ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КИТОБ

4 сентябри соли 2018 дар китобхонаҳои донишкада бахшида ба  Рӯзи китоб гӯшаҳои махсуси намоиши китобҳо ташкил карда шуд.  Дар навбати худ китобдорони китобхона доир ба Рӯзи китоб маълумот дода, иброз доштанд, ки 4 сентябри соли 2007 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баробари гузоштани санги асоси бинои нави Китобхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе Рӯзи китоб эълон гардид.

 

НАМОИШИ ҲУНАРҲОИ ДОНИШҶӮЁН

Китобхонаи донишкада дар арафаи ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ мунтазам намоиши китобҳоро барпо мекунад, ки ҳамагон аз он баҳраманд мегарданд. Бо эълон гардидани соли 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” моҳи марти соли равон дар китобхонаҳои донишкада ҳунарҳои донишҷӯёни  донишкада ба намоиш гузошта  шуданд.

      НАМОИШИ КИТОБҲОИ УСТОДОНИ ДОНИШКАДА

Моҳи январи соли 2019 дар китобхонаи асосии донишкада аз тарафи китобдорон ва сарлаборанти китобхонаҳо намоиши китобҳои  дарсӣ ва методие, ки аз тарафи устодони донишкада таҳия шудааст ба намоиш гузошта шуд. Намоиши китоби асосан китобҳои нав омадро дар бар гирифта буд. Ин намоиши барои бохабар ва ҳавасмандкунии донишҷуён ба китобхона буд. Тамоми донишҷуёни факултетҳо аз китобҳои нав омада бохабар шуданд.  Онҳо акнун метавонанд ба  китобхона омада ин китобҳоро дархост  намуда дар толори хониш аз китобҳои нав омада баҳра бардошта дониши худро сайқал намоянд.

НАМОИШИ КИТОБ ДАР КОНФЕРЕНСИЯ

Дар партави суханрониҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон соли сеюм аст, ки бо иқдоми раёсати донишкада дар мавзӯи «Идораи сифати таълим дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ- амалӣ доир мегардад. Санаи 1 феврали соли 2019 дар толори донишкада конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ оид ба мавзӯи “Идораи сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар толори маҷлисгоҳи бинои асосӣ донишкада аз тарафи китобдорони донишкада намоиши китобҳо ташкил карда шуд, ки иштирокчиёни конференсияи аз онҳо дидан намуданд.

РӮЗИ УМАРИ ХАЙЁМ

Моҳи феврали соли 2019 дар китобхонаҳои донишкада бахшида ба  Рӯзи  шоири форсу тоҷик  Умари Хайём гӯшаҳои махсуси намоиши китобҳои Умари Хайём ба намоиш гузошта шуданд. Дар он донишҷӯёни курсҳои гуногун иштирок карданд. Дар намоиш китобҳои “Рубоиёт” – и Умари Хайём, “Наврӯзнома”, ба намоиш гузошта шуда буд. Дар навбати худ китобдорони китобхона оиди китобҳои дар китобхонаи донишкада буда ва бо слайдҳо дар бораи Умари Хайём ба донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун маълумотҳо доданд.

   УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ

    Санаи 5 марти соли равон дар толори донишкада  китоби тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Уфуқҳои Истиқлол” ба доираи васеи устодону донишҷӯён муаррифӣ гардид.

“Уфуқҳои Истиқлол” дарвоқеъ арзишмандтарин роҳнамо барои ҳифзи сулҳу оромии фазои кишвар, муқаддас доштани Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ буда, барои тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ мусоидате бузурге хоҳад намуд. 

   ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР

  Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” як қатор чорабиниҳо дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.

Моҳи апрели соли 2019 дар толорҳои китобхонаи донишкада бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” гӯшаҳои махсус ташкил карда шудаанд. Дар ин гӯшаҳо китобу рӯзномаҳое, ки дар он доир ба “Об – манбаи ҳаёт” ба чоп расидаанд, ба намоиш гузошта шуд.

НАМОИШИ КИТОБҲО БАХШИДА БА РӮЗИ ҒАЛАБА

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, посдории хотири шаҳидон, тарбия намудани наслҳои ҷавон дар руҳияи ватанпарастӣ бахшида  ба таҷлили Иди Ғалаба як қатор чорабиниҳо дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.

 Моҳи майи соли 2019 дар толорҳои китобхонаи донишкада бахшида ба таҷлили 74- умин солгарди Рӯзи Ғалаба гӯшаҳои махсус ташкил карда шуданд. Дар ин гӯшаҳо китобу рӯзномаҳое, ки дар он доир ба Рӯзи Ғалаба ба чоп расидаанд, ба намоиш гузошта шуд.

Ҳамзамон санаи 08.05.2019 дар доираи таҷлили 74- умин солгарди Рӯзи Ғалаба алайҳи Германияи фашистӣ дар толори маҷлисгоҳи донишкада вохӯрии устодон ва донишҷӯён бо ҷанговарони интернатсионалист доир гардид.

     НАМОИШИ КИТОБҲО БАХШИДА БА ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

  Санаи 20 майи соли 2019 дар китобхонаҳои донишкада  гӯшаи махсус бахшида ба 78- солагии шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ  намоиши китобҳо ва инчунин  рӯзномаю маҷаллаҳое, ки дар он  мақолаҳо доир ба фаъолият ва эҷодиёти шоир  ба чоп расидааст, ба намоиш гузошта шуд.

  Дар навбати худ китобдорони китобхона доир ба устоди бузурги сухан маълумот дода, иброз доштанд, ки устод Лоиқ барои хештаншиносию худогоҳии мардуми тоҷик ва тоҷикистониён бо эҷоди осори ватандӯстонаи худ мактаберо боқӣ гузоштааст, ки он ҷо ҳар байту мисраъ моро ба эҳтироми марзу буми кишвар ва расидан ба ваҳдати комил раҳнамоӣ дорад. Баъд аз тарафи китобдорони китобхонаҳо дар бораи китобҳое, ки дар фонди китобхонаи донишкада мавҷудбуда, маълумот дода шуд.

5500-СОЛАГИИ САРАЗМ

Таърихи 19-уми марти соли равон дар шаҳри Душанбе зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта шудани соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонро пешниҳод намуданд.

Дар китобхонаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд моҳи июни соли равон аз тарафи китобдорон гӯшаи махсус оид ба ҷашни 5500 – солагии Саразми бостонӣ ташкил карда шудааст. Дар ин гӯша китобҳои Исоқов Абдуллоҷон “Саразм оғози тамаддуни тоҷикон” Душанбе 2018. саҳифа 280,

“Нахустмуҳақиқи тамаддуни Саразм” Душанбе 2015. саҳифа 112, “Саразм – оғози тамаддуни халқи тоҷик Панҷакенти Суғд” Хуҷанд 2005. Саҳифа 402, Раззоқов Абдурауф “Саразми бостонӣ” Душанбе 2011. саҳифа 48 ва рӯзномаҳое, ки дар он доир ба Саразм ба чоп расидаанд, ба намоиш гузошта шуда буд.

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02.2019, таҳти №АП-1165, супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.02.2019, №16/10-43 миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” эълон гардидааст. Озмун таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, талқин намудани китобхонӣ миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа  баргузор мегардад.

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд даври якум гузаронида шуда, ҷамъбаст гардидааст. Аввалан, озмун дар сатҳи факултетҳои донишкада доир гардид. Беҳтарин хонандаи китобҳо аз байни донишҷӯёни ҳар чор факултет интихоб шуда, ба даври донишкадавӣ омодагӣ дида истодаанд.

        Китобдорони китобхонаҳои донишкада ва мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Бобоева Таиба донишҷӯёни хоҳишмандро, ки мақсади ширкат дар озмунро доранд, бо шартҳои озмун ва номинатсияҳои он шинос намуда, раҳнамоӣ карда истодаанд.

Ҳамчунин барои огоҳ намудан аз озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” аз тарафи китобдорони китобхонаҳои донишкада як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд:

- Ба сайти асосии донишкада эълони озмун ҷой дода шуд;

- Муаллимону донишҷӯёнро дар соатҳои тарбиявӣ огоҳонида шуд;

- Дар тахтаҳои махсус барои эълонҳо Низомномаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ҷойгир карда шуд;

- Дар толори китобхонаҳои донишкада гӯшаи махсус ташкил карда шуд.

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуда истодааст. Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ маҳсуб мешавад. Ҷомеаи устодону шогирдони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иқдоми Сарвари давлатро қадами қатъӣ барои таҳкими маънавиёту фарҳаниги бою қадима дониста, давоми се моҳ байни донишҷӯён муҳтавиёт ва моҳияти озмунро фаҳмониданд. Рӯзи гузашта 21 нафар донишҷӯёни ғолибони факултетҳо дар толори маҷлисгоҳи донишкада аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардану хондани осори адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳон, қироати ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

 Дар оғози чорабинӣ муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов дар бораи зарурати баргузории озмуни мазкур сухан карда, баён доштанд, ки дар бораи рушди техникаву технология, бояд ҷавонон бештар рӯ ба китобу китобхонӣ орад, зеро лаззати китобхонӣ, бардошти маънавӣ аз он болотар аст аз кинофилму дигар воситаҳои ғановати маънавӣ. Бо баҳодиҳии холисонаи ҳайати ҳакамон дар бахши назм пирӯзӣ насиби Сайфура Нозимова, донишҷӯи курси 2 ихтисоси Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро Ибодулло Назарзода, донишҷӯи курси 1, ихтисоси Таъмини барқ ва Барно Ҳоҷибоева, донишҷӯи курси 2, ихтисоси Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд ишғол намуданд. Дар бахши наср мақоми аввалро Дониш Шарифов, донишҷӯи курси 1, ихтисоси Таъмини барқ, ҷойи дуюмро Фарҳод Мамадалиев, донишҷӯи курси 1, ихтисоси Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ ва мақоми сеюмро Алишерхон Рустамов, донишҷӯи курси 1, ихтисоси Хизматрасонии автомобилӣ касб кард. Хуршеда Камолова, донишҷӯи курси 1, ихтисоси Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо барои ширкати фаъолона бо Ифтихорнома тақдиронида шуд.Ба ғолибону ҷоизадорон Ифтихорномаҳои Раёсати донишкада дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд. Дар қисмати фарҳанги донишҷӯёни донишкада бо суруду рақсҳои дилошӯб хотири ахли нишастро шод намуданд.

БЕҲТАРИН ХОНАНДАИ КИТОБҲОИ БАДЕӢ

 Ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 байни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот озмуни вилоятии хониши китобҳои бадеӣ таҳти унвони «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019»  баргузор шуда истодааст. Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир ҷалби бештари кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ, баланд бардоштани маънавиёту маърифати онҳо, боло бурдани завқи худшиносию худогоҳӣ, рангин сохтани шавқи зебопарастии насли наврасу ҷавон, инчунин ҷиҳати устувор намудани робитаи хонандагон бо китобхона баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ маҳсуб меёбад.

Тартиби баргузории озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” байни донишҷӯёни ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар асоси тартиботи баргузории озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” байни донишҷӯёни таҳсилоти олии касбӣ, ки бо қарори раиси вилояти Суғд аз 27.02.2019, № 84 тасдиқ шудааст, таҳия гардид.

Даври якуми озмун аз 1-уми март то 15 – уми май байни донишҷӯёни ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ гузаронида шуд. Ба даври дуюми озмун ғолибони даври якум иштирок карданд.        Китобдорони китобхонаҳои донишкада донишҷӯёни хоҳишмандро, ки мақсади ширкат дар озмунро доштанд, бо шартҳои озмун ва номинатсияҳои он шинос намуда, раҳнамоӣ карданд.

Таърихи 13 июни соли равон 21 нафар донишҷӯёни ғолиби факултетҳо дар толори маҷлисгоҳи донишкада аз рӯйи номинатсияҳои хондани осори адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳон байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

       Дар оғози чорабинӣ муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов дар бораи зарурати баргузории озмуни мазкур сухан карда, баён доштанд, ки дар бораи рушди техникаву технология бояд ҷавонон бештар рӯ ба китобу китобхонӣ оранд, зеро лаззати китобхонӣ, бардошти маънавӣ аз он болотар аст аз кинофилму дигар воситаҳои ғановати маънавӣ.

     Бо баҳодиҳии холисонаи ҳайати ҳакамон пирӯзӣ насиби Дониш Шарифов, донишҷӯи курси 1, ихтисоси таъмини барқ, ҷойи дуюмро Фарҳод Мамадалиев, донишҷӯи курси 1, ихтисоси сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ ва мақоми сеюмро Алишерхон Рустамов, донишҷӯи курси 1, ихтисоси хизматрасонии автомобилӣ ишғол намуданд. Ба ғолибон ифтихорномаҳои раёсати донишкада ва туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.