Терроризму экстремизм яке аз омилҳои хатарнок ва даҳшатовари ҷомеа мебошад, ин он имрӯзҳо кулли аҳолии сайёраро ба таҳлука андохтааст. Ин падидаи номатлуб сабабгори бадбахтии инсоният буда, пайравони ташкилотҳои террористиву экстремистӣ миллионҳо кӯдакро бесаробон гузоштанд, хонаҳоро вайрон карданд ва то ҳол ба тақдири ояндаи насли инсон таъсири бениҳоят манфӣ расонида истодаанд. Хавфу хатари гурӯҳҳои ифротгароро ба инобат гирифта, метавон тазаккур дод, ки имрӯзҳо терроризм яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба ҳисоб рафта, ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки барои ҳалли ин мушкилии мудҳиши глобалӣ бо ҳамдигар муттаҳид шуда, дар якҷоягӣ фаъолият намоянд. Бо дарназардошти оқибатҳои даҳшатовари ин зуҳуроти номатлуб Президенти кишварамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳама баромадҳояшон муҳимияти ин масъаларо махсус қайд менамоянд: “Терроризм ва ифротгароӣ бо ҳамлаи оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар қарни XXI табдил ёфтааст. Бинобар он зарур аст, ки фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот, ҳаёти осоишта ва амнияти кишварамон равона созем”.

         Яке аз мақсадҳои асосии гурӯҳҳои ифротгаро бо роҳи куштору хунрезӣ ва ваҳшоният ҷомеаро ба худ тобеъ намуда, ҷаҳони тақсимшударо аз нав тақсим намудан аст. Пайравони ташкилотҳои террористӣ, ки мутаасифона қариб дар ҳамаи давлатҳои дунё фаъолият мебаранд, барои расидан ба мақсадҳои касифи худ ҳамеша роҳҳои зӯроварӣ, куштор, таҳдид ва хунрезиро ба кор мебаранд. Дар таърихи навини инсоният вомехӯранд воқеаҳои мудҳише, ки пайравони гурӯҳҳои ифротгаро ба мардум зарари бениҳоят калон расонида, тамоман аз чаҳорчӯбаи ахлоқи инсонӣ баромадаанд. Вақте ҳамаи ин ҳодисаҳоро таҳлил мекунем, маълум мегардад, ки решаи ҳамаи ин иғвогариву бесарусомониҳо дар ҷоҳиливу бесаводист, зеро инсони бомаърифат ҳаргиз ба гурӯҳи террористӣ, ки мақсадаш фақат куштор аст, шомил намешавад, як инсони соҳибмаърифат ҳеҷ гоҳ боиси бадбахтии инсони дигар нахоҳад шуд.

         Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоку разилонаи худ дини мубини исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, номи поку беолоиши онро дар ҷомеа доғдор месозанд. Ин ҷоҳилону гумроҳон ҳангоми амалӣ намудани кирдорҳои ваҳшатбор намедонанд, ки бо кадом мақсад боиси бадбахтиҳои зиёд мешаванд, ҳам  худро ва ҳам ҷони ҳазорон одамони бегуноҳро қурбон мекунанд. Мусаллам аст, ки дар ягон оят ва ҳадисҳои исломӣ оиди куштору хунрезӣ ва ваҳшоният сухане наёмадааст. Баръакс дини мубини ислом кулли мусулмонони дунёро ба муттаҳидӣ, якдилӣ ва ваҳдату ягонагӣ даъват намуда, чунин таълимот медиҳад, ки новобаста аз забон, наслу нажод ва вазъи иҷтимоӣ мусулмонон бояд бо ҳамдигар ҳамчун бародар ғамхору меҳрубон бошанд. Дар ин бора низ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бомаврид қайд намудаанд, ки террорист ватан, миллат, забон, дину мазҳаб надорад ва душмани Худову бандаҳои Ӯст. Пешвои миллат дар ҳама баромадҳои худ ташкилотҳои террористиву экстремистиро маҳкум намуда, бар он ақидаанд, ки омехта намудани ин зуҳуротҳои нангин бо дини мубини ислом кори нодуруст аст. Чи тавре ки шоир фармудааст:

                                   Ислом ба зоти худ надорад айбе,

                                   Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост.

 

Мо- ҷавонони Тоҷикистон ҳамун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пайравии сарвари оқилу хирадманди хеш бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, бо терроризму экстремизм муборизаи беамон барем ва барои ҳифзи сулҳу ваҳдат ва амнияти кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош варзем. Ҳамеша кӯшиш намоем, ки насли ояндаи миллат дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватанпарастӣ тарбия ёфта фирефтаву гумроҳи ташкилотҳои ифротгаро нагарданд.

Каримов Ибодқул, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд