Шириншо Шотемур соли 1899 дар деҳаи Поршиневи ноҳияи Шуғнон таваллуд шудааст.

Соли 1906, вакте ки вай хамагӣ хафтсола буд, аз падар маҳрум шуд ва баъди як сол модараш вафот кард. Ӯ ва бародаронаш Шомузаффар, Бобошо, Шомусаллам ва хоҳаронаш гуё ба тақдири худ партофта шуда буданд. Хушбахтона, кӯдаконро хешовандон ба хона бурданд. Онҳо ҷудо шуданд. Шириншоро холааш, ки хоҳари модараш Майсара буд ва боқимондаашро дигар хешовандон ба воя расонидаанд.

Соли 1909 дар Хоруғ мактаби русзабон кушода шуд ва Шириншо дар он ҷо таҳсил мекунад. Вай ҷиддан саъю талош меварзид, то илмҳои замонаро омӯзад. Дар таътили тобистона дар отряди сарҳадии Хоруғ кор мекард. Ин отряд чанд сол хонаи Шириншо гардид.

Устодаш А.П.Радугин ташнаи беандоза ба дониш Шириншоро пай бурда, ӯро боистеъдодтарин шогирд қайд намуда, ба ӯ маслиҳат медиҳад, ки ба Тошканд рафта, таҳсилро идома диҳад.

Ба Тошканд омада, ба мактаби маҳаллӣ дохил шуд, вале баъд маҷбур шуд, ки онро тарк кунад ва дар синни 14-солагӣ ба депои трамвайи Тошканд ба кор даромад. Бо вуҷуди ин, таҳсил барои ӯ чизе буд, ки ӯ омода буд аз ҳама чиз даст кашад ва баъзан таҳсилро идома медод. Соли 1920, вакте ки Шириншо дар курси сеюм буд, ӯро барои ғаллазахиракунӣ ба Хуҷанд фиристоданд.

Аммо дар ибтидои соли 1921 ӯро боз ба Тошканд даъват карданд: Шириншо фаҳмид, ки Комитети Марказӣ қарор додааст, ки ӯро дар ҳайати сегонаи ҳарбию сиёсӣ ба Помир фиристад. Ӯ аз соли 1914 ба зодгоҳаш наомада буд ва ин хабарро шодона қабул намекард, зеро эҳсос мекард, ки дар 22-солагӣ ва бидуни таҷриба ба ин мансаб муносиб нест ва кӯшиш мекард, ки ин тасмимро ба қафо партояд. Тройка (Сегонаи назоратӣ) дар давраи душвори баъд аз ҷанг, дар давраи харобиҳо ташкил карда шуда буд.

 Бо вуҷуди ин ӯ  ба Хоруғ омад. Дар ҳайати команда худи Шириншо ва ду бародар Дяковҳо - Алексей ва Торичан Михайловичҳо — ашрофзодаҳои меросӣ аз оилаи револютсионер ва анархист Бакунин буданд.

Дар оянда бародарон бо ҳамроҳии Шотемур дар ҳайати РСС Узбекистон РСС Тоҷикистонро ташкил карданд. Шириншо то соли 1923 раиси Кумитаи револютсионӣ шуда кор кард ва аз соли 1922 баъди рафтани Торичан Дяков дар як вақт раиси сегонаи ҳарбию сиёсӣ шуд.

Боре дар Тошканд ба Шурои маорифи ақаллиятҳои миллии РСС Туркистон омада, Шириншо бахши тоҷикиро ҷустуҷу карду наёфт.

Аз корманди масъули бахшҳо пурсида шуд, ки чаро бахши тоҷикӣ вуҷуд надорад ва китобҳо ба ин забон вуҷуд надоранд, ба ӯ гуфтанд: «Ва барои кӣ бояд таъсис шавад, касе намепурсад. Тоҷикҳо вуҷуд надоранд».

Шириншо ҳиссиёти худро дошта натавониста, хитоб кард: «Ман точикам!». (бо фишори пантуркистҳо тоҷикон ҳамчун миллати алоҳида қабул нашуданд ва истифодаи забони модарии онҳо комилан манъ карда шуд).

Шахси масъул ба ӯ бо тааҷҷуб нигоҳ карда гуфт: — Пас худатон ташкил кунед. Шириншо розӣ шуд. Аммо ба ватан баргашта, дар байни мардум ягон нафари босаводеро наёфт, ки сарварии бахши тоҷикии нашри китобҳои дарсии мактабӣ ба забони тоҷикӣ бошад...

Ин проблема ҳалли фаврии онро талаб мекард. Дар натиҷа ин мард пайдо шуд, ки ӯ Нисор Муҳаммад будааст. Дар баробари ин тамоми зиёиёни ба истилоҳ тоҷик ба ғояҳои пантуркизм гирифтор шуда, бо ин ба фарҳанги чандинасра ва сарзамини аҷдодии худ хиёнат карданд. Маҳз ба шарофати заҳмати Шириншо Шотемур, Нисор Муҳаммад ва Чинор Имомов барин мардони шуҷоъ мавҷудияти халқи бостонии тоҷик ва забони ғании онҳоро исбот кардан мумкин аст.

Соли 1923 Шириншо дар Тошканд бо Олга Матвиенко шинос шуда, баъди як сол хонадор шуданд. Олга дар давраи ташкил ёфтани Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба шавҳараш фаъолона ёрӣ расонда, аввалин мудири шуъбаи занони Кумитаи револютсионии РСС Тоҷикистон шуд ва соли 1927 аз бемории сил вафот кард.

Шириншо аввалин шуда масъалаи матбуотро ба миён гузошт. «Бо вуҷуди он ки тоҷикон аксарияти аҳолии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, онҳо ба матбуот дастрасӣ надоранд», - навиштааст ӯ. Дар натиҷа рӯзномаи миллии тоҷикии «Овози тоҷик» ба нашр шурӯъ кард. Шумораи аввалини газета 24 августи соли 1924 дар 4 саҳифа ва 2 ҳазор нусха нашр шуда буд.

Аммо саволҳо дар бораи забони миллӣ бо ин тамом нашуданд. Шириншо Шотемур дар гузориши дигари худ таъкид мекунад, ки «пас аз марзбандии миллӣ-ҳудудӣ дар Осиёи Марказӣ забони тоҷикӣ таҳти таъқиби боз ҳам шадидтар қарор гирифт».

Даъватҳои ӯ барои ҳифзи ҳувияти миллӣ шунида шуданд. Ва дар матбуот тарғиби забони точикӣ cap шуд, муаллимон даъват карда мешуданд, ки дар мактабҳо ба бачагон бо забони модарии тоҷикиашон таълим диҳанд.

Соли 1929 РСС Тоҷикистон ташкил ёфт. Ба ин ёддошти машҳури Ш. Шотемур «Дар бораи вазъи фарҳангӣ ва иҷтимоию иқтисодии тоҷикон дар ҳудуди Республикаи Узбекистон» соли 1926, «Асоснок кардани сиёсии узбеккунонии аҳолии тоҷик дар ҳудуди РСС Узбекистон»; мактубхо дар бораи дар соли 1929 ҷудо кардани минтақаи Хуҷанд ва дигар мактубу муроҷиатномаҳои у ба идораҳои марказӣ, ки ниҳоят самараи худро дод.

Бояд гуфт, ки пойтахти Ватанамон ташаккул ёфтани Душанбе низ хидмати Шириншо Шотемур аст.

  Соли 1930 Шириншо Шотемур бо медали «Барои муборизаи зидди босмачиён» аз тарафи Комитети Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон мукофотонида шуд.

Чолиби диққат аст, ки Шотемур яке аз камшуморе буд, ки ба ҳалли ҳарбии масъалаи босмачиён мукобил баромад. Ӯ боварӣ дошт, ки мардуми бечораеро, ки ба муқобили Ҳокимияти Советӣ ҷанг карда буданд, бо роҳи гуфтушунид водор кардан мумкин аст, ки аслиҳаи худро ба замин гузоранд, вале сарварони ҳанговари Армияи Сурх ба фикри ӯ ҳамфикр нашуданд ва Шотемур изтироби амиди руҳиро аз сар мегузаронд.

Ғайр аз ин, вай дар он ҷо ба шакли вазнини вараҷа гирифтор шуд, аммо мувофиқи нишондоди духтури муолиҷааш И.А.Касирский вай бештар аз вазъияти афсурдагӣ, аз нотавонӣ барои наҷот додани деҳқонони дар ҳаракати босмачиён иштирокдошта азоб мекашид.

Шотемур соли 1935 барои хизматҳояш дар назди Ватан бо ордени Байрақи Сурхӣ Меҳнатӣ РСС Тоҷикистон мукофотонида шуд.

Шириншо Шотемур ҳамчун раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон муаллифи асосии Конститутсияи тоҷикӣ буд, ки 1 марти соли 1937 қабул шудааст.

Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум барои ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сарзамини аҷдодии худ мубориза бурдаанд. Онҳо ҳамчун ватандӯсти асил тамоми қувваи худро ба он равона кардаанд, ки тоҷикон решаи худро гум накунанд ва на бо мурури замон ва на дар шароити дигар нобуд нашаванд.

Шириншо Шотемур бо иттиҳоми бардурӯғ дар фаъолияти зидди шӯравӣ дар Маскав боздошт шуд. 21 октябри соли 1937 коллегияи харбии Суди Олии СССР уро ба қатл ҳукм кард. Ҳукми қатл 27 октябри соли 1937, вақте ки Шириншо ҳамагӣ 38 сол дошт, иҷро шуд. Ӯ парронида шуд. Ҷасади ӯро сӯзонданд ва хокистарашро ба қабри умумӣ партофтанд.

11 августи соли 1956 коллегиям ҳарбии Суди Олии СССР айбномаро бекор карда, Шириншо Шотемурро барқарор кард. Моҳи сентябри соли 2006 ба Шотемур унвони «Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шуд.

 

                                                            Солиев З.Т., дотсенти кафедраи забонҳои ДПДТТ ба номи М.С.Осимӣ

 

Ватан-модар, зодгоҳ калимаҳои ҳаммаъное мебошанд, ки фикри моро иҳота кард баробари ватан гуфтан дар пеши назари мо хонаи умеду орзуҳо, ҷое, ки мо вақти худро сипарӣ мекунем, намудор мегардад. Ватан хазинаи илҳом, макони ишқу ифтихор аст ва бо ранг ва таровати худ ба чаман шабоҳат дорад.

       Баҳри ҳифзи ватан ҳазорон нафар ҷони худро фидо кардаанд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳазорон ҷавонмардон баҳри ватанамон ҳатто ҷонашонро фидо сохтанд. Ба монанди Спитамен, Муқаннаъ, Темурмалик.Спитамен бар зидди Искандари Мақдунӣ мубориза бурдааст ва ягона касе мебошад ки Искандар дар муҳориба бар зидди ӯ захмдор шудааст .Спитамен яке аз сарлашкари зирак буд, ки гурезҷангро истифода бурда, ба душман хеле зарбаҳои ҷонкоҳ задааст. Спитамен вақте, ки ба дасти душман меафтад намехоҳад ки ба душман сари худро паст кунад ва бинобар ин худашро ба ҳалокат мерасонад. Масалан қаҳрамони фидокор, ки ҷони худро барои ватан фидо кард, номаш дар қалби ҳар яки мо зинда мемонад. Ӯро ном Темурмалик аст. Вақте ки ҷасади ӯро меёбанд аз ҷайбаш як каф хок ва хатчае меёбанд. Дар хатча гуфта мешуд буд:"Эй он ки некхоҳи мардумон ва ватандӯст бошӣ, маро бо ин як каф хоки ватанам гӯрон, ки ёдгории ватани азизи ман аст."

       Ватандӯстӣ муносибати ҳисси нисбат ба Ватан буда, дар хизмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад. Нишонаҳои ватандӯстӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудаанд. Бо мурури замон ҳисси  дилбастагӣ ба замин ва забони худ бо дарки вазифаҳои шаҳрвандӣ дар назди ҷамъият пайваст гардид. Кӯшиши одамон барои инкишоф додани ҳаёти иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ватани худ, ҳифзи он аз истилогарони хориҷи нишонаи барҷастаи ватандӯсти аст. Дар шароити бавуҷудоии миллатҳо ва давлатҳои миллӣ, ватандӯстӣ қисми таркибии шуури ҷамъиятӣ, инъикоскунандаи инкишофи омилҳои умумимиллӣ он мегардад. Ватандӯстӣ дар ҳамаи давру замонҳо яке аз хислатҳои неки инсоният ба шумор меравад.

       Педагоги машҳур Сухомлинский В.А. мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро одилона ба мафҳумҳои «Инсон», «Маънои зиндагӣ», «Меҳнат», «Қарз», «Оила», «Забони модарӣ», «Муҳити табиат», «Садоқат» алоқаманд мекунад.

      Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст. Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.  

      Хулоса, ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон модари мушфиқу меҳрубон аст. Бояд ҳар яки мо ба ватанамон хизмат намоем ва қарзи фарзандиро адо намоем. Ватанро аз даврони бачаги бояд дӯст дошт. Чуноне ки шоир мефармояд:

Ватан сар мешавад аз гаҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Ватан сар мешавад аз он тавора,

Ки онро сохтааст дастони Модар.

 

Мадинахон Шарипова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Имрӯзҳо мо –мардуми сарбаланди тоҷик зери таъсири амиқи Паёми тозаироаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “ Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” қарор дорем.

    Паём аз оғоз то имрӯз роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ, нақшаҳои бузург ба ояндаи нек ва баёнгари пайғому навидҳои тоза мебошад. Ва ҳар сол дар ҳар Паём тозагӣ ва ҳадафмандии қавитару вазифаҳои тақдирсози нав ба наву баландарзиш  гузошта мешаванд, ки имрӯз кишвари тозаистиқлоли моро ба  марҳилаи шукуфоиву ободонӣ расониданд. 

    Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ чун паёмҳои ҳамеша ба зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат ва пешбурди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ нигаронида шуда, он муҳимтарин санади раҳнамосоз дар ҳаёти ҳар як фарди бонангу ори диёр , хоса мо-ҷавонон мебошад.

Сарвари давлат бо ифтихору саодати бузург аз меҳнати содиқонаву аҳлонаи мардуми шарифи кишвар ёдовар шуда, дастовардҳои хоҷагии халқи кишварро ба ҳафт соли пешин ба риштаи таҳлил кашиданд. Қайд карда шуд, ки новобаста аз хатарҳои замони муосир, махсусан паёмадҳои бемории КОВИД – 19, вусъат гирифтани офатҳои табиӣ иқтисодиёти кишвар ба сураът пеш рафта, даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид.

Пешвои муаззами миллат бо таҳлили амиқу нишонрас татбиқи ҳадафҳои стратегии мамалакатро бо мисолҳои возеҳ фаҳмонида таъкид доштанд, ки агар мо дурнамои ин ҳадафҳоро пешбинӣ намекардем, пас мамлакат дар таъмини нерӯи барқ, бунёди инфрасохтор, расидан ба амнияи озуқаворӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба мушкилиҳои зиёд дучор мешуд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бинобар роҳандозӣ шудани раванди хусусигардонӣ наздики 11 ҳазор коргоҳҳои бо фарогирии 54 ҳазор ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода шуд, ки аксари нерӯи кориро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Ҷавонон чун нерӯи пешбар ва таҳрикдиҳандаи хоҷагии халқи мамлакат пайваста зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дорад.

Зеро ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд ва аз насли ояндасози кишвар умеди калон доранд. Ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, пеш аз ҳама, барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон аст.

Дар саргаҳи муваффақиятҳои ҳар як ҷавон пеш аз ҳама дониш ва фаҳмиши воло меистад. Воқеан, миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст. Аз ин лиҳоз, давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша саъй мекунад, ки мақоми хосаи илму маориф ва ҷойгоҳи баланди устоду омӯзгор дар ҷомеа таъмин карда шавад. Зеро рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум, пеш аз ҳама, аз дараҷаи донишу маърифатнокӣ ва соҳибкасбу соҳибҳунар будани афроди ҷомеа вобаста мебошад. Бахусус, дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад ва ҳар рӯз уфуқҳои нави таҳаввулоти техникиву технологӣ зуҳур мекунанд.

Дар ин росто Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои худ қайд карда буданд: «…агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву нерӯманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму технологияҳои инноватсиониро азхуд намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд…»

Воқеан ҳам нишондиҳандаҳои рушди нерӯи инсонӣ аз се самти асосӣ – дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд. Тавре мо хуб медонем, Ҳукумат барои беҳтар гардидани вазъ дар самтҳои мазкур ва сатҳи саводнокии қишри ояндадори ҷомеа барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ карда, дар чанд соли охир ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидааст. Махсусан,  дар соҳаи илму маориф давлат ва Ҳукумат иқдомоти ҷиддиро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиро босуръат пеш бурда истодааст.

Таъсиси ҷоизаҳои даватии ба номи Исмоили Сомонӣ, Султон Умаров,  дар соҳаи илмҳои дақиқ ва риёзӣ,  “Дурахшандагон”, ҳамасола ҷудо намудани квотаҳо, таҳсили беш аз 45 ҳазор донишҷӯён дар хориҷи кишвар, таъсиси Маркази миллии тестӣ дар назди дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман” худ далолати гуфтаҳои болоиянд.

Қобили зикр аст, ки танҳо соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонони мо ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд.

Тавре дар Паём ишора шудааст: дар замони соҳибистиқлолӣ 140 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ ба зиёда аз 1 миллиону 420 ҳазор оилаи кишвар барои сохтмони манзили истиқоматӣ тақсим карда шуд, ки қисми асосии он ба оилаҳои ҷавон рост меояд. Яъне, дар маҷмӯъ, беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар сокинони мамлакат шароити истиқоматии худро беҳтар кардаанд, ки аксари онҳоро оилаҳои ҷавон ташкил медиҳанд. Мусаллам аст, ки вақте шароити зист дар оила беҳтар шуд, падару модарон кӯшиши онро мекунанд, ки фарзандонашон беҳтару хубтар ба таҳсил фаро гирифта шаванд.  Ҳамаи мо хуб медонем, ки сол то сол теъдоди ҷавононе ки ба муассисаҳои таҳсилоии олӣ ва миёнаи касбӣ дохил мешаванд, меафзояд. Дар тӯли ин солҳо 1 миллиону 48 ҳазор нафар ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидаанд. Ин ҳама самараи таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумат аст. 

Инчунин, дар ин давра 11 ҳазор иншооти нави варзиш бунёд гардид, ки он ҳам асосан барои ҷавонон мебошад. Натиҷаи чунин ғамхориҳо буд, ки ғолибони бозиҳои олипиадаи Осиёӣ соли рафта дар кишварамон зиёд гардида, дар риштаҳои бокс, гӯштин, карате ва дигар намудҳо афзуданд.

Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 226 медал зиёд мебошад.

Дастовардҳои  ҷавонони давраи истиқлолият дар ҷодаи истеҳсолоту саноат, илму техника, фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳаёти рӯзмарра хеле назаррас ба чашм мерасанд. Маҳз ҷавонон иштирокдорони  чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, варзишӣ ва инноватсионии сатҳи ҷаҳонӣ буда, аз парчамбардорони асосӣ ва қосидони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар миқёси байналмилалӣ мебошанд. Ҷавонони имрӯзаи тоҷик аз ҳамқадамони боэътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори бунёди ҷомеаи пешрафта ва фарҳангиву зеҳнии замони нав мебошанд. Беҳуда нест, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раисии Шӯрои миллии кор бо ҷавононро ба уҳда доранд. Зери роҳбарии Сарвари давлат амал намудани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон намунаи олии эътимоду боварӣ ва эҳтироми роҳбарияти сатҳи олии мамлакат нисбат ба ҷавонони кишвар буда, ин тадбир имкон медиҳад, ки пешниҳодоти ҷавонон ҳарчӣ бештар дастгирӣ ёбанд ва мушкилоти дар ин самт мавҷуда сари вақт баррасӣ гардида, роҳу усулҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон боз ҳам дақиқу мушаххас карда шаванд.

Хеле хушоянд аст, ки сиёсати дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷамъият пайваста дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Баргузории силсилаи мулоқотҳо бо донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, тақдиронидани донишҷёну хонандагони фаъол бо квотаҳо, таъсиси грантҳо барои бонувон нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нисбати ҷавонон аст.

Мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақаву ҷаҳон ва осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи давлатдориро боз ҳам ҳассостар ва муҳимтар гардонидааст.

Зеро имрӯз бинобар огоҳ набудан аз авзои сиёсии ҷаҳонӣ, сатҳи пасти дониши сиёсиву динӣ, ҳушёрии сиёсиро аз дасти додан ҷавонони зиёде гумроҳона ба сафи ташкилотҳои террористиву экстремистӣ шомил мешаванд. Бояд мо, ҷавонони фаъол таблиғгари зиндагии ростин ба ҷавонони дар чорсӯи зиндагӣ гумроҳмонда бошед. Зеро мардуми огоҳ ва дорои маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқиро ҳеҷ нерӯи ғаразнок фирефта наметавонад ва огоҳии мардум худ ба яке аз пояҳои асосии амнияти миллии кишвар табдил меёбад.

Дар китоби оламшумул – “Қуръон”-и азимуушанъ омадааст, ки дӯст доштани Ватан як гӯшаи имон аст ва оне, ки ватанпараст аст ба ҳадди ибодат баробар аст.

Бояд зикр намуд, ки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми муассиру ҳалкунанда гузошта метавонанд. Насли ҷавон бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намояд, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорад.

Ибодқул Каримов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

Терроризм чун руйдоди хафноку мушкилпешгӯикунандаи  замони муосир ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари фишору ҳамлаҳои психологӣ, инчунин ҳисороти моддию маьнавиро дар пай дошта   хушунат  нобоварию  бадбиниро миёни кишварҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ тавлид менамояд.  Он  падидаи номатлубест,  ки баьзан  ба он либоси сиёсӣ пӯшнида,  дар натиҷа гурӯҳҳои ҷудогона ҳуқуқ ва қонуниятҳои давлатро зери шубҳа мегузоранд ва онҳо барои ба ҳадафхои шуми худ расидан   аз  терор истифода кардани мешаванд.

      Дар чанд соли охир терроризм чун  проблема дар ҷаҳони муосир  доман паҳн намуда,  он сол то сол мутташаккилонаю    бераҳмона   гардида   дар амалисозии  ин падидаи  нангин хатто аз техникаву технологияи муосир  истифода мебаранд.

      Дараҷаи хатаре, ки терроризм ба ҷомеьаи муосир дорад,   далелҳои  раднопазир бозгӯи он аст ва   кишварҳои   абарқудрат   бар зидди терроризм қонунҳо қабул менамояд ва ягон мулоқоти сарони кишварҳо бе муҳокимаи ин мушкилот  намегузарад. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масир истисно нест ва ҳар сокини кишвари мо терроризмро бо ҳар  шакле,  ки зуҳур нанамояд, ҳамаҷониба маҳкум менамоянд.

  Месазад,  ки мо    омӯзгорон   дар соатҳои тарбиявӣ соатҳои  алоҳидаро ба ин мавзӯи доғи рӯз ҷудо намуда, донишҷӯёнро бо моҳияти терроризм ва хатари он ба ҷомеаро ошно созем. Муҳимтар аз ҳама, донишҷӯён донанд, ки аз рӯи ин амалҳои хатарнок ва номатлуб ҳамарӯза дар ҷаҳон садҳо нафар одамон ҷони ширини худро  аз даст медиҳанд. Шогирдони мо боз ҳам бидонанд, ки террористон ватан, дину оин ва мазҳаб надошта, ҳадафи онҳо танҳо даҳшатфиканӣ ва  бо ин роҳ ба максади шуми худ расидан мебошад. Аксари террористон аз номи дини мубини ислом ин амалҳоро инҷом медиҳанд, ки  ин ба исломи ноб ҳеҷ рабте надорад. Дини ислом терроризмро  маҳкум месозад ва террористон динро чун сипар истифода кардани мешаванд.

Бояд хотирнишон кард, ки доир намудани соатҳои тарбиявӣ дар мактабу донишкадаҳо ҳанӯз нокифо мебошад. Гузаронидани  семинару конфронсҳо дар ин мавзӯъ  бо доираи васеи  донишҷӯён ва падару модарон хеле боаҳмият аст. Бигузор семинару конфронсҳоро олимону коршиносони соҳа ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ доир намоянд. Мо дар таълимгоҳҳо барои гузаронидани чунин чорабиниҳои муҳим тамоми шароитҳо дорем. Чуноне мегӯянд «муште аз хирвор» мо як намуди дарси соати тарбиявиро дар мавзӯи фавқ ба таваҷҷӯҳи омӯзгорон пешниҳод менамоем, ки дар он мавриди истифода қарор гирад, боиси истиқболи гарм аст.

 

Исмоилова С.К.

устоди ДПДТТ ба номи ак. М.С. Осимӣ

 

28-уми декабри соли 2023 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардид.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат дар қатори дахл намудан ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар оиди нақшу манзалати Зан- Модар махсус истода гузаштанд. Қайд карданд, ки даврони соҳибистиқлолии кишвар сафи занону бонувони маълумоти олидошта тақрибан ба 258 ҳазор нафар расидааст, дар ҳоле ки дар солҳои 1989 ин шумора танҳо 66 ҳазор нафарро ташкил медод.

Аз ин маълумот ва раванди рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол бар меояд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон сафи занону бонувони соҳибмаълумот олидошта афзудааст. Чӣ тавре Президенти кишвар таъкид доштанд, имрӯз занон дар баробари мустаҳкам нигоҳ доштани оилаи солим хизмат ба Ватану миллатро шарафи бузург ҳисобида, дар пешрафти он доим саъю кӯшиш ва талошҳо ба харҷ медиҳанд. Ҳамин аст, ки беҳдошти ҳаёти Зан - Модар, тарбия, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ пойдевори асосии сулҳу субот ва рушду нумӯъи кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад.

Пешвои муаззами миллат аз давраҳои аввали давлатдории хеш ба мавқеъ ва мақому манзалати зан диққати махсус додаву эҳтиром ва арҷ мегузоранд. Суханҳои самимиву роҳнамоиҳои ин абармарди таърихӣ худ хушбахтиву сарбаландии кулли занони кишвар аст. Маҳз ғамхориҳои падарона ва дилсӯзиҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, диққати махсус дар Паёми навбатӣ ба масъалаи баланд бардоштани савияи дониши духтарон, соҳибкасб намудани онон, аз оину суннатҳои аҷдодиамон огоҳ сохтани онҳо дода шуд. “Агар духтар савод дорад, ақл дорад на танҳо ба оилаи худ, балки ба падару модару хеш низ ғамхориву меҳрубонӣ мекунад. Яъне, духтари босавод, бомаълумот дар ҳама ҷо мавқеъи хос дорад, соҳиби эҳтироми атрофиён ва оилаи хеш мегардад. Нагӯед, ки модар надорам, тамоми модарони тоҷик модари шумо ҳастанд. Мисли фарзанди худ ба Шумо ғамхору меҳрубонанд.” – таъкид доштанд Пешвои миллат. 

Пешвои миллат оиди саҳм ва хизмати бузургу шоёни занону бонувони кишвар дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушду суботи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ хеле назаррас ва бузург арзёбӣ намуданд. Таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар минбаъд низ дар самти дастгирии занону бонувон тамоми имкониятҳои заруриро иеандешад. Зеро ба таъбири Пешвои муаззамамон “Мо ба нақши  Зан - Модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меорад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад.

Бояд қайд кард, ки аҳли омӯзгорони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандниз аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҷаҳон маънӣ ва нерӯву илҳоми тоза гирифтанд. Ин суханони ҳикматомӯзи Президенти кишвар моро вазифадор мекунад, ки минбаъд низ фарзандони хешро дар руҳияи ватандӯстӣ, самимона дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ тарбия намоем. Тамоми нерӯ ва қувваи хешро баҳри пойдорӣ ва абадии сулҳу субот, оромиши кишвар равона созем. Дар пиёда сохтани нақша ва ҳадафҳои сиёсати хирадмандона, тадбиқ намудани қонуну қарорҳои тадбиқшуда ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа ҷоннок намоем. Зеро қабули ин қонунҳо ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва шаҳрвандон нигаронида шудаасту дараҷаи амалисозии онҳо боиси боз ҳам паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некуаҳолии мардум, пешгирии қонуншиканиву тарбияи фарзандон дар оилаи солим ва бо ахлоқи ҳамида, ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароиву мустаҳкамии оила мегардад.

 

Турсунова Матлуба, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

Чи тавре, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон ба вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри 2023 бармеояд, синни миёнаи сокинони аҳолии кишварамон ба ҷавонон рост меояд. Ҳам нерӯи фаъоли иқтисодии кишвар ва пешбарандаи иқдомҳои созандаи  пайравони  сиёсати пешгирифтаи  Ҳукумати мамлакат  маҳз ҷавонон мебошанд. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар ҷодаи дастгирии ҷавонон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин давра дар самти сиёсати ҷавонон иқдомҳои созанда дар раванди таҳсил, таъмини ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкории хурд ва миёна, саҳми бориз дар эъмори сохтмони Бузурги аср-НБО «Роғун», фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ густурдатар гардид.

Аз шукӯҳи соҳибистиқлолӣ имрӯз дидгоҳ ва ҷаҳонбинии ҷавонон ба куллӣ тағйир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ва саҳмашон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ хело беҳтар шудааст.

Баробари ин, ҷавонон дар раванди давлатсозӣ фаъолона иштирок карда, дуруст дарк менамоянд, ширкати фаъолона дар ин марҳалаи таърихӣ, пеш аз
ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад ва фардо худашов ин давлатро идора менамоянд. Дар баробари ин, ҷавонони мо таҳаввулот; равандҳои чаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил намуда, техника ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро самаранок истифода намуда, дар ташаккули марказҳои ҷавонон, корхонаҳои xypду миёна, бунёди муассисаҳои варзишиву фароғатӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Инчунин, барои омӯзиши илму донишҳои муосир кӯшиш намуда, ба забономӯзӣ машғул мебошанд ва дар мусобиқаву озмунҳои минтақавию байналмиллалӣ ширкат карда, ҷиҳати касби шаҳодатномаҳои муаллифӣ доир ба ихтироъкорӣ саъю талош мснамоянд.

Имрӯз ҷавонон бо мақсади аз худ кардани ихтисосҳои замонавие. ки дар оянда барои манфиати иқтисоди миллии мо заруранд, дар мактабҳои олии кишварҳои гуногунн олам ба тахсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳоло шумораи донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии хориҷи кишвар беш аз 30 ҳазор нафар мсбошанд. Мо, албатта, бо дастовардҳои ҷавонони даврони соҳибистиклолии кишварамон
ифтихор мекунем.

Метавон бо қаноатмандӣ изҳор намуд, ки Истиқлолият роҳи ҷавононро ба сӯи бунёдкориву созандагӣ боз кард ва замина гузошт, ки онҳо дар рушду инкишофи мамлакат саҳми назаррас ва шоиста дошта бошанд.

Бешубҳа, Истиклолияти Давлатӣ ҳамчун арзишмандтарин дастоварди миллӣ манфиатҳои ҷавононро бсштар ҳимоя карда, орзуву омоли онҳоро дар ҳаёт амалӣ месозад ва барои кору зиндагии шоиста,
яъне фардои ободу осудаи ҷавонон шароиту заминаҳон
мусоид фароҳам меорад.

Дар    марҳалаи навини      рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон ҷалби нерӯи Ҷавонони худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарвари мо дар ҳамаи ҷабҳаву самтҳо ташаббус нишон дода, дар арсаи ҷаҳон нуфузу обрӯи Ватани маҳбубамонро баланд мебардоранд.

Зокиров Р.Ш., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

       

 

       Ҳар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муҳимтарин  ва хотирмонтарин рӯйдоди сол маҳсуб ёфта, аз тарафи тамоми сокинони кишвар хуш истиқбол гирифта мешавад. Паём- барномаест, ки мардуми кишварро ба фаъолияти босамар раҳнамун месозад.

        Имсол низ дар арафаи Соли нави мелодӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа дошта, пеш аз ҳама таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро дар замони муосир аз ҳадафҳои асосии давлат арзёбӣ карданд.

        Мо, аҳли маориф аз он ифтихормандем, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон ҳамасола ба масъалаи таълиму тарбия ва ба ғамхорӣ фаро гирифтани кормандони соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.

   Пешвои миллат диққати ҳозиринро ба куллан тағйир додани сатҳу сифати донишомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда, хеле бамаврид таъкид намуданд,  ки рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад, таъкид намуданд Пешвои муаззами миллат.

     Маҳз ба ҳамин хотир, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок буда, барои рушди ин соҳаи муҳим ҳамаи чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд.

      Раванди ҷаҳонишавӣ ва ихтироъ гардидани технологияи муосир дар ҳама ҷабҳаҳо дониши мукаммали мутахассисону сармоягузориро ба рушди инсон талаб мекунад. Президенти кишвар бамаврид таъкид доштанд, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи дониш, забондонӣ ва маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.   Мо – кормандони соҳаи маорифро вазифадор намуданд, ки бояд барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омӯзиши забонҳои  хориҷӣ, илмҳои  дақиқ, риёзӣ ва табиӣ диққати махсус дода, кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ омода намоем.

      Аз моҳи июли соли 2024 туфайли таваҷҷуҳу эътибори ҳамаҷиҳатаи Пешвои миллат 40 фоиз зиёд шудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои мухталиф мо – омӯзгоронро низ басо сарфароз намуд.

      Дар Паём ҳамчунин дар бораи роҳҳои расидан ба ҳадафҳои миллӣ, дастгирии соҳибкорон,  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,солимии ҷомеа, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занону бонувон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамчунин таваҷҷуҳи Президенти мамлакат ба пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа равона гардида, дар ин самт ҳидоятҳои созанда баён доштанд.

           Ба муносибати ҷашни фархундаи 30-солагии қабули Конститутсияи  Тоҷикистони  соҳибистиқлол  аз тарафи Президенти кишвар эълон шудани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кӯшишу талоши пайваста дошта бошад. Паёми навбатии Сарвари давлат ҳама паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаи имрӯзаро фаро гирифта, масъулияти ҳар яки моро ҷиҳати устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ боло мебардорад.

        Дар ҷавоби ин ҳама ва таваҷҷуҳу ғамхории падарона  мо – аҳли маориф бо дасту дили гарм барои тарбияи шоистаи насли ояндасоз саъйю талош меварзем.

 Ибодқул Каримов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Пӯшида нест, ки зуҳуроту ҳаводиси номатлуби замони муосир, ба монанди ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба сулҳу оромӣ ва амнияти тамоми мамолики ҷаҳон хатар эҷод кардааст. Ифротгароиву терроризм танҳо ба як минтақа ё сарзамин хос нест. Чуноне ки борҳо таъкид шудааст, он сарҳад, миллат надорад. Бо баробари тараққиёти илму техника, тарзҳои алоқа васоиту роҳҳои паҳн кардани амалҳову ғояҳои созмонҳову ташкилоти террористӣ низ вусъат меёбад. Имрӯз ҳамагон шоҳиди он ҳастанд, ки тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ  мафкураи қишри ҷавони ҷомеа тағйир дода мешавад. Даҳҳо ҷавонон бо ин роҳ ба доми фиреби сиёсии созмону ташкилотҳои террористиву экстремистӣ гардида, ҷони худро зери хатар гузоштаанд. Чуноне ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, “яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад”. Ҳоло имконияти технологияи муосир торафт хатари зуд ва дар фурсати кӯтоҳ паҳн намудани идеологияи ифротиву террористиро дар ҷомеа бештар намудааст. Сар задани ҳодисаҳои ваҳшиёна на танҳо боиси фавти аҳолӣ мегардад, ҳамчунин эътимоди аҳолиро нисбати мақомотҳои амниятиву давлатӣ коста гардонида, фаъолнокии сиёсии онҳоро то ба андозае суст мегардонад.

Чанд муддат аксарияти мардум гумон мекарданд, ки гӯё созмонҳои террористиву экстремистӣ аз байн рафтаанд. Аммо ҳодисаи рӯзҳои охири давлатҳои ҳамсоя далели он аст, ки чунин созмонҳо ба таври махфӣ дар ҷомеа фаъолият бурда истодаанд ва набояд нисбати оқибатҳои фоҷиабори фаъолияти созмонҳои иртиҷоӣ бепарвоӣ зоҳир намуд. Моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот, амнияти миллӣ ва пешрафти кишварамон ҳар лаҳза бирасем ва барои рушди ободии ҷомеа саҳмгузор бошем. Таърих гувоҳ аст, ки Тоҷикистон дар давраи аввали соҳибистиқлолӣ давраи нооромӣ ва бетартибиҳои сиёсиву низомиро паси сар намудааст ва мардуми кишвар чунин ҳодисаи харобиоварро, ки бо дасти созмонҳои ифротӣ ва бо пуштибонии ташкилоту давлатҳои хориҷӣ сурат гирифт, аз ёд набаровардаанд. Маҳз созмону ташкилотҳои террористиву ифротӣ аз чунин фурсат истифода намуда, даст ба қатлу куштор ва харобкорӣ заданд.

Ба амал омадани чунин ҳодисаи нохуш моро ҳушдор медиҳад, ки то ҳол созмонҳои ифротиву террористӣ интизори фурсатҳои муносиб ва аз пайи амалӣ сохтани мақсадҳои ғаразноки хеш мебошанд. Дар чунин шароит, ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ҳаво шарт ва асоси амалӣ намудани ҳамагуна ҳадафу барномаҳои созанда дар ҷомеа мебошад. Бидуни ҳифзи суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва ягонагии ҷомеа таъмин ва амалӣ сохтани ҳаргуна манфиатҳои давлатӣ ғайриимкон ва ба даст оварданаш аз назари воқеъбинона номумкин аст. Аз ҳамин нуқтаи назар шаҳрвандонро зарур аст, ба қадри оромиву суботи кишвар расида бошанд ва дар пешрафти Ватани азизамон саҳми муносиб гузоранд. Дар пешрафту мувафаққияти давлати Тоҷикистон таъмини амнияти миллии кишвар басо муҳим ва ҳифзи он яке аз вазифаҳои на танҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳар як шаҳрвандон, махсусан мо ҷавонони худогоҳу ватандӯсти кишвар мебошад.Рушду нумӯи ҳар ҷомеа ва давлат қабл аз ҳама аз фазои амниятии он вобаста мебошад. Таъмини амнияти шахс, гурӯҳ ва давлат имкон медиҳад, ки ҷомеа зина ба зина ҳадафҳои худро амалӣ созад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо вазъияти солҳои 90-уми асри гузашта дар кишварамон мебошад.

Аз сабаби нооромии сиёсӣ давлат танҳо дар фикри ба эътидол овардани вазъи кишвар буд ва маҳз баъди ба имзо расидани «Сулҳи тоҷикон» мавзӯи рушди стратегии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Комёбиҳои ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷии кишвар баъди солҳои 2000-ум рӯи кор омаданд ва Тоҷикистон ба натиҷаи назаррас ноил гардид.

Имрӯз низ барои ноил шудан ба натиҷаҳои боз ҳам беҳтару хубтари рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ моро зарур аст, ки суботу оромӣ ва амнияти давлатиро ҳифз намоем. Дар вазъияти имрӯза пешгирии роҳи паҳншавии идеологияҳои ифротиву террористӣ вазифаи ҳар шахс буда, муқобилияти шадид ва оштинопазир бо идеологияҳои иртиҷоӣ омили комёбӣ дар ин самт буда метавонад. Аз ин рӯ, ба қадри сулҳу амният расидан ва барои пешрафту ободии кишвар саҳм гузоштан вазифаи ҳар шаҳрванд, махсусан мо, ҷавонон мебошад.

                  Турсунова Ш.Т., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Ҳар як халқу миллат бо фарзандони барӯмандаш фахр мекунад. Миллати тоҷик низ дорои абармардони бузург мебошад, ки ҳар яки онҳо барои миллати мо нобиғаанд. Яке аз чунин абармарди роҳи илм Бобоҷон Ғафуров мебошад. Дар миллати куҳанбунёди мо бузургон бисёранд, аммо на ҳама мисли Бобоҷон Ғафуров бо халқу миллат қарину ҳамақидаанд, муҳаббати халқро бар ивази меҳнати суботкоронаи худ ва бахусус “Тоҷикон”- аш ба даст овардааст. Ӯ фарзанди барӯманди  миллат буд ва имрӯз халқ бо ифтихор мегӯяд, ки Ғафуров писари миллат пояафзори миллат аст. Офаридани шоҳасаре мисли "Тоҷикон" ва чунин номгузории он дар замони ҳизби яккатози ҲКИШ, ғоя ва мафкураи худкоми камунистӣ, ки дигар ҳеҷ мафкураи ғайрро қабул надорад, худ як ҷасорат, корномаи илмӣ буд. Бобоҷон Ғафуров бо ҷасорат ва фидокории худ ба ин ақидаи ботил зарба зада, исбот намуд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои бостонӣ, соҳибфарҳанг ва мутамаддин на танҳо дар қаламрави собиқ ИҶШС, балки  дар тамоми ҷаҳон мебошанд.

         Асари мазкур дар таҳқиқу баррасии таърихи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии тамоми Шарқ саҳми назаррас дорад. Далели аз тарафи аҳли илм эътироф шудани маҳсули меҳнати Бобоҷон Ғафуров дар он аст, ки ба “Тоҷикон” таърихшиносон, бостоншиносон, ховаршиносони номии Иттиҳоди Шӯравӣ аз қабили  академикҳо  Б.Б. Пиотровский,  А.П. Окладников, И.И. Минц, С.Л. Утченко, А.Л. Нарочницкий ва олимони  шинохтаи тоҷик академикҳо Б. Искандаров,  С.А Раҷабов, А. Мухторов, бостоншиносон, В. А. Ранов, Х. Мирзоев, А. Турсунов тақризҳо навишта ба он баҳои баланд доданд.

Таърихшиноси амрикоӣ Ричард Нилсон Фрай дар маҷаллаи “Ахбори муаррихони Амрико” мақолаеро таҳти унвони  “Академик Бобоҷон Ғафуров ва “Тоҷикон”-и ӯ" навишта ба китоб ва муаллифи онро чунин баҳо додааст. “Беназирии академик Б. Ғафуров дар таҳқиқи масъалаҳои илмии марбут ба Осиё на танҳо дар он аст, ки ӯ фарзанди миллати тоҷик аст, балки ӯ инчунин директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ ИҶШС - бузургтарин марказӣ ховаршиносие низ мебошад, ки таҳти раёсати ӯ дар кӯтоҳтарин муддат ба муваффақиятҳои беназир ноил гашт. Агар зарурияти тарҷумаи ангилисии ягон асари русии оид ба мавзӯи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак он “Тоҷикон” аст”.[1]

 Шоҳасари  безаволи академик Бобоҷон Ғафуров" Тоҷикон" дар давоми ним аср беш аз 11 маротиба ба забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ,  дарӣ,  японӣ, Лаҳистон бо теъдоди умумии зиёда аз 400 ҳазор (1600000 дар "нашриёти муосир" соли 2020) нусха ба  табъ расидааст, ки он далели маҳбубтарин ва серхонандатарин  будани ин асари нодир далолат медиҳад.      

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 26-уми декабри соли 2019 баргузор гардид, чунин қайд када буданд. “Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби фонди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намуда, то ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи  кишвар  туҳфа намояд.”[2]  

Пешвои миллат худ ба ин китоб (яъне “Тоҷикон”) пешгуфтор навишта (таҳти унвони Шиносномаи миллат) чунин қайд менамоянд. “шоҳасари безаволи  Б. Ғафуров – “Тоҷикон” шиносномаи миллати мо буда, дар ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди тафаккури таърихи  тоҷикон хизмати шоиста кардааст....

Худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ огаҳӣ доштан  аз таърихи гузаштаи халқ ва ошнои бо корномаи фарзандоне, ки дар роҳи расидан ба озодиву истиқлол  ва таҳқиқу пойдории давлатдории миллӣ талош кардаанд, сарчашма мегирад.”[3]

Аҳамияти илмии ин асар дар он аст, ки ҳар нафар хоҳ инсони соҳибхираду дилогоҳ, хоҳ коргару деҳқони оддӣ бо мутолиаи ин шоҳасари безавол як чизи тозае барои худ дарёфт менамояд. Дар вуҷуди шахси мутолиакунанда ҳисси инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ бедор мешавад. "Тоҷикон"- и Бобоҷон Ғафуров саршори пояҳои муҳаббат ба ватан, марзу буми аҷдодӣ, ваҳдат, озодӣ ва истиқлоли миллӣ буда, танҳо чунин шахсоне, мисли Б. Ғафуров, ки замирашон аз далериву матонат, мардиву адолат ва қалбашон аз меҳри Ватан- модар саршор аст, ҷасорат ва қудрату тавони офаридани чунин асарро доранд. Бобоҷон Ғафуров бо кору пайкори худ, ҷонфидоӣ ва ҷасорат, корномаи илмӣ ва тамоми осори пурарзиши илмии худ воқеъан  яке аз бунёдгузорони аслии ваҳдат, худшиносӣ, худогоҳӣ ва истиқлоли миллии мардуми тоҷик мансуб меёбад.

Шаҳзодахон Муъминова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

 

 

ба ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, … эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад. (Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», шаҳри Душанбе, 28-уми декабри соли 2023)

Дар тайи солҳои охир арзи ҳастӣ кардани низомҳои математикаи компютерӣ ба усулҳои тадриси фанҳои дақиқ, аз он ҷумла, қисмҳои асосии математика ва дигар унсурҳои илмҳои техникӣ бе таъсир намондааст. Зиёдтар аз ин метавон гуфт, ки рушди бемайлон ва босуръати ин низомҳо, чи аз нуқтаи назари миқдорӣ ва чи аз нуқтаи назари сифатӣ ба он оварда расонд, ки истифодаи ин низомҳо  дар раванди тадрису таълим, дар марҳилаи кунунӣ, ба як унсури таркибии ногузири таълимӣ табдил ёфтааст. Ба таври якқимата, бидуни ягон шакку шубҳа, бо ҳавола ба таҷриба, метавон хулоса кард, ки истифодаи низомҳои математикаи компютерӣ ба баланд бардоштани самаранокии дарс мусоидат мекунад.

Яке аз намояндаҳои қудратманд ва серистифодаи низомҳои математикаи компютерӣ барномаи Maple мебошад. Он ҳама, ё қариб ҳамаи бахшҳои математикаро фаро гирифта, метавонад, ҳам дар раванди тадрису таълим ва ҳам дар таҳқиқотҳои ҷиддии илмӣ татбиқи васеъ дошта бошад. Фаъолияти асосии Maple ба табдилдиҳиҳои рамзӣ нигаронида шудааст. Он аз ядро ва якчанд бастаҳои махсус иборат аст, ки одатан ба қисмҳои алоҳидаи математика ва дигар фанҳои дақиқ бахшида шудаанд. Дар барномаи Maple, дар умум, бо назардошти баъзе махсусиятҳо, зиеда аз се ҳазор фармон мавҷуд аст, ки фарогири ҳамаи бахшҳои математика мебошанд. Барномаи Maple имконияти васеъ фароҳам меорад, ки усулҳои гузаронидани дарсҳои амалӣ ва лексионӣ барои донишҷӯени ихтисосҳои гуногун самараноктар шаванд.

Ҳадафи асосӣ  аз нигоштани ин сатрҳо ҷалби ҳарчи бештари муштариён ба омӯхтан ва истифодаи ин барномаи тавонои низоми математикӣ мебошад. Ба ин хотир якчанд хосиятҳои ин барнома, ки иқтидор ва тавоноии ин барномаро дар худ таҷассум мекунанд, ба тариқи хулосаҳои мушаххаси аз ҳам новобаста ва то андозае ҳамдигарро пуркунанда, бо забони барои омма фаҳмо оварда мешаванд.

Қабл аз ҳама, бояд қайд кард, ки миқдори вақте, ки барои омӯхтани барномаи Maple ва соҳиби малакаҳои аввалини корӣ шудан,  сарф мешавад, дар муқоиса бо сарфи вақт барои омӯхтани барномаҳои дигар хеле кам аст.

Ба замми ин бояд қайд кард, ки  ҳангоми мавриди истифода қарор додани ин барнома унсурҳои фаъолияти тадқиқотӣ ва омӯзишӣ дар истифодабаранда тавлид ва ташаккул меёбанд. Ин унсурҳои тавлидёфта, дар навбати худ, таваҷҷӯҳи истифодабарандаро ба фанни омӯхташаванда боз  ҳам зиедтар мекунанд.

Қобили қайди махсус аст, ки барнома интерфейси муосири пешрафтаи ба интерфейси барномаҳои оффисӣ монанд дорад.

Дар умум:

Муҳаққиқон ва олимон бастаи Mapleро ҳамчун воситаи муҳими кӯмакрасон барои ҳалли мушкилоти гуногуни марбут ба таҳқиқоти худ истифода мебаранд. Ин баста барои таҳия, ҳалл ва таҳқиқи амсилаҳои гуногуни математикӣ беҳтарин мебошад. Воситаҳои алгебравии он доираи мушкилотҳои гуногунро, ки имконияти тавассути ин баста дар сатҳи сифатӣ самаранок ҳалшавиро доранд, хеле васеъ мекунанд.

Барномасозон, донандаҳои забонҳои барномасозӣ аз забони барномасозии махсуси ин барнома истифода бурда, метавонанд «протседураҳо» созанд ва дар таркиби барномаҳои худ онҳоро мавриди истифода қарор диҳанд. Maple имконият медиҳад, бо забони махсус барномаҳо, ки ба ҳисобҳои мураккаби математикӣ нигаронида шудаанд, таҳия гарданд.

Муҳандисон бастаи Mapleро ҳамчун воситаи хеле муассир барои иваз кардани бисер захираҳои анъанавӣ, аз ҷумла маълумотномаҳо, ҳисобкунакҳо, ҷадвалҳои калонҳаҷм истифода баранд. Maple алгоритмҳои хеле пешрафта барои ҳалли масъалаҳои мураккаби математикиро истифода бурда, технологияи нави ҳисобкуниҳои рамзӣ ва рақамиро амалӣ мекунад, ҳисобкуниҳои ададиро бошад, бо ҳар гуна дақиқӣ ва саҳеҳӣ анҷом дода метавонад.

Донишҷӯени аълохон метавонанд ҳисоббарориҳои ададӣ ва табдилдиҳиҳои алгебравии ба ном “дилгиркунанда”-ро тавассути ин барнома ба зудӣ анҷом диҳанд ва ба мафҳумҳои муҳимтари назариявии фанни омӯхташаванда бисертар тамаркуз кунанд. Яъне, барномаи Maple ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки мустақилона мулоҳиза кунанд, ба пайгирии лаҳзаҳои асосии назариявии фанни омӯхташаванда вақти бештар ҷудо кунанд.

Донишҷӯени фаъол метавонанд, тавассути ин барнома ба зудӣ дурустии вазифаҳои мустақилонаро санҷиш диҳанд. Ин барнома барои фавран иҷро кардани ҳисобкуниҳои оддӣ мусоидат мекунад, имкон медиҳад, ки дар масъалаҳои намунавӣ на фақат ҷавоби ададӣ, балки дар баъзе ҳолатҳо тасвири графикии натиҷаи бадастомада низ ба даст оварда шавад.

Омӯзгорони мактабҳои миёна, коллеҷҳо ва донишгоҳҳо метавонанд дар нақшаҳои дарсии худ масъалаҳо ва машқҳое, ки барои ҳалли онҳо муколамаи математикӣ зарур аст, ворид  кунанд. Бо ин барнома метавон дар реҷаи муколамаи интерактивӣ кор кард. 

Омӯзгорон тавассути барнома метавонанд, ба зудӣ, миқдори муайяни «вариантҳои параллел»-и ҷавобдорро барои гузарондани  санҷиши назоратӣ таҳия кунанд.  Бо ёрии ин санҷишҳо метавон  таҳлил кард, ки  донишҷӯён то чи андоза ҳадди ақали дониши ҳатмиро аз худ кардаанд. Таҳия ва санҷиши супоришҳои бисёрвариантӣ (ё инфиродӣ) аз омӯзгор вақт ва қувваи зиедро талаб мекунад. Истифодаи барномаи Maple дар ҳалли ин масъала ба мақсад мувофиқ мебошад.

Барномаи Maple дар ҳамҷоягӣ бо барномаҳои  Java, C, Fortran, Visual Basic, Matlab, Excel доду гирифт карда метавонад. Дар ин ҷода қобили қайд аст, ки имконияти  барномаи Mapleро  ба барномаи Excel “ворид кардан” аст. Дар натиҷа фармони барномаи Mapleро, бевосита, аз катакчаи барномаи Excel фаъол кардан мумкин аст. Ин раванд имкониятҳои кории барномаи Excelро ба маротиб афзун мекунад.

Аз барнома саҳифаи кориро ба барномаҳои  RTF, MS Word, HTML MathM, LaTeX, VRML, XM интиқол додан мумкин аст. Дар ин ҷода қобили қайд аст, ки имконияти саҳифи кории  барномаи Mapleро  ба барномаи LaTeX  интиқол додан аст. Чи хеле, ки маълум аст, LaTeX забони кории  ҳамаи маҷаллаҳои бонуфузи илмии муосир мебошад.

Саҳифаи кориро  бо форматҳои GIF, JPEG, BMP, WMF, EPS, DXF, POV, HPG  сабт кардан мумкин аст.

Албатта, барои хосил кардани малакахои аввалини корӣ вақт ва меҳнати муайяне лозим аст. Дар ин ҳолат, Maple бо  низоми пурқудрати самараноки кӯмак (Help) ба пешвоз мешитобад. Истифодабаранда метавонад тавассути менюи Help, ки дар равзанаи саҳифаи корӣ мавқеъ гирифтааст, ба низоми кӯмак дастрасӣ пайдо кунад. Низоми кӯмак бо истифода аз шумораи зиеди гиперпайвандҳо ва гиперҳаволаҳо амалӣ карда шудааст, ки барои истифода хеле қулай мебошад.

Хонандаи ин сатрҳо, ки мехоҳад бо барномаи Maple ҷиддӣ машғул шавад, бешубҳа, дар ин соҳа  вобаста ба неруи интелектуалӣ, талаботи  инфиродӣ ва зарурияти касбии худ масъалаҳоеро пайдо хоҳад кард, ки истифоди ин барнома барои ҳалли онҳо кумакрасони беминнат хоҳад буд.

Сардор Ғуломнабиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” омўзгорону мутахассисони соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносиро водор мекунад, ки дар тадриси ин илмҳо аз ҳама гуна имконоти мавҷуда оқилона истифода баранд. Яке аз роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим ин истифодаи системаҳои математикаи компютерӣ (СКМ) дар раванди омӯзиши фанҳои дақиқ мебошад. Бояд қайд кард, ки дар айни замон шумораи зиёди СКМ мавҷуданд, ки онҳоро барои ноил шудан ба ҳадафҳои зикршуда бомуваффақият истифода бурдан мумкин аст. Аз ҳама маъмултарини онҳо дар айни замон барномаҳои Maple, Mathematica, MatLab, Mathcad ва Derive мебошанд.

Дар зер маълумоти мухтасар оид ба баъзе аз ин барномаҳои муосир оварда шуда, дар охир тавсияи методӣ оид ба истифодаи онҳо дода шудааст. 

Дар умум, аз ибтидои асри ҷорӣ сар карда, ҷаҳони математикаи компютерӣ  дар муқоиса бо бисёр соҳаҳои дигари таъминоти барномавӣ дигаргуниҳои зиёдтарро аз сар гузаронда, ба самти пешравӣ тамоили бештареро нишон дода истодааст.  Дар тӯли ин солҳо «маҳсулнокӣ»-и системаҳои мавҷуда ба маротиб афзоиш ёфта, маҷмӯи имкониятҳои функсионалии онҳо, бо сабаби  дар амал татбиқ кардани натиҷаҳои тадқиқоти нави илмӣ хеле  ғанӣ гардидаст.  Инчунин барномаҳои  нави аслии компютерӣ  барои ҳалли масъалаҳои математикӣ арзи ҳастӣ кардаанд, ки аксаран барномаҳои кушод буда, озодона паҳн шуда истодаанд.

Аз рӯйи бартарӣ доштан дар намуди  ҳисобкуниҳо системаи математикаи компютерӣ (СМК)-ро ба ду синф метавон тақсим кард: бастаҳои муҳандисӣ ва системаҳои алгебраи компютерӣ. Бастаҳои муҳандисӣ барои самаранок иҷро кардани ҳисобкуниҳои ададии  калонҳаҷм сохта шудаанд, системаҳои алгебраи компютерӣ бошанд, пеш аз ҳама ба табдилдиҳии  рамзҳо, табдили объектҳои  математикӣ ва ҳалли таҳлилии масъалаҳои ба онҳо алоқаманд  нигаронида шудаанд. Бояд қайд кард, ки дар марҳилаҳои аввали пайдоиши компютерҳо, диққати асосӣ ба автоматикунонии ҳисобкуниҳои ададии  калонҳаҷм равона карда  шуда буд. Дар вақтҳои  охир бошад, системаҳои алгебраи компютерӣ дар маркази рушду нумӯъ ҷой гирифтаанд.

Алгебраи компютерӣ дар миёнаи асри XX дар марзи илмҳои математика ва информатика пайдо шуд. Метавон гуфт, ки алгебраи компютерӣ илм дар бораи алгоритмҳои самараноки кор бо объектҳои математикӣ мебошад. Синонимҳои истилоҳи "алгебраи компютерӣ", "ҳисобкуниҳои рамзӣ", "ҳисобкуниҳои таҳлилӣ", «табдилдиҳиҳои аналитикӣ», «ҳисобкунии формалӣ» мебошанд. Системаи алгебраи компютерӣ (англ. computer algebra system, CAS) ин маҷмӯи барномаҳои амалӣ мебошад, ки барои ҳисобкуниҳои рамзӣ пешбинӣ шудаанд. Бояд қайд кард, ки дар байни системаҳои универсалии алгебраи компютерӣ бастаҳои тиҷоратии Maple ва Mathematica мавриди истифодаи васеъ қарор дошта, такмил ва тавсеаи майдони истифодаи онҳо дар тӯли зиёда аз чоряк аср, доимо амалӣ шуда истодааст.

Маълумот оид ба системаҳои маъмултарин ва оммавии математикаи компютерӣ, системаҳои MathCAD  ва MathLAB, ки ба таҳсилоти олӣ нигаронида шудаанд аз шабакаи интернетӣ дастрас кардан мумкин аст.

Mathematica. Системаи Mathematica маҳсулоти ширкати Wolfram Research, Inc буда, маҷмӯи хеле васеи воситаҳое дорад, ки алгоритмҳои мураккаби математикиро ба барномаҳо табдил медиҳад. Дар асл, ҳамаи алгоритмҳои дар курси математикаи олии донишгоҳҳои техникӣ мавҷудбуда ба хотираи системаи компютерии Mathematica ворид шудаанд. Дар баъзе кишварҳо (масалан, дар ИМА) системаи таҳсилоти олӣ бо ин барнома зич алоқаманд аст. Яке аз афзалиятҳои бузурги системаи Mathematica дар он аст, ки операторҳо ва усулҳои навиштани алгоритмҳо оддӣ ва табиӣ мебошанд. Mathematica дорои бастаи пурқуввати графикӣ мебошад, ки тавассути он графики  функсияҳои хеле мураккаби як ва ду тағиребандаро сохтан мумкин аст. Бартарии асосии Mathmatica, ки онро дар байни дигар системаҳои сатҳи баланд  савзовори баҳои баланд гардонда аст, дар он аст, ки ин система имрӯз дар саросари ҷаҳон хеле васеъ паҳн шуда, соҳаҳои бузурги татбиқро дар таҳқиқоти илмӣ, муҳандисӣ ва инчунин дар соҳаи маориф фаро гирифтааст.

Maple. Ин маҳсулоти ширкати Waterloo Maple Software буда, аз соли 1984 арзи ҳастӣ дорад.  Ин барнома ба ҳисобҳои мураккаби математикӣ, намоиши аёнии тасвирии маълумот ва амсиласозӣ нигаронида шудааст. Maple имкон медиҳад,  ки ҳам ҳисобҳои ададӣ ва ҳам таҳлилӣ ҳамзамон бо таҳрири матн ва формулаҳо дар варақаи корӣ иҷро карда шаванд.

Корбаст ва пешниҳоди формулаҳо дар формати полиграфӣ, тасвири графикии олиҷаноби ду ва сеченакаа бо аниматсия,  Mapleро  ба таҳриргари графикии илмии пурқувват табдил додаанд.

Забони барномасозии махсуси оддӣ, ва имконияти интиқоли маълумотҳо ба барномаҳои дигар бошанд, Mapleро ба воситаи хеле муассири сохтани алгоритмҳои нав табдил додааанд. Maple дорои интерфейси фаҳмо, қоидаҳои оддии кор ва функсияҳои васеъ мебошад.   

Аз таҷрибаи истифодаи математикаи компютерӣ дар донишгоҳҳо метавон гуфт, ки барномаи Maple барои мақсадҳои таълим хеле мувофиқ аст.  Ин барнома дорои китобхонаи бойи барномаҳо мебошад, ки истифодааш хеле осон аст. Дар барномаи Maple, дар умум, зиеда аз 3000 фармон мавҷуд аст, ки қариб ҳамаи бахшҳои математикаро фаро мегиранд.

 Барномаи Maple имконият фароҳам меорад, ки усулҳои гузаронидани дарсҳои амалӣ ва лексионӣ барои донишҷӯени ихтисосҳои гуногун самараноктар шаванд.

Ногуфта намонад, ки сарфи вақт барои шиносоӣ, омӯхтани барномаи Maple ва соҳиби малакаҳои аввалини корӣ шудан, дар муқоиса бо сарфи вақт барои омӯхтани барномаҳои дигар хеле кам аст. Ба замми ин бояд қайд кард, ки унсурҳои фаъолияти тадқиқотӣ ва омӯзишӣ, ки дар натиҷаи мавриди истифода қарор додани ин барнома пайдо мешаванд, таваҷҷӯҳи донишҷӯенро ба фанни омӯхташаванда хеле зиед мекунанд.

Дар охир, ба хонандаи ин сатрҳо, дар омӯхтани барномаи Maple сабру тоқат ва бурдборӣ таманно карда, дар истифодаи он бо мақсади зарурияти касбӣ ва  талаботи инфиродӣ муваффакиятҳо орзумандам.

Сардор Ғуломнабиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд