09.01.1958 

Номзади илмҳои физика - математика

 

Тав.: шаҳри Конибодом, аз хонадони  коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи №3 ш. Конибодом (с.1964-1974). Хатмкардаи факултети механика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленини шаҳри Душанбе (с.1974-1979). Тадқиқотчӣ-коромӯзи маркази ҳисоббарории Институти математикаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (с.1979-1980),  маркази ҳисоббарории Академияи илмҳои ИҶШС, ш. Москва (с.1980-1981, 1986-1987), ходими хурди илмӣ, ходими илмии шуъбаи экологияи математикии маркази ҳисоббарории Институти математикаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (с.1987-1991), омӯзгори калони кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи коллеҷи олии Тоҷикистон (с.1991-1992), омӯзгори калони кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (с.1992-2010), аз соли 2010 омӯзгори калони кафедраи математикаи олӣ ва информатикаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Модели  тағйирёбии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тадқиқ намуда, аввалин маротиба барои соли 2000-ум шумораи онро пешгӯйӣ намудааст. Масъалаи мавҷудият ва ягонагии ҳалли модели бефосилаи ғайрихаттӣ бо назардошти синну сол, рафтори он дар атрофи ҳолати мувозинатӣ тадқиқ карда шудааст. Схемаи умумии методи моментҳо ва шартҳои татбиқи онро барои тадқиқи динамикаи гурӯҳҳои биологӣ бо назардошти синну сол мавриди тадқиқ қарор додааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар конфронсҳои илмиву назариявӣ, методии байналмилалию ҷумҳуриявӣ  бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад кардааст. Муаллифи зиёда аз 50 корҳои илмӣ ва методӣ буда, мутарҷими китоби дарсии «Курси мухтасари математикаи олӣ барои иқтисодчиён» ва муаллифи китоби «Асосҳои математика» мебошад, ки бо қарори мушовараи Вазорати маорифи ҶТ аз чоп баромадааст.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2002, 2010;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.