Тоҷикон дар масири таърихи 6 ҳазор солаи хеш дар баробари ободии шаҳру диёр, густариши адабиёту сухан ҳамчунин соҳиби фарҳанги баланд буданд. Мо зимни мутоилаи асарҳои мондагори Фирлавсӣ, Зоконӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва даҳҳои дигар огоҳ мешавем, ки занони бонувони мо ифодагарии фарҳанги пурғановати тоҷикон маҳсуб мешуданд.

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакатамон бо талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арҳанги қадимаи тоҷикон умри дубора бахшида шуд.  Махсусан ҷашнҳои милли мо, ки ҳар яке баёнгари қадима будани моро дорад, руҳи ватанхоҳии аҳли кишварро боло бардошт

Дар ин росто либоси миллӣ барои қавӣ гардонидани,  урфу одат, суннатҳои миллии тоҷик ва дар зебову пуршукуҳтар гардонидани ҷашну маросимҳо роли муҳим мебозад. Ҳар як халқу миллатро аз фарҳангу урфу одатҳояш мешиносанд, ки ҳамаи ин дар либоспушӣ инъикос меёбад.

Дар байни дигар арзишҳои миллӣ, аз қабили забони тоҷикӣ, осори аҷдодӣ ва сарзамини аҷдодӣ фарҳанги либоспӯшии миллӣ яке аз рукнҳои муҳимми арзиши миллати тоҷик маҳсуб мешавад.

Дигар халқияту миллатҳо тоҷиконро аз либосҳои миллӣ: атлас, адрас, чакан ва рӯймол мешиносанд. Ва бояд зикр кард, ки  29 ноябри 2018 бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО боз яке аз беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик – пироҳани модари тоҷик “Чакан” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардид.

Вақте касе аз либоси миллӣ сухан мегуяд, симои зане дар тан либоси хоса зебо ва бо рӯймоли орои тоҷикӣ ба назар ба тасвиру симои зани тоҷик ҳусну таровати хоса бахшида ҳусни зани тоҷикро зиёда мегардонад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, зан ва модари тоҷик ҳамеша дар ҷодаи посдорони ойинҳои муқаддаси миллӣ саҳм ва роли асосӣ доранд. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар баробари иштирокаш дар ҳалу фасли масъалаҳои актуалии глобалӣ ба таҳкими расму оини миллӣ ва густариши анъанаҳои неки фарҳангӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои муҳиме пеш мегузорад.

Чунон чи, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бахшида ба “Рӯзи модарон” чунин таъкид карданд: “Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст.

Мутаассифона, имрӯзҳо тамоюли бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳангу оини бегона дар фарҳанги либоспушии занон ва духтарон инъикос ёфта, дар баъзе минтақаҳои кишвар ба як ҳолати нигаронкунанда табдил ефтааст.

Бегонапарастӣ дар чунин ҷанбаҳо инъикос мешавад: одоби пӯшидани сару либоси тоҷикӣ дар байни ҷавондухтарон, одоби пушидани рӯймоли тоҷикӣ ва дар гуфтору рафтор низ инъикос ёфта истодааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Тақлиду бегонапарастӣ дар гуфтор ба маънои он ифода меёбад, ки бархе аз ҷавонон, на ин ки фақат духтарон, балки ҷавонписарон низ ҳангоми гуфту гӯ кардан бо забони ноби тоҷикӣ дар байни ҷумлаҳояшон калимаҳои хориҷиро истифода мекунанд, ки ин аз як ҷиҳат дурушт ва аз ҷиҳати дигар нигаронкунанда аст. Ин як падидаи зишт аст, ки қариб дар ҳама марҳилаҳои синну сол паҳн шуда, боиси нигаронӣ аст. Ҳамаи ин ба устувории сутунҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонида истодааст.

Ҳамаи мо имрӯзҳо дида истодаем, ки фарҳангу ҳусну зебогии либоспушии зани тоҷик либоспушии занони тоҷик коста гардида истодааст, чун дар ҷомеа занону духтаронро бо либосҳои хоси миллати бегона мушоҳида менамоем. Хоси зану духтари тоҷик ин атласу адрасу чакану рӯймоли тоҷик аст.

Бояд зикр кард, ки бо пайравӣ аз мода баъзе аз бонувон аз саломатии худ дида фасонию ҷаззобиро дар мади аввал мегузоранд. Мисол: пойафзолҳои пошнабаланде, ки мепушанд боиси деформатсияи устухонҳои пой шуда, ба артриту тромбофлебит оварда мерасонад. Ҳамчунин сутунмуҳра зери фишори доимӣ қарор мегирад.

Ва аз қафои модаю тренду тақлидкорӣ шуда мо бояд иртиботи хешро ва он фарҳанге, ки ниёгонамон дар тули таърих посу гироми дошта то ба имрӯз расониданд гум накунем. Ҳуввияту фарҳангу арзишҳои миллиамонро аз даст надиҳем.

Бояд фарҳанги милли худро пос дорем.

Муҳайё Тошхӯҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Дар таърихномаи ҳар як халқияту миллат саҳифаҳои сабақомӯзу пурарзише ҳастанд, ки ояндагон онро бо муҳаббат ба хотир меоранд.  

Ба имзо расидани "Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 сол қабл беҳтарин армуғон ба халқи шарифи кишвар маҳсуб мешавад.

Бояд қайд намуд, ки сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи мо ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонию ноҳамворро тай намоем.

Монеаҳои сангинро аз миён барем ва мушкилоти гаронро паси сар намоем. Халқи заҳматкашу  баору номус, ватандӯст ва сулҳпарвари тоҷик тавонист дар муддати кӯтоҳ таҳти роҳнамоии Сарвари давлат оташи ҷангро хомӯш кунад, Ватанро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшад, фирориёнро ба Ватан баргардонад ва ба ободии мамлакат камар бандад.

Мо имрӯз ифтихор аз он дорем, ки фарҳанги сулҳофарини тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат гардида, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф шудааст

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо намудааст. Пояҳои Истиқлолияти давлатӣ сол ба сол қавитар мегарданд.

Барқарории сулҳу ваҳдат ба кулли мардуми ҷумҳурӣ, аз ҷумла меҳнаткашони ноҳияи мо низ имкон фароҳам овард, ки ба корҳои созандагию бунёдкорӣ мустаҳкам камар баста, иқтисодиётро пешрав гардонанд, дараҷаи зисту зиндагонии мардумро боло бардошта, ба зинаҳои баланди тараққиёт устуворона қадам гузоранд.

Воқеан, ваҳдати миллӣ ифодагари мафҳумҳои ягонагӣ, якпорчагӣ ва созандагӣ мебошад. 

Бе Ваҳдати миллӣ дирӯзу имрӯзу фардо, таҳкими истиқлолият, пос доштани хотираи неки аҷдодон, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ имкон надорад. Пас, мо вазифадорем онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи омодагиҳои комил ба ҷашни 35 -солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад. Ин моро водор месозад, ки беш аз ҳарвақта корҳои созандагиву ободониро вусъат бахшем, симои ноҳияро беҳтар намоем ва ин ҷашни таърихии миллатро бо нишондиҳандаҳои назаррас истиқбол гирем.

Изҳори боварӣ карда мешавад, ки мардуми меҳнатқарини ноҳия баҳри расидан ба мақсадҳои ниҳоии худ қадамҳои устувор гузошта, дар соҳаҳои хоҷагии халқ пурмаҳсулона меҳнат менамоянд.

Ин ҷашни бузургу таърихии миллатро бо натиҷаҳои назаррас истиқбол мегиранд.

Муҳайё Тошхӯҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Тоҷикон аз азал  дорои фарҳанги бой ва арзишҳои милливу маънавии хос буданд. Аксарияти мамолики олам тоҷику Тоҷикистониро маҳз бо оинҳои неки ниёгон ва анъанаҳои миллиашон мешиносанду онро миллати маданиятпарвару фарҳангдӯст эътироф кардаанд. Хосатан занҳои зебову олиҳаи Тоҷикистон ончунон зебо либоси миллии тоҷиконаро бар бар менамоянд, ки он ифодакунандаи назокати занона мебошад. Зеро дар ҳақиқат либоси миллии тоҷикона ҳам зебову шинам ва ҳам инъикоскунандаи оинҳои неки башарият мебошад.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари вусъат ёфтани тамоми соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа ба истеҳсоли матоъҳои ватанӣ, ки маҳз бо нахи пахта истеҳсол гардида ба саломатии инсон безарар мебошад рушд ёфтааст. Бо ифтихор метавон аз ин озодию ободӣ тоҷикона пӯшему онро пос дорем. Зеро на ҳар миллату халқияти саодате, ки мо имрӯз онро дорем, соҳиб мебошанд.  Ба ҳамин хотир ҳамаи моро мебояд, ки сазовори чунин саодати зиндагии шоиста бошему арзишҳои олии халқамонро эҳтиром намоем.

Ҳамаи моро маълум аст, ки дар ҷомеаи муосир баробари зуҳур пайдо кардани ҳар гуна ташкилотҳои ифротӣ, дар байни мардум истифодаи фарҳанги бегонапарасти низ мақоми худро касб кардааст. Аммо чунин рафтори занону бонувни мо, фарҳанги халқи моро коста мегардонад, зеро ки имрӯз бо таассубкори ба  фарҳанги бегонагон либосу фарҳанги дигар қавму миллатро истифода мекунанд. Вақте, ки мо худ дорои либоси миллӣ ва дигар оинҳои ниёгонии тоҷикона ҳастем чи зарур аст, ки тақлид ба бегонапарастӣ намоем. Мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ дар такя ба арзишҳои бегонагон амал намекард. Ҳоло ҳам аксарияти мардум нафрат ба онҳое доранд, ки ба фарҳанги миллӣӣ тоҷикона нуқс ворид намуда, тақлид ба фарҳанги бегонагон аз ҷумла сатру ҳиҷоб баста, ҷомеаи соҳибистиқлолу озодиро моро рахна заданианд. Ҳоло, ки  мардуми мо дорои инқадар аришу фарҳанги воло ҳастанд чӣ зарурат аст мардуми моро, то аз либоси бегонагон истифода мекунанд. Моро атласу чакану адрас дар тамоми ола ҳамчун нишони тоҷикон машҳур кардааст. Сатр бар сару ҳиҷоб бар тан ҳеҷ гоҳ оини тоҷикон набуд. мардумони  тоҷик хосатан занону бонувон моро бо либоси миллии тоҷикона др тамоми олам шинота гардониаанд. Мо албатта маҳз бо оинҳои тоҷиконаи хеш ифтихор дорем ва то ҷон дар бадан дорем аз Тоҷикистон ва аз арзишҳои олии он ҳифзу ҳимоя хоҳем кард.

Раҳмонқулова Эъзозахон, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

  Дар яке аз баромадҳояшон ба муносибати  ҷашни истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин такид намуда буданд:

“... фалсафаи ҳаёт ин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузорад”.

     Воқеан ҳам кишвари мо аз лиҳози фарогирии аҳолӣ бештар юа ҷавонон такя мекунад. Зеро аз 4 ҳисса аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд.  Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи  худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар шароити имрӯза таваҷҷуҳт хосаро тақозо дорад. Бинобар дар назди калонсолон, падару модарон ва устодон доимо гузаронидани ташвиқ  оиди ин амалҳо вазифаи муқадастарин ба ҳисоб меравад.

       Чуноне,ки  ба ҳамагон маълум аст, пас аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ  ин омилро ба назар гирифта  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон “ Дар бораи ҷавонон ва сиёсати  давлатии ҷавонон” – қабул карда, ба хотири дастгирию мутаҳидии ҷавонон як қатор барномаҳои давлати таҳия ва қабулшуда амалигаштанд, ба монанди: таъсиси стипендияҳо ба донишҷӯён ва квоти призденти ба толибилмон,  грантҳо, Ҷоизаи  ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимону муҳаққиқони ҷавон  ва ғайра мебошад.

      Ба шарофатии истиқлолияти давлати аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷавонон шароитҳои заруриро барои омузишу таҳсили ҷавонон дар дохили кишвар ва берун аз он фароҳам овард.

      Чӣ тавре,ки аз  асарҳои гаронбаҳои гузаштагони бузургамон: устод Рудакӣ, Абуалӣ Сино, Берунӣ Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии шурозӣ, Адураҳмони Ҷомӣ, Ҳофизи Шреозӣ, Кошифӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигар бузургони илму адаб, ки  китобҳои руи мизии тамоми доништалабон ва донишмандони ҷаҳон гардида аз он панду ҳикматҳои пешниҳоди онҳо истифода бурда  нишон медиҳанд, ки  инсони донишманд, ҳунарманд ва дорои эҳсосоти баланди ифтихори ватандоридошта ҳеҷгоҳ дар зиндаги  хор намешавад. Майл ва алоқа ба илм аз тафаккур ва дунёи ботинии фард вобастагӣ дорад, ки ин омилҳо дар оила ва мактаб шакл мегирад. Бинобар  падарон ва модарон инчунин устодон бояд дар олила  ҳама ҷамъомадҳо  ва дарсҳои худ  бояд ба таълиму тарбияи фарзандон ва шогирдони худ аҳамияти  ин падидаҳои нектарини ҳаётро ба монанди садоқат ба ватани маҳбубамон ватандӯсти, доништалабӣ, ҳунармандӣ ва баланд бардоштани нуфузу обурӯи ватамонро бо андухтани илмудониш назарас гардонанд.

Ҳамаи ин падидаҳои нек дар натиҷаи меҳнатдӯсти фард бо илму  идрок дастрас мегардад. Бинобар мо бояд ҷавононро аз тамбали раҳо намуда ҳамчун меҳнатдӯст  тарбия намоем. Дар байни халқи куҳнабунёди лотинҳо чунин зарбулмасал паҳн гаштааст. Инсони хушбахтарин кист? Инсоне,ки меҳнатро дӯст медорад.

Ҳар як мувафақияти ҳаётии инсон чӣ дар донишу илм ва чӣ дар истеҳсолот, саонат  ва дигар мақомҳои давлатӣ меҳнатдӯстиро талаб мекунад.

         Анвариддин   Муҳиддинов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Зиёдшавии аҳоли дар сайёра ба таъмини талоботҳои рӯзмарраи ба табиат таъсири худро гузаронида истодааст. Аз таърихи гузашта ба мо маълум аст, ки инсоният созандаи табиат ё ин ки нобудкунандаи он ҳастанд . Дар айни замон аз тарафи инсон ба табиат зарари худро расонида муаммоҳои глобалӣ ва экологиро пайдо кардааст. Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ бо газҳои заҳрнок, теҳнологияҳои муосир, биёбоншавии заҳираҳои замин ва дигар проблемаҳои ҷахонӣ ба вуҷуд омадааст. Инсон талоботҳои худро аз табиат қонеъ намуда дар асри XX ва оғози ҳазорсолаи савум пайдо шудани муаммоҳои глобалӣ, дигаргун шудани иқлим ва обшавии бисёр минтақаҳои дарози пиряҳҳо ва таъсири аҳолӣ ба сайёра ба вуҷуд омада истодааст. Дар ин таъсири калони табиат инсоният маҷбур шуд, ки пешгириву ҳалли муаммоҳои глобалии экологӣ аҳамият дода корҳои заруриро ба анҷом расонад. Солҳои охир баҳри кӯли Арал ва камобшавии он хатари калони экологӣ буда, қариб ба ҳама минтақаҳои Осиёи Миёна таъсири худро расонида истодааст. Гармшавии иқлими Тоҷикистон ба пиряхҳо таъсир расонида, обшавии пиряҳҳо ба вуқуъ омада истодааст. Имрӯз 80 млн нафар одам дар кишварҳои Африко аз оби ифлос истифода мебаранд ва ин бисёр касалиҳои марговарро ба миён овардааст. Дигаргун шудани иқлим пиряҳҳои Тоҷикистон, ки манбаи ташаккули қариб 60  фоизи оби дарёҳои Осиёи Марказӣ мебошад, дар асри ХХ қариб 35 фоизи ҳаҷми худро гум кардааст.

 3-сентябри соли 2009 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба тайғирёбии глобалии иқлим, ки дар Женива баргузор гардида буд, дар  мавзуи “Проблемаҳои нигоҳдории пиряҳҳо ва истифода бурдани самараноки заҳираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ” сухан ронданд. Дуруст истифода набурдани заҳираҳои обӣ, ва партовҳои маишӣ, дар ҳаракати машинаҳо, сузишвории газҳо дар ҳаво баромадани газҳои зароровар пастшавӣ ё баланд шудани ҳарорати иқлим таъсири калон расонида истодааст. Тибқи арзиёби коршиносон, шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил дода, боиси афзоиши истеъмоли об мегардад. Аз ин шаҳодат медиҳад, ки таъсири тайғирёбии иқлим дар давраи зикршуда алалхусус 50 фоизи аҳолии ҷаҳон бо хатари норасоии об рӯ ба рӯ мегардад. Ин офатҳои табиат ба ҳайвонҳо, растаниҳо ва иқтисодӣ талофатҳои ҷонӣ сабаб мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист, аз 2-юми августи соли 2011 моддаи 3-4 ва қонунҳои дигар маъсалаҳои зиёд нисбат ба безарар гардонидани партовҳои ифлоскунандаи муҳит, пешгӯи кардани манбаъҳои зараррасони ҳавои атмосфера, об, обанборҳо, ҳок ва пешгирии ба нестӣ овардани ҷангалҳою, дарахтзорҳо хароб кардани ландшафт, оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ санадҳои асосӣ қабул шудааст.

      Бо ташаббусҳо ва пешниходҳои  Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд ва дар ҷаҳон қабул карда шудаанд. Чаҳор пешниҳодҳои савари давлатамон инҳоанд:

1) Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

2) Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

3) Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои

саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

4) Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи

пиряхҳо дар ш.Душанбе.

     Ин ташабусҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ- (илм дар бораи об ) ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор қайд намудааст. Об манбаи ҳаёт ва ташкил ё инкишофёбандаи табиат мебошад. Дар ҳақиқат пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми давлатҳо ба шумор меравад. Барои бо оби нушокӣ таъмин будани аҳолии тамоми кишварҳо, пирях неъмати асосӣ ҳисобида мешавад.

      Мо ҳар як сокинони Тоҷикистон аз Пешвои муаззами миллат ифтихор кунем, ки ин ташабуси сарвари давлат барои муҳофизат кардани ватани азизамон мебошад. Бойигариҳои захираҳои табиӣ оқилона истифода бурда, безараркунонии партовҳо ва тоза кардани муҳити зист вазифаи ҳар яки мо аст. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд, ки: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».

                                        Кудузова М.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 Дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об таҳти унвони “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028” чанд рӯз қабл шаҳри Душанбе – пойтахти азизамон мизбони чорабинии сатҳи баланди байналмиллалӣ гардид.  Ҳамаи мо хуб медонем, ки ҳадафи ин даҳсола такон ва суръат бахшидан ба амалҳо дар соҳаи об барои ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор мебошад ва итминон дорем, ки ин ташаббус дар роҳандозии талошҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти вобаста ба мудирияти захираҳои об то соли 2028 нақши назаррас хоҳад бозид.

Дар доираи иқдомоти ин даҳсола, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 2021 пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Вобаста ба ин, Сарвари давлатии Тоҷикистон доир ба эълони соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси навбати баромад намуданд ва хушбахтона аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ якдилона пазируфта шуд.

Ғамшарик будан ба дарди аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бетараф набудан ба тақдири мардуми олам аз сифатҳои олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад. Зеро проблемаи об ин масъалаи ҷаҳонӣ буда, он ба кишвари мо камтар тааллуқ дорад. Тоҷикистон дар мавриди  захираҳои бузурги об дар ҷаҳон ҷои 3-юм, дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҷои дуюм ва дар Осиёи Марказӣ  дар ҷои аввал меистад.  Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 947 дарё, 14509 пирях, 1300 кӯл ва бештар аз 200 чашмаи шифобахш маълум аст

Ҳалли мушкилоти алоқаманд ба об ва дастрасии аҳолӣ ба он барои рушди устувори иқтисодӣ ва ҳалли даҳҳо проблемаҳои умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла, ҳифзи саломатӣ нақши калидӣ дорад.

Роҳбари давлати тоҷикон дар вохӯриҳои сатҳи баланд дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар ҳамаи сатҳҳо, махсусан дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид омодагии кишвари моро иброз менамоянд.

Дар баромадҳои худ Пешвои миллат ҷиҳати мусоидат ба рушди инсоният, татбиқи идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об, таъсири манфии тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, пешгирии офатҳои табиӣ, истифодаи судманди захираҳои гидроэнергетикӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалӣ, таҳияи инфрасохтор ва бунёди заминаи дахлдори воситаҳои амалисозӣ, аз ҷумла системаҳои иттилоотӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ, рушди тавонмандӣ ва дигар воситаҳои идоракунии об ва беҳтар кардани дастрасӣ ба санитария таъкид мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки оид ба масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва пешниҳоди қатъномаҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускору пешсаф эътироф шуда, саҳми босазои худро дар ин раванд мегузорад.

То имрӯз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашт қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои об қабул шудааст, ки аз муҳиму сарвақтӣ будани ин мавзӯъ шаҳодат медиҳанд.

Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаи об дар тақвият ва суръат бахшидан ба амалҳои мушаххас дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба захираҳои об саҳми назаррас мегузоранд.

Исмоилҷон Исмоилов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30-юми майи соли ҷорӣ бо намояндагони илму маорифи кишвар вохӯрии судманд анҷом дода, мубрамтарин масоили марбут ба соҳаро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд. Зимни вохӯрӣ Пешвои муаззами миллат нахуст аз рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ёдовар гардида, таъкид намуд, ки бузургтарин дастоварде, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ ба он дастрасӣ пайдо намуд, ин хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад.

       Дар ҷараёни мулоқот Пешвои муаззами муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа ба шахсони масъул ва сохторҳои марбута дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

      Ин нуктаҳоро Пешвои муаззами миллат ёдовар гардида, чунин иброз доштанд: “Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад”.

     Беҳбуди вазъи иҷтимоии устодону кормандони муассисаҳои илмӣ   самти дигари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бевосита зери назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Агар мо ба  ҳисоботҳои  оморӣ назар андозем, ба хубӣ равшан мегардад, ки ҳамасола музди маоши кормандони илмӣ вобаста ба имкониятҳои буҷетӣ баланд бардошта мешавад.  Президенти кишвар дар суханронии худ аз ҷумла қайд намуданд:  “....маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз моҳи июл дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда мешавад”.

     Яке аз соҳаҳои мубраме, ки дар он ҷавонон сарбаландона ифои вазифа доранд, ин соҳаи илму маориф мебошад. Агар аз як ҷониб ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба омӯзишу азхудкунии дониш машғул бошанд, аз ҷониби дигар ҷавонон ба таҳқиқу тадрис машғуланд. Президенти кишвар аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданашон  неруи бузурги ҷавононро ба инобат гирифта, онҳоро ояндаи давлату миллати тоҷик муаррифӣ намуданд.  Ба олимону муҳаққиқони соҳибунвону таҷрибадор дастур дода шуд, ки дар омодасозии кадрҳои ҷавон бетарафӣ накарда, ёрии ҳамаҷонибаи худро расонанд.

   Дар ин росто, мақом ва нақши калонсолон дар тарбия ва таълими насли ҷавон хеле таъсиргузор аст. Маҳз насли калонсолу донишманд аст, ки ҷавонон дар руҳияи инсонгароӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тарбия меёбанд. Бояд ҳар як фарди тоҷик суханони Пешвои муаззами миллатро шиори рӯзгори худ намуда, дар роҳи тарбияи насли донишманду соҳибфарҳанг нақши бориз гузорад.

     Изҳори боварӣ карда шуд, ки олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни фаъол - бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаашон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоранд ва минбаъд низ рисолати азалии  ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд

     Бо камоли боварӣ ва итминони комил метавон гуфт, ки суханрониҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон боз як ғамхории падарона ва ватандӯстонаи Сарвари маҳбуби давлат нисбати аҳли илм ва маорифи кишвар буда, мо зиёиёнро вазифадор месозад, ки баҳри ояндаи дурахшони кишвари азизамон Тоҷикистон бо неруи қавӣ, дасту дили гарм ва нияти пок ҷаҳду талош намоем, дар рушду ободӣ ва пешрафти ин мамлакати гулгулшукуфон ва дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи маорифи кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.

         Тоҳирҷон Тоҳиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Соли равон аз қабули -Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисон 30 сол пур мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамон  дар Паёмашон ба Маҷлиси олӣ ба хотири 30-солагии қабули Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикисон соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин таъкид гардид, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Пеш аз ҳама, бояд сари ин проблема андеша намоем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бобақои худ, яъне Ватан ва Истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем».

Дар ҳақиқат, ҷаҳонишавӣ  ва зуҳури гуруҳҳои манфиатҷӯву афзоиши хатарҳои экстремистиву террористӣ ба оромиву субот ва истиқлолу соҳибихтиёрии кишарҳои  ҷудогонаи олам таҳдид менамояд,  ҳар сокини сайёра ва миллату давлатҳоро ҳушдор медиҳад, ки аз ин қабил падидаҳои хатарзо дар ҳифз бошад.

Коршиносони байналмилаливу  ватанӣ борҳо омили асосии пайваст шудани  ҷавонону сокинонро ба гуруҳҳои ифротӣ ба маърифати пасти  ҳуқуқӣ, донишҳои диниву сиёсии онҳо марбут медонанд.

Тоҷикон, ки аз қадим соҳиби таъриху тамаддун ва адабиёти бузургу фарҳанги оламшумул буданд, падидаҳои номатлубу гуруҳҳои зиёдаравро маҳкум мекарданду имрӯз низ дар мубориза ба терроризму экстремизм дар арсаи байналмилал кишвари пешсаф шинохта шудаанд.  Борҳо Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз минбарҳои созмону ташкилотҳои байналмилалӣ хатари экстремизму терроризмро ёдовар шуда, аз паёмадҳои ногувори он ҳушдор додаанд.

Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар меҳвараш ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолати иҷтимоӣ ва гуманизмро фаро гирифта, инсон  ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро дар аввал мегузорад, тамоми хатару таҳдидҳо ва падидаҳои номатлубро пурра маҳкум менамояд.

Барои бунёди воқеии ҷомеаи демократӣ зарур  аст, ки дар баробари ҳамаи тадбирҳои дигари бунёдкорӣ, аҳли ҷомеа ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои хешро хело хуб дар сатҳи зарурӣ донанд. Аз он самаранок ва пурмаҳсул истифода намоем. Қонун ва қоидаҳои қабулгардидаро баҳри зиндагии сазовор дуруст ва бо камоли ақл дар зиндагии рӯзмарра амалӣ намоем. Дар ин замина нақши Конститутсия дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ басо муҳим ва асосӣ маҳсуб меёбад.

Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” боз як иқдоми ояндасози Сарвари давлат ба шумор рафта, дар робита ба авзои ҷаҳони муосир амри бисёр муҳим ва саривақтӣ ба шумор меравад. Тамоми сокинон ва шаҳрвандони мамлакатро лозим аст, ки  дар заминаи эълон шудани соли 2024 ”Соли маърифати ҳуқуқӣ”  ҳарчи бештар донишҳои ҳуқуқиву сиёсии хешро баланд бардошта, ҳамвора ҳушёру зирак бошанд ва бо маърифати ҳуқуқӣ дар ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзи якпорчагии мамлакати аҷдодӣ саҳмгузор бошанд.

Исмоилҷон Исмоилов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Захираҳои об на танҳо неъмати беҳамто, балки меҳвари асосии рушди устувори ҳар як давлат маҳсуб меёбад.

Ғамшарик будан ба дарди аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бетараф набудан ба тақдири мардуми олам аз сифатҳои олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад. Зеро проблемаи об ин масъалаи ҷаҳонӣ буда, он ба кишвари мо камтар тааллуқ дорад. Тоҷикистон дар мавриди  захираҳои бузурги об дар ҷаҳон ҷои 3-юм, дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҷои дуюм ва дар Осиёи Марказӣ  дар ҷои аввал меистад.  Дар ҳудуди ҷумҳурӣ 947 дарё, 14509 пирях, 1300 кӯл ва бештар аз 200 чашмаи шифобахш маълум аст

Ҳалли мушкилоти алоқаманд ба об ва дастрасии аҳолӣ ба он барои рушди устувори иқтисодӣ ва ҳалли даҳҳо проблемаҳои умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла, ҳифзи саломатӣ нақши калидӣ дорад.

Роҳбари давлати тоҷикон дар вохӯриҳои сатҳи баланд дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим дар ҳамаи сатҳҳо, махсусан дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид омодагии кишвари моро иброз менамоянд.

Дар баромадҳои худ Пешвои миллат ҷиҳати мусоидат ба рушди инсоният, татбиқи идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об, таъсири манфии тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, пешгирии офатҳои табиӣ, истифодаи судманди захираҳои гидроэнергетикӣ, такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалӣ, таҳияи инфрасохтор ва бунёди заминаи дахлдори воситаҳои амалисозӣ, аз ҷумла системаҳои иттилоотӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ, рушди тавонмандӣ ва дигар воситаҳои идоракунии об ва беҳтар кардани дастрасӣ ба санитария таъкид мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки оид ба масъалаҳои марбут ба об ва иқлим дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва пешниҳоди қатъномаҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускору пешсаф эътироф шуда, саҳми босазои худро дар ин раванд мегузорад.

То имрӯз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашт қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои об қабул шудааст, ки аз муҳиму сарвақтӣ будани ин мавзӯъ шаҳодат медиҳанд.

Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки иқдомҳои Тоҷикистон дар соҳаи об дар тақвият ва суръат бахшидан ба амалҳои мушаххас дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба захираҳои об саҳми назаррас мегузоранд.

Ҳоло мо дар ҳошияи даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028”, ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудааст, қарор дорем ва мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба бознигарии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” мебошем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори қатъномаҳои муҳими обии Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид масъалаҳои вобаста ба обро дар сатҳи глобалӣ мегузорад ва масоили баробарии гендерӣ ва иштироки занонро дар ин раванд муҳиму зарурӣ арзёбӣ менамояд.

Кишвари мо дорои захираи фаровони об буда, дар миқёси ИДМ баъд  аз Федератсияи Руссия дар ҷойи дуюм меистад. Ба ҳисоби миёна 60 дар сади обҳои Осиёи Марказӣ аз дарёи мо сарчашма мегиранд, ки дар як сол  64 километри мураббаъро ташкил медиҳанд. Алабтта, фаровонии об маънии онро надорад, ки мо ба исрофкориҳо роҳ дода, ба қадри ин неъмати бебҳои табиат нарасем. Мо масъул ҳастем, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намоем ва дар дарсҳои тарбиявии худ ба масъалаи покиза нигоҳ доштани об ва ба қадри он расиданро талқин карда, ба ин васила онҳоро водор намоем, ки ҳеҷ гоҳ ба исрофи об ва олуда кардани он роҳ надиҳанд.

Наргис Ҳамидова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Дар ҳамаи давру замон гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ бо мақсади ғасби ҳокимият ва амалишавии манфиатҳои шахсиву қавмӣ фаъолияти тахрибкорона мебурданд. Мо хуб медонем, ки Тоҷикистон дар саргаҳи соҳибистиқлолӣ ба чунин амалҳои номатлуб мубориза бурда шикаст ҳам хӯрда буд. Махсусан ҳаркатҳои иртиҷогаронаи ҳизби наҳзат, ҳизби демократ, ҳаракатҳои ба монанди  “”Растохез” ва “Лаъли Бадахшон” теъоди зиёди рушанфикронро ба доми тазвири худ кашида, мамлакатро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.

Ба сари қудра омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама нофаҳмиҳо, зиёдравиҳо дар такя ба нерӯи хиради халқ нуқта гузошт.

Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм “ қабул карда шуд. Ин қонун, терроризм- яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин нобуд сохтан, ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад.  Дар идома бо қарори суди олии кишвар фаъолияти беш аз 20 равияву ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон манъ карда шуд.

Имрӯз вақте омадааст, ки мо бояд теша бар решаи терроризм бизанем, гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм  вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, бе дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон ин номумкин аст. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва махсусан тарбия дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.Омӯзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаи мазкур бештар диққат диҳанд.Ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби мавзӯънок бедор намояд. Ташкил намудани вохӯрию конфронсҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ҳаракатҳои дар боло зикргардида  дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад. Инчунин дар муассисаҳои таълимӣ бояд кори созмонҳои талабагӣ ва созмони ҷавонон  ҷоннок ба роҳ монда шавад, зеро мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандӯсту гуманист, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст.

Низомадинова Р. А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Донишҷӯ имрӯз ҳамчун яке аз қишрҳои ҳассоси ҷомеа дар ҳам муҳити таълимгоҳ ва ҳам муҳити оила нақши муассир дорад. Онҳо ояндаи рушди зеҳнию заминаи пешрафти иқтисоду иҷтимоиёт ва фарҳангу сиёсат, касбу ҳунар дар кишвар мебошанд. Вазифаи донишҷӯ дар муҳити муассисаи таълимӣ  дар заминаи омӯзиши донишҳои заминавии касбӣ тақвият бахшидани малакаю маҳорат, донишу қобилият маҳсуб меёбад.  

Махсусан дар замоне, ки илм пеш меравад ва ҳар лаҳзаву соати уфуқҳои нав ба рӯи насли ҷавон кушода мешавад, насли ояндасозро мебояд ҳамқадами замон бошад.

Тақозои шароити ҷаҳони имрӯза водор месозад, ки донишҷӯён дар раванди таҳсил ҳам аз лиҳози ташаккули касбият ҳам мусаллаҳ будан бо маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун узви ҷомеа ва билохира ҳам ҳифзкунандаи фарҳанги миллӣ ва дорои ахлоқи ҳамида бошанд. Ғайр аз ин донистани забонҳои хориҷӣ яке аз талаботи бозори меҳнат дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ гардидааст. Ин нуқта борҳо дар мулоқоти Сарвари Давлат, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хитоб карда мешавад.

Донишҷӯ бидуни омӯхтани таҷрибаи амалӣ дар заминаи донишҳои азхуднамудани назариявӣ мутахассиси комил буда наметавонад. Махсусан истифодаи самараноки технологияҳои муосири рақамӣ дар истеҳсолот ба ҳам суръат ва ҳам сифати фаъолияти касбии мутахассиси оянда бевосита ёрӣ мерасонад.

Раванди касбинтихобкунии донишҷӯи оянда бояд пеш аз ҳама аз майлу рағбати худи у ба ин ё он соҳа ва тавсияҳои волидон вобаста ба тақозои имрӯзаи бозори меҳнат бошад. Махсусан ихтисоси меъморӣ, ки пешаи созандагию эҷодкорист аксаран тавассуси интиқоли гении волидон ба фарзандон ин пешаро интихоб менамоянд. Ҳамасола раванди интиқоли довталабон ба ин пеша меафзояд, ки аз талаботи ҷомеа, сулҳу субот ва баланд гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ бармеояд. Ҳанӯз тақозои ин пешаро Мақомоти иҷроияи вилоят соли 2005 эҳсос намуда дар донишкада ихтисоси меъмориро таъсис доданд. Тибқи омори хатмкунандагон то имрӯз қариб 500 нафар хатмкардагони ихтисоси меъморӣ натанҳо дар гӯшаю канори вилоят ва ҷумҳурӣ, балки дар хориҷи кишвар низ рисолати созандагию эҷодкории хешро иҷро намуда истодаанд.  Қурбонов Далер ва Каримов Бахтиёр хатмкардагони соли 2015 дар ширкати лоиҳакашии «Tarhmubodala»-и Аморати Муттаҳидаи Араб, Солиев Диловар (соли 2018) дар гурӯҳи «GAMMAprojekt»-и кишвари Англия, Холиқов Акмал ( соли хатм 2017) дар  гурӯҳи лоиҳавии «Медиасити»-и шаҳри Екатеринбург ва амсоли онҳо натиҷаи заҳматҳои устодони кафедраи меъморист, ки бомуваффақият фаъолият намуда истодаанд ва ифтихори натанҳо устодону донишкада, балки Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз 16 шаҳру ноҳия сармеъморону роҳбарони муассисаҳои лоиҳакашӣ маҳз дастпарварони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошанд.

Дар ниҳоят қайд намуданием, ки таълиму тарбияи ҷавонон яке аз самтҳои омодасозии қишри созандаи ба хотири ояндаи меҳан буда, он аҳамияти калони иҷтимоӣ дошта, бо донишҳои касбӣ ва ахлоқи баланд мусаллаҳ дар эъмори   Тоҷикистони тозаистиқлол метавонад мусоидат намояд.

Раҳимҷон Зокиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд