01.01.1956

Академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон

доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

 

Тав.: ш. Хуҷанд, аз хонадони зиёӣ.  Таҳсил: мактаби  № 9 ба номи К. Хуҷандӣ.  Хатмкардаи факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с. 1979). Устоди факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (с. 1979–1981). Дар гурӯҳи илмӣ оид ба энергетика дар назди президенти Академияи илмҳои ИҶШС дар ш. Москва таҷрибаомӯзӣ намуд (с.1981 – 1983). Аспиранти Институти марказии иқтисодӣ - риёзии АИ ИҶШС, ш. Москва (с.1983 – 1986), дифои рисолаи номзадӣ (с.1986), ҳимояи рисолаи докторӣ (с.1999), узви пайвастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон. Дар Донишгоҳи Небраска-Линколни ИМА (с.1994) ва Донишкадаи Крэнфилди  Бритониёи  Кабир (с.1997) дониш ва малакаи худро такмил бахшидааст. Ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, сардори шуъба, ҷонишини директор оид ба корҳои илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Академияи илмҳои ҶТ, инструктори шуъбаи иқтисодии КМ ПК Тоҷикистон, аъзои шӯрои иқтисодӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.1986–1994), директори бахши хуҷандии Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва алоқаҳои байналхалқӣ, баъдан, директори маркази илмӣ-иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, директори генералии барномаи ЮСАИД ва Корпоратсияи Прагма дар Тоҷикистон оид ба тараққиёти бизнеси хурд ва миёна (с. 2002 - 2006), дотсент (с.1995), профессори кафедраи назарияи иқтисод ва идораи ФХДТТ (с.2005-2010) ва аз соли 2010 инҷониб профессори кафедраи назарияи иқтисод ва идораи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва директори генералии ширкати “Бизнес консалтинг групп”.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин маротиба ҳаҷм ва самаранокии манбаъҳои барқии барқароршавандаи Тоҷикистонро муайян намудаст. Дар ташаккули якчанд барномаҳо оид ба дурнамои иқтисодиёти Тоҷикистон, аз он ҷумла Барномаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2020  (қисми саноат) ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (қисми саноат) иштирок кардааст.

Муаллифи зиёда аз 150 кори илмӣ, аз ҷумла 9 рисолаи илмӣ мебошад.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Таҳти роҳбарии ӯ 5 нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд. Мутахассис дар соҳаҳои иқтисодиёти энергетика, рушди устувори иқтисодиёти минтақавӣ ва истифодаи усулҳои иқтисодӣ-математикии тадқиқот, методологияи тадқиқоти илмӣ мебошад. Бори нахуст дар Тоҷикистон дастурҳои методӣ барои курси методологияи тадқиқоти иқтисодӣ таҳия ва омода кард.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи раиси шаҳри Хуҷанд, соли 2011;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016;

Ифтихорномаи Вазорати рушди иқтисодиёт ва савдо, соли 2016;

Ифтихорномаи раиси вилояти Суғд, соли 2018.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.