Шуъбаи илм ва инноватсияи ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ яке аз сохторҳои асосии донишкада буда, роҳбарӣ ва назорат аз болои корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омузгорон ва донишҷўён, инноватсионӣ, омодакунии кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ, фаъолияти докторантура аз рўйи ихтисос, (аспирантура) ва магистратураро ба роҳ мондааст.

Шуъба фаъолияти худро дар асоси Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо, оинномаи донишкада, фармоишҳои директори Донишкада, супоришҳои муовини директор оид ба илм ва инноватсия санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ мондааст. Шуъба дар тобеияти бевоситаи муовини директор оид ба илм ва инноватсия қарор дорад.

 

СОХТОРИ ШУЪБАИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ

Дар сохтор ва ҳайати шуъба, шуъба ва бахшҳо ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, фаъолияти инноватсионӣ, омодакунии кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ, фаъолияти докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), фаъоляти табъу нашр амал мекунанд.

 ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШУЪБАИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ

  • таъйин намудани самтҳои асосии корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону омўзгорон,
  • донишҷўёни донишкада;
  • ҳамоҳанг сохтани корҳои илмӣ, ки дар кафедраҳо бо мақсади иҷрои корҳои
  • мукаммали бунёдӣ, иктишофӣ ва амалӣ сурат мегиранд;
  • тартиб ва танзими шартномаҳо оид ба ҳамкориҳои эҷодӣ;
  • таъмини сатҳи зарурии илмӣ-техникии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва самаранокии
  • онҳо, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва раванди таълим;
  • назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, нақшаҳои инфиродии
  • устодону омўзгорон дар қисмати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
  • анҷом додани баҳогузории маҷмўии ҳарсола ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии
  • кафедраҳо ва устодону омўзгорон тибқи тартиби муқарраргардида;
  • ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар
  • чорабиниҳои илмӣ;
  • ташкили табъу нашри маҷмўъаҳои осори илмии ҳайати профессорӣ-омўзгорӣ
  • ва таълимгирандагони донишкада;
  • ташкили корҳои кашфиётӣ, патентӣ, литсензионӣ ва иттилоотӣ-маълумотӣ;
  • назорати фаъолияти парки технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ, таҳқиқотӣ,
  • лоиҳакашӣ, технологӣ ва иқтисодии донишҷўён, гузаронидани озмуни олимони
  • ҷавони навовар, донишҷў ва рушди илмӣ-техникӣ, иштирок дар озмун барои
  • ҷудо кардани грантҳои хурд барои донишҷўён ва ғ.;
  • ҳамоҳангсозии фаъолияти Шўрои олимони ҷавон, ҷамъияти илмии донишҷўён
  • ва маҳфилҳои илмии донишҷўён;
  • танзим ва пешниҳод намудани мавод оид ба ҳавасмандкунии ҳайати
  • профессорӣ-омўзгорӣ ва таълимгирандагон барои бомуваффақият анҷом
  • додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар кори
  • конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
  • ташкили намоишгоҳҳо, озмунҳои лоиҳаҳои инноватсионӣ, олимпиадаҳои
  • фаннӣ ва намоиши беҳтарин дастовардҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону
  • омӯзгорон, донишҷӯён ва олимони ҷавони донишкада;
  • назорати фаъолияти китобхонаҳои анъанавӣ ва электронии донишкада;
  • омода кардани ҳисоботи илмию маълумотномаҳои донишкада тибқи талаботи
  • мақомоти дахлдор;
  • дар якҷоягӣ бо маъмурияти донишкада мусоидат намудан ба эҷод ва таъсиси
  • заминаи муосири илмӣ ва озмоишӣ барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ аз
  • тарафи ҳайати профессорӣ-омўзгорӣ, таълимгирандагон ва унвонҷўён доир ба
  • мавзўъҳои интихобкардаашон ва ба роҳ мондани намудҳои дигари фаъолияти
  • илмӣ ва инноватсионӣ;
  • танзими ҳуҷҷатнигорӣ ва назорати иҷрои саривақтии он;
  • назорат аз болои ба нашр омода сохтани мақолаҳои илмӣ, монографияҳо ва
  • нашри маҷмўаи осори илмии омўзгорони донишгоҳ.
  • таъйин намудани самтҳои асосии корҳои илмӣ-таҳқиқотии докторантҳо аз рўи
  • ихтисос (аспирантон), докторантҳо, унвонҷўёни донишкада;
  • назорати иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва нақшаҳои инфиродии докторон аз
  • рӯи ихтисос (аспирантон), унвонҷӯён;
  • назорат аз болои фаъолияти докторантҳо аз рўи ихтисос (аспирантон),
  • докторантҳо ва унвонҷўён;
  • танзим ва назорати бомуваффақият анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотии
  • докторантон, аспирантон, унвонҷӯён ва иштироки фаъолонаи онҳо дар кори
  • конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
  • таҳия ва ба Шӯрои олимон пешниҳод намудани нақшаҳои қабул ба
  • магистратура, аспирантура ва докторантура аз рӯи ихтисос ва назорати
  • иҷроиши он;
  • ташкили имтиҳонҳои қабул ба зинаҳои таҳсилоти аспирантура, докторантура ва
  • докторантура аз рӯи ихтисос;
  • ташкил ва назорати аттестатсияи фосилавии аспирантон, докторантон аз рӯи
  • ихтисос, унвонҷӯён;
  • назорати рафти таҳияи нақшаи инфиродии аспирантон, докторантон аз рӯи
  • ихтисос ва унвонҷӯён;
  • омода намудани пешниҳодҳо ва лоиҳаҳои фармонҳо оиди аз курс ба курс
  • гузаронӣ, хориҷ намудани аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос;
  • ба роҳ мондани корҳои ташкили раванди таълим дар докторантура аз рӯи
  • ихтисос ва аспирантура мувофиқи Низомномаҳои дахлдор.

 

ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ ШУЪБА