20.09.1978

Номзади илмҳои иқтисодӣ

 

Тав:  ш. Хуҷанд, вилояти Суғд, аз хонадони зиёӣ. Таҳсил: мактаб-гимназияи № 24.  Хатмкардаи  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ихтисоси молия ва қарз (с. 2000). Устоди Филиали хуҷандии Донишгоҳи муосири гуманитарӣ (с.2001-2006), унвонҷӯ, баъдан аспиранти кафедраи назарияи иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (с. 2005-2008), ассистент, омӯзгори калон, дотсенти кафедраи кибернетикаи иқтисодӣ, муовини декан оид ба илми факултети кибернетикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (с.2006-2015), аз соли 2015 дотсенти кафедраи иқтисодиёти соҳавии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

 Соли 2013 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Влияние внешней торговли на инфляционные процессы (на примере Республики Таджикистан)» ҳимоя намуда,  соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардид.

Муаллифи 25 мақолаҳои илмӣ, иштирокчии якчанд конфронсҳои илмию амалии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ мебошад.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

 Дар давоми фаъолияти педагогӣ 8 маводи таълимию методӣ таҳия ва нашр намудааст.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.