Ассотсиатсияи хатмкардагон  -  ин:

- иттиҳоди хатмкардагони солҳои гуногуни ДПДТТХ, ки дар қатори онҳо шахсони корозмудаи соҳаҳои гуногун буда, ба мубодилаи таҷрибаи кории худ омода ҳастанд, ва мутахассисони ҷавон, ки ба қабули донишу таҷрибаи онҳо тайёранд;

- фазои иттилоотии ягона ва саҳнаи ибтидоӣ барои мубоҳиса ва имконияти сар додани лоиҳаҳои бизнесии нави шавқовар ва сертаккабур;

- муҳити мулоқоти одамони ҳамфикру манфиатҳои монанд дошта, ки ҳангоми мулоқот барои ёфтани манбаҳои нав, малакаҳо, алоқаҳои корӣ, ғояҳои бизнес ёрӣ медиҳад, барои худ кушодани имкониятҳои мартабавии навро мекушояд;

- иттиҳоде, ки анаъанаҳои ДПДТТХ-ро эҳтиром ва риоя менамояд, дар лоиҳаҳои хайриявӣ иштирок менамояд ва ба донишҷӯёни курсҳои боло ва мутахассисони ҷавон дар интихоби самти касбӣ ёри мерасонад.

 Вазифаи ассотсиатсия  -  муттаҳидгардонии нақшавии иттиҳоди хатмкардагон, ташкили шароити фароҳам барои инкишофи  шахсият ва касбияти онҳо, ба роҳ мондани ҳамкории онҳо бо донишкада ва байни худ.

 Мақсади стратегии ассотсиатсия – қавигардонии ягонагии корпоративии  ҷамъияти донишкада: хатмкардагон, омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён ва ҳамчунин ташаккул ва нигоҳдории тасавуроти мусбии донишкада дар фазои донишандӯзӣ ва муҳити иҷтимоӣ.

 Аъзогӣ  дар ассотсиатсия чӣ медиҳад?

- имконияти бо шароитҳои махсус гузаронидани намоишҳо, мизҳои даврӣ, семинарҳо дар синфхонаҳо ё толори Донишкада;

- ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои корӣ – мастер–классҳо, тренингҳо, семинарҳо, коференсияҳо, мизи даврӣ ва ғ.

- имконияти истифодаи китобхонаи электронии Донишкада;

- ёрии амалӣ барои дарёфти ҷои корӣ;

- дастгирии ҳаматарафа дар амалигардонии лоиҳаҳо;

- намоиши таърихи муваффақгардӣ ва инкишофи шахсӣ;

- имконияти ташкил намудани бизнес-инкубаторҳо дар назди донишкада;

- иштирок ва гузаронидани ярмаркаи “Интихоби мутахассиси арзанда”.

 

   БА АССОТСИАТСИЯ АЪЗО ШУДАН