Дар толори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии илмӣ-маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст номаи табрикотии директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд. Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазое ҷашн гирифта мешавад, ки маъракаи муҳиму тақдирсози кишвар-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ифодагари сарҷамъиву муттаҳидӣ ва якдиливу якмаромии тамоми сокинони кишвар ҷамъбаст гардида, халқи хирдаманду дурандеш ва заҳматпешаи кишвари маҳбубамон бо умеду боварии комил барои фардои неку шукуфоии Ватан ва зиндагии босаодату шоиста қадами устувору созанда мегузорад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳафт соли оянда ба маснади арзандаи хеш аз нав интихоб гардиданд ва баргузории маросими бошукуҳи савгандёдкунии Президенти навинтихоби халқ бори дигар аз сулҳу ваҳдати комил, ки дар Тоҷикистон пойдору устувор аст, дар арсаи ҷаҳони башорат дод.
Иттилоъ дода шуд, ки таърихи бистунуҳсолаи кишвари соҳибистиқлоламон пур аз тазоду мушкилот, бурду бохт ва пастиву баландиҳо буд. Мо аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосӣ эълон намуда, тавонистем, ки ба шарофати дастгирии самимона ва кӯшишу заҳмати мардуми ватандӯсту қавииродаамон рушди пайваставу устувори иқтисодии мамлакатро таъмин намоем.
Зикр гардид, ки дар ҳама давру замон нақши ҷомеасозиро шахсиятҳое бозидаанд, ки дар лаҳзаҳои вазнину сарнавиштсоз тақдири давлату миллати хешро бар дӯши худ гирифта, ононро ба масири ободиву созандагӣ баргардондаанд. Воқеан, ҳамин гуна хидматро барои миллати мо дар даврони пасошӯравӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом додаанд. Ин гуна шахсиятҳои давлатсозу сиёсатмадор иддае аз қобилиятҳо ва сифотеро дороанд, ки дар муваффақ будани онҳо ҳамин гуна сифатҳо метавонанд нақши калидӣ дошта бошанд. Дар замири шахсияти Роҳбари Давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қобилияту сифатҳои зиёде вуҷуд доранд, аммо умдатарин ва бунёдитарини онҳо сифатҳои фаросат, ҷасорат, устуворӣ ва мардумият ба ҳисоб мераванд, ки дар тамоми даврони фаъолияти ин бузургмарди миллӣ ифода гардидаанд.
Бидуни шубҳа корномаҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи барҷастаи давлатдорӣ ва ватандўстӣ дар минтақаву арсаи ҷаҳон арзёбӣ гардидааст, зеро наҷотбахши миллати тоҷик ба саҳнаи сиёсат баҳодурона қадам ниҳода, тавассути Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои хоинонро решакан ва барбод доданд.
Сипас барномаи фарҳангии фарогирии шеъру таронаҳои ватандӯстона ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.

Дар идомаи боздид аз муассисаҳои олии шаҳри Хуҷанд Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода аз яке аз тадрисгоҳҳои маъруфи кишвар-Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни таълиму тадрис дар факултети информатика ва энергетикаи ин муассисаи олӣ шинос гардид. Маълум шуд, ки дар синфхонаҳо тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ риоя шудааст ва тибқи тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳо ҷараён дорад.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин аз лабараторияи манбаъҳои барқароршавии энергия ошноӣ пайдо намуда, бо донишҷўён суҳбати озоду самимӣ намуд.
Зимни иштирок дар машғулияти назариявии барномасозони оянда Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз эҷоди барномаҳои ҷавобгў ба талаботи замони муосир дар донишкада тавсиф намуда, зикр дошт, ки маҳсули эҷоди устодону донишҷўёни ин муассисаи олӣ якчанд сол инҷониб дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат васеъ истифода мешавад. Аз барномасозони оянда даъват ба амал оварда шуд, ки мутобиқ ба талаботи ҷомеа, бахусус барои корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таълимӣ барномаҳо ихтироъ ва он дар истеҳсолот ба кор бурда шавад. Таъкид шуд, ки барои ин амал иқтидори зеҳнии устодону донишҷўёни донишкада мерасад, зеро ин муассисаи олӣ яке аз пешрафтатарин боргоҳи илму маърифат дар мамлакат арзёбӣ мегардад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода аз фаъолияти сехи нонпазии назди Парки технологии донишкада шиносоӣ пайдо намуд. Иттилоъ дода шуд, ки сехи нонпазӣ дар заминаи таҷҳизоти муосири истеҳсоли кишвари Олмон роҳандозӣ гардида, он бо маблағи 40 ҳазор доллари амрикоӣ тибқи барномаҳои лоиҳавии устодон вориди донишкада карда шудааст.
Донишҷўён дар маҳфилҳои ҳунаромўзӣ маҳорати нонпазиро дар ин ҷо омўхта анвои гуногуни маҳсулоти нониро дар сехи мазкур истеҳсол мекунанд. Дар баробари таъминоти устодону донишҷўёни донишгоҳҳо маҳсулоти ин сехи нопазӣ ба мағозаҳои шаҳр низ барои фурўш дастрас карда мешавад.
Раҷаббой Аҳмадзода ба маҳорати нонпазӣ ва анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ аз ҷониби донишҷўён, бахусус писарон баҳои баланд дода, онро ибратомўз хонд. Таъкид шуд, ки ҷиҳати рушди чунин маҳфилҳои ҳунаромўзӣ тадбирҳо андешида шавад.

Ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Муҳаммадюсуф Имомзода ташриф оварда, дар баробари шиносоӣ пайдо намудан аз фаъолияти донишкада бо роҳбарони муассисаҳои олии вилоят суҳбати муфид анҷом дод.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Муҳаммадюсуф Имомзода ба роҳбарони муассисаҳои олии вилоят роҷеъ ба бардоштани сифати таҳсилот, нерӯйи зеҳнии устодони донишгоҳҳо, тарғиби ихтисосҳо дар давраи қабули довталабон тариқи ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳо ҷиҳати амалӣ намдани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», омодагӣ ба Наврӯзи байналмилал, корҳои бунёдкорӣ ва бо дастоварди арзанда истиқбол намдуани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру машваратҳо дод.
Ҳамзамон ҷиҳати иҷрои қонунгузории маориф ва риояи интизоми меҳнат дар муассисаҳои олӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи 24 - уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндаи КИМ ҲХДТ Муъмин Шарифзода, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ва вакилони конференсия доир гардид.
Чорабиниро раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Наим Маликисломӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Вакилон пас аз тасдиқи ҳайати Раёсатии кории конференсия, рӯзномаи кори конференсия, ҳайати комиссияи мандатӣ, ҳайати котибот, ҳайати таҳририя, регламенти кории конференсия, тасдиқи ваколати вакилони конференсия ба баррасии масъалаи якуми рӯзномаи кори конференсия шурӯъ намуданд.

Наим Маликисломӣ дар бораи омодагии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, зикр дошт, ки интихобот марҳилаи тақдирсоз барои ҳар як миллат маҳсуб меёбад. Маҳз пешрафт ва шукуфоии миллат аз чигунагии натиҷаҳои интихобот вобастагии калон дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби пешрав ва мавқеи устувор дар ҷомеа дошта аз он ифтихор дорад, ки номзади пешбарикардаи худ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он нуктаҳои Барномаи пешазинтихоботии худро сарбаландона иҷро намуданд. Ва ҳамаи мо хуб медонем, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш Сарвари давлат дар баробари таҳлили вазъи иқтисодӣ, сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёт, мактабу маориф, бахшҳои кишоварзиву соҳибкорӣ ҳамзамон аз нуктаҳои Барномаи амали хеш ёдовар шуданд. Президенти мо ташаббускори иқдомҳои башардӯстонаву хайрхоҳона дар мавриди истифодаи оқилонаи об буда, се пешниҳоди аҳамияти байналмилалӣ доштаашон шурӯъ аз соли 2003 аз ҷониби бонуфузтарин ташкилотҳои байналмилалӣ ва мамлакатҳои пешрав дастгирии ҳамҷониба ёфт. Маҳз бо иқдоми сулҳпаваронаи Пешвои муаззами миллат дӯстии тоҷикону ӯзбекон баъд аз 24 соли ҷудоӣ дар арафаи баҳори соли 2019 дубора барқарор шуд.

Раиси шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарипов, раиси кумиҷроияи ибтидоии ба номи Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Саидӣ зимни музокира баён доштанд, ки марҳилаи муҳими сиёсӣ фаро расидааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар доираи идрок ва фаҳмиши худ ояндаи худро интихоб намояд. Онҳо ҳушёр буданду мусаллаҳ будан бо дониши сиёсиро бурди ҳар як шаҳрванд донистанд.
Аъзои кумиҷроияи марказии ҳизб Муъмин Шарифзода таассуроти худро аз ҷаласаи Кумиҷроияи Марказии ҳизб ироа дошта, баён дошт, ки роҳбарияти олии ҳизб вазифаҳои ҳизбиёнро пешорӯи интихобот муайян карда, аз фаъолон даъват ба амал оварданд, ки бештар рӯ ба мардум ниҳанд ва аз мушкиливу муаммоҳои онҳо огоҳ бошанд.
Фирӯза Нуруллозода дар баромадаш аз омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба маъракаи сиёсӣ ва ҳамкории мақомоти иҷроия бо кумиҷроияи шаҳрии ҳизб сухан ронда, зикр намуд, ки мақомот дар баргузории ҳамагуна чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ пеш аз ҳама ба ин ташкилоти муқтадир такя мекунад ва боварии комил дорем, ки мо дар ҳамҷоягӣ ин маъракаро дар сатҳи баланд доир менамоем.

Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Директори ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ устодон ва собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳро бо Рӯзи Артиши миллӣ табрку таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки имрўз ҳамаи мо бисту ҳафтумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани азизамон ҷашн мегирем. Ҳамаи шуморо ба муносибати бисту ҳафтумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис-тони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, бароятон дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф - ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат комёбиҳо орзу менамоям. Воқеан 23 феврали соли 1993 дар таърихи соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ саҳифаи тозае боз гардид.
Дилафрӯз Саидӣ таъкид намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд. Ҳанўз бисту ҳафт сол пеш ба дўши ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иҷрои вазифаҳое вогузор гардид, ки сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар аз ҳалли онҳо вобаста буд. Мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили нерўи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд.
Зикр гардид, ки ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ - фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвари азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд. Дар даврони муқовиматҳои мусаллаҳона ва саркўб намудани ошўбҳои исёнгаронаи хоинону душманони миллати тоҷик ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷони худро аз даст доданд. Давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромўш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.Мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки фазои орому осудаи имрўзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст. Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Таҳаввулоту ҳодисоте, ки вақтҳои охир дар дунё ба амал омада истодаанд, моро ҳушдор медиҳанд, ки ҷиҳати ба талаботи рўз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешем ва иқтидори мудофиавии мамлакатро боз ҳам баланд бардорем».
Дар анҷоми суханронии худ Дилафрӯз Саидӣ ҳамагонро бори дигар ба ифтихори бисту ҳафтумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон рўҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу намуд.
Сипас, Спартакидаи устодон ва кормандон барои ба даст овардани Ҷоми директори донишкада натиҷагирӣ шуд. Ҳамин тавр, ҷойи аввал насиби дастаи факултети информатика ва энергетика гардида, мақоми дуюмро раёсати донишкада ва зинаи сеюмро факултети муҳандисӣ ва иқтисодӣ ба даст оварданд. Ба ғолибон Ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Дилафрӯз Саидӣ, директори донишкада тақдим гардид.


Барномаи рангини консертӣ ки аз ҷониби бонувони донишкада манзур гардид, табъи ҳозиринро болида намуд.

Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи навбатии кумитаи иҷроияи ибтидоии «Муҳаммад Осимӣ» дар назди кумитаи маҳаллаи «Бофанда» бо иштироки аъзоёни фаъоли ҳизб баргузор гардид.
Дар кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ширкат варзида, суханронӣ намуд.
Дар ҷараёни кори Конференсия масъалаҳо вобаста ба рафти обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ, дар бораи муқоисакунии аъзои ҳизб, идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва интихоби вакилон ба Конференсияи XXIV ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷамъбаст якчанд фаъолон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои кумиҷроияи шаҳрӣ қадршиносӣ гардиданд.

Дар баромади Аминҷон Шарифзода таъкид шуд, ки интихоботи навбатӣ аз ҳар як узви ҳизб масъулиятнокиву дониши баланди сиёсиро тақозо мекунад. Бояд ки зимни ташвиқу тарғибот ахборотчиён аз татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб, ки тавъаманд бо стратегияҳои давлатанд сухан ронанд. Ба сифати аъзои узви пешрав ва ҳимоякунандаи манфиатҳои миллӣ бояд мавқеи мустаҳкам дошта бошанд.
Аз рӯи масъалаи дуюми кори рӯзномаи конференсия иштирокчиёни конференсия 54 нафар вакилонро ба конференсияи 14- уми Кумитаи иҷроияи вилоятӣ, ки санаи 21 август доир мешаванд, пешбарӣ намуданд.

 

Эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, тарғиби ҳунарҳои миллӣ қисми таркибии ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз гузаштагон мебошад ва бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир гаштааст. Арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва гиромидошти анъанаву суннатҳои ниёгон барои баланд шудани ҳувияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ мусоидат менамояд.

Барои баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойи корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарон, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар як қатор тадбирҳои созанда андешида шуда истодааст.

Санаи 14 феврали соли ҷорӣ дар толори донишкада Фестивал-озмунҳои “Атласу адрас” ва “Чакомаи гесӯ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Бо ифтихори баланд қайд гардид, ки бо ибтикор ва ғамхории директори донишкада муҳтарама Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дар раванди таълиму тарбия имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст.

Дар Фестивал-озмун маҳсули дастони донишҷӯдухтарони ҳунарманди ихтисоси технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ пешкаш гардид. Аъзои ҳакамон дар ҳайати зерин ба ҳунари тарроҳони ҷавони донишкада - зебогӣ, яъне намуди эстетикӣ ва дизайни либос, нотакрорӣ ва ғайримуқаррарӣ, ҳалли тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдузии дастӣ ва қуроқдӯзӣ, интихоби ашёҳои ороишӣ ва ҳамчунин мӯйдарозон баҳогузорӣ намуданд:

Дадобоева Мунаввара Исломовна - директори маркази таълимии шаҳри Хуҷанд, аъзои шӯрои бонувони вилояти Суғд,

Робия Розиқова – сармуҳаррири рӯзномаи “Нилуфар”,

Негматова Мукаррама – собиқадори меҳнат, аъзои шӯрои бонувони вилояти Суғд,

Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна – мудири шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон

Ҷӯраева Замира Абдувалиевна - сардори шуъбаи илм ва инноватсияи донишкада

Бобоева Таиба Раҳматовна – мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ

Темирова Хайринисо Исломовна – омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ

Толори донишкада намуди идона дошта, ба аҳли нишаст руҳияи идона бахшид. Иштирокчиён – тарроҳони ҷавони донишкада дар намоиши либос аз матоъҳои атласу адрас дар бахшҳои “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси идона” ҳунар ва малакаи хешро нишон доданд. Инчунин ороишу парвариши муй ва дар доираи расму оинҳои миллӣ намоиши гесӯи дароз пешкаши аҳли нишаст гардид. Ба аҳли толор намоиши саҳнача, ки талқингари либоси миллӣ мебошад, писанд афтод. Сурудҳои “Атласи тоҷик”, “Базм”, бадеҳаи “Куртаи атлас дорӣ” бо маҳорати баланд сароида шуда, табъи ҳозиринро болида намуд. Рақсҳои “Пайки сафед”  ва “Зебанда атлас” ба чорабинӣ шаҳомати хоса бахшид.

Дадобоева Мунаввара Исломовна  - директори маркази таълимии шаҳри Хуҷанд, аъзои шӯрои бонувони вилояти Суғд дар ҷамъбасти Фестивал-озмун зимни суханронӣ иброз дошт, ки барои мардуми мо фарҳанги баланди оиладорӣ ва либоспӯшӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ мебошад. Либоси миллии тоҷикӣ бошад, дар аксари кишварҳои шарқ ба либоси миллии халқияту миллатҳои дигар табдил ёфтааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки куртаҳои атласу чакан, тоқиву рӯймол, ҷома ва дигар либосҳои миллӣ дар худ беҳтарин рамзҳои зиндагии аҷдодони барӯманди моро таҷассум намудаанд. Албатта вобаста ба давру замон завқи либоспӯшӣ ва худи либоси инсонҳо низ тағйир меёбад. Вале новобаста ба ин, либоси миллӣ ҳамчун як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ боқӣ мемонад. Мо бояд дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа либоси миллии худро, ки муаррифгари таърих ва маданияти мост, талқин намоем.

Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна – мудири шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон зимни баромади хеш аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳарчӣ бештару беҳтар аз ҳунару фарҳанги бойи миллиамон огоҳ бошанд ва барои эҳёву рушди онҳо замина гузоранд, зеро донишкада дар самти парвариши тарроҳону чеварони чирадаст пештози ҷамъият мебошанд. 

Ба ғолибони бахшҳои “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси идона” ва “Чакомаи гесӯ” аз ҷониби меҳмонон диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дар хобгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо иштироки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раёсати донишкада ва донишҷӯён мулоқоти судманд ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, маҳкум намудани омилҳои бегонапарастӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ баргузор гардид.
Мулоқотро директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мардуми тоҷик имконият фароҳам овард, ки давлати навини хешро бунёд карда, онро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд. Бинобар ин, ҳифзи истиқлолият, ҳимояи дастовардҳои он, боз ҳам таҳким бахшидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин ҷода нақши ҷомеаи соҳибмаърифат ва худшиносу ватандӯст ҳалкунанда мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд ва ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ ва кадрии онҳо тадбирҳои амалӣ меандешад, то ки наврасону ҷавонон ҳамчун насли соҳибмаърифату соҳибкасб ба воя расида, идомадиҳандагони роҳи гузаштагони шарафманди худ бошанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои роҳбарияти давлат мо ҳамагон муваззафем, ки кадрҳои арзандаи кишвари соҳибистиқлоли худро ба воя расонида, сарзамини аҷдодии хешро боз ҳам ободу зебо намоем.
Сипас, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ва сардори раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршеда Хоҷазода баромад намуда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки равандҳои муосири ҳарбиву сиёсии минтақа ва ҷаҳон собит месозанд, ки сӯйистифода аз терроризм ва идеологияи хушунатомези ифротгароӣ, кӯшишҳои сиёсисозии дини ислом ҳамчун бузургтарин хатар ба таъмини амният, сохти конститутсионӣ, дунявият, сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатҳо арзёбӣ мегарданд. Ба ҳайати гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил гардидани баъзе шаҳрвандони мо ва ба задухӯрдҳои хунин дар минтақаҳои даргир ҷалб гардидани онҳо боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Мо даҳшати чунин амалро солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвари худамон, ки нав ба истиқлолият расида буд, дидем ва онро ҳаргиз фаромӯш намекунем. Лекин дар миқёси сайёра, мутаассифона, доираҳои муайян тайи даҳсолаҳои охир тавассути сиёсӣ сохтани дини сулҳхоҳи ислом лоиҳаву нақшаҳои ғаразноки худро амалӣ гардонида, чандин кишварҳои дунё, аз ҷумла мамлакатҳои дар гузашта оромро ба вартаи ҷангу хунрезиҳои даҳшатнок ва ҳатто нобудии низоми давлатдорӣ расонида истодаанд. Дар ин раванд, мафҳумҳои «радикализми исломӣ» ва «экстремизму терроризми динӣ»-ро танҳо ба номи дини мубини мардуми мусулмон мансуб медонанд.
Зикр гардид, ки ҳамаи моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон инчунин тамоми азму талоши худро ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон таъсир расонад. Либоси миллӣ ҳамчун рукни муҳими фарҳанги миллӣ меравад, ки онро бояд ҳифз намуд. Дар ин раванд дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар як халқу миллат дар худ таҷассум менамояд, василаи муҳими нигоҳдошти он ба ҳисоб меравад. Агар либоси миллатҳо мазмуни хоси худро намедошт, чаро яке дароз ва дигаре кӯтоҳ, сеюмӣ васеъ ва чорумӣ шинам дӯхта мешаванд? Агар либос ҳикматеро дар худ таҷассум намекард, чаро ранги онро муносиб ба маросимҳо интихоб мекарданд? Ин ҳама бозгӯи он аст, ки либоси миллӣ рукни муҳими ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҳар як миллату халқият буда, ҳувияти онҳоро дар замони ҷаҳонишавӣ таъмин менамояд. Ҳар як нафаре, ки ба дараҷаи худшиносии миллии худ расидааст, дарк мекунад, ки нигоҳ дошта тавонистани арзишҳои миллӣ ҳам қарз асту ҳам ифтихор.
Нотиқон ҳамчунин дар бораи пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла каронавирус маълумоти муфассал дода, аз ҷумла таъкид доштанд, ки истеъмоли ғизои солим ва аз лиҳози экологӣ тоза метавонад масунияти бадани инсонро баланд бардошта, ӯро аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, коронавирус то андозае эмин нигоҳ дорад. Шустани дастон бо маҳлулҳои спиртдори антисептикӣ ва собун, тозагии муҳити зист, истеъмоли оби ошомидании ҷӯшонидашуда, сари вақт муроҷиат намудан ба духтури оилавӣ ҳангоми бад шудани вазъи саломатӣ ва роҳ надодан ба худмуолиҷакунӣ аз ҷумлаи тадбирҳои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ мебошанд.
Мулоқот бо саволу ҷавоб ба анҷом пазируфт.
Шуъбаи кор бо ВАО

Дар толори раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеъи намояндагони васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Нишастро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директор оид ба таълими Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дотсент Хуршед Мақсудов оғоз намуда, дар баромади хеш маълумотномаи мухтасарро оид ба фаъолияти Донишкада дар соли 2019 манзури ҳамагон гардонид.
Таъкид гардид, ки дар соли 2019 донишкадаро 800 нафар хатм карда, аз онҳо 696 нафарашон соҳиби дараҷаи бакалавр ва 104 нафари дигар соҳиби дараҷаи магистр шуданд. Ба донишкада 1389 нафар довталабон қабул шуданд ва нақшаи қабул 94,8 % иҷро гардид. Дар соли ҳисоботӣ нақшаҳои таълимии нави дар донишкада таҳиягардидаи ҳамаи ихтисоси шакли таҳсили фосилавии зинаи бакалавриат, зинаи магистратура ва зинаи докторантура (PhD) аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуда ба раванди таълим ҷорӣ карда шуд. Бо дарназардошти он ки нақшаҳои таълимии шакли таҳсили рӯзонаи зинаи бакалавриат соли 2018 таҳия ва тасдиқ шуда буданд, мундариҷаи таълим барои 13 ихтисосҳои шакли таҳсили рӯзона (аз ҷумла 2 ихтисоси нав) стандартҳои давлатии таълим ва нақшаҳои таълим аз нав таҳия ва барои ташхису тасдиқ пешниҳод гардидаанд.


Хуршед Мақсудов афзуд, ки соли 2019 дар донишкада аз рӯи 15 мавзӯъ корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ гузаронида шуд. Дар соли 2019 дар донишкада 1 конференсияи илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 6 конференсияҳои сатҳи донишкадавӣ гузаронида шудаанд. Дар ин давра аз тарафи омӯзгорону кормандони донишкада 514 мақолаҳои илмӣ ба чоп расонидаанд, ки аз онҳо 126 мақола ба нашрияҳои КОА дахл доранд. Ба ғайр аз ин, аз ҷониби омӯзгорон 9 монография, 3 нахустпатент, 2 шаҳодатномаи зеҳнӣ гирифта шудааст. Ғайр аз ин 36 шаҳодатномаи зеҳнӣ аз тарафи раёсати донишкада ба даст оварда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 дар озмуни “Ихтирокорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон” ҷиҳати дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори маркази технологияҳои компютерӣ Парвиз Солиев иштирок варзида, соҳиби ҷоми озмуни чумҳуриявии “Ихтирокорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон” гардид. Ғайр аз ин магистранти курси 1 Ғаниев Н. дар озмуни лоиҳаҳои инноватсионии вилоятӣ сазовори ҷойи дуюм гашт. Дар озмуни вилоятии бизнес лоиҳаҳои беҳтарин барои рушди соҳаи сайёҳӣ донишҷуён Дадобоев А. ва Ахмедов М. сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гаштанд.
Зикр гардид, ки соли сипаридашуда дар умум дар донишкада беш аз 175 вохӯриву чорабиниҳои гуногунмазмун гузаронида шуданд, ки ба тарбияи сиёсӣ, ахлоқиву маънавӣ, маърифатӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ, масъулиятшиносӣ, касбинтихобкунӣ, зебоипарастӣ, варзишӣ, ҳаёти солим, гуманистӣ ва экологӣ равона шуда буданд. Хобгоҳи донишкада ба пуррагӣ таъмир гашта, соҳиби 450 ҷой ва 8 ошхонаи замонавӣ аст. Дар хобгоҳ ҳамаи шароитҳои зист барои зиндагӣ, таълим ва истироҳат ба донишҷӯён муҳайё карда шудааст. Дар ошёнаи якуми хобгоҳ ҳуҷраи ҳунарҳои мардумӣ ва дарздӯзӣ барои духтарон ташкил карда шудааст.
Роҷеъ ба ҳамкориҳои шуъбаи робитаҳои хориҷӣ дар доираи самти панҷуми cтратегияи рушди донишкада барои солҳои 2019-2024 (Самти сифати муҳити корӣ- шумораи грантҳо барои рушд ва таҳкими пояи моддию техникии муассиса) 17 лоиҳаҳои дархостиро таҳия ва ирсол карда шуд. Дар натиҷа, дар донишкада дар соли 2019 панҷ лоиҳа амал мекунад: Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ (574005-EPP-1-2016-1-LV-EPPKA2-CBHE-JP Higher Education for Central Asia Food Systems and Standards), Таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ (Professional Education and Training in Central Asia), Арзёбии хатари экологӣ ва сабукгардонии оқибати он ба дороиҳои мероси фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ (609574-EPP-1-2019-1-ITEPPKA2-CBHE-JP Environmental risk assessment and mitigation on Cultural Heritage assets in Central Asia), Лоиҳаи Муҳити тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ, Ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ бо Маркази тиҷорати байналмилалӣ.


Дар самти сифати таълим ва сифати таҳсили нақшаи стратегии донишкада - такмили ихтисоси омӯзгорон дар хориҷи кишвар ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён барои кормандон ва донишҷӯёни донишкада миқдори барнома барои таҳсил ва тадқиқот дар хориҷа ба 19 ва барномаҳо барои таҷрибаомӯзӣ ба 11 адад расид.
Дар соли 2019 миқдори умумии шартномаҳои бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷаҳон басташуда ба 237 расид, ки он имконият медиҳад, донишҷӯён ва устодони донишкада дар муассисаҳои олии пешоҳанги дунё таҳсил ва коромӯзӣ намоянд. Моҳи марти соли 2019, 2 нафар устодони донишкада дар доираи ҳамкории ДПДТТХ бо Донишгоҳи технологии Гуйлини Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади гузаштани лексия, омӯзиш ва гирифтани таҷриба оид ба экологияи саноатӣ фиристода шуданд. Моҳи апрели соли 2019, курсҳои куттоҳмуддати забони олмонӣ барои 24 нафар донишҷӯён ташкил карда шуд. Бо мақсади бо сифати баланд гузаронидани курсҳои кутоҳмуддат дар доираи ҳамкории донишкада ва барномаи SES (Senior Expert Service - Хадамоти Коршиносони Калонсол ) коршиноси забони олмонӣ барои гузаштани курсҳои кутоҳмуддат даъват карда шуд. Аз рӯйи барномаҳо 36 нафар устодону донишҷӯён барои таҳсил, таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос, тадқиқот ва иштирок дар конфронсҳои байналмиллалӣ ба хориҷи кишвар сафар намуданд. Дар самти қабули донишҷӯён ва кормандони илмӣ аз хориҷа 11 нафар донишҷӯён дар ДПДТТХ таҳсил карданд ва 13 нафар омӯзгорони хориҷӣ ба донишҷӯён дарс гузаштанд.
Сипас, аз ҷониби намояндагони васоити ахбори омма доир ба тайёр намудани мутахасисони баландихтисос дар донишкада, тадбирҳо ҷиҳати эълон шудани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», фаъолияти Парки технологӣ, истифодаи нерўйи зеҳнии устодон баҳри ихтироъ ва кашфиётҳои тоза, ҳамкории байналхалқӣ, ҳолати хобгоҳҳо, атестатсияи устодон, раванди талим дар шуъбаи фосилавӣ, вазъи таҳсил дар шуъбаи магистратура ва ғайраҳо саволҳо матраҳ гардида, ҷавобҳои мушаххас гирифта шуданд.

Дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аз Рӯзи модар таҷлил карда шуд.
Директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки Рўзи Модар, бо фармони Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири бузургдошти модарон эълон гардидааст ва ҳамчун рамзи саодат ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ таҷлил мегардад. Бузургони илму адаб занро шоҳкори табиат ва тоҷи офариниш донистаанд. Бешак, сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург зан - модар мебошад. Меҳру муҳаббати занони тоҷик аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, бо тору пуди ҷашни бузурги миллиамон – Наврўз омезиш ёфта, ба гулҳои ҳамешабаҳори Тоҷикистон мубаддал ёфтаанд. Зеро зан ва гул ҷаҳонро зебоӣ ва тароват мебахшанд. Занон гулҳои осмониро дар ҳаёти замин мекоранд, ҷомаи дилпазиру зебои ишқро дар замири худ мебофанд ва эҳсосоти латифро дар пардаи покиву покдоманӣ мепарваранд. Ниҳоди поки модарон шабеҳи насими рўҳбахши баҳорист. Баҳор ва зан бо ҳам тавъам буда, беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин мўъҷиза ва арзандатарин сарватанд, ки ҳамагонро ҳаёту мамот бахшидаанд. Аз ҳастии пайкари бузурги модар ба дили кас қуввату мадор, тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Такя бар вуҷуди инсонофарини зан – модар такя бар Яздони пок аст. Модарон беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, равшанидиҳандаи ҳар як хонадонанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ занону духтарони соҳибдил, соҳибфарҳанг, қавиирода, сухандону кордон ва маъруфу муътабар бешуморанд ва дар пешрафти раванди таълиму тарбия саҳми бориз доранд. Мо бо ҳар якеи онҳо фахр мекунем ва онҳо қуввати дилу ҷонанд, ки дар ҳар таппиши дил ба мо ақлу заковат, меҳру муҳаббат ва эъҷозу ҳикмату хираду сарват мебахшанд. Аз ин рў, мо ҳамеша ин идро барояшон бо дилу эҳсоси гарм истиқбол мегирем.


Сипас, барномаи адабӣ-фарҳангии манзургардида табъи ҳозиринро болида намуд.

Дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти номзадон ба вакилии маҷлиси шаҳрӣ, вилоятӣ ва парлумони касбӣ оғоз гардид. Нахустин мулоқот дар Комиссияи ҳавзавии Раззоқ №1 оид ба интихоботи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд воқеъ дар МТМУ №27 ҷойгир аст, баргузор гардид. Дар ин муассисаи таълимӣ ҳамзамон участкаи интихоботии №2-и ҳавзаи интихоботии Масҷиди Сурх 5 оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд низ ҷойгир карда шудааст.
Наим Маликисломӣ, раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд чорабиниро оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоботи вакилони даъвати нав ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, вилоятҳо ва интихоботи вакилон ба ҷамоатҳои деҳот ва шаҳракҳо 1 марти соли 2020 ба нақша гирифта шудааст. Ин шашумин интихоботи парлумонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.


Наим Маликисломӣ зикр намуд, ки бо мақсади муаррифии номзадон ба маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд мулоқоти имрӯза сурат гирифта истодааст. Ва дар мулоқот номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 Гулбаҳор Назирӣ, шахси боэътимоди номзад ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Дилафрӯз Саидӣ –Анвар Ҳоҷиев, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Замира Ҳомидова ва номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Хуршед Ғафуров, Зебо Аминова бо мақсади муаррифии барномаи пешазинтихоботии худ ҳузур доранд.
Сипас, Гулбаҳор Назирӣ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13, Анвар Ҳоҷиев, шахси боэътимоди номзад ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Дилафрӯз Саидӣ, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Замира Ҳомидова ва номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Хуршед Ғафуров ва Зебо Аминова баромад намуда, барномаҳои пешазинтихобтии хешро муаррифӣ карданд. Номзадҳо ба вакилони халқӣ аз интихобкунандагон даъват ба амал оварданд, рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзида ба номзадони арзанда раъйи худро диҳанд.
Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин мулоқотҳои номзадон ба вакилони халқ дар участкаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон то санаи 28-уми феврали соли 2020 тибқи нақша пешбинӣ гардидааст.