05.04.1985

Номзади илмҳои иқтисодӣ

 

Тав.: вилояти Тошкант, деҳаи Бӯка, аз хонадони коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи № 13. Хатмкардаи факултети иқтисодиёт ва молияи Донишгоҳи давлатии иқтисодиёт, омор ва информатикаи ш. Москав (с.2007). Унвонҷӯи кафедраи молия, гардиши пул ва қарзи Донишгоҳи давлатии Москва (с.2007). Дифои рисолаи номзадӣ дар шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (с. 2012), аз моҳи январи соли 2012 сармуаллими кафедраи молия ва қарзи  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба масоили муносибатҳои байнибуҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Барои такмили танзими механизми ғайримарказонидашудаи буҷети ҶТ пешниҳодҳо коркард шудааст. Аз он ҷумла, фишангҳои асосие, ки давлат ба иқтисодиёт таъсир мерасонад, ба монанди андозҳо, харҷи маблағҳои буҷетӣ, танзим ва назорат, инчунин сиёсати буҷетии давлат ташреҳ ёфтаанд. 

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Васоити таълимӣ барои фанҳои фаъолияти бонкӣ (бо забони русӣ), фаъолияти бонкӣ (бо забони давлатӣ), буҷет ва низоми буҷетӣ барои нашр тавсия шудааст.

Муаллифи зиёда аз 12 мақолаҳои илмӣ, 3 дастур ва маводи таълимӣ мебошад.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.