16.03.1974    

Номзади илмҳои таърих

 

Тав.: шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд, аз хонадони коргар. Таҳсил: мактаби миёнаи № 22. Хатмкардаи факултети механикии ФХДТТ (с.1996). Сарлаборанти кафедраи технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагии ФХДТТ (с.1996 - 2000),  тарроҳи дараҷаи сеюми озмоишгоҳи таҷрибавии ҶС “Зиннат” дар шаҳри Хуҷанд (с.2000-2006), ассистенти сикли бофандагӣ, расм ва дизайни ФХДТТ (с.2006-2007),  сармуаллими сикли бофандагӣ, расм ва дизайни ФХДТТ (с.2007-2010), сармуаллими кафедраи технология ва тарҳрезии маснуоти саноати сабуки ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ  дар шаҳри Хуҷанд (с.2010-2011), иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи технология ва тарҳрезии маснуоти саноати сабуки ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с.2011-2013), муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети муҳандисӣ-энергетикии ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ  дар шаҳри Хуҷанд (с.2013-2015), мудири кафедраи технология ва тарҳрезии саноати сабуки (дертар кафедраи дизайн ва меъмории) ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с.2015-2018), сардори маркази тестии ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (с.2018-2019), айни ҳол сардори маркази таҳсилоти фосилавии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба таърихи рушди касби чеварии тоҷикон дар  асрҳои ХV – нимаи аввали асри ХХ равона шуда, аввалин бор навоварии илмии дар омӯзиши маҷмӯии мавзӯи ҳанӯз тадқиқнашудаи таърихи фарҳанги моддии тоҷикон – масъалаи анъанаҳои чеварӣ дар заминаи ташаккул ва рушди қолибҳои либосҳои анъанавӣ, дар таҳқиқи либосҳои таърихӣ дар раванди рушд ва табодули онҳо ба либосҳои анъанавӣ, бо назардошти ҷанбаҳои минтақавӣ, таъсири омилҳои табиӣ-иқлимӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ муайян карда шуд.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Васоити таълимӣ барои фанҳои тарҳрезии либос (қисми 1 ва 2), амсиласозӣ ва ороиши бадеии либос, усули ягонаи тарҳрезии либос таҳия гардид, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҶТ барои нашр тавсия шудааст.

Муаллифи 2 монография, 40 мақолаҳои илмӣ,  12 дастур ва маводи таълимӣ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006;

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, 2011;

Ифтихорномаи МИҲД шаҳри Хуҷанд, солҳои 2001, 2004, 2014;

Ифтихорномаи кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми вилояти Суғд, солҳои 2015, 2016, 2018;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.