Матбуот дар ҳар давру замон инъикоскунандаи вазъи воқеии ҷамъият маҳсуб ёфта, он ҳамзамон минбари озоди баёни фикру матлаб мебошад. Махсусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ саҳми матбуот ҳамчун воситаи иттилоърасонӣ барои мардум нақши калон дорад.

Тавре аз таърих бармеояд, нақши нашрияҳо  дар муттаҳидсозии афкору андеша мавқеи хосса бозида, тавасассути ин минбар даҳҳо нобиғагон идея ва нақшаҳои худро амалӣ намудаанд.  Имрӯз соҳае нест, ки дар он нашрияи худро надошта бошад. Хосатан дар кишвари мо, ки мардум бештар ба маънавиёт рӯ меорад, нашриёт ҷойгохи махсус дорад. Алҳол тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, дар аксари донишгоҳҳои кишвар нашрияҳо фаъол аст.

Нашрияи «Меҳвари дониш» моҳи октябри соли 2012 ва такроран соли 2016 таҳти рақами 0327\рз аз ҷониби Вазорати фарҳанг ба қайд гирифта шудааст.  

Бо назардошти пешниҳодҳои устодон аҳли эҷоди нашрия тасмим гирифтаанд, ки гӯшаҳои махсус амсоли «Минбари устод», «Розу ниёз», «Ҳамроз», «Падида», «Шинохти донишгоҳ», «Дастовард», «Мукотиба», «Олами аҷоибот», «Аз ҳаёти нобиғагон», кроссворду чайнворд ва ғайраҳоро дар саҳифаҳои худ ҷой диҳад. Мусоҳибаҳои махсус, навигарии олами сиёсиву иқтисодӣ, дастовардҳои илму техника аз мадди назари кормандони нашрия дур нахоҳад шуд. Як бахши басо аҷоибу хонданӣ ин хонандаро огоҳ кардан аз навигариҳои олами варзиш мебошад. Дар ин бахш ҳамчунин дастовардҳои варзишии донишкада инъикос меёбанд.

Ҳамзамон дар назди идораи нашрия маҳфили «Мухбирони  ҷавон» таъсис ёфтааст, ки ба он донишҷӯёни боистеъдоду қобилиятнок сарҷамъ карда мешаванд. Устодону шогирдоне, ки дар ҷараёни чопи нашрия ҳамкории мутақобила мекунанд, дар Рӯзи таҷлили Иди матбуот бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаи донишкада сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамчунин аҳли эҷоди нашрия тасмим гирифтанд, ки дар оянда  маҷмӯаи мақолаҳою  шеърҳои устодону шогирдонро дар шакли китоб ба табъ  расонад.

 То имрӯз 95  шумораи он ба дасти хонандагон расидааст. Теъдоди обуначиён соли 2013- 1600, 2014- 1850, 2015- 2000, 2016- 2350 2017 - 2800 адад ва 2018- 2850 адад расидааст. Дар соли равон  12 шумораи нашрия ба дасти хонандагон расид. 

Дар давраи ҳисоботӣ ду маротиба нишасти матбуотии директори донишкада бо беш аз 16 расонаҳои вилоятиву хориҷӣ доир шуд. Зимни нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон асосан аз робитаи донишкада бо коргоҳҳои кишвар ва муассисаҳои олии хориҷӣ ва аз ҷараёни бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, вазъи пояи моддиву техникии донишкада пурсон гардида, ба саволҳои худ ҷавоби мушаххас гирифтанд.

 Дар давоми 9 моҳи соли равон беш аз 70 мақолаҳо доир ба хаёти донишкада дар матбуотии даврии «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Омӯзгор» «Минбари халқ», «Сухани халқ», «Шафақ», «Ҳақиқати Суғд, «Тирози ҷаҳон», «Согдийская правда» нашр шуд.

Беш аз 35  гузоришҳо аз рафти баргузории конфренсияҳо ва семинару дигар чорабиниҳо дар шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Суғд», «СМ-1», «Диёр», «Танин», «Азия», “Ҳафт ситора”,  радиоҳои  вилоят, «Пайванд»,  «Тироз», «Шаҳри ман» “Ҳамроз” инъкос гардиданд.

Алҳол дар назди шӯъба журнали илмии «Паёми ДПДТТ» таъсис ва 4 шумораи он ба дасти хонандагон расид.

Бо тараққиёти илму техника ва шавқи омма ба шабакаҳои интернетӣ сомонаҳои гуногун мавқеи хоса пайдо намудаанд. Дар ДПДТТХ низ  сомонаи донишкада таъсис дода шудааст, ки тамоми маълумотҳои заруриро дар бар мегирад.

Сомонаи донишкада аз моҳи сентябри соли 2012 таъсис дода шуда, аз моҳи январи соли 2018 бо суроғаи нави  polytech.tj фаъолият дорад.