Меваи ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки бештари олимону  мутахассисон, муаллимону муҳандисон ва кормандони дигар муассисаю корхонаҳо тарки кишвар намуданд. Бо рафтани бисёри аз онҳо фазои илмию фарҳангӣ мамалакат холӣ монд. Ва ҳамон солҳо нафаре ё гурӯҳе аз рӯшанфикрону озодаандешони Тоҷикистони натавонистанд фарҳанги миллии худро эҳё ва муҳофизат намоянд. Бинобар ин фарҳанги арабӣ ва мафкураи  исломӣ мисли асри VII аз нав хурӯҷ карда ба оташи ҷанг равған рехт. Ҳаминро бояд ба инобат гирифт, ки гуногунақидагӣ дар масъалаи дину этиқод ба нофаҳмиҳо пайдоиши ҳар гунна ҳаракатҳову ҳизбҳое оварда мерасрнад, ки метавонад боиси халалдории оромиву суботи давлату ҷомеъа гарданд. Бояд қайд кард, ки аллакай ин падидаҳо дар ҷомеъаи мо зуҳур ёфта истодааст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди соҳибмарифати Тоҷикистони азизамон бояд дарк кунад, ки дин аз сиёсат ҷудо аст, вале давлат дар сиёсати худ дин ва масъалаҳои диниро аз мадди назараш дур  намемонад. Истифодаи дин, эҳсос ва этиқодии динии мардум дар сиёсат раво нест. Барои он, ки аз номи дину худо манипулятсия накунанд. Барои ба ин мақсад расидан бояд калимаи ислом аз номи ҳизби наҳзати ислом бардошта шавад.

Аз қабили чунин қувваҳо, ки бо эҳсоси мардум ба қавле бозӣ мекунанд ин ҳизби террористиву экстремистии наҳзат мебошад. Намояндагони ин ҳизб сар аз роҳбари «оқил»-и худ  мехостанд бо роҳи давлатро дар назари мардуми одди сиёҳ созанду барои ҳизбаш имтиёзоти сиёсӣ ба даст орад. Он мушкилотеро мегӯянд, ки мардум худаш медонад. Суханпардозиҳояшонро хизмат ба ҷомеъа меҳисобанд. Аммо дар бораи он ки ҳизби наҳзати ислом аҳри ҳаёти орому осудаи мардум, пешрафти иқтисодии онҳо чи корҳоеро анҷом додаст, хомуш аст. Зеро амали воқеиро дар тӯли мавҷудияти ҳизб анҷом надодааст. Фарқиятгузори ин ё он гурӯҳҳо дар масоили дини метавонад байни ин гурӯҳҳо ҳисси бадбини ва тафриқаро ба миён оварад. Аз ин лиҳоз тарафдорони ҳизби наҳзати ислом имрӯз дар кишвар намондааст, зеро онҳо чеҳраи аслии худро нишон дод.

Бойпоччо Фатҳиддинов, устоди кафедраи нақлиёти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои техникӣ

 

 

 Тарбияи фарзанд, мафкураҳои диниву ахлоқии вай аз оила сарчашма гирифта, минбаъд дар мактабу ҷомеа рушду нумӯъ меёбад. Дар ниҳоди фарзанд ҷой додани ғояҳои ахлоқӣ – маънавӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву инсонгароӣ ба оила вобаста аст ва ҳар як оила, ҳар як иштирокчии раванди тарбия метавонад дар ин ҷода роҳу равиши хос, низоми махсуси худро дошта бошад.

 Сиёсати кунунии давлатро имрӯз ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои террористиву экстремистӣ ташкил медиҳад. Дар ин радиф мо ҷавонон набояд, ки нисбати ҳамагуна ҳамлаҳои мафкуравию пасипардагӣ бетараф бошем, балки барои равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, адабу маърифат чун табақаи нерӯманди ҷомеа, баҳри ободиву шукуфоии миллати абарқудрати  тоҷик  ҷонбозию талош варзем.

Махсусан мо бояд шадидан ҳамоиши баргузорнамудаи наҳзатиёнро дар шаҳри Дортмунди Олмон, ки гӯиё ба ифтихори 21- солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бахшида шуда буд, маҳкум намоем.

Имрӯз, ки Тоҷикистони азизамон дар айни шукуфоист, нагузорем, ки зиндагии тинҷу осудаи мардумро амалҳои ношоистаи террористону экстремистон вайрон созаду, ояндаи фарзандонамон зери хатар бимонад.

Солиев Зоҳир, номзади илмҳои филологӣ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат

 

 

Тарбияи фарзанд, мафкураҳои диниву ахлоқии вай аз оила сарчашма гирифта, минбаъд дар мактабу ҷомеа рушду нумӯъ меёбад. Дар ниҳоди фарзанд ҷой додани ғояҳои ахлоқӣ – маънавӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву инсонгароӣ ба оила вобаста аст ва ҳар як оила, ҳар як иштирокчии раванди тарбия метавонад дар ин ҷода роҳу равиши хос, низоми махсуси худро дошта бошад.

Оилаи имрӯзаи ҷомеаи демократии мо табиатан аз нигоҳи диду фаросат, тафаккуру маънавиёт фарқ мекунад. Тавассути болоравии босуръати илму техника тибқи матбуоти даврӣ, садо ва симо сатҳи тарбияи оилавӣ хеле боло рафта истодааст. Волидайн имрӯз на танҳо масъулияти таълиму тарбияи фарзандро ба зима доранд, балки ҳидоят намудани фарзанд ба роҳи нек, интихоби касби мувофиқ, пешгирӣ ва ҳифз намудани фарзанд   аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун яке аз вазифаҳои муҳиму  аввалиндараҷаи волидон ба шумор меравад.

Падару модарон, умуман, аҳли ҷамъият бояд хуб донанд, ки пешгирии терроризм ва экстремизм вазифаи танҳо давлат набуда, он вазифаи аввалиндараҷаи ҷамъияти инсонист.     

  Сиёсати кунунии давлатро имрӯз ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ошкоркунӣ, пешгирӣ ва роҳ надодан ба амалҳои террористиву экстремистӣ ташкил медиҳад. Дар ин радиф мо ҷавонон набояд, ки нисбати ҳамагуна ҳамлаҳои мафкуравию пасипардагӣ бетараф бошем, балки барои равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, адабу маърифат чун табақаи нерӯманди ҷомеа, баҳри ободиву шукуфоии миллати абарқудрати  тоҷик  ҷонбозию талош варзем.

Имрӯз, ки Тоҷикистони азизамон дар айни шукуфоист, нагузорем, ки зиндагии тинҷу осудаи мардумро амалҳои ношоистаи террористону экстремистон вайрон созаду, ояндаи фарзандонамон зери хатар бимонад.

Абдушукур Назаров, доктори илмҳои иқтисод, профессор, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Дар тамоми Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои ӯ дар мулоқот бо аҳли зиё, ҷавонон дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, баҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу равияҳои бегона ба тхотири ҳифзи суботуамнияти ҷомеа ва рушди давлати миллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст.

Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин мӯҳлат оиди ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмиллалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард.

Дар Қонуни дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тибқи талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ мушаххасан дарҷ гардидааст ва Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар ин замина ба таври доимӣ ба иҷро мерасонад.

Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи  чораҳо андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашр кардани китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаю  маҷаллаҳо, созмон додани ҳизбу ҳаракатҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.

Гулнора Юсупова, номзади илмҳои иқтисодӣ, декани факултети муҳандисӣ- технологӣ

 

 

Мо хуб медонем, ки агар қавм ва ё фарду ҷомеаи ин дорои савдои казоӣ набошад, ин қавм ва ин ҷомеаро метавон бо роҳи фиреб ба доми ҳаргуна амалҳои мудҳиш равона кард. Мо ҳамаи амалҳои нангини хоҷагони хориҷиро бо тамоми ҳастии хеш маҳкум менамоям ва бори дигар ба мардуми шариф ва азизи худ муроҷиат намуда гирифтанием, ки мудом дӯстдори ватан, модар об, хок ва ин сарзамини зебои худ бошанду аз найранг, дурӯғ ва фиреби сиёсиву мазҳабии хориҷиён бохабар шаванд ва чи хеле ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мефармояд: «Ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии аҷдодиро аз худ дур насохта, дар атрофи сарвари давлат боз ҳам қавитар муттаҳид гашта, ба ҳар гуна нотавонбинӣ зарбаи ҳалокатовари забонӣ занем».

Акбар Акбаров, номзади илмҳои педагогӣ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Терроризми исломӣ дар мамлакатҳои Араб, Аврупо ва Амрико ҳоло аз ҳама беш фаъол мебошад.  Онҳо ба худ ниқоби пайравони дини мубини исломро гирифта, аз номи он ба тамоми оламиён идеяҳое, ки ба дини мубини ислом ҳеҷ умумияте надорад, паҳн карда истодаанд. Ҳусусан он бедодгариҳое, ки аз тарафи роҳбарони давлати ба ном исломии Ироқ,  ки орзуи бунёд кардани ҳалифатро доранд, одамони бомаърифатро ба ташвиш овардааст. Ба ин давлат бисёр одамони гумроҳ аз Аврупову Русияву Осиё шомил гашта истодаанд, ки ин боиси таассуф мебошад. Хусусан, он ҷавононе, ки аз Тоҷикистон иҳтиёрона ба ин давлат рафта истодаанд, мо сокинони кишвари азизамонро бетараф гузошта наметавонад.

Ин одамон аз ҷанги шаҳрвандии ҳонумонсузи солҳои 1992-1995 шояд беҳабар бошанд, ки дар натиҷаи он бисёр шаҳрвандони кишвар нобуд гардиданд. Наҳод калонсолони ин оилаҳо аз ин хел фикру акидаҳои фарзандони ҳуд бехабар бошанд? Ба фикри ман, онҳо бохабар, лекин беаҳамиятӣ нисбати такдири фарзандонашон боиси  он мегардад, ки онҳо дар ҷангҳои беадолатона ҳалок мегарданд. Ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо кадамҳои устуворона пеш рафта истодааст. Аз тарафи давлат ягон озодии инсон новобаста аз он ки ба кадом дин шомил мебошад, маҳдуд карда нашудааст. Ҳамаи имкониятҳо барои инкишофи ҳар як фарди ҷомеа аз тарафи давлат муҳайё карда шудааст. Бояд ҳар як кас дарк кунад, ки беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ин кори на танҳо шахсони алоҳида буда, балки ҳар як аъзои ҷомеа кушишу ғайрат кунад, то ки ватани азизи мо  рӯз ба рӯз шукуфон гардад.  Ман аз тамоми ҷавонон ҳоҳиш мекардам, ки пеш аз амали бемаънӣ кардан, як фикр кунанд, ки бо ин амали ҳуд обрӯи оила, хешу табор ва наздиконро паст мекунанд. Мақсади асосии ҳар як ҷавон дар замони ҳозира ин соҳиби касбу ҳунари муайян шудан бояд бошад. Барои ин ҳамаи шароитҳо аз тарафи давлат муҳайё гардида истодааст. Он гамҳорие, ки давлат ваҲукумати кишвар нисбати ҷавонон мекунанд, на дар ҳамаи давлатҳои дунё ба назар мерасад. Мо бояд аз ҳар як рузи ҳаётамон дар шароити сулҳу осоиштагӣ ва тинҷӣ миннатдор ва шукргузор бошем.

Руслан Бобоҳоҷаев, номзади илмҳои техникӣ, устоди кафедраи агротехнология

 

Яке аз нуктаҳои хосаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба даст омадани ҳамдигарфаҳмӣ  миёни нирӯҳои дорои мавқеи сиёсии динӣ ва дунявӣ мебошад. Барои дар амал татбиқ намудани ин тафоҳум, моддаи 28 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки шаҳрвандон метавонанд аз ҷумла ҳизбҳои сиёсии дорои хусусияти динӣ таъсис намоянд. Дар сатҳи Сарқонуни як давлати дунявӣ расмият ёфтани ин ҳуқуқи сиёсӣ яке аз муҳимтарин хусусиятҳои низоми нави сиёсии Тоҷикистон баъд аз низоъ маҳсуб мегардад. Мутобиқи ин меъёри конститутсионӣ 28 октябри соли 1999 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин ҳизби дорои хусусияти динӣ, яъне Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба таври расмӣ ба қайд гирифт.

Гарчи ин ҳизб пештар таъсис гашта, солҳои 1991-1993 низ фаъолият дошт, вале бақайдгирии дубораи он, ки акнун кафолати конститутсионӣ ёфта буд, на танҳо дар таърихи худи ҲНИ, балки дар раванди сиёсии Тоҷикистони муосир низ як марҳилаи навин буд: Тоҷикистон дар минтақа ягона кишваре шуд, ки дар он ҳамзамон бо мавҷудияти низоми дунявии давлатдорӣ ҳизби сиёсии дорои хусусияти динӣ фаъолият мекунад.

Ин воқеияти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бисёре аз доираҳои илмию сиёсии ҷаҳони муосирро ҷалб намуда, паҳлӯҳои гуногуни он хусусан дар хориҷи кишвар мавриди омӯзишҳои васеъ қарор гирифтаанд.

Асри 21 давраи ҷаҳонишавӣ арзёбӣ гардида, мақсади асосии он аз байн бардоштани сарҳади давлатҳост. Ҷаҳони Ғарб бо сарварии абарқудрати Амрико имрӯз дар гирди кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва исломии Шарқи Миёна ва Наздик мечархад ва тори инқилобҳои исломиро метанад. Магар ҳадафи ниҳоии он демократӣ ва ҳуқуқбунёд кардани ин кишварҳо ва ҳукуматҳои онҳо буд?. Не, албатта. Балки ҳадаф аз иваз кардани режимҳо ба вуҷуд овардани шароит ва омилҳое мебошад, ки онҳоро дастнигари ин абарқудрат гардонад.

Омили асосии дастнигарии кишварҳои исломӣ ба Амрико худи Ислом мебошад. Ҳизбу ҳаракатҳои исломие, ки дар ҷаҳони исломӣ вуҷуд доранд, ҳама қудратхоҳ мебошанд ва ҳеч гоҳ ба хотири ҳадафи ягона муттаҳид намешаванд. Гарчанде бисёре аз онҳо даъвои сохтани Хилофати умумиҷаҳонии исломӣ мекунанд. Ба ҳамин хотир, Амрико дар кишварҳои исломӣ ҳизбу ҳаракатҳоеро дастгирӣ мекунад, ки ҳувияти исломии мардумро афзоиш медиҳанд, сатҳи саводнокии мардумро коҳиш медиҳад ва дар давлатдорӣ исломи сиёсиро чун ягона дурнамо пешбинӣ мекунад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ зода ва парвардаи ҳамин геополитика мебошад, ҳаракате, ки дар солҳои 1970‑ум бо ташаббуси Ихвон‑ул‑муслимин ташаккул ёфтааст, мутаассифона аз санҷиши таърихӣ гузашта натавонист. Фаъолони ин Ҳизб исломро аз нуқтаи назари ихвонии Саид Қутб ва Ҳасан Банно ва китобҳои онҳо шинохтаанд. Афсонаи “сиёсати сабр” (политика терпения)-е, ки роҳбари Ҳизб – Муҳиддин Кабирӣ тӯли 5 соли охир талқин мекунад, ба усули “қадам ба қадам”-и Ихвон-ул-муслимин шабоҳат дорад. Тибқи ин усул, исломиҳо бояд аввал шароити инқилобро ба вуҷуд оранд ва пасон инқилобро роҳандозӣ кунанд.

Бахусус фаъолияти ин ҳизб дар солҳои охир косаи сабри ҷомеаи шаҳрвандиро аз амалкардҳои роҳбарон ва пайравони ҲНИ ва махсусан аз нақшаҳои фундаменталистии онҳо лабрез намуд. Ҷомеаи  тоҷик  намехоҳад Тоҷикистон аз зумраи кишварҳои ҷангзада ва ноороме чун Сурия, Ироқ, Ливия, Украина ва Афғонистон бошад.

Дар сурати фаъолияти ҲНИ барои миллати мо чӣ беҳбудие мешуд,  ба ғайр аз давлати исломӣ, ҷомеаи мардсолорӣ ва занҳои дар пушти дарҳо маҳкам чизе дода наметавонад. Бо ба сари қудрат омадани ин ҳизби исломӣ, ҳамаи онҳое, ки пайрави дигар динҳо ҳастанд ва ё диндор нестанд, аз ҳуқуқи иштирок дар сиёсат ва дигар  ҳуқуқҳои инсон маҳрум мешаванд. Дар ҳоле ки фақат мусулмонон метавонанд аъзои ин ҳизб бошанд.

Барои ҳамаи мардум ошкор аст, ки мардуми ҷангзада ва инқилобии Ироқ, Ливия, Миср, Сурия ва Украина, ки гӯё даъвои озодӣ ва демократия доштанд, айни ҳол дар орзуи як рӯзи осоишта ва беҷанг ҳастанд. Барои ҳар як фарди солимақл пайдост, ки барои гирдиҳамоиҳо, бесарусомониҳо, қатлу куштор ва ба коми оташ кашидани биноҳои маъмурӣ ва маишӣ ки ва барои чӣ маблағгузорӣ мекунад. Барои “мухолифон” ҳам ин пӯшида нест.

Барои ҲНИ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд. Оё онҳо як бор аз худ мепурсанд, ки бо чунин роҳ ба ҳукумат расидан чӣ паёмадҳое дар пай хоҳад дошт? Оё фикр намекунанд, ки кишвари худро ба коми ҷангҳои беохир мекашанд ва тақдири Мисру Ливия ва Сурияву Украинаро ба сари миллати худ меоранд?

 Магар онҳо намедонанд, ки барои Амрико ё ягон давлати дигари Аврупо муҳим нест, ки дар Тоҷикистон чӣ гуна низоми ичтимоиву сиёсӣ ё фарҳангӣ барқарор мешавад, муҳим он аст, ки тоҷикон аз решаҳои таърихии худ дур гашта ” худии худ”-ро фаромӯш созанд. Ва дар ин роҳ онҳо ягон чизро, аз ҷумла сарфу харҷи моддӣ, маблағгузориро дареғ намедоранд. Барои чӣ давлатҳои абарқудрат ба мисли ИМА, Канада ва дигарон бар зидди “Ал-қоида”, “Бародарони ислом”, Давлати исломӣ” дар Сурия мубориза мебаранду, нисбати фаъолияти иғвогаронаи “Салафия”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии ӯзбекистон”, “Ҳизб-ут-таҳрир” “ҷамоати таблиғ”дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон бефарқ ҳастанд? Илова бар ин ҳаракату ҳизбҳои номбурдароро кӣ тарҳрезӣ карду ва имрӯз онҳоро кӣ маблағгузорӣ менамояд? Илоҳиётшиносии муосир таъкид менамояд, ки ҳар он ашхосе, ки фарзҳои исломро иҷро менамояд мусалмон аст, вале  пайравони ҲНИ, яъне исломиёни сиёсӣ мехоҳанд, ки тамоми паҳлӯҳои зиндагии одамон бояд тобеи талаботи шариати исломӣ бошад.

Бигзор инсонҳо дар дину имону боварҳояшон озод бошанд, ки ин ҳам ҳаққи фитрии онҳост ва ҳам ҳаққи конститутсионии онҳост. Бешак, дар дунёи мутамаддин чунин аст ва дар сохтори дунявӣ бояд чунин бошад. Танҳо вақте имону эътиқоди инсонҳоро сиёсӣ карда, ба онҳо бозӣ мекунанд, ин хатарафзост.

 

 

Дин ҳизб нест! Дин эътиқод аст ва боварӣ ба Худои таоло. Имрӯз дар давлатҳои исломӣ мусалмонон намояндагони динҳои дигарро бо чашми бад нигоҳ мекунанд, ки ин соф муқобили дини мубини ислом аст, барои он ки дар ислом умуман хислати бадбинӣ нисбати якдигар ва бандагони Худо гуноҳи гарон аст.

Агар бадбиниро гуноҳи гарон ё азим гӯем, худкушӣ, қатли мардуми бегуноҳ, дигар амалҳои террористӣ гуноҳе ҳаст ногуфтанӣ.

Яъне ифротгароён ё шахсоне, ки амалиёти ваҳшиёнаро на танҳо дар давлатҳои худ, балки дар дигар кишварҳои минтақа низ амалӣ мегардонанд, аз номи мусалмонон баромад карда, якчанд амалиёти террористӣ гузаронидаанд, ки боиси фоҷиаи гӯшношунид гардидааст. Барои аз байн бурдани чунин нофаҳмиҳо, бадбиниҳо ва амалҳои гайриинсонӣ, ҳар як фарди солимақл вазифадор аст, ки мардумро ба миллат ва дин ҷудо накунад, чунки онҳо ҳама офаридаи як Худоанд.

Яъне ҳар яки мо пеш аз даст задан ба ягон амали зишт ва ё амале, ки ваҳшиёна аст, бояд фикр кунем: «Оё чунин амали ман дуруст аст?», «Оё ин мусалмонии маро исбот мекунад?

Албатта, на, дуруст нест ва мусалмониро исбот намекунад ва ин роҳи ислом нест, балки ин роҳи мусалмонони ғаразнок ва соҳиби мафкураи паст мебошад. Пас, биёед, ҳаракат кунем, ки бо амалҳои хуби инсонии худ номи исломро пок нигоҳ дорем ва дар роҳи рости ислом вафодор монем. Ҳамчун шахси бомаърифат дар ҷомеаи имрӯзаи соҳибистиқлол барои зиндагии осоиштаву босуботи имрӯз ва фардои худ талош варзем.

Маҳбуба Султонова, номзади илмҳои иқтисодӣ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат

 

 

Тайи солҳои охир дар расонаҳои иҷтимоӣ зиёд матолиб оиди  фаъолияти норавшани ҲНИ ба мушоҳида мерасад. Маълум, ки муаллифони ноайён, аз хоҷагони шиапарасти худ манфиатдор буда, мекӯшанд ҳарфи дурӯғро рӯи қоғаз оварда, кишвари моро бо ҳар гуна восита бадном созанд. Ин амали ба ном «Худотарсон» чандон аз рӯи мардигарӣ нест. Баъдан исломро дар шеваи фаъолияти худ корбурд кардан ва манфиат ба даст овардан гуноҳест азим ва нобахшиданият. Чун аксари мо ба Худову расул эътимоди кулл дорему Худоро бо дил мешиносем ҳатман дар гӯшаи диламон пас аз чунин таблиғот ангезаи нобоварӣ нисбати давлат эҳсос карда мешавад. Маҳз бозӣ кардан бо эҳсоси мардум буд, ки мо сабақи талхеро дар гушту нохуни худ эҳсос намудем..

Бояд иқрор шуд, ки ислом ба гурӯҳ, қисм ё худ ҳизбе, ки тафриқандозиро миёни мардум эҷод менамояд, ниёзманд набуд ва нахоҳад монд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар кадом давлату миллате, ки ҳизби сиёсии динӣ мавҷуд бошад дар он ҷоно оромию тарсу ваҳшоният ва куштору ҳодисаҳои хатарнок хуруҷ дорад. Аз ин рӯ ин ташаббус шоистаи дастгирӣ мебошад.

Зеро ба андешаи мо сабаби аз фаъолият мондани ҲНИ маҳз сиёсати нодуруст, нигоҳи нобаробар ба мардум  мебошад. Ин ҳизб фаъолияташ чӣ кори манфиатбореро ба халқ анҷомдод? Бидуни ин ҳизб ҳам ҳама мардуми тоҷик мусулмонанд ва ниёз ба ҳизби исломӣ надоранд.

Шукрона барои мардуми тоҷик ҳамаи шароитҳо барои таҳсил, истироҳат, зисту зиндагонӣ ва кору фаъолият фаровон аст.Вале, ташкилкардани ҳизб бо номи «Наҳзати ислом» магар дуруст аст? Зеро ки исломин маданият, ибодат, гузаронидани расму оин, рукнҳои динӣ ва ҳаёти инсониро тарғибу ташвиқ менамояд. Барои намозгузорони мамлакат масчидҳои ҷомеъ ва марказӣ дари худро боз намудааст то ки мардум ибодат кунанд. Ё тарҷимаю тафсири китоби муқаддаси Қуръони карим ба забони тоҷикӣ, эълон гардидани бузургдошти Имоми Аъзам, бозгардидани муассисаҳои таълимии қонунии исломӣ ва даҳҳои дигар чорабиниҳо аз таваҷҷӯҳи асосӣ ба шумор рафта, дониши динию дунявии шаҳрвандонро сол аз сол қавитар ва огоҳтар менамояд.

Шояд савияи дониши мо то имрӯз намерасид вале имрӯз ҷаҳонбинӣ, сатҳи маърифат ва муносибат бо дин дигар шудааст. Манзур аз гуфтаҳои боло дар он аст, ки қонунгузорӣ оиди фаъолияти бисёр ҳизбӣ иҷозат медиҳад ва иҷозат ҳам дод. Вале ҷавонону шаҳрвандони мо медонанд ва ниёз ба иттилоъ ҳам надоранд, ки ҷомеаи мо ба ҳизби исломӣ ниёзманд нест.

Ба мисолидигар, баромад кардани баъзе аъзоён ва гӯё пешвоёни ҲНИТ дар маърака ва расму оинҳои динӣ – мардумӣ оид ба ҳидояти мардум ва ошноӣ аз ақидаҳои динӣ ин хизматионҳо нест. Ин ҳама анъанаҳои динӣ ва маросимҳое, ки солҳои сол идома ёфтаистодааст, бидуни фаъолияти ин ҳизб ҳам мардуми Тоҷикистон ҳама мусулмонанд ва аз дину диндорӣ бархӯрдоранд. Аксари мардумони Тоҷикистон тарафдори исломи анъанавие мебошанд, ки дар тӯли 70-соли ҳокимияти Шӯравӣ ва то имрӯза рӯзи вуҷуд дорад.

Боварии комил дорем, ки кулли шаҳрвандони Тоҷикистон бо зиракии сиёсӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, дониши комил ва андешаҳои солиму созанда минбаъд низ барои рушду нумӯъ ва пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бештар хоҳанд гузошт.

 

  

 

 

Зуҳури дини ислом, ки пасон сабаби ташкили давлати муттаҳидаи арабҳо гардид, дар такдиру сарнавишти бисёр халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон нақши муҳим бозид. Ислом, ки ба маънӣ-итоат, тавозӯъ, фармонбардорӣ аст, дар рӯзгори мо нақш ва мақоми хосса дорад. Азбаски дар исломи ибтидоӣ ғояҳои иҷтимоии бародарӣ, баробарӣ, накӯкорӣ, адолатпарварӣ, шафқату эҳтиром ба якдигар тарғибу талқин шуда, зулму тааддӣ, риёкорӣ, дурӯғгӯӣ, ришвахӯрӣ зери тозиёнаи танкид афтида буд, мардуми нимҷазираи Арабистон ва баъдтар қавмҳои эронӣ хам онро писандида қабул карданд.Бо гузашти чандин аср     имруз дар зери ниқоби дини ислом хар гуна харакат ва равияхои ифротгаро пайдо гардида истодааст, ки фаъолияти ТЭТ ҲНИТ баёнгари гуфтаҳои болоист.

Ин ҳизби моҷароҷӯй дар сафҳои худ шахсиятҳои аз дину диёнат дурро сарҷамъ намуда, мехоҳад, кишвари ободу озоди моро дубора ба ҷангу хунрезӣ кашад. Ҳамарӯза маводҳои иғвоангези онҳоро мехонам ва ин амали носипосу ноҷавонмрдонаи онҳоро маҳкум мекунам.

     Мо, халқи тоҷик дорои тафаккури баланди сиёсиву динием ва хурофотук таассубро аз ихлосу имон фарқ мекунем. Ва ҷавононро намегузорем, ки  ба ин гуна ҳаракатҳои террористӣ дар олам паҳн шуда,  ки сабаби сар задани ҷанги нави ҷаҳонӣ ҳастанд, пайваст шаванд.  

        Анвариддин Муҳиддинов, доктори илмҳои биологӣ, профессор устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

Нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва устувории сиёсӣ дар мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ, тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла намудҳои муташаккили он, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир рисолати ҳар як шаҳрванди худогоҳ,  аст.

Маврид ба зикр аст, ки   оламиён бори аввал қариб 30 сол пеш шоҳиди худро тарконидани террорист гаштанд. Ин амал дар соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод. Дар ин амалиёт 27 нафар ба ҳалокат расида, садҳо кас ярадор шуданд. Масъулияти ин амалро ташкилоти навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» бар ӯҳда гирифт ва дар амал нахустин татбиқкунандаи чунин навъи террор ба ҳисоб меравад.

Баъдтар дигар ташкилотҳо ба монанди Ҳамос, Ҷиҳоди исломии Фаластин, Ҷиҳоди исломии Миср ва ғайра аз «хизмат»-и «террористони худкуш» фаровон истифода мебурданд. Дар ин амал пешсаф ташкилоти «Алқоида» маҳсуб аст. Маҳз террористони худкуш таркишҳо дар сафоратхонаи ИМА дар Кенияву Танзанияро амалӣ намуданду фоҷеаи 11 сентябри соли 2001 низ бо ширкати онҳо сурат гирифтааст.

Бояд гуфт, ки истифодаи террористони худкуш марбут ба дину оини алоҳида набуда, чунин шакли террорро ҷараёни марксистиву ленинии Ҳизби коргарии Курдистон, Ҳизби коммунистии Ливан, Ҳизби миллии Сурия ва ғайра низ фаровон истифода мекунанд. Барои мисол ташкилоти сепаратистии «Палангони озодибахши Тамил Илама» дар истифодаи чунин навъи террор рекорд гузоштаанд ва аксаран сарони давлатҳоро нест кардаанд. Чунончӣ дар соли 1991 террористзани худкуш худро бо ҳамроҳии сарвазири Ҳиндустон Раxив Ганди тарконду дар соли 1993 бошад, президенти Шри Ланка Прендеса дар таркиши террористи худкуш ба ҳалокат расид. Бори аввал зерсохтори аз террористони худкуш иборатбуда бо номи «Палангони сиёҳ» дар ҳайати ташкилоти сепаратистии «Палангони озодибахши Тамил Илама»  ба вучуд омадааст.

Аз назарсанҷиҳои маркази татқиқотии Ренд бармеояд, ки аз соли 1982 то кунун дар ҷаҳон наздик 1000 амалиёти террористӣ бо ширкати террористони худкуш аз тарафи 11 ташкилот роҳандозӣ карда шудаанд, ки дар онҳо беш аз 10000 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Террористони худкуш моли асри бист набуда, балки реша дар давраҳои қадим дорад. Ба ҳадде, ки дар даврони паҳншавии дини насронӣ онро ташкилоти яҳудии «сикариҳо» алайҳи амалиёти ғосибонаи Рим истифода намудааст. Ё худ дар асрҳои миёна ҳаракати «Исмоилия» тавассути террористони худкуш ду маротиба сарварони Хилофати Бағдодро аз байн бурдааст. Дар асри 18 бошад, террористони худкуш дар ташкилотҳое пайдо шуданд, ки дар Ҳиндустон, Филиппин ва Индонезия фаъолият доштанду бар зидди истилогарон мубориза мебурданд. Амали террор бо роҳи худкуширо онҳо дар байни истилогарони аврупоӣ ба кор меандохтанд.

Агар мо ба хусусияти амалҳои террористӣ назар андозем, мебинем, ки нафарони бо худкушӣ терроркунанда барои коштани тухми тарс дар ҷомеа ба ин кор даст мезананд ва нияташон на ҳамеша нобуд кардани симои мушаххас аст.  Аз ин xост, ки аксаран мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ мегарданд.

Дар сари аз кадом табақаи ҷомеа будани террористи худкуш коршиносон ба чунин хулоса омадаанд:

Агар дар солҳои 1980-1990-и асри гузашта ин амалро ҷавонони аз 18 то 27 сола, ки аз оилаҳои камбизоат, аксаран дамдузд ё аз ҳад зиёд моҷарҷӯй буданд, анҷом дода, ё узвияти ташкилотҳои экстремистиро гирифта бошанд, пас дар ҳазораи сеюм сафи аъзои гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ ва тахрибкорро шахсони калонсол ва аз лиҳози иҷтимоӣ таъмин пурра намуданд. Беш аз 40 фоизи онҳоро бошад, занон ташкил доданд. Зеро бо зан коркарди ғоявӣ гузаронидан осонтар асту вай камтар ба худ диққати кормандони мақомоти қудратиро ҷалб менамояд. Дар бадан маводи таркандаро пинҳон намуданаш осонтар аст. Маҳз дар ҳамин замина террористони Ҳизби коргарии Курдистон занонро бештар истифода намуда, онҳоро чун зани ҳомиладор вонамуд месохтанд. Аввалин занони террористи худкуш дар Фаластину Исроил аввалҳои соли 2002 пайдо шудаанд.

Дар масъалаи чӣ будани терроризм профессори Донишгоҳи Колумбия Ричард Беттс изҳори назар карда, мӯътақид аст, ки терроризм аз аслиҳаи нафарони заиф ва камирода мебошад. Зеро онҳо бо рақибони худ рӯбарӯ бо яроқи оддӣ мубориза бурда наметавонанд. Барои ин иродаву имонашон намерасад.

 

Муътабар Ғозиева, устоди кафедраи ҷомеашиносии ДПДТТ