Бесабаб одобро ҳусни инсон нагуфтаанд. Одобу ахлоқ  ҳамчун падидаи иҷтимоӣ баробари пайдоиши ҷамъияти инсонӣ ташаккул ёфтааст. Он бунёди маънавии ҷомеаро ташкил дода, дар ҳамаи қишрҳои  муносибатҳои иҷтимоӣ ҷой дошта, дар танзими муносибатҳои шаҳрвандон нақши бузург меомӯзад. Муносибатҳои  иҷтимоӣ, муоширати одамон, комёбиву пешравӣ, саодату бақои ҷамъият аз ахлоқу одоб бевосита алоқаманд аст. Дар ҷомеае, ки ҷавонон ахлоқи ҳамида дар ҳама самти зиндагиро доранд, он ҷомеаи солим маҳсуб меёбад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромади худ оид ба ахлоқи ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, башардӯстӣ, эҳтироми ҷамъият истода гузашта, нисбати ин масъала таваҷҷӯҳи зиёд менамоянд.

 Албатта руҳияи ахлоқии наврасон аз кӯдакӣ аз оила, кӯдакистон ва мактаб сарчашма мегирад. Дар баробари ин ҷамъият ва муҳити атроф ба равони онҳо таъсири худро мерасонад. Баъзан рафтори берун аз этикаи ахлоқии наврасону ҷавонон ба назар мерасад, ки ин аз бемасъулиятии падару модар ва устодон шаҳодат медиҳад. Зеро ҳисси масъулиятнокии худро баъзе волидайн дар назди фарзандону шогирдон дарк намекунанд.

Бузургони гузаштаи мо адабро ҷавҳари ақлу хирад номидаанд. Зеро инсон аз мавҷудоти дигар бо ақлу хиради худ фарқ мекунад. Қадру қимат ва одамияти инсон қабл аз ҳама дар гуфтор, кирдор ва пиндори ӯ ифода меёбад. Ба инсонҳо қабл аз ҳама аз рӯи тарзи сухан гуфтану ибрози назар намудан, яъне сатҳи муоширати ӯ баҳо додан мумкин аст. Муошират бошад, одобу вижагии худро дорад, ки ҳамагон бояд аз он бархурдор бошем. Воқеан, одоб, рафтору гуфтори нек маҳсули ақлу хирад аст. Шахсе ки аз ақлу хирад орӣ аст кобилияти фикру андешаи оқилонаву шоистаро надорад.

      Одоби муошират ва этика дар ҷомеаи муосир вижагиҳои худро касб намудааст. Зеро раванди босуръати ҷаҳонишавӣ фарҳанҳоро ба ҳам омезиш дода, интихоби тамоюлҳои ахлоқӣ озод боқӣ мондааст. Мутаасифона фарҳанги ғарб бо номутобиқатии омилҳои бегона нисбати фарҳанги бостонии Шарқ  дар муносибат бо калонсолон, дар пӯшидани сарулибос, дар этикаи истеъмоли ғизо, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан нақлиёт миёни ҷавонони муосир ба назар мерасад.

Шахси боодоб ҳамеша аз фазлу ҳунар, заковат, дониш, фарҳанг ва илму маърифат бархӯрдор аст. Шахси бад ва ё хубро аз рӯйи одобу ахлоқаш шинохтан мумкин аст. Аҷдодонамон аз замонҳои хеле қадим одамонро ба боодобу  хушахлоқ шудан даъват кардаанд. Онҳо мудом шахсро ба роҳи рост ҳидоят намудаанд. Шахси беодоб дар  ҳар як кори худ, роҳи худ ба душвориҳо, пасту баландиҳо дучор меояд. Инсон ҳарчанд дониши баланд дошта бошаду бадахлоқ бошад, ӯ дар  ҷомеа ҷойи худро намеёбад. Барои ҳамин ҳам бузургонамон гуфтаанд: «Аввал тарбия, баъд таълим».

Тарбияи ахлоқӣ ва этикаи муошират аз лаҳзаҳои кӯдакӣ оғоз меёбад ва он ба волидон вобаста аст. Дар оила модару падар бо фарзанд чӣ гунае ки муносибату рафтор дошта бошанд, аъзои дигари оила низ айнан чунин муносибату рафторро бо дигарон раво мебинанд. Дар ин маврид як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирӯз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рӯз маҳв мекунад ва амсоли оне, ки равшании офтоб пардаи торикии шаброОмедарад.

       Ҷаҳони муосир моро водор месозад андеша ва нигоҳи худро нисбати мароми зиндагӣ таҷдиди назар кунем. Вақтҳои охир теъдоди ҷавононе, ки дорои сатҳи пасти одоби ҳамида ҳастанд ба маротиб афзуда истодааст. Дар кӯчаю хиёбонҳо беадабиро дида, беэътиноӣ намамоем.  Ин амали бемавқеъ ба манфиати ҷомеаи муосиру демократӣ нест. Аз ин хотир, ҳамагони мо вазифадорем, ки наврасонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони азиз такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт дар он эҳсос  мегардад.

Атаева Т.Х. устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Оила барои тарбия ва ташаккули шахсият нақши асосӣ мебозад. Агар дар оила муҳит солим бошад, он гоҳ фарзанд низ дар руҳияи худшиносӣ ба камол мерасад. Дар ҷомеаи кунунӣ зиёд оилаҳое ҳастанд, ки барои тарбияи маънавии фарзандон саъю талош меварзанд. Чанд омилҳое ҳастанд, ки фарзандони мо тарки омӯзиш намуда, барои худ шуғли дилписанд ҷӯё мешаванд. Агар кӯдакону наврасон дар деҳҷойҳо бинобар вазнин будани бори гарони рузгордорӣ ба меҳнати ҷисмонӣ андармон шуда, тарки омӯзиш намоянд, пас дар шаҳрҳо асосан ин қишри ҷома майл ба марказҳои дилхушӣ доранду ҳамчунин ба телефон. Мутааасифона, сол то сол сафи китобхонон коҳида истодааст, ки фоҷиа ба миллат хоҳад шуд.

Маҳз дур будан аз китобу омӯзиш ҷавонони моро ба кӯчаҳои сарбастаи ҳаёт талқин намуда истодааст. Дар ин росто як қатор омилҳои муҳити хонаводагӣ, аз қабили фаъолияти касбукории волидон ва аъзоёни оила, муҳити иҷтимоӣ, шароити иқтисодӣ ва маҳалли зист дар тафаккури зеҳнии шахс таъсири амиқ мерасонанд. Имрӯзҳо мафҳумҳои оилаи намунавӣ, оилаи тифоқ ва оилаи беҳтарин миёни воситаҳои мухобирот ва муошират дар ҷомеа бисёр садо медиҳад. Роҳандозӣ намудани тадбирҳои муассири хонадорӣ, ҳифзи фарҳанги оиладорӣ ва ташвиқи таҷрибаи оилаҳои муваффақ аз сиёсати инсонпарваронаи Ҳукумати кишвар ва мақомот дар ҷамоату шаҳраку деҳот ба ҳисоб меравад. Зеро оила маъвои муқаддас барои аҳли байт ва муҳити танзимкунандаи хулқу хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ки ҷомеа онҳоро пазируфтааст эътироф гардидааст.

Мутаасифона дар ин самт ба назар мерасанд он нафароне, ки бо рафтори ношоистаи худ ҳам ба номи худ ва ҳам ба волидайн иснод меоранд. Ба роҳи хато гом ниҳодани ҷавонону наврасон аз иродаи фитрии шахс ба вуҷуд ояд ҳам аз чониби дигар маҳсули тарбияи волидон низ буда метавонад. Ҷаҳони пуршебу фарози имрӯза ин масъулиятро ба дӯши устодон низ гузоштааст. Ба ибораи дигар тақозои ҷомеаи муосир тарбияро аз таълим пеш гузошт.

Заминаи ин раванд бархурди тамаддунҳо ва паиҳам зуд-зуд ба вуқӯъ омадани ҳаводиси фалокатбор махсусан дар минтақаҳое, ки анбӯҳи мардуми бегуноҳ қарор дошта, қурбонии ин дасисаҳои қувваҳои радикалӣ мебошад. Яке аз равзанаҳое, ки барои заҳролуд сохтани мафкураи тозаи ҷавонон рӯи кор гирифта шуда истодааст, шабакаҳои иҷтимоие мебошанд, ки ҳадафи онҳо ноором сохтани муҳити ҷамъиятӣ, ихтилоф андохтани мақомоти давлатӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва билохира гумроҳ сохтани насли ҷавон ба ҳисоб меравад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар пешгирии  ин равандҳои номатлуб хело заминаҳои меъёрию ҳуқуқии мушаххасро фароҳам овард, ки он соли 2011 қабул гардидааст. Санади меъёрии мазкур волидайнро муваззаф менамояд, ки барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанди худ ғамхорӣ намоянд; фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия карда, аз ҷониби фарзанд ҷойгир ва паҳн намудани ахбори ғайриахлоқиро тавассути телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ пешгирӣ ва манъ намоянд; ба фарзанди ноболиғ тамошои филмҳои ғайриахлоқӣ ва хусусияти зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ доштаро манъ намоянд.

Пас метавон натиҷагирӣ намуд, ки танҳо дар ҳамоҳангии сегона: оила-таълимгоҳ ва муҳити ҷомеа  тарбияи ахлоқию равонии насли ҷавонро хуб ба роҳ монд. Бетарафии яке аз ин сегона метавонад замири ҳассоси насли имрӯзаро ба вартаи ҷинояту ҷинояткорӣ ҳидоят созад. Зеро гурӯҳҳои радикалӣ бо баҳонаи ваъдаи ояндаи «хуб» ва сармояи «хуб» метавонанд идораи мафкураи ҷавононро ба дасти хеш гиранд. Яъне омили иҷтимоию иқтисодии «музди муфт» барои аз роҳи росто берун баромадани ҷавонон замина мегардад.

Барои пешбурди зиндагии шоиста имрӯз дар кишвари мо барои ҷавонон ҳамаи имкониятҳо тарҳрезӣ шудаанд, то ҷавонон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он метавонанд соҳибкасб гардида, бо ташаббусҳои созандагии хеш дар эъмори Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми худро гузошта бошанд.

Дар ин замина ҳам таълим ва ҳам тарбия ду ҷузъи ногусастае гардидаанд, ки мо устодонро вазифадор менамояд дар баробари омӯзонидани касбу ҳунар аз хазинаи маърифати классикони бузургамон аз Одамушшуаро Устод Рӯдакӣ то Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, ки зиндагиномаи онҳо худ пандест барои имрӯзу ояндаи насли ояндасози миллат. Зеро андарзи пирони хирад рафтору пиндори насли ҷавонро ташаккул дода, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, амсоли накукорию рафоқат, рӯй овардан ба илму ҳунар, расидан ба қадри вақт, дӯстӣ, ҳусни тафоҳум, ҷавонмардӣ, ростӣ, поктинатӣ ва дурӣ аз аъмоли ношоистаро дар қалби инсон тақвият медиҳанд.

Дар интиҳо нуқтае аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин хусус қайд менамоям, ки тақвият ба гуфтаҳои болост: “Мо бояд ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳем ва онҳоро тавре ба камол расонем, ки боиси ифтихори падару модарони хеш гарданд, эҳтироми калонсолонро ба ҷо оранд, соҳибихтисос шаванд ва ба Ватани аҷдодии хеш содиқона хизмат намоянд.”

 

Аминҷонова. Р, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Решаҳои терроризм ва экстремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа то рафт доман паҳн мекунад. Ин вабои аср махсусан миёни ҷавонон бештар миёни ҷавонон сироят ёфта, ҷони ҳазорон нафарро мерабояд. Имрӯз терроризм  ба сифати хатари бузург барои башарият эътироф гардида, танҳо муборизаи дастҷамъӣ метавонад, инсонияро аз ин хатарҳо раҳоӣ бахшад. Зуҳур кардани наздик ба 12 ҳазор сомонаҳои ифтилофангез ва моҷароҷӯй, миллионҳо шабакаҳои иҷтимоӣ, радиову телевизионҳо, интрентпорталҳо ва ютубканлалҳо барои мағзшӯи ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меорад.  Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.             Мутаассифона, ҷавонони бесаводу ноогоҳ, шахсони шароити иҷтимоияшон пастбуда, донишу илмнаомӯхта, бо ҷаҳонбинии танг ба ваъдаҳои пучу беасоси террористон фирефта шуда, бо гурӯҳу созмонҳои ифротӣ шомил шуда истодаанд.

Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки он кас ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз паӣи омӯзишу тадқиқ бошанд.

Мо  бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки Ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигоҳ дорем. Моро зарур аст, ки пеш аз ҳама худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, манфиатҳои миллат ва давлатро дар мадди аввал гузорем, ҳамеша ҳушёру зийрак ватандӯст бошем. Ваҳдат ва меҳнати якдилонаи мо метавонем Истиқлолияти худро, тинҷию амонии Ватанамонро ҳифз бикунему Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо намоем.

Хамидова Наргис, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

   

Санаи 9 марти соли 2024 тариқи телевизион  мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа  ва ходимони дини кишварро тамошо намуда, бори дигар аз андешаҳои пурарзиш, хиради воло ва дурбинонаи Сарвари давлат қоил мондем. Пешвои миллат бо нутқи амиқ, нишонрас дар такя ба далелҳои мушаххас кулли соҳаҳоро ба риштаи таҳлил кашиданд. Дар мулоқот вобаста ба анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, бо сабру таҳаммул будан, иқдомоти савобу созанда, бунёдкориву ободонӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ  ва ғайраҳо  изҳори ақида намуданд.

    Пешвои миллат таъкид намуданд, ки равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир ба вуқуъ пайваста истодааст, аз ҷумла низоъҳои диниву мазҳабӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, сиёсати духӯраи абарқудратҳо нисбат ба терроризму экстремизм, ба бар намудани сатру ҳиҷоб байни занон тақозо менамояд, ки ин масъалаҳоро мавриди таҳлил ва натиҷагирӣ бояд қарор дод.

   Махсусан, Пешвои миллат таваҷҷуҳи тамоми сохторҳои дахлдори мамлактро ба қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “дар бораи муқовимат бо терроризм ва экстремизм”  ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷалб намуданд. Бояд гуфт, ки барои канораҷӯӣ аз исрофкориву зиёдаравӣ ва серхарҷӣ, инчунин барои тарбияи дурусти насли наврас, донишомӯзӣ, забондонӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ волидайн, омӯзгорон ва кулли мардум  низ  масъул мебошанд

   Тавре Пешвои миллат дар идомаи баромади худ зикр намуданд: “Мо набояд фаромӯш  кунем, ки қонунҳои миллии мо қонуни оддӣ не, балки як ислоҳоти маънавию иҷтимоии кишвар буда, фазои мафкуравӣ ва ҳаёти иҷтимоии мардумро аз хурофоту таассуб озод менамоянд”.

    Оре, қонунҳои мазкур барои мардуми кишвар бисёр сабукӣ овард, мардум аз зиёдаравию серхарҷӣ канора ҷустанд, падару модарон дар таълиму тарбияи насли наврас бо масъулияти том кӯшиш намуда, фарзандони хешро дар донишкадаҳои пешрафтаи дунё барои омӯзиши касбу ҳунар ва забономӯзӣ камари ҳиммат баста истодаанд.

  Яке аз ҳадафҳои асосии  Пешвои миллат дар хусуси  эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар па  ёми навбатии хеш, маҳз таҳким бахшидан ба сатҳу сифати донишу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи бечунучарои меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои кишвар ва иҷрои уҳдадориҳо дар ин замина пешгирии ҳамагуна ҳуқуқвайронкуниҳо  ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

   Дар ин ҷода ҳар яки моро зарур аст, ки барои ҳимояи арзишҳои миллӣ ва динӣ, пешгирии фарҳанги бегонапарстӣ, рафтору кирдори ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Зеро ислом либос наовардааст, балки ҳамаи халқу миллатҳо либоси миллии худро доранд. Аз ҷумла,  мо тоҷикон низ аз қадимулайём либосҳои миллӣ ба монанди атласу адрас  ва чакан дорем. Чаро дигар кишварҳои дунё либоси моро ба бар намекунанду мо либосҳои онҳоро барои фарзандони хеш ҷоиз медонем?. Аз ин рӯ, пеши роҳи ин гуна бегонапарастиро бояд гирему кӯшиш ба харҷ диҳем, ки урфу одат ва арзишҳои миллии тоҷиконаро дар байни аҳолӣ тарғибу ташвиқ намоем. Чӣ хеле ки Пешвои миллат дар идомаи мулоқот зикр намуданд: “Агар дар забонамон, дар рафторамон, дар кирдорамон зоҳирпарастӣ кунем, ҷелакҳои дароз монем, сатру ҳиҷоб бандем, лекин дилу нияти бад дошта бошем, ин зоҳирпарастӣ асту халос”.

Ин ғамхориҳои навбатии Пешвои муаззами миллат моро ба ояндаи дурахшони миллатамон раҳнамоӣ менамояд. Итмнон дорем, ки ҳар фарди соҳибандеша ва дорои ҳувияти баланд ба қадри ин арзишҳо хоҳанд расид.

  Муҳайё Абдусаломова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Ҳамаи мо хуб медонем, ки истиқлолият барои мо озодии виҷдон, сухан, рафторро додааст. Аммо  ин маънии онро надорад, ки мо зиёдравӣ намоем. Солҳои охир бинобар беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ сокинон бо истифода аз таассубу хурофотпарастӣ даст ба амалҳои исрофкорӣ, худнамоишдиҳӣ зада истодаанд, ки боиси норозигии аҳли ҷомеа гардида истодааст. 

Яке аз рукнҳои дини мубини ислом, ки барои бандагонаш дар сурати имкон доштан фарз аст, ин зиёрати хонаи Худост. Аммо дар ягон китобҳои муқаддаси динӣ ишора нашудааст, ки ҳоҷӣ пас аз омадан дастурхони шоҳона кушояд ва атрофиёнро зиёфат диҳад.

Тавре дар суханронии Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дини кишвар омадааст: “Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тақрибан 300 ҳазоршаҳрвандони кишвар баҳри ҳаҷ ба зиёрати Каъба мушарраф  шудаанд. Ҳол он, ки давоми 70 соли пешин, яъне, даврони шӯравӣ танҳо 400 нафар сазовори ин аркон шуда буданд. Аммо, раванди адои ҳаҷ, ки қисман онро мақомотҳои давлатии кишвар ба низому танзим даровардаанд, ҷараёни таассубу худнамоишдиҳиро ба худ  касб намудааст ва зуҳуротҳои манфии он ба касодшавии ҷомеа оварда истодааст. Аввало, маълум нест, ки ҳоҷии навбаромад маблағи ҳаҷравиро чӣ тавр пайдо кардааст?. Баъдан, ҳоҷӣ тамоми фазилатҳои диниву дунявиро иҷро кардааст? Мушкилоти молиявию иҷтимоии оилаву маҳалла, мардуми наздиконро медонаду ҳалл кардааст? Ботинан барои адоии ҳаҷ омода шудааст? Даҳҳо саволҳои дигар ба ин тоифаи ҷомеа интизори посухи муфассалу мушаххасанд. Танҳо аз масъулину фаъолон мебояд  ҷавоби онро интизор гашт. 

         Пӯшидани сару либоси ғайр, ташкили ҳоҷиошӣ бо забҳи чорво, худнамоӣ дар маъракаҳо, панду насиҳатгӯии ҳоҷии ҷавон ба калонсолон,худ нишонаи возеҳи худнамоишдиҳӣ маҳсуб меёбад.

         Раисони маҳалла, фаълони ҷомеа, сарварони масҷидҳои панҷвақтаро мебояд, ки  дар масҷидҳо, кӯчаю маҳалла, тариқи воситаҳои ахбори омма, нишастаҳои хоса ва ғайра мардумро ба садоқату поктинатӣ ба дину давлат ҳидоят намуда кӯшанд, ки дар ботини мусалмонон Офаридгор бо тамоми покиаш маскун гирад, бар зидди ҳаҷравони каҷравон мавқеи фаъоли оштинопазирӣ дошта бошад. Зеро, агар барпо намудани маъракаи бодабдаба пешгирӣ карда шавад, аллакай нафъе ба иқтисоди ҷомеа хоҳад расид. Ба ҳоҷиёни навбаромад талқин кардани саҳмгузорӣ дар маъракаи ободонӣ, кабудизоркунӣ, ғамхорӣ бо ятимону маъюбон табақаи камбизоатон бунёди дабистону муассисаҳои дигари соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва амсоли онҳо вазифаи бошарафу пурмасъули ходимони дин мебошад, ки алъон бо дараҷаи кофӣ иҷро нашуда истодааст.

         Дар ин радиф, тамоми фаъолони ҷомеа низ вазифадоранд, ки серталабу сахтгир ба масъулияти хеш дар назди ҷомеа бошанду баҳри абадан пойдор гардидани фазои сулҳу субот, оромиву осудагӣ, созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон ҳамеша кӯшиш намоянд.

Ҳамидова Наргис, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Аз соҳибистиқлолии мамлакатамон сои равон 33 сол пур мешавад. Ин фосила дар саҳифаи таърих чандон рақами зиёд нест. Аммо шебу фарози ин масир барои миллати мо арзиши ҳахорсолаҳо дорад. Зеро мо марҳилаҳои сӯхтанҳову шикастанҳо ва бастанҳоро паси сар намуда, миллати воҳид, ягона ва демокративу дунявии худро бори дигар ба ҷаҳониён исбот намудем. Дар ин росто суханони пурҳарорати  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотир мерасанд: “Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик, хусусан, дар солҳои аввали истиқлол сипарӣ намуд, як масири пур аз даҳшату фоҷиа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд. Замоне, ки кишвари соҳибистиқлоли мо ҳанӯз аввалин қадамҳои худро мегузошт, хоинони миллати тоҷик ва душманони давлати тоҷикон бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ кишвари моро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум ва саҳифаҳои таърихи навини кишвар фаромӯш намешавад. Дар он айёми вазнину мудҳиш фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ пурра фалаҷ гардида, низоми идоракунии давлатӣ амалан барҳам хӯрда, Конститутсия ва дигар қонунҳо поймол ва дар кишвар фазои беҳокимиятиву хушунату зӯроварӣ ҳукмфармо гардида буд. Бузургтарин фоҷиа дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик буд.”

    Таҷрибаи сиёсии давлатдорӣ моро ба хулосае овард, ки дар ин раванд пеш аз ҳама, андешаи миллии тоҷикон ҳамчун ҷавҳари муттаҳидсозу ваҳдатофарин хизмат намуд.  

      Мо аз шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамрайъӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, таҳкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳаёти озодонаи ҳар фард ва санаи олитарини дараҷаи бахту саодати воқеии миллат мебошад.

      Истиқлолияти давлатӣ, ки Тоҷикистон ба даст овард, натиҷаи кӯшишу талошҳои тӯлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи худ мебошад. Чунки андешаи истиқлолият ва талоши расидан ба давлатдории худ дар зеҳни миллати мо давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд.

      Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид. Сиёсати «дарҳои кушод» ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам хеле боло бурд. Ормонҳои волои истиқлолият, меҳанпарастиву башардӯстӣ, озодфикриву озодманишӣ, илмомӯзиву маърифатпарварӣ, хайрхоҳиву таҳаммулгароӣ, ваҳдату дӯстӣ, хулоса ахлоқи ҳамидаву фазилатҳои неки инсонӣ мероси бегазанди тамоми ниёгони бузурги мо аст, ки мардуми тоҷик ва аҳли оламро ба сӯи ояндаи нек ва рӯзгори пурсаодат ҳидоят менамоянд.                        Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба халқу мамлакати мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрӯз мо дилпурона метавонем гӯем, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид. Истиқлолият шараф ва номуси ҳар миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст.               

      Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро доштанд.

 

Шарипова М.А.,  устоди ДПДТТ дар ш.аҳри Хуҷанд

 

Соли равон аз Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 – сол пур мешавад. Ин санаи таърихӣ воқеан ҳам дар сарнавишти миллати тоҷик чун рӯзи баҳамомаданҳо ва тафиқу сулҳу дӯстӣ шинохта мешавад. Муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ мебошад. Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи қавии ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукумативу ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Президенти кишвар аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда мусоидат карданд. Кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат, ҳамчунин хираду заковати мардуми бонангу бофарҳанги мо дар ин роҳ натиҷаҳои матлуб ба бор оварданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Имрӯз таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ низ дорад. Зеро он роҳ ва намунаи хуби ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар давлатҳои минтақаҳои гуногун шуда метавонад. Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва ба макони зист баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун намуна ё модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид. Омӯзиши ҳамаҷонибаи ин таҷриба имконият медиҳад, ки пеши роҳи сар задани чунин низоъҳо ва моҷароҳо гирифта шавад ва дар сурати ба вуқӯъ омадани ҳар гуна муноқишаҳо роҳи ҳалли онҳо ҳарчи зудтар пайдо карда шавад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки дар ҳалли чунин низоъҳо омилҳои дигар низ метавонанд таъсири худро расонанд. Аз ҷумла нақши Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, дигар сохторҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, ки дар ин Шӯро ба ҳам омаданд, дар роҳи муттаҳид намудани нерӯҳои солими ҷомеа назаррас мебошад. Таъсири Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон, ки 9 марти соли 1996 аз ҷониби 30 ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ширкати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид ва дар заминаи он Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон таъсис ёфт, дар пешрафти музокирот ва сулҳи тоҷикон бузург мебошад.

Маҳз ҳаллу фасли масъалаҳои дар Созишнома баёншуда таъмини сулҳи бебозгаштро дар кишвар таҳким бахшид. Мо имрӯз аз он ифтихор дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намуна буда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардидааст. Таърих кам ёд дорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин як мӯҳлати кӯтоҳ хотима ёбад ва ҷонибҳои даргир ба ҳам дасти дӯстиву бародарӣ дода, ба хотири Ватан, сарзамин, амнияти халқу миллат ва арзишҳои миллӣ муттаҳид гарданд.

Тоҳирҷон Тоҳиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Ҳифзу нигаҳдошти истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини кишвар буда, ин неъмати бебаҳо  кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ во суботи кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон марҳила ба марҳила пеш рафтаву, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин гардида истодааст. Солҳои охир вазъи иҷтимоии сокинон куллан беҳтар гардида, имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки ҳувияти миллиро боло бардорем.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём мавриди бедор намудани ҳисси ватандорию ватандӯстии ҷавонони кишвар хеле бомаврид қайд намуданд: “Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”.

Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоваранд, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошанд. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳҳои нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, онро решакан намоянд. Ин ҷараёни хатарзо метавонад ба несту нобуд кардани халқият, миллатҳо ва давлатҳо оварда расонад. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад.

Ҳодисаҳои дар Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломи Эрон ва Афғонистон рух дода, бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки терроризм ва экстремизм миллат, халқият надорад.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз азал миллати соҳибсавод, соҳибдавлат, соҳибтамаддун ва соҳибмарзу соҳибватан буд. Миллати сарбаланди тоҷик дар ҷодаи ватандорӣ бо ватандӯстию хештаншиносӣ фарҳанги хоса ва эътирофшудаи худро дорад. Ватандорию ватансозӣ, ватандӯстию ба қадри соҳибватанӣ расидан фазилати нек ва фарҳанги ибратомӯзи халқи қадимаи тоҷик ба шумор меравад. Дар радифи сифатҳои олии ахлоқии шахсият тарбияи ватандӯстӣ, меҳру муҳаббати хоса доштан нисбат ба зодгоҳи худ, дӯст доштани муқаддасоти миллии халқи худ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои суннатӣ, эҳтироми ному пайкори фарзонафарзандони сарзамини аҷдодӣ, ки барои эҳё ва пойдории Ватан қаҳрамонии бемислу монанд нишон додаанд, дар мадди аввал қарор дорад.

Дар “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст: “Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва аз ҳама муҳимтарини тарбия мебошад, ки он дар мафҳумҳои диёр, макон, кишвар, сарзамин, Ватан низ ифода меёбад. Ҳамаи унсурҳои дигари тарбия ба ҳамин унсури тарбия иртибот доранд ва садоқатмандии шаҳрвандро ба ватани хеш дар назар доранд”.

Фарзанди тоҷикро аз хурдсолӣ дар рӯҳияи ватанпарварӣ ва муҳофизати Ватан тарбия менамоянд. Агар ба таърихи ибратбахши халқи қадимаи тоҷик назар афканем, он саропо таълим, тарбия ва фарҳанги пурғановат аст. Ниёгонамон ҳангоми тарбияи фарзандон ба хулқу атвор, дӯст доштани Ватану миллат, эҳтироми забону арзишҳои миллӣ эътибори махсус медоданд. Чи хеле ки академик Лутфуллоев М. қайд менамояд, “дар бобати муносибат ба замин, ватану ватандорӣ, мустақиливу пойдории оила, ба қадри инсон расидан, фарҳангу маданият, сулҳу оштӣ, касбу ҳунар, афрӯхтани тухми дониш халқи мо мисл надорад”.

Моро зарур аст, ки беш аз ҳарвақта фарзандонро дар руҳияи худшиносии миллӣ тарбия намоем. Нагузорем, ки аз ҷониби мубаллиғон мафкураи насли ояндсоз мағзшӯӣ шавад.  Ҷавоне, ки соҳиби хату савод аст, ҳаргиз ба раҳгумӣ намеравад.

 

Шарипова М.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Пешвои миллат зимни суханронии худ бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин атрофи он муфассал андеша ронданд, масъалаи мубориза бо таассубу хурофот мебошад, ки мисли заҳрпечак тамоми тору пуди ҳаёти динӣ, ахлоқу маънавиёт, махсусан урфу одатҳо, анъанаву маросимҳои динии моро бо худ печида ва фаро гирифтаанд.

      Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид,ки:  “Шахсоне, ки маротибаи дуюм ва сеюм ба ҳаҷ рафтан мехоҳанд, метавонанд аз руи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда, маблағи хароҷоти онро барои зиндагии шостаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин барои кумаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намуда, аҷру савоби беандоза ба даст оранд”.

     Воқеан ҳам дар ҷомеаи имрузе ки мо зиндагӣ дорем ба чашм мерасанд нафароне ки зиёрати хонаи Худо менамоянд, хароҷоти даҳчанд барои худнамоӢ мекунанд, аммо як хеши наздики худаш ё ҳамсояи девор ба девораш  дар шароити сангин умр ба сар мебарад.

   Сари исрофкориҳои ҳангуфт дар зиёрати хонаи Худо гуфтем, аммо исрофкориҳои беҳуда ҳангоми туйи хонадоршавӣ, ҳоҷибинон, хатнатуй, зодрузӣ ва монанди инҳо низ ҷой доранд, ки ин аз нодида гирифтани  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Ин раванди исрофкориҳо  пеш соли қабули қонунҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар авҷи аъло расида буд ва тую маъракаҳои мардум ба таври мусобиқа гузаронида мешуд ва ин ҳам дар ҳоле аст, ки мактабинтернатҳои мамлакат пур аз ятиму бепарастор асту дар хонаҳои пиронсолони бе касу танҳо  кам нестанд муҳтоҷи ғамхориву меҳрубонӣ.

   Агар дар рафти мулоқот аҳамият дода бошед Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки гарчанде ҳукумати мамкат барои ятимон тамоми шароитро фароҳам оварда бошад, аммо боз ҳам мавқеи оила дигар аст. Яъне дар ҷомеае ки мо зиндагӣ дорем нест ва умуман ба назар намерасад нафаре ки аз ятимхона фарзандеро гирифта барои Ӯ нақши оиларо бозида ба воя расонад. Аммо ҷои тассуф аст, ки бархе қонуншикани намуда барои якчанд соата истироҳати худу ду се ҳаммаслаки худ  харҷҳои калон  меноянд.

    Масъалаи рӯй овардан ба фарҳанги бегона дар мулоқоти имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин як ҷузъи мулоқот буд.

     Воқеан ҳам ҳамаи вохуриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам беҳтар намудани зисту зиндагии мардум барои  анҷом додани корҳои хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад, ки ҳар як шахси солимфикр ва боақл аз чунин вохуриҳо ҷаҳони маъни ба  худ касб менамояд ва барои беҳтар намудани зиндагии худ ва наздиконаш ҳамчун раҳномо истифода мебарад!

Тоҳирҷон Тоҳиров, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

(Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббус ва иродати шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо суҳбату мулоқотҳо бо аҳли зиё ҷиҳати пешбурди соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, иҷтимоиёту тандурустӣ баргузор гардиданд, ки аз хиради воло, сиёсати дурнигаронаи Роҳбари давлат дарак медиҳад.

Мулоқоти навбатии Сарвари давлат бо аҳли илм ва маорифи кишвар замоне доир гардид, ки воқеан ҳам ҷаҳони муосир ба сураъти кайҳонӣ аз лиҳози илму техника пеш меравад. Дар чунин вазъи ҷаҳони бошитоб он давлатҳое рӯ ба рушд ва тараққиёт меоранд, ки дорои тафаккури пешрафта, огаҳ аз илмҳои муосири техникаву технология ва донандаи чанд забонҳои хориҷӣ бошад.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки Роҳбари давлат дар баробари пешрафти ҳамаи соҳаҳо борҳо аз он изҳори изтироб менамоянд, ки завқи ҷавонони имрӯза ба илмҳои дақиқ, риёзӣ, техникаву технология чандон баланд нест. Собитгари гуфтаҳои болоӣ он аст, ки тайи чанд соли охир ба кластерҳои равияи риёзиву техникӣ ҳамагӣ ҳудуди 65 - 70 фисад ҳуҷҷат месупоранд. Гузашта аз ин, сол то сол шумораи ҷавононе, ки барои таҳия ва ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар риштаҳои болозикр саъю талош меварзанд, коҳиш ёфта истодааст.

Бо назардошти ислоҳи вазъ ҳанӯз 14 сол қабл бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат соли 2010 соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон гардида, тайи ин солҳо даҳҳо барномаҳои давлатӣ аз қабили «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзиву техникӣ барои солҳои 2010-2020», «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимиву илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмиву таҳқиқотӣ» ва «Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар ҳуҷҷатҳои расмиро қабул намудааст, ки барои дастгирӣ ва дар сатҳи талаботи замон ба роҳ мондани кори таълиму тарбия, пешбурди илму маориф ва тарбияи кадрҳои миллӣ мусоидат намуданд.

Албатта дар фосилаи беш аз 33 сол корҳои зиёде дар ин самт ба сомон расонида шудааст. Тавре зимни суханроӣ ишора шуд: «Агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст. То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст».

Воқеан ҳам қадамҳои қатъии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати баланд бардоштани маънавиёти ҷавонон хеле сутутанист. Дар ин ҷода эълони солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», эълони озмуни «Илми фурӯғи маърифат», таъсиси ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ба номи Султон Умаров, Дурахшандагон, ҳамасола дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмунҳои «Ихтироъкор ва навовари беҳтарин», олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ барои рушди маънавӣ ва каолоти зеҳнии ҷавонон таккони бузурге бахшид.

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз бузургтарин боргоҳи илму маърифатест, ки дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи техникаву технология, илмҳои дақиқ саҳми назаррас гузошта истодааст. Донишкада соли 2010 дар асоси якҷояшавии филилаҳои ду донишгоҳҳои бонуфуз – Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуда, давоми 14 соли фаъолият ҳазорон нафар муҳандисони соҳаи энергеика, нақлиёт, сохтмон,  соҳаи саноати сабук, меъморӣ, барномерзон, молиячиён, иқдисодонҳоро ба камол расонида аст.

Давоми 5 соли охир озмоишгоҳҳо аз 28 адад ба 46 адад расонида шуда, дар ин фосила 23 нафар омӯзгорон рисолаи илмӣ ҳимоя намуданд, ки аз он 14 нафарашон аз рӯи равияҳои техникӣ ва технологӣ мебошанд.

Таъсиси озмоишгоҳҳои иқтисодиёти рақамӣ, зеҳни сунъӣ, низомҳои иттилотӣ ва барномарезӣ барои ташаккули тафаккури техникии ҷавонон саҳми мондагор гузошт.

Боиси ифтихор аст, ки се нафар устодони донишкада ва литсейи он – Хуршед Худойбердиев, Ҷӯрабой Бобоҷонов ва Муъминҷон Иброҳимов аз аввалин гирандагони Ҷоизаи давлатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошанд.

Албатта роҳбарияти донишкада аз дастовардҳои донишкада қаноатманд набуда, барои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани савияи дониш, мустаҳака мнамудани пояи моддиву техникӣ, илмро дар амалия татбиқ намудану таъсиси кафедраҳои сайёр дар коргоҳҳо,  дастгирии ҷавононии ихтироъкор ва навовар,  ҳимояи рисолаҳои докториву номзадӣ, баланд бардоштани таффакури техникӣ, таҳкими равобити хориҷӣ ва мубодилаи донишу маҳорат минбаъд саъю талош меварзад. 

 

Шаҳриёр Саъдуллозода, номзади илмҳои техникӣ,

директори ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ

дар шаҳри Хуҷанд

Масъалаи таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми меҳвариро ишғол менамояд. Корҳои анҷомёфта дар ин ҷода шаҳодати он мебошанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дарки масъулияти арзиши олӣ будани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, бахусус кӯдакон фаъолияти худро устуворона пеш бурда истодааст. Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар кишвар як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шуда, ин раванд бомаром идома дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳоро баҳри ҳифзи кӯдакон андешида истодааст, то ки ба онҳо шароити зиндагии арзандаро фароҳам оварад. Масъалаи ҳифзи кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар қонунгузории кишвар бо ин мақсад заминаи меъёрии ҳуқуқии муносиб муҳайё карда шудааст

Аз ҷумла, ворид намудани иловаҳо ба моддаи 90 Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурӣ дар хусуси иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон, аз ҷумла дар диспозитсияи модда илова гардидани калимаҳои «истифодаи зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ нисбати онҳо» илова карда шуда, дар санксияи модда калимаи «панҷ» ба калимаи «ҳафт» нишондиҳанда иваз карда шуд. Ҳамчунин, ба моддаи мазкур эзоҳ ворид карда шуда, мафҳуми истифодаи зўроварӣ ва таҳдиди истифодаи зўроварӣ шарҳ дода шуд.

Қабул гардидани «Дастурамали механизми ҷамъоварии маълумоти оморӣ оид ба кўдакони  ҳуқуқвайронкунанда, шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зўроварӣ,  Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кўдакон барои солҳои 2023-2027, инчунин ворид гардидани тағйиру иловаҳои дахлдор ба Кодекси оила, қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» ва «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» бо мақсади танзими механизми пешниҳод ва баррасии муроҷиати ноболиғон ва ба инобат гирифтани фикри кўдак, сарфи назар аз синну сол, ҳуқуқуи кўдак ба изҳори ақида ва ҳуқуқи кўдак ба ҳимоя равона шуда, гувоҳи  гуфтаҳои ои боло мебошанд.

Ташаббуси навбатии инсондўстонаи  Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак» ғамхории навбатӣ нисбат ба кўдакон аст. Аз ҷумла, дар лоиҳаи қонуни мазкур бори аввал масъалаи аз ҷониби падару модар, дигар шахсони онҳоро ивазкунанда, инчунин омўзгор ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кўдакон манъ карда шуд. Яъне аввалин бор дар низоми қонунгузории кишвар соли 2023 нисбат ба кўдак истифода ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ манъ гардида, соли 2024 бошад ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кўдакон манъ карда шуд.

Айни замон зиёда аз 4 миллион нафар, қариб нисфи аҳолии Тоҷикистонро кӯдакон ташкил медиҳанд. Ҳукумати Тоҷикистон аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба кӯдакон диққати ҷиддӣ дода, соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ду протоколи иловагии онро ба тасвиб расонидааст. Ба ин нигоҳ накарда, баҳри ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва рушду камолоти онҳо Тоҷикистон соли 1993 бо яке аз сохторҳои бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид дар ҷоддаи ҳифзи кӯдакон, яъне Хазинаи кӯдакон (ЮНИСЕФ) ҳамкориро ба роҳ монда, то ҳол онро рушд дода истодааст.

Соли 2015 барои амалигардонии босамари меъёрҳои Конвенсияи зикршуда ва баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак аз ҷониби Парламенти кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул карда шуд. Бо қабули ин қонун самтҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак муайян гардида, дар баробари ин, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак муайян карда шуд.

Пешвои миллат қайд намудаанд, ки «набояд фаромӯш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо, онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо – калонсолон вобаста мебошад. Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кӯдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Ӯро бояд дар рӯҳи сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқи неку ҳамида тарбия намоем».

Аз ин рӯ моро мебояд, ки кӯдаконро дар руҳияи хешташниносӣ одобу ахлоқи ҳамида тарбия намоем.

Азамҷон Усмонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд