Ҳамасола тибқи анъана Сарвари давлат  аз бурду бохти ҳама соҳаҳои хоҷагии  халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаригашта ва иқдому тасмим дар соли пешоянда ба вакилони парлумон, дар симои онҳо ба ҳама мардуми кишварамон Паём ироа менамоянд. Дар баробари дигар самтҳо меъморӣ ва шаҳрсозӣ низ дар Паём мавқеи меҳварӣ дорад.

Соли 2023-юм 15 ёдгории меъмориву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи Ҷаҳонии фарҳанги моддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик (мисли Қалъаҳои Ҳулбук, Хуҷанд ва Ҳисор) дар байни ҷомеаи башарӣ гардид. Ҳамчунин, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 5500 шаҳраки Саразм дар соли 2022 ва 2500– солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО дар соли 2023 пазируфта шуд.

Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои меъморию фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шуд. Хушбахтона дар зинаи магистратура низ яке аз шохаҳои меъморӣ ихтисоси «Тармими ёдгориҳои фарҳангӣ» дар донишкадаи мо соли равон ифтитоҳ ёфт.

Дар умум соли 2023 беш аз 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст. Зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонад.

Афзоиши аҳолӣ дар давраи Истиқлолият аз 5.2 млн соли 1991 ба 10.2 млн соли 2023 расид, ки мо меъморонро водор менамояд, ҷиҳати бунёди маҳаллаҳои истиқоматии нав ва инфрасохтори хизатрасонӣ иқдом намоем.

Дастрасӣ ба манзил яке аз самтҳои муҳимми меъморию шаҳрсозӣ буда, то имрӯз дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида шудааст.

Чи тавре аз Паём бармеояд: «Аз соли 2000-ум то соли 2024-ум ҳаҷми солонаи ба истифода супоридани манзил аз 345 ҳазор метри мураббаъ ба зиёда аз 1,8 миллион метри мураббаъ расидааст».

Бо мақсади беҳтар кардани шароити зиндагии мардуми кишвар танҳо дар 10 соли охир 7200 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ барои бунёди беш аз 14 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ ба аҳолӣ ҷудо гардидааст.

Аз ҷумла дар Паёми зикр гардидааст, ки «Танҳо дар давоми ҳафт соли охир ба маблағи беш аз 37 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, қариб 8 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматии истифодаи умум ба истифода дода шудаанд».

Дар баробари ин таъкид мегардад, ки ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти гуногун бояд санъати меъмории миллӣ риоя гардида, барои боз ҳам беҳтару зебо гардидани симои шаҳру деҳот кӯшиш ба харҷ дода шавад ва ҳангоми таҳияи нақшаҳои шаҳраку деҳот, банақшагирии бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва иншооти дигар риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ таъмин намоянд.

Дар Паём вазифагузорӣ шудааст. ки  «…масъулонро зарур аст барои таъмини рушди соҳаи сохтмон ҷиҳати ба стандартҳои муосир мутобиқ гардонидани сифати иншооти сохташаванда ва омода намудани кадрҳои сатҳи баланди соҳаи меъморӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд».

Дар умуми таманниёти Паём моро ба ояндаи нек ҳидоят намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди қавӣ изҳор медоранд: «Ман ба қудрати созандаву офарандаи мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам ва як нуктаро дилпурона изҳор менамоям: мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем».

Зокиров Р.Ш., устоди кафедраи меъморӣ

 

 

 

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурданд. Ин ифодаи он аст, ки Сарвари давлат ба қувваю иродаи ҷавонони кишварамон боварии комил доранд ва дар орзуи он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона ва содиқона иҷро намуда, аз пайи омӯзиш, тадқиқ ва тадбиқи ниятҳои неки худ бошанд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» шаҳодат ба мақом ва диққати ҷиддии роҳбарият ба ин қисми ҷомеа аст. Пас аз қабул шудани ин ҳуҷҷат яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфт ва тарбия намудани инсони комил дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, садоқат ба Ватан, бофарҳангиву маданиятнокӣ оғоз гардад. Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси воридшавии онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.

Пешвои миллат ҳангоми баромад дар маҷлис бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи ХХ Шӯрои Олии Тоҷикистон гуфта буданд: «Мо бояд дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро талқин намоем, то онҳо тавонанд, дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд».

Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бояд барои ҷавонон сармашқи асосии кору фаъолияти ҳамарӯза  гарданд ва фикру андешаи тозаи онҳо ба роҳ ёфтани амали гурӯҳҳои тундраву ифротгаро дар фазои Ватан имкон надиҳад.

  Мо устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки қисми зиёдамонро ҷавонон ташкил медиҳанд, пас аз шиносоӣ бо Паёми  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26.12.2019) тасмим гирифтаем, ки баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат мунтазам кӯшиш намуда, дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни фаъолияти кишварамон нақши босазо гузорем. Мо омӯзгорон, ки резандаи қолаби “нақши нав” мебошем, тарбияи ҷавононро дар руҳияи донишандӯзию меҳнатдӯстӣ, ватандӯстию покизагӣ барои таъмини талаботи бозори меҳнат бо мутахассисони соҳибкасб ва амсоли ин сармашқи кори худ қарор дода, барои пешрафти ҷумҳурӣ кӯшиши зиёде ба харҷ бояд диҳем.

Дар дили ҷавонони имрузаи мо ҳисси баланди миллию хештаншиносӣ, эҳсоси ватанпарварӣ, ахлоқи волои ҳамида, сабру тамкин, омӯзиши илму ҳунар, технологияи замона ва касбҳои муосир,  меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул бояд ёфт. Кӯшиш намоем, то фаҳмонем, ки таърихи тамаддуни кишвари худро хуб омӯзанд, ки маҳз таърих омӯзгори ҳаёт аст. Дастоварду музаффариятҳо, шикасту нобаробариҳои миллатро ҳамчун сабақи таърих барояшон қарор диҳанд. Мо омӯзгорону тарбиятгаронро зарур аст, ки бо назардошти вазъи ҷаҳони муосир ва пайдошавии фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳамоно масъалаи таълиму тарбияи толибилмонамонро дар мадди аввал гузорем ва онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ба камол расонем. Бештар бо донишҷӯёни худ ҳамсӯҳбат бошем, фикру ақидаҳои онҳоро оиди масъалаҳои мудҳиши замона гӯш диҳем ва ба роҳи дуруст равона кунем. Зеро муборизаи дастаҷамъонаи мо кафили оромиву амнияти ҷомеа буда, мавқеи гурӯҳҳои манфиатдори ифротиро танг ва нақшаҳои шумашонро барбод хоҳад дод.

Имруз, ки дарсҳои тарбиявӣ дар донишкада хело ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст, мо мекӯшем, то ба наврасону ҷавонон-толибилмони худ фаҳмонем, ки  бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки мароми мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, покизагию росткорӣ тарбияи фарзандон дар роҳи рост, тарғиби некиву накӯкорист.

Исомаддинова Раънохон Мирзохамдамовна , устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

Дар паёми навбатии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  оиди самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии  ҷумҳурӣ, ки санаи 28.12.2023   ба  аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони маҷлиси намояндагон ироа гардида буд, аҳамияти аввалииндараҷаро  дорост.

 Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  зикр намуданд, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.

Қайд карда шуд,  ки дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ карда шуд.

Дар даврони истиқлолият дастовардҳои муҳимтарини соҳаи энергетика мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якум ва дуюми НБО “Роғун”, нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” (670 МВт), “Сангтӯда-2” (220 МВт), Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 (100 МВт), НБО “Помир-1” ва як қатор нерӯгоҳҳои барқи обии хурд (30 МВт) бо иқтидори умумии  1020 МВт, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВ “Душанбе-500”, “Суғд-500”, дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и “Норак”, хати интиқоли барқи 500 кВ “Ҷануб-Шимол” (ба масофаи 263,8 км),  зеристгоҳҳои барқии 220 кВ “Лолазор”, “Хатлон”, “Айнӣ”, “Шаҳристон”, “Шаҳринав”, хатҳои интиқоли барқи 220 кВ “Лолазор-Хатлон” (53,3 км) “Тоҷикистон-Афғонистон” (116 км), “Хуҷанд–Айнӣ” (83,2 км), “Қайроққум-Ашт” (74 км) ва “Геран-Румӣ” (78 км) ба масофаи умумии 407,5 км ба ҳисоб мераванд.

Сохта шудани хати интиқоли барқи 500 кВ “Ҷануб-Шимол” барои интиқоли барқ аз ҷануби Тоҷикистон (вилояти Хатлон) ба вилояти Суғд аҳамияти калони иқтисодиро дорост. Бояд қайд, кард ки дар вилояти Суғд танҳо НБО-и НБО Қайроққум бо тавоноии 126 ҳазор кВт мавҷуд аст, ки  дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо неруи барқ пурра таъмин карда наметавонист. Дар ин давра неруи барқ қисман аз давлати ҳамсоя Узбекистон харидорӣ карда мешуд ва баъзе корхонаҳои саноатӣ  аз ҳисоби энергияи дизелӣ фаъолият мекарданд. Баъди бунёд шудани хати интиқоли неруи барқи баландшиддати 500 кВ “Ҷануб-Шимол” имконият фароҳам овард, ки ба вилояти Суғд дар давоми сол неруи барқ бе монеа интиқол дода шавад. Ташкилёбии ин хати баландшиддат барои ташкил ёфтани    корхонаҳои саноатӣ  заминаи устувор гузошт.

Дар замони имруза миқдори умумии  корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ танҳо дар ҳудуди вилояти Суғд то ба 110 адад расидааст ва соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 26 млрд 51,9 млн сомонӣ баробар мебошад.

Ин ҳама пешравию  ободкорӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, саноатикунонии босуръати кишвар расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар  аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  гувоҳӣ  медиҳад.

Кудузова М.А., ассистенти кафедраи математикаи олӣ  ва физика

 

 

Мардуми кишвари азизамон имрўз дар муҳити ором, осуда андармон буда, аз паи пеш бурдани рӯзгори худ қарор доранд, ки ин аст маънии зиндагӣ. Зиндагие, ки ба вазниниву бисёрмуаммо буданаш нигоҳ накарда ба оянда назари некро талқин месозад, зеро ҳамааш дар дасти худи одам ҳасту меҳнати ҳалол ва созанда ба ин назар қувваи бештарро медиҳад.

Меҳнати ҳалол, зиндагии осуда ва бо шукргузорӣ дар назари нафарони бадхоҳи миллат ҳамчун ҳолати ғайри муқаррари намудор аст. Зеро мардуме, ки сарҷамъ ва аз ақиби кору бори рўзмарраи худ ба корҳои аблаҳӣ ва фиреби нохалафон афтоданаш гумон ва номумкин. Ба ин хотир, ҳар роҳу воситаро истифода бурда ин мувозинатро мехоҳанд вайрон созанд.

 Дар замир ва шуури миллии мо дини ислом мавқеъ ва манзалати хосаро доро аст. Садсолаҳо мардуми озодапарасту бо низоми тоҷик, якка параст ва пешакунандаи порсоӣ буд. Имрӯз ҳам шукри Худо аз сарвари кишвар оғоз кардо то шаҳрванди қаторӣ мо мусулмонем ва аз ин мефахрему ҳаракат месозем, ки унсурҳои ҳатмии онро вари вақт ба ҷо оварем.

Ин аст, ки дар саро сари кишвар давлату ҳукумат барои сабукӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои мардуми ботақво масҷиду мадрасаҳои диниро кушода, шароитҳои беҳтаринро дар он ҷо муайё намудааст. Аз чӣ бошад, ки ин ҳалати воқеӣ ба назари «худо бехабару» «худо нотарсон» наменамояд.  Ягон монеагии тоату ибодат, рузадорӣ, маросими ҳаҷ, закондиҳӣ ва дигар дар мамлакат нест ва созмонҳои расмии динӣ дар Тоҷикистон озод кори худро пеш мебаранд. Рўзҳои идӣ дар масҷидҳои ҷомеъ ҳазорҳо нафарон бо хоҳиши худ, барои адои намозу саҷда ҳозир мешаванд.

Якдигарро табриқ менамоянд, шукри худро бар васфи давлату ҳукумат баён менамоянд.

Мо мардуми озод ва мусулмон ҳастем, зеро Пешвои миллат қасами худро бо номи Худо шурў намуда, ҷумла Тоҷикистониёнро дар атрофи худ гирд оварда, як будани тақдири ҳамаи сокинони ватани азизамонро ва бо ҳамин васила кўшишу ҳаракати якҷояамонро баҳри ободии мамлакатамон баён сохтаанд.

Дини мубини ислом ягон нуктаи умумиро бо терроризм ва давлати ба ном исломӣ надорад. Барои ба Худо саҷда намудани банда ягон миёнарав, ташакилот, шахсони алоҳида лозим нестанд. Тоҷикистон шароити рушди дин ва диндориро аз бисёр давлатҳои хориҷа ва ҳатта давлатҳои ба ном исломӣ хубтар таъмин ва кафолат додааст.

Дар замони муосир экстремизми динӣ минтақа, давлатҳои гуногунро фаро гирифтааст. Бадбинӣ ва тоқатнопазирӣ нисбат ба динҳои дигар, ҳатто муқовимати дохилидинӣ хосияти асосии онро ташкил медиҳанд. Дар бисёр ҳолатҳо экстримизми динӣ хосияти сиёсӣ пайдо намуда бар зидди ҳокимият мубориза мебарад.

Яке аз шаклҳои иртиҷоии эътирози сиёсии ғайриқонуниро терроризм ташкил медиҳад.

Терроризм моҳиятан мақсадҳои зиддиинсонӣ дорад. Даҳшат овардан, тарсонидан дар тӯли асрҳо ба сифати воситаи муборизаи сиёсии нерӯҳои гуногуни иртиҷоӣ, вуҷуд доштанд.

Терроризм дорои ҳусусиятҳои дохилидавлатӣ буда, дар сиёсати ҷаҳонӣ чуқур реша давонидааст. На танҳо доираи кирдорҳои террорист васеъ мегардад, балки poҳy воситаҳои амалигардонии онҳо низ нав ме- шаванд. Имруз ҷанбаҳои бадахлоқӣ ва ғайриинсонии терроризм вусъат меёбанд. Беш аз пеш қурбони сиёсати доираҳои террористӣ занҳо, к=дакон, пиронсолон ва ҷавонон мегарданд. Созмонҳои террористц имрӯзҳо нақшаи бунёди империяҳои бузург ва аз байн бурдани низоми дунявиро дар қисматҳои бузурги олам доранд.

   Нерӯи ҳарбӣ ва захираҳои молиявии ин созмонҳо бо суръат афзоиш ёфта, онҳо имкони муқовимат бо кишварҳои абарқудрат ва ҳатто бо паймонҳои ҳарбӣ -сиёсиро пайдо карда истодаанд. Омилҳои ин тағйирот аз нав тақсимшавии қудрат байни созмонҳои террористӣ объектҳои ҳуҷум интихоб намудани кишварҳои ҷангзадаи аз захираҳои табиӣ бой, истифодаи моҳирона аз тарзу усулҳои ҷанги иттилоотӣ ва албатта бозиҳои калони геополитикӣ маҳсуб меёбанд. Аз ҷумла, созмонҳои амалкунандаи террористии минтақа аз қабили «Ал-қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳаракат-ат-толибон», «Ҳизби исломии Туркистон» ва ғайра дар ҷараёни мубориза бар зидди терроризм то андозае саркӯбшуда, солҳои охир сатҳи аввалро аз нигоҳи қудратӣ низомию молиявӣ ва вусъати нақшаҳои худ созмони нав бо номи«Давлати Исломӣ» (собиқ давлати Исломии Ироқу Шом) ва«Ҷабҳат-ун-Нусра», ишғол намудаанд.

Созмонҳои мазкур ҳамчун ташкилотҳои экстремистц ва террористӣ эътироф ва фаъолияти онҳо дар кишвари мо бо ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Ин созмон соли 2006 дар натиҷаи муттаҳидшавии 11 гурӯҳи ифротгароии иисломӣ ташкил шуда, асосан дар худуди кишварҳои арабии Ироқ ва Сурия амал мекунанд.

Меҳвар ва ғояи сиёсати Давлати Исломиро идеологияи экстремистии «Салафия» ташкил дода, аҳолии шиамазҳаб, язидҳо, насрониён ва курдҳои сокини Ироқу Сурия мавриди террори шадиди ҷангиёни он қарор гирифтаанд. То имрӯз миқдори ҷангиёни «Давлати Исломӣ» аз рӯи маълумотҳои воситаҳои ахбори омма зиёда аз 100 ҳазор нафар буда, ин ҳайат аз шумори шаҳрвандони давлатҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ, Қатар, Қувайт, Баҳрайн, Уммон, ИМА, Канада, Иттиҳоди Аврупо ва ғайра, иборат мебошанд.

«Давлати Исломӣ» нақшаи бунёди «ХилофатиИсломӣ» ва ба он ҳамроҳ намудани кишварҳои Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, қисми Осиёи Марказӣ ва Аврупоро дорад.

Мо, мардуми Тоҷикистон имрўз мавқеи қатъии худро нисбати дини ислом ва нафароне, ки паси ин ном корҳои ифлоси худро пеш бурданианд, дошта метавонем муйро аз хамир ҷудо намоем.

 

Солиева М.Т., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

 

 

      Маълум аст, ки дигаргуниҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иктисодӣ ва мадание, ки дар чамъияти имрӯзаи мо ба амал меоянд, дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон проблемаҳои муайянеро ба миён оварда, ба рӯзгори қисми зиёди аҳолии ин мавзеҳо таъсир мегузоранд.

            Маълум аст, ки ин дигаргунихо дар зери таъсири маҷмуи омилу таҳдидхо ба амал меоянд. Дар баробари ин падидаҳое чун терроризму ифротгароӣ, ки бар зӯроварӣ, тарсу ҳарос ва эҳсоси динии мардум асос ёфтаанд, ба заъиф гардонидани сохторҳои давлатӣ ва пояҳои сохти давлатдорӣ нигаронида шудаанд, ба як таҳдиди глобалӣ ба низоми ҷаҳонии муосир табдил ёфтаанд.

            Системаи иттилоотӣ аз тариқи шабакаҳои гуногун ва албатта, далелҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳамарӯза дар кишварҳои ҷаҳон ҳамлаҳои террористӣ рух медиҳанд, ки қурбониёни он асосан шаҳрвандони осоишта, бахусус занону кӯдакон ҳастанд, на талафоти бузурги иқтисодии онҳо .            Бале, терроризм ба суботу амнияти ҳар як минтақа ва тамоми сайёра хатари бузург дорад.            Бояд гуфт, ки мушкили аслӣ дар он аст, ки ин гурӯҳҳои террористӣ мутаассифона бештари ҷавононро ба сафи худ ҷалб мекунанд, ки ҳанӯз аз сиёсати муосир ва асосҳои ислом фаҳмиши кам доранд, вале эҳсоси максимализм ва эътиқод аз ҳад зиёд инкишофёфта доранд. дониш ва кувваи онхо. Бахши қобили мулоҳизаи аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки дар баъзе мавридҳо барои кор ба кишварҳои дигар мераванд ва бо мушкил рӯбарӯ мешаванд, ба осонӣ ба шабакаҳои созмонҳои террористӣ ё раҳбарони онҳо меафтанд. Бо баҳонаҳои гуногун, бо роҳи фиреб, махсусан аз тариқи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ онҳоро ба марокизи бесуботӣ даъват намуда, онҳоро ҳамчун ҷонибдорони мубориза барои «корҳои одилона» истифода мебаранд. ва пок кардани сарзамин аз мардуми гуё кофири Ислом.            Ба фикри мо, имруз бояд хар як падару модар, мураббия, муаллим алохида бачагон ва талабагон таълим диханд. Охир, як вактхо китоби Садриддин Айнй дар бораи тарбияи фарзандон дар Алифбо буд. Мутаассифона, Алифбо ҳоло ба кӯдакон чӣ гуна эҳтиром ва эҳтиром кардани падару модар ва аъзои ҷомеаро намеомӯзад.Моён чунин мешуморем, ки пеш аз хама волидайн бояд фарзанд тарбия кунанд, баъд мураббиёни муассисахои томактабй, муаллимони мактабхо, инчунин муаллимони мактабхои олй.            Оре, имруз муаллим бояд на танхо ба чавонон таълим дихад ва ба онхо илму маърифат омӯзад, балки як кисми вакти онхоро дар машгулиятхо ба корхои тарбиявй гузаронад. Дар ин шароит мо метавонем халли масъалаи тарбияро то андозае пурзур кунем.

Назаров А.А, профессори  кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷменти ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин, ки санаи 09 марти соли равон баргузор гардид, хеле бардошти маънавию динӣ гирифтем. Сарвари давлат онқадар бобати покии дини Ислом ва чи гуна будани он суханронӣ намуданд, ки аминам ҳамон афроде, ки бар хости саводи динии хеш атрофиёнро ба худ ҷалб мекунад,  ангушти ҳайрат газидааст. Дар ҳақиқат ҳамаи суханони Пешвои миллат пур аз панду ҳикмат ва роҳнамо ба роҳи дурусти зиндагӣ буд. Хиради волои Сарвари давлат аст,  ки мо, тоҷикон дар партавӣ ақидаҳои сулҳпарваронаи он кас ҷаҳони маънӣ мебардорем, саводи хешро комил менамоем.

Оид ба омӯзиши илму ҳунар ва дорои касбият будан он қадар насиҳатҳои падарона карданд, ки агар онро ҳар яки мо дар зиндаги сармашқи фаъолияти худ донем, шарафёби ҳама гуна дастовард хоҳем гашт. Пешвои миллат дуруст қайд карданд, ки ба ҷои хурофотпарастӣ бояд касб омӯхт, то зиндаги мунаввар аз меҳнати ҳалолу покии виҷдон гардад. Ман дуруст дарк намуданм, ки моҳияти суханони роҳбарияти ғамхори давлатамон маҳз зиндагии шоиста барои кулли мардум аст.

Нисбат ба дину оину мазҳаб ягон назари хилоферо ҳам пешниҳод накарданд, баракс ҷонибдории хешро баён сохатанд, ки дар кишварҳама озод аст. Аммо ҳоло, ки гурӯҳҳои ифротиву ошӯбгар дар ҷомеа зиёд гардидааст, беҳтар аст  то зиракии сиёсӣ омӯзанду паи ҳурофот нараванд. Зеро мусаллам аст, ки имрӯз дину мазҳабҳоро ҳар кадоме аз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ба таври диду назари худ омӯзонида истодааст. Яъне он чӣ, ки бар манфиати ташкилоти ифротист тарғиб менамоянд ва ҷавононро дар зиндагии мустақилонаи худ роҳгум мезанонанд.

Барои фирефтаву олудаи ақидаҳои нопоки чунин шахсиятҳо нашудан сарвари давлат таъкид доштанд, ки саодати хешро бо дилу нияти пок дарёбем. Дини мубини Исломро эхтиром намоем, зеро дар он беҳтарин хислатҳои инсонӣ, накӯкориву росткориву ростқавлӣ ниҳон аст. Худовандро бо дил шиносем, некиву эҳсонро дар дилу дидаҳо ҷо намоем ва саодати зиндагии хешро аз меҳнати ҳалолу поки худ сохта бошем. Маҳз ҳамон вақт ба нусрату зиё шарафёб хоҳем шуд, ки мо ҳамеша  ватани худро дӯст медоштем ва ба ояндагон низ чунин шиори ватандории хешро хоҳем омӯхт, то онҳо низ донанд, ки бадхоҳони миллат ҳамеша дар фикри зарба задани ин сарзамини биҳиштосо буданд ва ҳоло ҳам ҳадафашон чунин аст. Вале мо ҳеҷ гоҳ ба онҳо иҷоза нахоҳем дод, то гуфтаву амалкардҳои онҳо роҳандозӣ гардад.

Оқилҷонова Шаҳноза, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

 

Шоистаи таъкид аст, ки арзёбии дастовардҳои илмии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд неруи тақвиятбахшандаи фаъолияти илмии он ва воситаи баланд бардоштани сифати таҳсилот ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин, бо ташаббуси доктори илмҳои иқтисодӣ профессори кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, академики Академияи муҳандисии байналхалқӣ - Авезов Азизулло Ҳабибович, шуъбаи илм ва инноватсияи бо мақсади рушди ҳаракати иҷрои рисолаҳои илмӣ барои дарёфти дараҷаҳои илмии номзадии илм, доктори илм ва доктори фалсафа (Phd) – доктор аз рӯйи ихтисос таҳти унвони “Методологияи кори илмӣ-тадқиқотӣ” барои омӯзгорон семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардид.

У.Х. Ахмедов – н.и.и., муовини директор оид ба илм ва инноватсия семинарро оғоз карда, иброз дошт, ки такмили ихтисоси омӯзгорон дар шароити кунунии пешрафти илму техника ва талаботи нави иқтисодиву иҷтимоӣ омили муҳим дар баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо маҳсуб меёбад. Бинобар ин, баргузории чунин семинарҳо барои мо бениҳоят мубрам ба ҳисоб рафта, имкон медиҳад, ки малакаи иҷрои корҳои илмӣ тадқиқотии омӯзгорон такмил ёбад. Дар идома декани факултет н.и.и., омӯзгори калони кафедра Акрамова З.Б. қайд карданд, ки мавсуф бо роҳбарии д.и.и., профессор устод Авезов А.Х. бисёрии омӯзгорон, аспирантону магистрантони Донишкада рисолаҳои илмиро бомуввафақият ҳимоя намуда, ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ноил шудаанд ва гузаронидани чунин семинарҳо барои таҳким ва густариши фаъолияти илмии донишкада, ки яке аз самтҳои муҳими он ба шумор меравад, бениҳоят пурсамар мебошад.    

Сипас гузоришҳои омодашудаи д.и.и., профессори кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, академики Академияи муҳандисии байналхалқӣ Авезов А.Х. оид ба таҳияи номи мавзӯи тадқиқот, таъриф, талаботҳо барои таҳияи номи мавзуъҳои рисола ва навъи номгузориҳои он, робитаи мавзуъ байни муаммо ва навгонии илмии тадқиқот, фарқиятҳо байни рисола, монография ва мақолаи илмӣ, марҳилаҳои асосии тадқиқоти илмӣ, ки аз 9 марҳила иборат аст, таҳияи объект, предмет, навъ, муаммо, мубрамӣ, мақсад, фарзия, вазифа,усулҳо, натиҷаҳои интизорӣ, навгонии илмии тадқиқот баррасӣ карда шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои зиёде, аз қабили мафҳуми объект ва предмети тадқиқот ва робитаи байни онҳо, қоидаҳои таҳияи мавзуъ ва тартибнамоии мундариҷаи рисолаҳои илмӣ, намунаҳо барои ҳар як навъҳои номгузориҳои мавзуйи тадқиқот муҳокима ва баррасӣ карда шуд. Дар раванди семинар, омӯзгорон ба шумораи зиёди саволҳое, ки барои пайдо кардани ҷавобҳо равшанӣ андохтан лозим буд, аз д.и.и., профессори кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, академики Академияи муҳандисии байналхалқӣ Авезов А.Х. посухҳои муфассал гирифтанд. Инчунин ба хотири тақвияти малакаи омӯзгорон бо воситаи муайян намудан аз якчанд вариантҳои номгузориҳои корҳои илмӣ бо намудҳои нашрияҳои гуногун, ки самтҳои иқтисодӣ, технологияи информатсионӣ, электроэнергетика дар бар гирифта аст, аз ҷониби устод санҷиш гузаронида шуд.

Дар қисмати хотимавии ҷаласа Ахмедов У.Х. – н.и.и., муовини директор оид ба илм ва инноватсия суханронӣ намуда, баргузории чунин семинар омӯзишҳоро амри зарурӣ маънидод карданд.

  Мафтуна Мансурова, номзади илмҳои иқтисодӣ, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд                

 

Терроризму экстремизм  ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиаборро ба бор оварда истодааст. Аз ин рӯ, таъмини сулҳу субот ва амнияти кишварҳо вазифаҳои калидӣ ва муҳимтарин ба хотири рушди устувор дар сатҳи минтақавии байналмиллалӣ ба ҳисоб меравад. Дар даҳсолаҳои охир бо сабаби харобкориҳои ҳизбу ҳаракатҳои  тундрав дар кишварҳои Шарқи наздик  ва миёна, аз ҷумла, Сурияву Ироқ, Тунису Яман, Афғонистон ва мамолики дигар садҳо ҳазор одами бегуноҳ ба ҳалокат расиданд ва миллионҳо нафари дигар сарсону саргардон тарки манзили зист ва ватани худ карданд.

         Ҳадафу мақсади асосии гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ноором кардани давлатҳо ва куштани мардуми бегуноҳ мебошад. Ин ҳолат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта ба амал омад, ки хисороти зиёди моддиву маънавиро дар пай дошт ва дар ин кор дасти гурӯҳи ифротгарон ТТЭ ҲНИ, ки аз тарафи хоҷагони хориҷиашон дастгирӣ меёфт, амалӣ гардида буд. Ба Тоҷикистони азиз зарбаи ҷонкоҳе зада шуд, ки даҳшати он то ба имрӯз  фаромӯш нашудааст ва фикр мекунам, ки мардуми солимфикри тоҷик ҳаргиз он воқеаҳоро фаромӯш нахоҳад кард.

Тавре Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид карданд: «Бо назардошти сабақҳои талхи солҳои 90-ум ман шаҳрвандони кишварро доим  хушдор медиҳам, ки ҳамеша хушёр бошанд, сиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар ғафлат намонанд. Зеро солҳои охир дар натиҷаи то рафт густариш пайдо кардани фаъолияти гурӯҳу ҳаракатҳои экстиристиву террористӣ вазъи ҷаҳон ба дараҷае ҳассосу печида ва мураккабу пешгӯинашаванда гардидааст, ки ягон кишвар кафолатиэмин монданудар канор будан аз ин раванди хатарнокро надорад».

Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, мардуми тоҷик баҳри боз ҳам вусъат бахшидани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт садоқатмандона меҳнат мекунанд. Обрӯю нуфузи Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд  дар сатҳи байналмиллалӣ боз ҳам баланд мегардад.

Омили дигари пешрафти Тоҷикистон бомаром ҷараён гирифтани корҳои ободонию созандагӣ дар иншооти аср – Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ба истифода додани ду чархаи он ва ба кишвари содиркунандаи нерӯи барқ табдил ёфтани  мамлакат мебошад. Вале барои душманону хиёнаткорони миллат, аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ ва пайравони он ҳамаи ин дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хорест ба чашм.

 Онҳо бояд бидонанд, ки Тоҷикистон дигар он кишвари бесуботи солҳои 90-уми асри гузашта нест. Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба кишвари қудратмандутавоно табдил ёфта, сохторҳои низомии он ташаккулёфтаю мустаҳкам мебошад ва ҳеҷ нерӯи аҳриманӣ ба он зиёне расонида наметавонад.

Аз ин рӯ, имрӯз тамоми кишварҳои ҷомеа бо меҳнати софдилона пайи ободкорию созандагӣ буда, аз сиёсати сулҳпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекунанд.

 

 

Исмоилова С.К., устоди ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

 

Тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани “Ҳафтаи илм” ва мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи чорабиниҳои ДПДТТХ ба номи академик М.С.Осимӣ бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” дар факултети муҳандисӣ – технологӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабинии мазкур барои рушди касбияти донишҷӯёни курсҳои 1 – ум ва 2 - юм ва аз наздик шинос намудани онҳо бо ихтисоси интихобкардаашон мусоидат намуд.  Дар мизи мудаввар коршиносон, мутахассисони варзидаи як қатор корхонаҳои пешқадами вилоят иштирок карданд. Зимни мулоқот онҳо аз роҳи тайнамуда, дилбасӣагӣ ба касб, шавқу завқи хондан, собиқаи корӣ мушкиливу пешравиҳо, омилҳо барои соҳибкасб шуданашон маълумот доданд.

Чунончи донишҷӯёни ихтисосҳои 1-740206 – Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ ва 1-570101- 01 - Экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо кормандони Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд Бобоев Раҳимҷон, Оқилов Қурбон ва мутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист Саидов Хуршед сӯҳбати гарму самимӣ оростанд. Аз тарафи мутахассисон барои ҳар ду ихтисос оид ба ташкили тарбияи самараноки экологӣ ва агротехнологии шаҳрвандон, ҳифзи муҳити зист, оқилона истифодабарии сарватҳои табиӣ маърӯза хонда шуд. Ба наслҳои оянда боқӣ гузоштани муҳити обод, зарркоркарди маҳсулоти кишоварзии тоза барои донишҷӯён баррасӣ гардид. Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама, ҳимояи насли ояндаи миллат дар дасти донишҷӯёни ҳозира – мутахассисони ояндаи соҳа мебошад.

Баъди баромад Саидов Хуршед – мутахасси сарраёсати ҳифзи муҳити зист ба китобхонаи факултети муҳандисӣ – технологӣ Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Инсон ва табиат” тақдим кард. 

Чунин мулоқоти самаровар санаи 18 апрел бо намояндагони ширкатҳои бонуфузи саноати сабуки ҷумҳурӣ- ҶДММ “САТН” ва ҶДММ “Ҷавонӣ” доир гардид. Зимни вохӯрӣ Акмалов Акмалхон, барномасози истеҳсолоти ресандагӣ – бофандагии ҶДММ “САТН”, Гиясова Шоирахон мудири шуъбаи кадрҳои ҶДММ “САТН” ва Раҳматова Муҳаббатхон, сартехнологи истеҳсолоти бофандагӣ аз нозукиҳои касб, ояндаи дурахшон доштани соҳаи саноати сабук дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат  ҳарф заданд.

Мутахассисон барои ихтисосҳои 1-500102 таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ ва 1-500101 технологияи ришта матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд маърӯзаҳои хуро оид ба муҳиммияти касбҳои интихобшуда, зарурияти азхудкунии фаннҳои тахассусӣ, омӯзиши амиқи фаннҳо ва ривоҷ додани малакаи касбиро баррасӣ намуданд. Аз тарафи донишҷӯён саволҳо оид ба ташкили корхона, раванди коргузорӣ ва нозукиҳои дӯзандагиву бофандагӣ пурсон шуданд.

Чуноне, ки дониш ва маҳорат бояд бо илму амал мустаҳкам бошад ба ташаккулёбии малака, таҷрибаи шахсӣ, инкишоф ёфтани тахассуси донишҷӯён оварда мерасонад. Аз ин рӯ донишҷӯёни дар мизи мудаввар иштирок намуда аз ин чорабинӣ таассуроти амиқ бардоштанд.

Фарангис Маҳмудова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд

В очередном Послании Лидер нации отметил « с учётом изменения климата и с целью улучшения экологической ситуации в стране, а также создания для населения максимально лучших и благоприятных условий жизни. Правительству страны, Комитету по охране окружающей среды, всем государственным структурам и органам поручено принять и реализовать конкретную государственную программу по озеленению страны.»

Регламентирующие документы Правительства страны определяют основные направления развития многих отраслей экономики и в том числе развитие органического сельского хозяйства (ОСХ). Почему именно ОСХ, так как это современное развитие сельскохозяйственного сектора во всех странах мира, которое дает возможность снизить негативное влияние изменения климата на природные ресурсы и повышение продуктивности земли. Чтобы более подробней понять эти современные проблемы, которые являются составляющими устойчивого развития экономики необходимо  рассмотреть преимущества, которые ОСХ приносит всем участникам сельскохозяйственного процесса, окружающей среде и обществу.

Преимущества для производителей:

  • снижение расходов за счет экономии на ядохимикатах и минеральных удобрениях, вместо них использование органических удобрений, полезных насекомых, настоев и отваров из трав;
  • повышение дохода за счет надбавки на органическую продукцию;
  • органика дает возможность выхода на эксклюзивные/международные рынки;
  • здоровье самих фермеров и следующих поколений.

Преимущества для сельского хозяйства:

  • восстановление природного баланса;
  • рост численности полезных насекомых;
  • обеспечение долгосрочного плодородия почв;
  • высокое качество сельскохозяйственной продукции;
  • снижение количества вредителей и заболеваний;
  • самостоятельность производственной системы;
  • стабильность производства.

Преимущества для общества:

  • улучшение состояния здоровья;
  • повышение уровня образования;
  • устойчивость сообщества;
  • сокращение миграции сельского населения;
  • гендерное равенство;
  • повышение занятости;
  • качественное выполнение работ.

Преимущества для экономики:

  • укрепление местной экономики;
  • самостоятельность экономики;
  • гарантия получения доходов;
  • увеличение возврата по инвестициям;
  • снижение уровня риска;
  • рост инвестиций.

      С помощью максимального использования саморегулирующих био-систем, природного потенциала почвы, растений и животных ОСХ способно минимизировать экологические, социальные и экономические риски, а также предоставляет возможность обществу улучшить свой образ жизни, устойчиво повысить доходы и благоприятно влиять на окружающую среду и здоровье.

СУЛТАНОВА М.М. к.э.н., доцент,

кафедра инженерная экономика и менеджмент,

Политехнический институт Таджикского

 технического университета имени академика

М.С.Осими, г. Худжанд, Таджикистан

 

 

Тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани “Ҳафтаи илм” ва мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи чорабиниҳои ДПДТТХ ба номи академик М.С.Осимӣ бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” дар факултети муҳандисӣ – технологӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабинии мазкур барои рушди касбияти донишҷӯёни курсҳои 1 – ум ва 2 - юм ва аз наздик шинос намудани онҳо бо ихтисоси интихобкардаашон мусоидат намуд.  Дар мизи мудаввар коршиносон, мутахассисони варзидаи як қатор корхонаҳои пешқадами вилоят иштирок карданд. Зимни мулоқот онҳо аз роҳи тайнамуда, дилбасӣагӣ ба касб, шавқу завқи хондан, собиқаи корӣ мушкиливу пешравиҳо, омилҳо барои соҳибкасб шуданашон маълумот доданд.

Чунончи донишҷӯёни ихтисосҳои 1-740206 – Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ ва 1-570101- 01 - Экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо кормандони Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Суғд Бобоев Раҳимҷон, Оқилов Қурбон ва мутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист Саидов Хуршед сӯҳбати гарму самимӣ оростанд. Аз тарафи мутахассисон барои ҳар ду ихтисос оид ба ташкили тарбияи самараноки экологӣ ва агротехнологии шаҳрвандон, ҳифзи муҳити зист, оқилона истифодабарии сарватҳои табиӣ маърӯза хонда шуд. Ба наслҳои оянда боқӣ гузоштани муҳити обод, зарркоркарди маҳсулоти кишоварзии тоза барои донишҷӯён баррасӣ гардид. Тарбияи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, пеш аз ҳама, ҳимояи насли ояндаи миллат дар дасти донишҷӯёни ҳозира – мутахассисони ояндаи соҳа мебошад.

Баъди баромад Саидов Хуршед – мутахасси сарраёсати ҳифзи муҳити зист ба китобхонаи факултети муҳандисӣ – технологӣ Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Инсон ва табиат” тақдим кард. 

Чунин мулоқоти самаровар санаи 18 апрел бо намояндагони ширкатҳои бонуфузи саноати сабуки ҷумҳурӣ- ҶДММ “САТН” ва ҶДММ “Ҷавонӣ” доир гардид. Зимни вохӯрӣ Акмалов Акмалхон, барномасози истеҳсолоти ресандагӣ – бофандагии ҶДММ “САТН”, Гиясова Шоирахон мудири шуъбаи кадрҳои ҶДММ “САТН” ва Раҳматова Муҳаббатхон, сартехнологи истеҳсолоти бофандагӣ аз нозукиҳои касб, ояндаи дурахшон доштани соҳаи саноати сабук дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – эълон гардидани саноатикунонии босуръати мамлакат  ҳарф заданд.

Мутахассисон барои ихтисосҳои 1-500102 таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ ва 1-500101 технологияи ришта матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд маърӯзаҳои хуро оид ба муҳиммияти касбҳои интихобшуда, зарурияти азхудкунии фаннҳои тахассусӣ, омӯзиши амиқи фаннҳо ва ривоҷ додани малакаи касбиро баррасӣ намуданд. Аз тарафи донишҷӯён саволҳо оид ба ташкили корхона, раванди коргузорӣ ва нозукиҳои дӯзандагиву бофандагӣ пурсон шуданд.

Чуноне, ки дониш ва маҳорат бояд бо илму амал мустаҳкам бошад ба ташаккулёбии малака, таҷрибаи шахсӣ, инкишоф ёфтани тахассуси донишҷӯён оварда мерасонад. Аз ин рӯ донишҷӯёни дар мизи мудаввар иштирок намуда аз ин чорабинӣ таассуроти амиқ бардоштанд.

Фарангис Маҳмудова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд