Тартиби

баргузории озмуни хониши китоби бадеӣ таҳти унвони

“Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” байни донишҷӯёни ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ

 

Тартиби баргузории озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” байни донишҷӯёни ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар асоси Тартиби баргузории озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо қарори раиси вилояти Суғд аз 27.02.19, № 84 тасдиқ шудааст, таҳия шудааст. 

 

Муқаррароти умумӣ 

  1. Озмун бо мақсади ҷалби бештари кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ, баланд бардоштани маънавиёту маърифати онҳо, боло бурдани завқи худшиносию худогоҳӣ, рангин сохтани шавқи зебоипарастии насли наврасу ҷавонон, инчунин ҷиҳати устувор намудани робитаи хонандагон бо китобхона, бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 гузаронида мешавад.
  2. Даври якуми озмун аз 1 - уми март то 15 – уми май дар байни донишҷӯёни ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ гузаронида мешавад. 
  3. Дар даври дуюми озмун ғолибони даври якум иштирок карда метавонанд.

Давраи дуюми озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” рӯзҳои 3 - 4 сентябр доир гардида ба муносибати Рӯзи китоб 4 – уми сентябри соли 2019 ҷамъбаст мегардад.

Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ, диплом (дараҷаи 1, 2, 3) ва сипоснома (иштирокчиёни фаъол) аз тарафи раиси вилояти Суғд қадрдонӣ карда мешаванд.

  • Донишҷӯ вобаста ба яке аз китобҳои мутолианамудааш бо интихоби ҳайати ҳакамон дар ҳаҷми як саҳифа эссе менависад;
  • Миқдори китобҳои хондааш ба эътибор гирифта шуда вобаст ба мазмун, қаҳрамон ва персонажҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамон саволҳо дода мешаванд;
  • Хониши бадеӣ дар ҳаҷми як саҳифа тарзи қироати китоб мутобиқи пешниҳоди ҳайати комиссияи озмун санҷида мешавад.
  • Барои ширкат дар озмун хонандае роҳ меёбад, ки на кам аз 20 китоби бадеӣ хонда бошад.

Эзоҳ: мақсад аз навштани эссе муайян ва арзёбӣ кардани нутқи хаттӣ, маҳорати андешаронӣ, хулосабардорӣ, баёни дуруст ва мураттаби фикри донишҷӯй мебошад. Эссе бо забони таҳсили донишҷӯ навишта шуда, меъёрҳо бо имлои ҳамон замон мувофиқ омода карда мешаванд. Барои навиштани эссе 30 дақиқа вақт муқаррар мешавад. 

Кумитаи тадорукоти озмун

  1. Кумитаи тадорукоти озмун аз ҳисоби кормандони масъули донишкада ва мутахассисони касбӣ бо мақсади гузаронидани даври якуми озмун бо фармони директори ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ комиссия таъсис дода мешавад. Масъалаи ташкил ва баргузории даври ҷамъбастии озмун ба зиммаи комиссияи мазкур гузошта мешавад.
  2. Комиссия маҳорати донишҷӯёнро дар асоси шартҳои озмун мавриди озмоиш қарор дода, ба ҳар кадоми онҳо дар варақаҳои алоҳида баҳо мегузорад ва ҳамин тавр ғолиби озмунро муайян менамояд.
  3. Бо пешниҳоди директори донишкада ғолиби озмун ба кумитаи тадорукоти озмун, ки дар китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ фаъолият мебарад, пешниҳод мегардад.
  4. Ғолибони озмун бо ифтихорномаи раёсати донишкада ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
  5. Натиҷаи озмун дар сайти донишкада ва нашрияи “Меҳвари дониш” интишор мегардад.

 

  Мудири китобхона:                                                                   Бобоева М. А.