯи курси 1 ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ Азиза Муҳиддинова дар бахши “Беҳтарин либоси рӯзмарра” сазовори ҷойи сеюм гардиданд.