18.07.1961

Номзади илмҳои техникӣ

 

Тав.: шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд, аз хонадони коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи №10 ш. Хуҷанд. Хатмкардаи факултети сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандии  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик М. Осимӣ (с. 1983). Аспиранти Донишгоҳи меъморӣ-сохтмонии ш. Санкт-Петербург (с.1989-1992), омӯзгори калон (с.1992-1999), мудири кафедраи механикаи Филиали хуҷандии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ (c.1999-2010), декани факултети сохтмон ва нақлиёт  (с. 2010-2015), муовини директор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ (с. 2015-2018), омӯзгори калони кафедраи сохтмони ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ, аз моҳи январи соли 2020 мудири кафедраи сохтмони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Соли 2013 китоби дарсӣ аз фанни механикаи назариявӣ ва муқовимати мавод бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 385 саҳифа аз нашр баромад. Зиёда аз ҳашт мақола дар мавзӯи самаранокии гарминигоҳдорӣ дар биноҳои шаҳрвандӣ дар маҷаллаҳо ва маводи конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он (Россия) нашр гардид (с.2013-2017). Дар факултет озмоишгоҳи физикаи сохтмон, ки бо таҷҳизоти муосири рақамӣ ҷиҳозонида шудааст, ташкил карда шуд, ки аз он магистрантони ихтисоси 700201-08 барои иҷрои корҳои илмӣ васеъ истифода бурда метавонанд.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар вақти иҷрои вазифаи муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ донишкада дар якчанд озмунҳои вилоятӣ ба монанди “Андалеб-2017”, озмуни вилоятии «Дастони моҳир», маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобон (КВН) байни донишгоҳҳои вилоят ва ғайра ғолибият ба даст оварда, сазовори мукофоти МИҲД вилояти Суғд гардидааст.

Муаллифи 1 монография, 8 дастур ва маводи таълимӣ, 27 мақолаҳои илмӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014.

Сипосномаи раиси шаҳри Хуҷанд, соли 2016.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.