Барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён дар тамоми мактабҳои олии Тоҷикистон маркази бақайдгирии донишҷӯён таъсис дода шудааст. Яке аз аввалинҳо шуда ин икдомро дар ДПДТТХ ба номи академик М.С.Осимӣ ба роҳ монданд. Маркази бақайдгирии донишҷӯён ҷузъи таркибии ДПДТТХ ба ҳисоб меравад. Ин марказ бо мақсади бақайдгирии донишҷўён, захира намудан ва таҳлил кардани манбаи электронии маълумотҳо ва дастовардҳои онҳо, ба роҳ мондани ҳуҷҷатнигории ҷараёни таълим ташкил карда шудааст. Маркази бақайдгирии донишҷӯён - сохторест, ки тамоми маълумотро оид ба дастовардҳои таълимии донишҷўён дар давраи таҳсил ба қайд мегирад.

Самтҳои асосии фаъолияти маркази бақайдгирӣ:

  • омода намудани намунаҳо (шаклҳо)-и гуногуни ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии донишҷўён мувофиқи нақшаҳои корӣ ва фардии таълим;
  • ташаккули гурўҳҳои академӣ аз рўи натиҷаҳои бақайдгирӣ ва интихоби фанҳо;
  • назорати раванди имтиҳони ҷорӣ ва ҷамъбастӣ;
  • таъмини донишҷўён бо ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ;
  • дар ҷамъбасти ҳар як семестр муайян намудани баҳои миёна (GPA)-и соҳибгаштаи ҳар як донишҷў ва мувофиқати он ба меъёри муқарраршуда;
  • ба деканати факултетҳо ва сардори қисми таълим барои таҳлил ва чораандешӣ пешниҳод намудани рўйхати донишҷўёне, ки аз фанҳои алоҳида баҳои Ғ гирифтанд ё GPA-и онҳо аз меъёри муқарраршуда паст аст;
  • тартибдиҳӣ ва ба расмият даровардани транскрипт (маълумотномаи академӣ, замимаи диплом) барои ҳар як донишҷў;
  • ба расмиятдарории нақшаҳои таълимии фардии донишҷўён ва ворид намудани тағийрот ба онҳо дар мўҳлатҳои муқарраршуда;
  • дар асоси натиҷаҳои сессияҳои имтиҳонӣ ва сатҳи (GPA)-и донишҷўён таҳияи фармоиш ҷиҳати аз курс ба курс гузаронидани онҳо;
  • тартиб додани ҳисоботи оморӣ оиди давомот ва пешрафти донишҷӯён;
  • таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи оморӣ оиди раванди таҳсил ба роҳбарият ва мақомоти беруна;
  • ҳисоби фарқияти нақшаи инфиродӣ барои интиқол, барқарор ва гузариш.

Барномаи «Маркази бақайдгирии донишҷӯён» дар худ автоматикунонии чорабиниҳоеро дар бар гирифтааст, ки ба банақшагирии раванди ташкил ва гузаронидани корҳои таълимӣ, бақайдгирии дастовардҳои таълимии донишҷӯён алоқаманд мебошад.

Ҳоло дар ин марказ 1 нафар сардор ва 5 нафар нозирон фаъолият мебаранд. Нозирон ба факултетҳо вобаста шудаанд ва ҷои кориашон бевосита дар факултет ё наздикии он мебошад.

Миқдори донишҷӯёни донишкада дар аввали соли таҳсили  2018-2019 ба 3920 нафар расид, ки аз онҳо:

3525 нафар – зинаи  бакалавр (таҳсили рӯзона);

224 нафар – зинаи  бакалавр (таҳсилоти фосилавӣ);

138 нафар – зинаи  магистр (таҳсили рӯзона);

33  нафар - PhD (докторант) 

Пешрафти донишҷӯён сол то сол баланд гардида истодааст, ки ин нишондиҳанда хеле хуб мебошад ва он дар умум 94,9% - ро ташкил медиҳад.

Донишҷӯёне, ки пурра нимсоларо ба баҳои аъло (А) ҷамъбаст карданд, 109 нафар (3,3%)-ро  ташкил доданд:

- факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ - 24 нафар;

- факултети информатика ва энергетика - 41 нафар;

- факултети муҳандисӣ-технологӣ - 30 нафар;

- факултети сохтмон ва нақлиёт -14 нафар.

Нишондиҳандаҳои ҷамъбасти имтиҳоноти нимсолаҳои якум ва дуюми соли таҳсили 2017-18

 

Нишондиҳандаҳои баланд натиҷаи қайди рӯзмарраи давомот ҳам дар журнали гурӯҳ ва ҳам дар журнали электронии системаи иттилоотии идоракунии донишкада (СИИД) аз тарафи омӯзгор нисбати ҳар як фан мебошад. Санҷиши ҳамарӯзаи давомот дар ҳамаи синфхона дар дарсҳои аввалу охирони гурӯҳҳо аз тарафи нозирони маркази бақайдгирӣ ва қайди фаврии натиҷаҳо бо воситаи планшет аз тарафи онҳо ба СИИД дар рафти санҷиш бевосита дар синфхонаҳо, воридкунии маълумоти журналҳои гурӯҳҳо нисбати давомот ба СИИД аз тарафи нозирон дастрас шудаанд. Назорати фаврии маълумотҳои омории давомот бо воситаи СИИД аз тарафи кураторони гурӯҳҳо, деканони факултетҳо, муовинони директор оид ба таълим ва тарбия, директори донишкада ҳолатҳои дарсшикании бесабабро пешгирӣ мекунанд.

Маҳз чунин санҷиш ва назорат аст, ки давомоти донишҷӯёни донишкада дар умум ба 97% баробар гардидааст.

Мутобиқи қоидаҳои ҷорикардашудаи донишкада дар ҳолати аз 12 соат гузаштани дарсшикании донишҷӯ дар давоми нимсола куратори гурӯҳ бо волидайни ӯ сӯҳбат карда, дар ҳолати бесабаб будани дарсшиканиаш ба декани факултет барои дидани чора арз мекунад. Дар вақти аз 24 соат гузаштани дарсшиканӣ сӯҳбат бо волидайн дар сатҳи факултет ва раёсати донишкада гузаронида мешавад. Донишҷӯёни дар давоми сикл 100% ба дарс иштирок карда, бо ҳамроҳ кардани холҳои муайян ба натиҷаҳои пешрафти онҳо ҳавасманд карда мешаванд.

Ҳамарӯза нозирони маркази бақайдгирии донишҷӯён барои қабули донишҷӯёне, ки бо  ҳар гуна масъалаҳо муроҷиат менамоянд, омода мебошанд.

Дар давоми соли тақвимӣ беш аз 5000 адад аризаи донишҷӯён қабул гардида, баъди тасдиқ гардидан аз тарафи директори донишкада ба парвандаи шахсии онҳо дӯхта мешаванд.

Бо талаби донишҷӯён маълумотнома ба ҷои талабгардида ва маълумотномаи академӣ (транскрипт) тайёр менамоянд. Пеш аз оғози даъвати наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ҶТ маълумотномаи ҳар як донишҷӯ-писарон тартиб дода шуда, ба комиссарияти ҳарбии шаҳр ва ноҳияи онҳо равона карда мешавад.

Баъди ба имзо расидани фармоишҳо нисбати донишҷӯён дар муддати ҳафт рӯзи корӣ нусхаи он ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд пешниҳод мегарданд.

Ба донишҷӯёни барқароршаванда ва интиқолшаванда аз тарафи нозирони маркази бақайдгирии донишҷӯён дар асоси маълумотномаи академӣ (транскрипт)-и донишҷӯ курси таҳсил  ва фарқият аз рӯи нақшаи таълимии ихтисоси амалкунанда  муайян шуда, ба муовини декан оид ба таълим ва декани факултет барои баррасӣ дар Комиссияи барқарор  ва интиқол пешниҳод менамоянд.

Баъди итмоми ҳар як сикл ведомостҳои имтиҳонӣ чоп карда шуда, корҳои мустақилонаи назоратшавандаи (кори курсии фаннӣ, лоиҳаи курси ва кори семестрӣ) донишҷӯён ба бойгонии донишкада супорида мешаванд.