20.12.1983

Номзади илмҳои филологӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз оилаи зиёӣ. Таҳсил: мактаби миёнаи №15, шаҳри Хуҷанд (с.1990 - 2000). Хатмкардаи факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (с. 2005). Аспиранти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (с. 2006-2010), ассистенти кафедраи ихтисоси дуюми факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (с. 2005), муаллими калони кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (с.2014), аз соли 2019 муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.   

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Бори нахуст ба таври муфассал рӯзгор ва осори Урфии Шерозӣ, сарчашмаҳои аҳволу осори ӯ, муҳимтарин жанру мавзӯоти осори вай, ҳунари шоирӣ ва маҳорати сухангустарии ӯро дар таърихи адабиёти тоҷику форс мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор дода, мақоми шоириашро аз нигоҳи тазкиранигорони ҳамзамон ва истиқболи пайравонаш муайян кардааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Муаллифи ду дастури таълимӣ ва 18 мақолаҳои илмӣ ва методӣ мебошад.

Робита: (E-mail) Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..