ИФТИХОРИ МО! НӮШОФАРИН АБДУХОЛИҚОВА, ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” МАҚОМИ ДУЮМРО БА ДАСТ ОВАРД
Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид, ки дар он ғолибони даври вилоятии озмуни мазкур аз шаҳру навоҳии мамлакат иштирок намуданд ва боиси ифтихор аст, ки донишҷӯи курси якуми ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Нӯшофарин Абдухолиқова дар номинатсияи “Саъати тасвирӣ” сазовори ҷойи дуюм гардид.
Нӯшофарин Абдухолиқова, донишҷӯи соли якуми ихтисоси сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандии факултети сохтмон ва нақлиёти донишкада, дар давр аввал ва дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман мақоми аввалро ба даст оварда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифт. Ниҳоят бо асарҳои дилчаспу нотакрори хеш дар жанри рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графикаи дастгоҳӣ ва миннатюраи номинатсияи “Санъати тасвирӣ” сазовори ҷоий дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” шуда, бо диплом ва ба маблағи 25 000 сомонӣ сарфароз гардид.
Ин муваффақияти донишҷӯйи донишкада ба ҳамагон муборак бод!
Шуъбаи кор бо ВАО