Дар ҳақиқат об яке аз муъҷизаҳои беназири табиат мебошад, зеро ба рукнҳое мансуб аст, ки боиси побарҷо мондани тамоми мавҷудоти олам ба шумор меравад. Бартарии сайёраи аҳли башар нисбат ба дигар сайёраҳо аз он иборат аст, ки Замин гаҳвораи тамаддуни мо инсонҳо дорои чунин ганҷи беҳамтои атокардаи Худованд об аст ва он сарчашмаи аслии зиндагӣ барои тамоми махлуқот ба ҳисоб меравад. Роҷеъ ба масъалаи мазкур ниёгони мо низ осори зиёде ба мерос мондаанд. Аз ин лиҳоз, дар минбари сатҳи ҷаҳонии Созмони миллали муттаҳид оид ба соли 2003 эълон шудани “Соли оби тоза”, солҳои 2005-2015 эълон шудани Даҳсолаи байналмиллалии “Об барои ҳаёт”, Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” ва дар соли 2023 аз тарафи Маҷмааи 77-уми Созмони Миллали Муттаҳид пазируфта шудани пешниҳоди Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани соли 2025 “Соли ҳифзи пиряхҳо” ва 21-уми март эълон шудани рӯзи байналмиллалии “Ҳифзи пиряхҳо” бархурди дардҳои инсоният мебошад, зеро ҳифзи пиряхҳо манбаи асосии таъмин ва беҳдошти оби ошомидани дар кулли сайёра мебошад.

Ҳастанд давлатҳое, ки аз камчинии оби ошомидани танқисӣ мекашанд. Қайд намудан ба маврид аст, ки Тоҷикистони биҳиштосо ва бемисли мо, ки дорои чунин тӯҳфаи Офаридгор аст, имрӯз дар миқёси Осиёи Миёна оид ба фаровонии оби ошомидани мавқеи хоса дорад. Хусусан дар замони муосир, ки зери таъсири амалҳои инсон табиат ва иқлими сайёра ба хатарҳои экологӣ ру ба ру мебошад, пешниҳоди Пешвои миллат саривақти ва бонги изтироби шахси дурандешу дилсузи сайёра арзёбӣ мешавад. Тазаккур бояд дод, ки зимни масоили дар боло зикр гардида Алломаи Машриқзамин Абуали ибни Сино нигоштаҳои зиёде ба мерос гузоштаанд.

Абуали ибни Синоро аз китоби “Қонуни тиб” роҷеъ ба масоили шинохти об қайд намудааст, ки “Беҳтарини обҳо оби чашмасорон бошад, вале на ҳар гуна чашма, балки оби чашмаҳое, ки аз замини дорои гили холис берун оянд ва ҳеҷ як аз ҳолатҳову кайфиятҳои бегона бар хоки он чой ғолиб набошад. Ё оби чашмаҳое бошад, ки аз санг берун оянд, зеро ин беҳтар буда, уфунати замини напазируфта бошад. Бидон ки обҳои аз роҳи гили раванда беҳтар аз обҳое бошад, ки аз болои сангҳо равон бошанд, зеро гил обро пок созад ва чизҳои бегонаи бо он омехтаро ба худ гирифта, онро равшан кунад. Санг бошад чунин коре нахоҳад кард.

Лекин гиле , ки гузаргоҳи об аст, бояд гили пок бошад , на шура ва ғайри он. Сипас обе беҳтар бошад , ки ру ба сӯи шимол равон аст. Оби ру ба сӯи мағриб ва ҷануб дошта бад аст, хусусан ҳангоми вазидани боди ҷануб бад аст. Дар мавзӯи санҷидани ҳоли об чунин баён гардидааст: “Бидон, ки андар санҷидани ҳоли об вазн яке аз дастуроти натиҷабахш аст. Зеро оби сабуктар андар бештари ҳолатҳо беҳтарин об бошад. Вазн гоҳе бо паймонаҳо санчида шавад ва гоҳе бадин тариқ , ки ду пора латтаро ва ё ду пора пахтаро, ки вазни ҳар ду баробар бошад, андар ду оби гуногун тар намоянд ва сипас ба дараҷаи расо онҳоро хушк кунанд. Баъд, онҳоро бар кашанд, пас обе, ки пахтаи он сабуктар аст, беҳтар бошад”.

Дар мавриди истеъмоли об фоида ва зарари он ба саломати инсон чунин омадааст: “Оби ба миқдори муътадил сард созгортарини обҳо барои тандурустон бувад , вале асабро ва худованди омосҳои андомҳои даруниро зиён дорад. Вай аз ҷумла чизе бошад, ки иштиҳо биангезад ва меъдаро қавӣ созад. Аммо оби гарм гувориданро табаҳ кунад, таомро бар сари меъда бигардонад ва ташнагиро зуд нашканад. Дар китоби мазкур роҷеъ ба сифат, хусусиятҳои табобати ва нафъу зарари об бисёр дастурҳои хуби ба дард бархурдоре дарҷ гардидаанд ,ки омӯзгорони фанҳои химия, география, экология ва роҳбарони синфҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми метавонанд ҳамчун абёти иловагӣ ҳангоми дарсҳо истифода намоянд то, ки хонандагон ба ҳифзи пиряхҳо аз гармшавии иқлим зери таъсири газҳои гармхонаи ва партовҳои корхонаҳои азими саноатӣ, ки боиси ифлосии обу иқлим мегарданд ва баҳри беҳдошти он саҳмгузор бошанд. Инчунин, истифода аз китоби мазкур савияи дониши хонандагонро баланд бардошта нигоҳи онҳоро ба табиат ва об созгор месозад.

Каримов Ибодқул, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд