09.05.1958

Номзади илмҳои филологӣ

 

Тав.: деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғд, аз оилаи деҳқон. Таҳсил: мактаби миёнаи № 8 ба номи Н. Туғрал. Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Институти давлатии педагогии ба номи С. М. Кирови шаҳри Ленинобод (с. 1979). Аспиранти фосилавии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (с.2004-2010), муаллими забони англисии мактаби миёнаи №1, ҳамзамон нозири кумитаи комсомолии ноҳияи Айнӣ (с.1979-1984), мушовир – нозири забонҳои хориҷии Институти такмили ихтисоси муаллимони вилояти Ленинобод, (с.1984-1986), нозир - мушовири забонҳои хориҷии шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ (с.1986-1993), директори мактаби миёнаи № 42 деҳаи Томин (с. 1993-1998), ассистенти кафедраи забонҳои ФХДТТ, муовини декани факултети механикӣ, муовини директор оид ба тарбияи ФХДТТ, мудири кафедраи забонҳои ФХДТТ (с. 1998-2010), аз соли 2010 инҷониб муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Бори нахуст дар илми забоншиносии тоҷик доир ба табу ва эвфемизм дар забони тоҷикӣ таҳқиқот бурда, истифодаи онро дар нуҳ самти зарурии ҳаёти имрӯзаи ҷомеа баён намудааст.

Соли 2011 дифои рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Табу ва эвфемизм дар забони тоҷикӣ”

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Зимни ширкат дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соли 2013 шогирди ӯ аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи 2 гардид.

Муаллифи 1 монография, зиёда аз 10 дастур ва маводи таълимӣ, 25 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.