24.01.1978

Номзади илмҳои филологӣ

 

Тав.: шаҳри Исфараи вилояти Суғд, аз хонадони коргар. Таҳсил: литсейи №1 ба номи А. Азизови шаҳри Исфара. Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров бо дипломи сурх (с. 2000). Аспиранти ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (с.2000-2002), дифои рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Тасвир дар шеъри муосири тоҷик (дар мисоли ашъори Фарзона)” (с.2002), сармутахассиси шуъбаи дастхатҳо ва сарчашмаҳои нодири китобхонаи вилоятии ба номи Т. Асирӣ (с. 1997 - 2007), омӯзгори калони кафедраи фанҳои гуманитарии ФХДТТ (с.2007-2010), омӯзгори калони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ (с.2010-2013), мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ  (с.2013-2014), и.в. муовини директор оид ба тарбия (с.2014-2015), омӯзгори калони кафедраи фанҳои умумитаълимӣ (с.2017-2018), аз моҳи феврали соли 2018 мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

Аввалин бор дар илми адабиётшиносии тоҷик масъалаҳои назариявӣ ва амалии тасвир ва тасвирсозӣ, анвои тасвир дар шеъри муосири тоҷик, вижагиҳои сохтмони тасвирро дар шеъри Фарзона баррасӣ намудааст. Масъалаҳои бавуҷудоии тасвир ва нақши он дар густариши ҷанбаҳои ҳунарии шеър, фаҳмиши муҳокот дар адабиётшиносии тоҷику рус ва таҳаввули тасвирофариниро дар шеъри форсӣ вобаста ба сабкҳои адабӣ мавриди тадқиқ қарор додааст.

Муҳимтарин дастовардҳо дар фаъолияти педагогӣ:

Дар омодасозии шогирдон ба озмунҳои фаннӣ саҳми назаррас дорад. Шогирдони ӯ зимни ширкат дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба ишғоли ҷойи 1 (с. 2013, 2014), ҷойи 2 (с. 2012) ва 3 (с. 2017) ноил гардидаанд.

Муаллифи 1 монография, 14 дастур ва маводи таълимӣ, 36 мақолаҳои илмӣ буда, дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявию байналмилалӣ доир ба самаранокии низоми кредитии таҳсилот баромад намудааст.

Мукофоту ҷоизаҳо:

Ифтихорномаи директори ДПДТТ, солҳои 2012, 2014, 2015, 2017;

Ифтихорномаи МИҲД шаҳри Хуҷанд, соли 2013;

Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014;

Ифтихорномаи Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015;

Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, соли 2017;

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018.

Робита: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.